Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (182)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (15)

Тавзеҳ

Матни мақола

Аввалан: бояд донист, ки натиҷаи ин ду бурҳон яке аст, зеро бурҳони аввалӣ барои мавҷудоти ин ҷаҳон — ки воқеияти мутлақ надошта ва бо шароити махсусу тақдири муайян воқеиятдор, ва бе он шароиту тақдир бевоқеият ва нобуд ҳастанд — як воқеияти мутлақ (бе қайду шарт) исбот менамояд ва он ҳамон иллати мутлақа аст, ки ба мӯҷиби бурҳони дуввум аз барои маълулоти ҷаҳон исбот мешавад, зеро “маълул” ҳамон мавҷуде аст, ки вуҷудаш дар тақдири муайяну шароити махсус (ки иллати вуҷуд бошад) буд мегардад.

Пас дар ҳақиқат “иллати мутлақа” ҳамон “воқеияти мутлақа” ва “маълул” ҳамон “воқеияти муқайяд” хоҳад буд.

Ва сониян: бояд донист, ки баёни гузашта (ду бурҳон) агарчи бо истилоҳоти фаннии фалсафӣ тақрир шуда дар айни ҳол ба ҳасби маънӣ бисёр содда ва қобили фаҳм аст.

Инсон гоҳе, ки марги дигарон ё нобудии чизеро мебинад, бо зеҳни содда ва бо забони беолоиши худ мегӯяд: “Агар ҳастии ӯ дар дасти худаш буд, аз даст намедод”.

Ҳар чӣ дар ин ҷаҳон биёбем, ҳамин ҳолро дорад, ҳастиаш дар дасти худаш нест, ва бадеҳист ҳастии дигарон низ дар дасти ӯ нест, пас ночор дасте ҳаст, ки ҳастии худаш аз худаш буда ва ҳастии дигарон дар вай ва аз вай мебошад.

Танбеҳ ва тазаккур

Моддигароён дар заминаи баҳси гузашта суханони бепояи бисёре гуфтаанд ва мо дар мақолаҳои гузашта ба ҳамаи онҳо посух додаем.

Ва агар суханони эшон таҳлил шавад, равшан хоҳад шуд, ки ҳамаи ишколоти онҳо ношӣ аз суифаҳм аст. Ишколкунандагон билохира дар фаҳми яке аз муқаддимоти бурҳон ланг мебошанд:

1) Монанди касоне, ки иртиботи аҷзои ҷаҳонро фаромӯш намуда гуфтаанд:

“Ҷаҳон дар ҳақиқат маҷмӯае аст аз мутафарриқот, ки ҳар як аз онҳо иллате моддӣ дошта ва дорад ва ин силсилаҳои мутафарриқа паҳлӯи ҳам қарор гирифта ва то лониҳоят пеш мераванд.”

Ишколкунанда фаромӯш карда, ки ҷаҳон як воҳид аст ва чунонки гузашт ҳодис ва ниёзманд ба иллат мебошад.

2) Ва монанди касоне, ки иртиботи аҷзои ҷаҳонро ҳифз кардаанд, вале аз ин ки ин иртибот саранҷом мусталзими ба вуҷуд омадани як воҳиди воқеӣ хоҳад буд, ғафлат варзида гуфтаанд:

“Ниёзе, ки ҳар падидае ба иллат пайдо мекунад, бо падидаи дигар таъмин мешавад. Ниёзи тухми мурғ бо мурғ рафъ мешавад ва ниёзи мурғ бо тухми мурғ ва ҳамчунин… Дигар ниёзе ба иллате берун аз ҷаҳон нест.” Инон ин нуктаро нарасидаанд — ва ё нахостаанд бирасанд — ки: ҷаҳон бо робитаи вуҷудии худ як воҳиди ниёзманднро ташкил медиҳад ва ин ниёз бо чизе берун аз ҷаҳон бояд рафъ шавад.

3) Ва монанди касоне, ки ба назарияи ҳаракати умумӣ (аразӣ ё ҷавҳарӣ) пай набурдаанд ва назарияи фалсафии лузуми мураҷҷеҳро (мумкин дар вуҷуди худ мураҷҷеҳ мехоҳад) низ дуруст таъаққул накарда гуфтаанд:

“Моддаи ҷаҳон қадим аст ва дар вуҷуди худ ниёзманд ба иллат намебошад ва суратҳо ва таркиботи модда ва хоссиятҳои онҳо низ мустанад ба модда мебошад, на ба иллати дигаре.”

Инон аз натоиҷи назарияи ҳаракати умумӣ бехабаранд. Ҳар моддае, ки зоидаи тарокуми шумораи зиёде энержӣ мебошад (бино ба ҳаракати умумии физикӣ), ҳаргиз наметавонад қадим буда бошад, ва ҳамчунин агар модда мусовии ҳаракат буда бошад, ҳаргиз номи “субот” ва “давом”-ро наметавонад ба худ гирад.

Ва гузашта аз ин, моддае, ки танҳо имкони таркибот ва суратҳо ва хоссиятҳоро дораду бас, бо муҷарради ҷавозу имкон, феълияти онҳоро наметавонад воҷид шавад, монанди панбае, ки қобилияти рахт шудан дорад, ба муҷарради ин қобилият рахт намешавад, ва намешавад пахтаро пӯшид, балки дастҳои дигаре низ монанди корхонаи ресандагӣ ва бофандагӣ ва хайётӣ бояд ба миён биёяд.

4) Ва монанди касоне, ки ба воситаи тамйиз надодан миёни феъл ва қабул (куниш ва пазириш), ба инкори иллати фоъилӣ ва қаноат ба иллати моддӣ гирифтор шуда ва дар ин ҷо гуфтаанд:

“Дуруст аст, ки ҷаҳон иллат мехоҳад, вале иллати вай ҳамон моддае мебошад, ки бо таҷзия ва таркиби худ бо шароити гуногун падидаҳои рангоранг меофаринад.”

Инон чунонки дар мақолаи 9 баён шуд миёни “таъсир” ва “таъассур” фарқ нагузоштаанд, дар ҳоле, ки таъсир маънии “аз мавҷудии худ додан”, ва таъассур маънии “аз мавҷудии дигарон гирифтан” дорад, ва ба иборати дигар, дар мавриди таъсир, лозим аст муассир асарро воҷид бошад, ва дар мавриди таъассур мутаассир бояд фоқиди асар бошад. Ва албатта “фуқдон” наметавонад “виҷдон” шавад ва ба ҳамин ҷиҳат модда, ки ҳомили имкон ва қобилияти шайъ аст, наметавонад феълияти ҳамон шайъро, ки надорад ба худ бидиҳад.

Дуруст аст, ки феълиятҳое, ки дар модда ба вуҷуд меоянд, бо таҷзия ва таркиб ва пайдоиши шароити муносиб ба вуҷуд меоянд, вале бояд дид, ки оё танҳо имкони таҷзия ва таркиб дар модда метавонад феълияти таҷзия ва таркибро ба вуҷуд оварад?

Ва оё имкони шароит ҳамон феълияти шароит мебошад?

Ва оё феълияти таҷзия ва таркиб ва пайдоиши шароит, ки ҳама аз синхи ҳаракат мебошанд, муҳаррик — ки як навъ иллати фоъилӣ аст — намехоҳад бо ин ки ҳаракат бе муҳаррик намешавад?

Оре, инон аввал дар модда ҳаракати доимӣ исбот карда ва мегӯянд: “Анбӯҳи бешуморе аз аҷзоъ дар фазо ба ҳамдигар бархӯрд намуда ва ҷаҳоне ташкил медиҳанд” ва пас аз он ки ин корро бо “иттифоқ” сохтанд, мегӯянд “Иттифоқе нест ва иллат — яъне иллати моддӣ — собит аст” ва ҳар ҷо иллате фоъилӣ равшан мебинанд, номи “шарт” ба вай дода ва оҳиста рад мешаванд, дар сурате, ки мо медонем воқеияти ашё бо номгузорӣ тағйир намепазирад ва баҳси фалсафӣ ҳам теорияи холиро, ки ҳеч исбот нашавад барнамедорад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: