Шарҳи Маснавӣ (265)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (9)

* * *

Сабр фармудани аъробӣ занро ва фазилати сабру фақр баён кардан бо зани худ (3)

* * *

Дардҳо аз марг меояд расул,

Аз расулаш рӯ магардон, эй фазул!

Дардҳо пайку фиристодаи ҳокими марг ҳастанд, пас, эй беҳудакӯш! Аз марг рӯй магардон!

Фазул: зиёдгӯ ва ёвагӯ ва касе, ки ба корҳои ғайрилозим пардозад.

Ҳар кӣ ширин мезияд, ӯ талх мурд,

Ҳар кӣ ӯ танро парастад, ҷон набурд.

Ҳар кас, ки зиндагонии худро ба ширинӣ сипарӣ кунад, ӯ бо талхӣ хоҳад мурд. Ва ҳар ки тани хешро бипарварад, ӯ аз марги сахту талх раҳоӣ намеёбад.

Нукта: “Талхии маргро, ки онро сакарот мегӯянд, барои касе аст, ки бар хушиҳо ва лаззоти ҳаёт дил ниҳода ва ранҷҳоро бар хеш осон накардааст, вагарна, ҳангоми урузи марг, ҳавосс аз кор фурӯ меистад ва одамӣ маргро ба маънии илмии он идрок намекунад.” (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.980-981)

Гӯсфандонро зи саҳро мекашанд,

Он кӣ фарбеҳтар, мар онро мекушанд.

Ба унвони мисол, гӯсфандонро, ки аз дашт ба сӯи хона мебаранд, ҳар гӯсфанде, ки фарбеҳтар бошад, зудтар қурбониаш мекунанд.

Нукта: Аз абёти фавқ натиҷа мешавад, ки бояд ранҷҳо ва дардҳои кучакро бо рӯи боз истиқбол кард, то бар асари ин тамрин, битавон ранҷҳои азимро бар дӯш кашид. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.696)

Шаб гузашту субҳ омад, эй Тамар!

Чанд гирӣ ин фасонай зар зи сар?

Шаби дунё ба поён мерасад ва бомдоди охират сар мезанад эй Тамар! То кай афсонаи тило ва дороиро мехоҳӣ аз сар бигирӣ ва дубора оғоз кунӣ?

Нукта: “Тамар” зоҳиран мухаффафи Темур аст. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.982) Бархе низ гуфтаанд, “Тамар” номи зани аъробӣ будааст. Баъзе низ “Тамар”-ро самар хондаанд ва маъно кардаанд: эй меваи дили ман, эй азизи ман! (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.1, с.897)

Ту ҷавон будиву қонеътар будӣ,

Зарталаб гаштӣ, худ аввал зар будӣ.

Ту дар оғоз, ҷавону пуртароват будӣ, ва дар айни ҳол, қонеътар низ будӣ, вале инак хоҳони зару мол шудаӣ, дар сурате, ки дар ибтидо худ зар будӣ ва вуҷуди гаронбаҳо доштӣ.

Зар будӣ пурмева, чун косид шудӣ?

Вақти мева пухтанат фосид шудӣ?

Ту дарахти ангуре будӣ пур аз мева, ҳол чӣ гуна табоҳу беравнақ шудаӣ? Дар ин вақт, ки бояд меваҳои расида ва хушгувор бидиҳӣ, чаро табоҳ шудаӣ?

Косид: беривоҷ ва беқадр

Меваат бояд, ки ширинтар шавад,

Чун расантобон на вопастар равад.

Меваи ту бояд рӯз ба рӯз ширинтар шавад, на он ки монанди ресмонтобон ба ақиб равӣ.

Расантоб: киноя аз касе аст, ки сайри қаҳқароӣ мекунад ва ба ақиб меравад, зеро вақте ки мехоҳанд нахро тоб диҳанд, яке калофро дар даст мегирад ва дигаре сари нахро мегирад ва ақиб-ақиб меравад, то нах аз калоф боз шавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.697)

Нукта: Ҳар чи умр сипарӣ шавад, бояд меваи таҷриба ва камолоти руҳӣ барҷастатар ва дилпазиртар бошад, на он ки ҳар чи бар тӯли умр афзуда мешавад, шахс аз ҳайси камолот ба қаҳқаро равад ва андӯхтаҳои пешинро низ аз каф бидиҳад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.697)

Ҷуфти мойӣ, ҷуфт бояд ҳамсифат,

То барояд корҳо бо маслиҳат.

Эй зан! Ту ҷуфти манӣ, ҷуфт бояд ҳамхӯю ҳамтироз бошад, то корҳо бар вифқи мурод ва маслиҳат бигардад ва пеш равад.

Ҷуфт бояд бар мисоли ҳамдигар,

Дар ду ҷуфти кафшу мӯза дарнигар.

Ҷуфт бояд назири ҳам бошанд, нигоҳ кун ба як ҷуфт кафш, то мушобиҳат миёни як ҷуфтро мушоҳида кунӣ.

Гар яке кафш аз ду танг ояд ба по,

Ҳар ду ҷуфташ кор н-ояд мар туро.

Масалан, агар аз як ҷуфт кафш яке ба поят танг бошад, ҳар ду дигар ба дардат намехӯрад.

Ҷуфти дар як хурду он дигар бузург?

Ҷуфти шери беша дидӣ ҳеҷ гург?

Масалан, оё ҳеч дидаӣ, ки аз ду лингаи дари хона яке бузург бошад ва дигаре кучак? Оё ҳеч то ба ҳол дидаӣ, ки ҷуфти шери беша гург бошад?

Рост н-ояд бар шутур ҷуфти ҷувол,

Он яке кучак в-он дигар камол.

Масалан, агар аз ду ҷуволи шутур яке кучак ва он дигаре бузург бошад, таъодулро аз даст медиҳад ва бар пушти шутур росту мустақим қарор намегирад.

Ман равам сӯйи қаноат дилқавӣ,

Ту чаро сӯйи шаноат меравӣ?

Ман, ки бо дили қавӣ ва устувор аз қаноат истиқбол мекунам, ту чаро ба сӯи накӯҳишу айбҷӯии ман меравӣ?

Шаноат: сарзаниш кардан.

Мард қонеъ аз сари ихлосу сӯз

З-ин насақ мегуфт бо зан то ба рӯз.

Марди қонеъ дар камоли ихлос, ки аз сӯзи дилаш буд, ин гуна суханонро то ба вақти бомдод ба ҳамсараш мегуфт ва бо ин равиш андарзаш медод.

Насақ: равиш.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: