Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (183)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (16)

Мо Худоро чӣ гуна тасаввур мекунем? (1)

Матни мақола

Мо пайваста дар зиндагонии моддии худ ба як силсила маълулоти ҷисмонӣ, ки оғишта ба як ришта қайдҳои ҷисмонӣ ва замонӣ ва маконӣ мебошанд, гирифторем. Ҳеч гоҳ ҳавоссу тахайюли мо як мавҷуди бе қайду шарт наметавонад дарк намояд.

Модда ва ҷисм куҷову итлоқ куҷо?!

Ва аз ин рӯй, мо ҳаргиз наметавонем бо таваҷҷӯҳи оддии худ “мавҷуди мутлақ”-ро тасаввур намоем (1).

Вале дар айни ҳол, набояд тасаввур кард, ки мо “муқайяд”-ро бе ”мутлақ” тасаввур мекунем, зеро ҳар муқайяд маҷмӯи чандин мутлақ аст, ки ба воситаи муқоранат ва бархӯрд, ҳамдигарро муқайяд сохта ва аз итлоқ андохтаанд: “инсони кӯтоҳи сафед” муқайяде аст, ки аз се то мутлақ ба вуҷуд омадааст. Пас, мо мутлақро тасаввур мекардаем, вале дар миёни қайдҳо.

Ва аз ҳамин ҷост, ки агар мутлақеро бишнавем, ба воситаи унси зеҳнии худ барои вай аз қайдҳои маънуси худ тасаввуре месозем, чунонки як деҳотии бехабар аз ҷаҳони берун, агар бишнавад, ки дар нимкураи ғарбӣ шаҳри бузурге аст ба номи Ню-йорк, дар зеҳни вай шакли як ободии бузурге муҷассам мешавад ҳаддиаксар сад баробари ободии худаш камман ва кайфан.

Вале мо барои ислоҳи тасаввури вай мегӯем: “Ню-йорк ободӣ аст, лекин на аз ин ободиҳо”…

Натиҷа

Аз ин баён дастгир мешавад, ки: мо итлоқи мафҳумеро пайваста бо нафй нигаҳдорӣ менамоем ва ниёзи мо ба ин нафй дар мавриди иллати ҷаҳони ҳастӣ (Худо) аз ҳар мавриди дигар бештар аст, зеро ҳар чӣ дар мавриди Худо исбот кунем (аз зот гирифта то сифот) мутлақ хоҳад буд, зеро тақайюд ва иштирот — чунонки равшан шуд — маълулиятро дарбар дорад, ва итлоқро бо “нафй” бояд нигаҳдорӣ кард мегӯем: Худо мавҷуд аст, вале на монанди ин мавҷудот, мегӯем: Худо вуҷуд дорад, илм дорад, қудрат дорад, ҳаёт дорад, вале на аз ин вуҷудҳо, на аз ин илмҳо, на аз ин қудратҳо, на аз ин ҳаётҳо. Рӯиҳамрафта сифоти Худо итлоқ доранд ва бо нафй нигаҳдорӣ мешаванд, чунонки зот низ чунин буд.

Акнун бояд дид, ки ин сифотро чӣ гуна ва аз чӣ роҳ метавон исбот кард.

(Таълиқаи ин қисматро дар бахши баъдӣ меоварем.)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: