Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (39)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши нӯҳум: амали хайр аз ғайримусалмон (1)

Тарҳи баҳс

Яке аз масоиле, ки дар баҳси “адли илоҳӣ” мавриди гуфтугӯ қарор мегирад, масъалаи “аъмоли хайри ғайримусалмонон” аст.

Имрӯз ин суол дар миёни табақоти мухталиф аз ҷоҳилу олим, бесаводу таҳсилкарда матраҳ аст, ки оё корҳои хайри афроди ғайримусалмон мақбул аст ё ғайримақбул? Агар мақбул аст, пас чӣ фарқ мекунад, ки инсон мусалмон бошад ё набошад, умда ин аст, ки дар дунё кори хайр бикунад, фаразан мусалмон набуд ва ё ҳеч дине надошт, зиёне накардааст? Ва агар ғайримақбул аст ва яксара пучу ботил аст ва аҷру подоше назди Худо надорад, бо адли илоҳӣ чӣ гуна созгор аст?.. Дар гузашта ин масъала фақат дар миёни фалосифа ва дар кутуби фалсафӣ мавриди баҳсу гуфтугӯ воқеъ мешуд, вале дар замони мо ба миёни ҳамаи табақот кашида шудааст; камтар касеро метавон ёфт, ки лоақал дар зеҳни худ ва барои худ ин масъаларо тарҳ накунад.

Фалосифаи илоҳӣ аз ин дидгоҳ баҳс мекарданд, ки: агар бино шавад ҳамаи мардуме, ки аз дин хориҷанд аҳли шақову азоби илоҳӣ бошанд, лозим меояд, ки дар низоми ҳастӣ ғалаба бо шарр бошад; дар ҳоле, ки ин матлаб аз усули қотеъ ва мусаллам аст, ки асолат ва ғалаба, барои саодатҳо ва хайрҳост, на барои бадбахтиҳо ва шурур. (Ба ин маъно, ки:) башар, гули сарсабади офариниш аст, ҳама чизи дигар барои хотири ӯ (албатта ба мафҳуми саҳеҳе, ки ҳакимон аз ин матлаб дарк мекунанд, на ба мафҳуме, ки маъмулан кӯтаҳназарон меандешанд) халқ шудааст. Агар бино бошад, ки башар худаш барои дӯзах офарида шуда бошад, яъне маоли аксарияти инсонҳо дӯзах бошад, пас бояд эътироф кард, ки хашми Худо бар раҳматаш мечарбад, зеро аксарияти мардум аз дини ҳақ бегона ҳастанд; тоза онҳое ҳам, ки ба дини ҳақ мушаррафанд, аз лиҳози амал дучори залолат ва инҳирофанд. Ин буд тарҳи баҳс дар назди файласуфон.

Қариб ним қарн аст, ки бар асари суҳулати иртиботот миёни милали мусалмон ва ғайримусалмон ва издиёди васоили иртиботӣ ва боло рафтани мизони муровидаи миллатҳо бо якдигар, ин масъала дар миёни умуми табақот, хусусан табақаи ба истилоҳ, равшанфикр мавриди пурсишу гуфтугӯст, ки оё шарти ҳатмии қабул шудани аъмоли солеҳ, ислому имон аст? Инҳо вақте, ки дар зиндагии баъзе аз мухтареъин ва мукташифини башар дар асри ахир, ки мусалмон нестанд вале хадамоти бисёр арзандае ба башарият кардаанд, мутолеа мекунанд ва онҳоро лоиқи подош меёбанд ва аз тарафи дигар қаблан чунин меандешидаанд, ки амали ғайримусалмон мутлақан ҳабову ҳадар аст, сахт дучори тардиду изтироб мегарданд.

Бад-ин тартиб, масъалае, ки солҳо дар қаламрави хосси файласуфон буд, ба миёни маҳофили оммаи мардум по гузошт ва ба сурати ишколе дар масъалаи адли илоҳӣ даромад.

Албатта ин ишкол мустақиман марбут ба адли илоҳӣ нест. Ин ишкол марбут ба диди ислом дар бораи инсон ва аъмоли инсон аст. Ва аз ин назар бо адли илоҳӣ марбут мегардад, ки ба назар мерасад ин гуна диду изҳори назар дар бораи инсон ва аъмоли ӯ ва муомилаи Ҳақ Мутаъол бо ӯ, бар хилофи мавозини адли илоҳӣ аст.

Ман (Муртазо Мутаҳҳарӣ) дар тамосҳое, ки бо ҷавонон ва донишҷӯён дошта ва дорам, бо тарҳи ин пурсиш зиёд рӯ ба рӯ шудаам. Гоҳе мепурсанд, оё мухтареъин ва мукташифини бузург бо ин ҳама хадамоти шоёне, ки нисбат ба башарият анҷом додаанд, ба ҷаҳаннам мераванд? Оё Луи Постур (Louis Pasteur) ва Тумос Эдисун (Thomas Edison) ва амсолашон, ҷаҳаннамӣ ҳастанд ва муқаддасини бекорае, ки умреро ба батолат дар гӯшаи масҷид ба сар бурдаанд, биҳиштӣ ҳастанд? Оё Худо биҳиштро фақат барои мо мусалмонҳо сохтааст?

Ба хотир дорам, рӯзе яке аз ҳамшаҳриҳои ман, ки марди мусалмон ва мутадайине аст, ба Теҳрон омада буд ва бо ман мулоқот дошт, ҳамин масъаларо матраҳ мекард.

Ин мард саре ба бемористони ҷузомиҳо дар Машҳад зада буд ва аз мушоҳидаи парасторони масеҳие, ки самимона ба ҷузомиҳо хидмат мекарданд (дар замони пеш аз инқилоб дар Эрон. С.И.) ба ҳаяҷон омада ва таҳти таъсир қарор гирифта буд ва дар ҳамон ҳол ин масъала дар зеҳнаш тарҳ ва дучори шак шуда буд.

Таваҷҷӯҳ доред, ки парасторӣ аз ҷузомӣ, коре сахт ва манфур ва бисёр душвор аст.

Вақте, ки ин бемористон дар Машҳад таъсис шуд, пизишкон камтар ҳозир мешуданд дар он ҷо хидмат кунанд ва касе ҳам барои парастории онҳо розӣ намешуд. Дар рӯзномаҳо барои истихдоми парастор даъват ба амал омад, дар саросари Эрон ҳатто як нафар ҳам ба ин даъват посухи мусбат надод. Чанд тан аз духтарони ба истилоҳ “торики дунё”-и масеҳӣ аз Фаронса омаданд ва парастории ҷузомиҳоро ба ӯҳда гирифтанд.

Ин мард, ки аъмоли башардӯстона ва муроқибати самимонаи ононро нисбат ба ҷузомиҳое, ки ҳатто матруди падару модари хешанд дида буд, сахт таҳти таъсири онон қарор гирифта буд.

Нақл мекард, ки парасторони масеҳӣ либосҳои баланду гушоде пӯшидаанд ва ғайр аз чеҳра ва дастҳо ҷое аз баданашон намоён нест, ҳар кадом тасбеҳи баланде — ки шояд ҳазордона бошад — доранд, ҳар вақт аз кор фароғат пайдо мекунанд, машғули зикр мешаванд.

Он гоҳ ин мард бо фикри парешон ва лаҳне музтариб мепурсид, оё ин ҳарф дуруст аст, ки мардуми ғайримусалмон вориди биҳишт намегарданд?

Албатта мо феълан ба ин матлаб коре надорем, ки он духтарони масеҳӣ рӯи чӣ ангезае омадаанд? Оё воқеан барои Худо ва маҳзи инсондӯстӣ даст ба чунин коре задаанд, ё ангезае дигар дар кор аст? Ва албатта намехоҳем бадбин бошем, ҳамчунон ки зиёд ҳам хушбин нестем. Ғарази мо ин аст, ки ин ҳаводис ва ҷараёнҳо афроди моро дар ҷараёни як пурсиши ҷиддӣ қарор додааст.

Дар чанд соли пеш, дар як анҷуман барои суханронӣ даъват шуда будам. Дар он анҷуман тибқи маъмули худашон аз ширкаткунандагон дархост мешуд, ки агар суолоте доранд бинависанд, то дар мавқеъи муносиб ҷавоб дода шавад. Он суолотро дар дафтаре сабт карда буданд ва он дафтарро дар ихтиёри ман қарор доданд, ки мавзӯи суханронии худро аз миёни онҳо интихоб кунам. Ман дидам суоле, ки беш аз ҳар суол такрор шудааст, ҳамин аст, ки оё Худованд ҳар ғайримусалмонеро ба ҷаҳаннам мебарад? Оё Постур ва Эдисун аҳли азоб хоҳанд буд? Аз он вақт ман ба аҳаммияти ин масъала аз назари ин ки афкорро то чӣ ҳадд ба худ мутаваҷҷеҳ карда пай бурдам.

Акнун, мо дар ин бахш аз китоб, ба хости Худо ба таҳқиқи ин масъала мепардозем, вале қабл аз вуруд дар он, лозим аст ду нуктаро равшан кунем, то мавзӯи баҳс комилан равшан гардад.

(1)

Ҷанбаи куллии баҳс

Ҳадафи ин баҳс ин нест, ки ҳисоби ашхосро равшан кунем, масалан муайян кунем, ки оё Постур (Louis Pasteur) аҳли биҳишт аст ё аҳли ҷаҳаннам? Мо чӣ медонем, ки афкор ва мӯътақадоти воқеии ӯ чӣ будааст? Ниятҳояш чӣ будааст? Малакоти руҳӣ ва ахлоқии ӯ чӣ будааст? Ва ҳатто маҷмӯи аъмоли ӯ чӣ будааст? Ошноии мо бо ӯ дар ҳудуди хадамоти илмии ӯсту бас.

Ихтисос ба Постур надорад, усулан ҳисоби ашхос дар дасти Худост, ҳеч кас ҳақ надорад дар бораи касе ба таври қотеъ изҳори назар кунад, ки аҳли биҳишт аст ё аҳли дӯзах? Агар аз мо бипурсанд: оё Шайх Муртазо Ансорӣ (р) бо он зуҳду тақво ва имону амали шинохташудааш ҳатман аҳли биҳишт аст ё на?, посухи мо ин аст, ки он андоза, ки мо аз он мард иттилоъ дорем ин аст, ки дар низоми илмӣ ва амалии ӯ, бадӣ суроғ надорем, он чи суроғ дорем хайру некӣ аст, аммо ин ки сад дар сад бигӯем аҳл биҳишт аст, дар ихтиёри мо нест; Худост, ки бар ҳамаи замирҳои ашхос мутталеъ аст ва тамоми асрору хафоёи нуфусро медонад ва ҳисоби халоиқ низ бо ӯст. Танҳо дар бораи касоне метавон ба таври қотеъ изҳори назар кард, ки аз тариқи (анбиё ва) авлиёи дин сарнавишти ниҳоии онҳо эълом шудааст.

Гоҳе баъзе аз мардум баҳс мекунанд, ки бофазилаттарини уламо ва бартарини онҳо аз лиҳози қурб ба Худо кист? Масалан Сайид ибни Товус? Ё Сайиди Баҳрулулум? Ё Шайхи Ансорӣ?

Гоҳе аз имомзодаҳо мепурсанд, ки кадом ак афзал аст? Масалан, оё ҳазрати Абдулазим дар назди Худо арҷмандтар аст ё ҳазрати Маъсума? Замоне, аз яке аз мароҷеи тақлид истифто карда буданд, ки оё ҳазрати Абулфазл афзал аст ё ҳазрати Алиакбар? Ва барои ин ки суолро ба сурати як масъалаи амалӣ тарҳ карда бошанд то марҷаи тақлид ночор ба ҷавоб додан шавад, пурсида буданд агар касе гӯсфандеро назри афзали имомзодаҳо карда бошад, таклиф чист? Оё ҳазрати Абулфазл афзал аст ё ҳазрати Алиакбар? Равшан аст, ки ин гуна баҳсҳо нодуруст аст ва посух ба ин суолҳо, на вазифаи фақеҳ аст ва на вазифаи ғайрифақеҳ. Таъйини мақомоти бандагони Худо ба ӯҳдаи мо нест, бояд ба Худо вогузор шавад ва ҷуз Худо касе намедонад, магар аз ноҳияи худи Худо.

Дар садри ислом, мавориде пеш омада, ки бархе аз мусалмонон аз ин қабил изҳори назарҳои беҷо кардаанд ва Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аз онҳо ҷилавгирӣ фармудаанд.

Вақте, ки Усмон ибни Мазъун (р) аз дунё рафт, зане аз ансор ба номи Умми Ъало, ки зоҳиран зани ҳамон марде буд, ки Усмон ибни Мазъун дар хонаи ӯ мезист ва меҳмони ӯ буд, дар ҳузури ҳазрати Расули Худо (с) ҷанозаи вайро мухотаб сохта гуфт:

هنيئا لك الجنة

Биҳишт туро гуворо бод!

Бо ин ки Усмон ибни Мазъун (р) марди ҷалилулқадре аст ва Расули Акрам дар марги ӯ сахт гиристанд ва худро рӯи ҷанозаи вай андохтанд ва ӯро бӯсиданд, вале аз ин изҳори назари густохонае, ки он зан кард, хашмгин шуданд, бо нигоҳе ғазаболуд мутаваҷҷеҳи вай шуда фармуданд:

— Аз куҷо медонӣ? Чаро надониста қазоват мекунӣ? Магар ба ту ваҳй шудааст?! Магар ту аз ҳисоби халқи Худо огоҳӣ?!

Зан арз кард:

— Эй Расули Худо! Вай ҳамнишини шумо ва ҷангҷӯи муҷоҳиди шумо буд.

Расули Акрам (с) ҷумлаи аҷибе дар посухи вай фармуд, ки шоёни диққат аст. Фармуд:

إنّي رسول الله وما أدري ما يفعل بي

 “Ман фиристодаи Худоям ва (бо ин ҳама) намедонам бо ман чӣ гуна рафтор хоҳад шуд!” (Усудул-ғоба, Усмон ибни Мазъун)

Ин ҷумла айни мазмуни яке аз оятҳои каримаи Қуръон аст:

قُلْ مَا كُنتُ بِدْعًا مِّنْ الرُّسُلِ وَمَا أَدْرِي مَا يُفْعَلُ بِي وَلَا بِكُمْ

Бигӯ: ман аз миёни паёмбарон, навзҳур ва тоза нестам, ва хабар надорам, ки бо ман ё бо шумо чӣ гуна рафтор мешавад!..” (Сураи Аҳқоф, ояти 9)

Назири ин ҷараён дар марги Саъд ибни Маъоз (р) ҳам нақл шудааст. Дар он қазия, вақте ки модари Саъд дар болини вай мушобеҳи ҳамин ҷумларо мегӯяд, Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мефармояд: сокит бош! Бар Худо ҳатм накун:

لا تحتمي على الله

Яъне, аз пеши худ дар коре, ки марбут ба Худост, қазовати ҳатмӣ накун.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: