Муҳаммад бен Салмон: “Густариши ваҳҳобият ба дархости Омрико буд”

Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ тасреҳ кард, ки талоши мо рӯи густариши ваҳҳобият дар ҷаҳон, ба дархости Омрико ва ба манзури муқобила бо Шӯравӣ дар давраи ҷанги сард сурат гирифт.

Муҳаммад бен Салмон дар мусоҳиба бо Washington Post, бо вуҷуди эътироф ба нақши ҳампаймонони саудӣ дар давраи ҷанги сард дар густариши афкори ифротии ваҳҳобият, аммо талош кард Арабистонро аз иттиҳоми ҳимоят аз теруризми ваҳҳобӣ табриъа кунад.

Вай дар посух ба суоли Washington Post дар бораи муттаҳам будани Риёз ба ҳимоят аз теруризми ваҳҳобӣ гуфт, сармоягузории Арабистон рӯйи густариши ваҳҳобият “ба дархости ҳампаймонон дар давраи ҷанги сард ва бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳузур ва нуфузи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар кишварҳои ҷаҳони ислом сурат гирифт.”

Муҳаммад бен Салмон дар айни ҳол муддаӣ шуд, ки аз назари Арабистон акнун замони таҷдиди назар дар ин сиёсат фаро расидааст.

Валиаҳди Арабистон гуфт: “Давлатмардони мо ҳамин шеваро пешаи худ карда буданд ва акнун замони он расидааст, ки ҳар чиз сар ҷойи худ қарор гирад.”

Муҳаммад бен Салмон муддаӣ шуд, ки таъмини молии ваҳҳобият умдатан аз тариқи муассисаҳои бахши хусусӣ, ки мақаррашон дар саудӣ аст ва на давлати Арабистон, анҷом мешавад.

* * *

Тромп ба Муҳаммад бен Салмон: “Ин пулҳо барои шумо рақаме нест, бештар бихаред!”

Дар хабаре дигар, ба гузориши CNN, ин ҳафта Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ ба сафари Тромп ба Риёз посух дод ва ба Вошингтун сафар кард. Муҳаммад бен Салмон дар Кохи сафед бо Дунолд Тромп дидор кард; ҷое, ки раисиҷумҳури Омрико як бори дигар листи харидҳои Арабистон ва тавофуқҳоеро, ки байни ду тараф ба имзо расид ба сурати аланӣ ба рух кашид.

CNN навишт, дар ҳоле ки Муҳаммад бен Салмон дар канори Тромп нишаста буд, вай як каталоги бузург аз листи харидҳои таслиҳотии Арабистонро ба хабарнигорон нишон дод ва бо хондани так-таки рақамҳои қарордодҳои имзошуда, бо таъна ба Муҳаммад бен Салмон гуфт: “Ин пулҳо барои шумо рақаме нест, бештар бихаред!”

CNN менависад, дар ҳоле ки Тромп машғули тавзеҳот дар бораи ҷузъиёти ин қарордодҳо буд, чеҳраи Муҳаммад бен Салмон нишон медод, ки вай хеле нороҳат аст.

Баъд аз дидори Муҳаммад бен Салмон бо Тромп, як узви хонадони саудӣ ба CNN гуфт, валиаҳди саудӣ аз навъи бархӯрд ва изҳороти Тромп эҳсоси ҳақорат ва шармсорӣ кард.

Вай ҳамчунин гуфт, ки Муҳаммад бен Салмон интизор надошт, ки Тромп ҷузъиёти қарордодҳои таслиҳотии чандмилёрд дулориро ҷилави чашмони ӯ ба намоиши умумӣ бигузорад. Ин чизе набуд, ки Муҳаммад бен Салмон барои намоиши он ба Вошингтун сафар карда бошад.

Реклама


Рубрики:Салафият, Сиёсат, Такфир, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: