Фалсафа ва равиши реализм (184)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (17)

Мо Худоро чӣ гуна тасаввур мекунем? (2)

Башар мехоҳад ба Худо мӯътақид гардад ва ба ӯ маърифат пайдо кунад. Аввалин пурсише, ки ба миён меояд ин аст, ки оё башар қодир аст Худоро тасаввур кунад, то бад-ӯ мӯътақид гардад ё на? Зеро эътиқод, тасдиқ аст ва тасдиқ фаръ бар тасаввур аст, ва агар тасаввури Худо ғайримумкин бошад, тасдиқ ва эътиқод ба ӯ низ ғайримумкин хоҳад буд.

Мумкин аст гуфта шавад, тасаввури Худо ғайримумкин аст, зеро тасаввури ҳар чизе, навъе иҳотаи илмӣ бар ӯст ва зоти аҳадият на дар зеҳн ва на дар хориҷ муҳот (мавриди иҳота) воқеъ намешавад, зеро зоти Борӣ Таъоло мутлақ аст ва он чӣ дар зеҳни башар ворид мешавад маҳдуд аст.

Пас, бояд аз шаккокон пайравӣ кунем, ки мегӯянд: Худованд фаразан вуҷуд дошта бошад, аз дастраси фикри башар, ки битавонад дар бораи ӯ нафян ё исботан ҳукм кунад хориҷ аст.

Ва ё бояд лоақал ақидаи Муъаттиларо бипазирем, ки мункири маърифат ба зоти Борӣ мебошанд ва мегӯянд: Худовандро бо ақл наметавон шинохт, пойи ақл дар ин майдон ланг аст, ҳаддиаксари маърифат ҳамон эътиқоди авомуннос аст, ки як ақидаи мубҳам дар ин замина пайдо кардаанд:

عليكم بدين العجائز

Бар шумо бод дини пирзанон!

Урафо низ ба навъе дигар мункири маърифати ақлӣ мебошанд, вале онҳо мункири маърифат нестанд, балки тарафдори маърифати қалбӣ ва шуҳудӣ мебошанд ва барои он арзиши фавқулъода қоиланд. Хоҷаи ирфон Лисонулғайби Шерозӣ мегӯяд:

Сӯфӣ аз партави май рози ниҳонӣ донист,

Гавҳари ҳар кас аз ин лаъл тавонӣ донист.

Шарҳи маҷмӯаи гул мурғи саҳар донаду бас,

Ки на ҳар, к-ӯ варақе хонд, маъонӣ донист…

Эй, ки аз дафтари ақл ояти ишқ омӯзӣ,

Тарсам ин нукта ба таҳқиқ натонӣ донист.

Мақсуди вай аз “маҷмӯаи гул” зоти Борӣ аст, ки дорандаи ҷамиъи сифоти камолия мебошад, ва мақсудаш аз “мурғи саҳар” обидон ва соликони “мустағфирина биласҳор” (истиғфоркунандагон дар саҳарҳо)-анд, мақсуд дилҳои лабрез аз шавқ ва саргарм ба розу ниёз ва таҳзибу тасфия ва сайру сулук аст.

Гӯё Хоҷаи Шероз дар байти севвум, Бӯалиро дар охири “Ишорот”, ки ба “мақомотул-ъорифин” пардохта мухотаб қарор додааст. Бӯалӣ дар намати нӯҳуми “Ишорот” бо сабки бисёр бадеъе хостааст бар мабнои мавозини ақлӣ ва фалсафӣ, мароҳил ва манозили аҳли сулукро шарҳ кунад ва ба таъбири Лисонулғайб, хостааст аз дафтари ақл ояти ишқ биёмӯзад, аз ин рӯ мавриди интиқоди Хоҷаи Шероз қарор гирифтааст.

Дар калимоти пешвоёни дин ва махсусан ҳазрати Алӣ (а) низ ҷумлаҳое дида мешавад, ки дар ибтидо ба назар мерасад тарафдори таътил ва таъаббуд дар маорифи илоҳӣ мебошад ва ҳар гуна мудохилаи ақлро дар соҳати маорифи илоҳӣ нораво ва шоҳбози уқулро аз расидан ба қуллаи шинохти зоти Ҳақ нотавон мешуморад. Ба қавли Ҳофиз:

Анқо шикори кас нашавад, дом бозгир,

К-ин ҷо ҳамеша бод ба даст аст домро.

Имом Алӣ (а) дар хутбаи аввали “Наҳҷул-балоға” мефармояд:

الَّذِي لاَ يُدْركُهُ بُعْدُ الهِمَمِ، وَلاَ يَنَالُهُ غَوْصُ الفِطَنِ

Ҳимматҳо ҳар андоза дурпарвозӣ кунанд, ӯро намеёбанд, ва зиракиҳо ҳар андоза дар жарфои дарёи андеша фурӯ раванд, ба ӯ ноил намегарданд…

Дар хутбаи 87 мефармояд:

وَإِنَّكَ أَنْتَ اللهُ الَّذِي لَمْ تَتَنَاهَ فِي الْعُقُولِ، فَتَكُونَ في مَهَبِّ فِكْرِهَا مُكَيَّفاً، وَلاَ فِي رَوِيَّاتِ خَوَاطِرِهَا فَتَكُونَ مَحْدُوداً مُصَرَّفاً

Ҳамоно ту он Худое ҳастӣ, ки дар ақлҳо намегунҷӣ, то дар маърази вазиши андешаҳо нақшпазири кайфиятҳо бишавӣ, ва на таҳти контроли фикр дармеоӣ, то маҳдуд ва қобили тағйир бошӣ…

Дар баъзе аз осори динӣ омадааст:

اِحْتَجَبَ عَنِ الْعُقُولِ كَمَا احْتَجَبَ عَنِ الْأَبْصَارِ

Ҳамчунон ки аз чашмҳо пинҳон аст, аз ақлҳо пинҳон аст.”

Ин матлаб доманаи дарозе дорад, вале ба сурате, ки Муъаттила тарҳ мекунанд албатта саҳеҳ нест. Муфоди ҷумлаҳои боло низ ғайри он чизе аст, ки Муъаттила иддао мекунанд.

Он чи саҳеҳ аст ва бо муфоди ҷумлаҳои боло низ мунтабиқ аст ин аст, ки имконоти ақли башар барои маърифати зоти Борӣ, ҳудуди муайяне дорад, ки аз он ҳудуд наметавонад таҷовуз кунад. Ҳатто комилтарин афроди башар (яъне ҳазрати Паёмбар (с)) ҳақ дорад бигӯяд:

لا أُحْصِي ثَنَاءً عَلَيْكَ أَنْتَ كَمَا اَثْنَيْتَ عَلَى نَفْسِكَ

Ман натавонам туро он чунон ки боист тавсиф кунам, ту ончуноне, ки худ тавсиф кардаӣ.

Чаҳон муттафиқ бар илоҳияташ,

Фурӯ монда дар кунҳи моҳияташ…

На бар авҷи зоташ расад мурғи ваҳм,

На дар зайли васфаш расад дасти фаҳм.

Дар ин варта киштӣ фурӯ шуд ҳазор,

Ки пайдо нашуд тахтае бар канор…

Тавон дар балоғат ба Саҳбон расид,

На дар кунҳи бечуни Субҳон расид,

Ки хоссон дар ин роҳ фарас рондаанд,

Ба “ло уҳсӣ” аз так фурӯ мондаанд.

Он чи аз роҳнамоиҳои пешвоёни дин истифода мешавад, маҳдудияти қудрати сайри ақлонии башар аст, на нотавонӣ ва мамнӯияти комили ақли башар он чунон ки Муъаттила иддао мекунанд.

Дар хутбаи 48 “Наҳҷул-балоға” мефармояд:

لَمْ يُطْلِعِ الْعُقُولَ عَلَى تَحْدِيدِ صِفَتِهِ، ولَمْ يَحْجُبْهَا عَنْ وَاجِبِ مَعْرِفِتِهِ

Ақлҳоро иҷозат надода, ки ҳудуди сифоти ӯро мушаххас кунанд, аммо дар айни ҳол онҳоро аз миқдори лозими маърифат мамнӯъ насохтааст ва пардае миёни ақлҳо ва он “миқдори воҷиб” қарор надодааст.”

Пас, маълум мешавад дар айни нотавонии ақлҳо аз вусул ба кунҳи маърифати Борӣ Таъоло, як “миқдори воҷиб” дар кор аст, ки дар он миқдор на танҳо мамнӯият нест, балки вуҷуб ва лузуми таҳқиқ дар кор аст.

Худи Алӣ (а) мабоҳиси бисёр амиқе бо равиши истидлолӣ ва ақлӣ ва фалсафӣ дар илоҳиёт тарҳ карда, ки ҳаргиз дар ҷаҳон собиқа надоштааст. Таълимоти ӯ худ омили бисёр муҳимме барои таваҷҷӯҳ ба илоҳиёти ақлӣ ва пешрафти илоҳиёти ақлӣ дар ҷаҳони ислом ва ба хусус дар ҷаҳони шиъа ба шумор меравад.

Ба ҳар ҳол, ин матлаб, ки ҳаққи ақл дар ин масоил чӣ андоза аст, оё бояд дар ин масоил яксара қоил ба таътил ва таъаббуд бошем, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мегӯянд асмоуллоҳ тавқифӣ аст, ё он ки дар ҳудуди муайяне имкони маърифат барои ақл ҳаст, феълан маҳалли баҳс нест, баъдан дар ҳамин мақола мавриди баҳс воқеъ хоҳад шуд.

Он чи феълан матраҳ аст ин аст, ки: “мо Худоро чӣ гуна тасаввур мекунем?” Бадеҳӣ аст, ки тасаввури Худо мустақиман аз роҳи ҳавосс вориди зеҳн намешавад, зеро гузашта аз ин ки медонем идрокоти ҳиссии мо аз чӣ навъ ва чӣ мақула аст ва тасаввури Худо дар миёни онҳо ёфт намешавад, мудракоти ҳиссии мо маҳдуд ва муқайяд аст ва Худованд ҳақиқате мутлақ аст ва маҳдудият бо зоти ӯ носозгор аст, пас, аз чӣ роҳ мо зоти Ҳақро тасаввур мекунем?

Дар мақолаи 5-ум таҳти унвони “Пайдоиши касрат дар идрокот” як силсила баҳсҳои куллӣ дар бораи кайфияти пайдоиши мафоҳим анҷом шуд. Бо таваҷҷӯҳ ба он чи дар он ҷо гуфта шуд, бояд бидонем, ки тасаввури Худованд аз навъи тасаввури моҳиятҳо нест, то лозим ояд зеҳн қаблан ба фард ва мисдоқи он аз роҳи ҳавосс расида бошад, то битавонад онро тахайюл ва сипас таъаққул намояд, балки ин тасаввур аз навъи тасаввури он силсила маъонӣ ва мафоҳим аст, ки “маъқулоти сонияи фалсафӣ” номида мешавад, аз қабили мафҳуми “вуҷуд”, “вуҷуб”, “қидам”, “иллият” ва амсоли инҳо. Ин гуна тасаввурот, ки интизоъӣ мебошанд на масбуқанд ба сурати ҳиссӣ ва на ба сурати хиёлӣ, балки ақл мустақиман онҳоро аз суратҳои ҳиссӣ ва хиёлӣ интизоъ мекунад. Ин гуна тасаввурот ҳамвора ба сурати куллӣ дар зеҳн вуҷуд доранд. Оре, тасаввури зоти Борӣ аз қабили тасаввури мафҳуми “вуҷуд” ва мафҳуми “вуҷуб” ва амсоли инҳост, бо ин тафовут, ки тасаввури Худованд аз ноҳияи таркиби чанд мафҳум аз ин мафоҳим ё яке аз ин мафоҳим бо мафҳуме аз навъи моҳиятҳо сурат мегирад, аз қабили мафҳуми “воҷибулвуҷуд”, “иллати нахустин”, “холиқи кулл”, “зоти азалӣ”, “камоли мутлақ” ва амсоли инҳо.

Ихтисос ба Худованд надорад, тасаввури мо дар бораи “моддаи аввалии ҷаҳон” низ аз ҳамин қабил аст. Мо тасаввуре аз моҳият ва зот ва кунҳи моддаи аввалии ҷаҳон надорем, вале ӯро ба унвони “моддаи аввалӣ”, ки як унвони интизоъӣ ва сонавӣ аст тасаввур мекунем ва аҳёнан бурҳон бар вуҷудаш иқома ва вуҷудашро тасдиқ мекунем.

Асосан, агар зоти Ҳақ ба ҳеч ваҷҳ қобили тасаввур набуд, ҳамон тавр ки имкони маърифат ва шиносоӣ ва тасдиқ надошт, имкони инкор ва балки шак ҳам надошт. Мо то чизеро ба наҳве аз наҳвҳо тасаввур накунем, на метавонем вуҷудашро инкор кунем ва на метавонем дар вуҷудаш шак кунем. Ва ҳатто наметавонем муддаӣ шавем, ки наметавонем ӯро тасаввур кунем, зеро то чизеро тасаввур накунем, наметавонем мункири вуҷудаш ё тасаввураш бишавем. Пас, мо Худоро ҳам тасаввур мекунем ва ҳам тасаввур намекунем: мо ӯро таҳти як унвони омми интизоъӣ аз қабили “холиқи кулл” тасаввур мекунем, аммо кунҳи зоташро тасаввур намекунем.

Ишколи бештар дар тасаввури зоти воҷиб аз ин ноҳия аст, ки зоти воҷиб мутлақ ва лоятаноҳӣ аст ва зеҳн ӯро ба унвони “зоти мутлақ ва лоятаноҳӣ” тасаввур мекунад, дар сурате, ки зеҳн қодир ба тасаввури “мутлақ” ва “ғайримутаноҳӣ” нест.

Дар посухи ин ишкол, аввал бояд “мутлақ”-ро маънӣ кунем:

Итлоқ (ба маънии исми мафъулӣ) яъне раҳоӣ. Масалан, мафҳуми “инсон” ба худии худ як мафҳуми раҳо ва озод аст ва доираи васеъеро фаро мегирад, аммо ҳамин ки мафҳуми “сафедпӯст” ба он изофа шуд, “муқайяд” мегардад. Мафҳуми “инсони сафедпӯст” фақат қисмате аз сатҳи доираи аввалро шомил мешавад ва доирае дар дохили доираи аввал ташкил медиҳад. Ҳамин ки мафҳуми “донишманд”-ро барои бори дуввум изофа кардем ва гуфтем: “инсони сафедпӯсти донишманд”, маҳдудтар мешавад ва доираи кучактаре дар дохили доираи дуввум ташкил мешавад ва ҳамин тавр…

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки мо то “мутлақ”-ро тасаввур накунем, наметавонем “муқайяд”-ро тасаввур кунем. Ҳар муқайяде аз иҷтимои чанд мутлақ ташкил мешавад, ва ҳақиқати ҳар мутлақ иборат аст аз муқайяд минҳои қайд, яъне набудани қайд кофӣ аст барои итлоқ ва ирсоли мафҳум.

Албатта муҳаққиқон дар ин ҷо таҳқиқи хоссе доранд ва муддаӣ ҳастанд, ки он чи дар зимни муқайяд вуҷуд дорад, худи мутлақ нест, балки ҷомеъи муштарак миёни мутлақ ва муқайяд аст ва онро “табиати ло би шарти мақсамӣ” меноманд ва худи мутлақро “ло би шарти қисмӣ” мехонанд. Ин баҳс аз ҳудуди ин мақола хориҷ аст ва бо муддаои қаблии мо ҳам мунофоте надорад.

Пас ин эрод: зеҳн қодир ба тасаввури “мутлақ” нест, эроди дурусте нест.

Дар ин ҷо ин ишкол боқӣ мемонад, ки аввалан итлоқи мафҳумҳое аз қабили мафҳуми “инсон” ва “сафедпӯст” ва ғайра, итлоқи нисбӣ аст. Ин маъонӣ ва мафоҳим як маҳдудияти зотӣ доранд, ки аз он таҷовуз намекунанд.

Масалан, мафҳуми инсон як мафҳуме аст, ки зотан шомили дарахт ва гӯсфанд намешавад, вале нисбат ба афроди худ мутлақ ва раҳост. Пас, ин мафҳум аз ҷиҳате мутлақ аст ва аз ҷиҳате маҳдуд ва муқайяд. Аммо итлоқи зоти Ҳақ нисбӣ нест ва ба ҳамин ҷиҳат набояд бо ин чизҳо қиёс шавад.

Сониян, итлоқи ин маъонӣ итлоқи мафҳумӣ аст, яъне ҳамаи инҳо як силсила мафоҳими зеҳнӣ мебошанд, ки нисбат ба гурӯҳе бешумор аз қайдҳои мафҳумӣ, мутлақ ва раҳо мебошанд, вале зоти Ҳақ аз синхи мафоҳим нест. Он ҷо, ки мегӯем: “зоти Ҳақ мутлақ аст”, манзур ин нест, ки зоти Ҳақ куллитарин мафоҳим аст ва ин мафҳум ҳеч маҳдудияте надорад, назири мафҳуми “шайъ”, балки манзур итлоқи вуҷудӣ аст, яъне зоти Ҳақ дар матни воқеъ ва зарфи хориҷ мутлақ ва лоҳадд аст, ҳеч навъ маҳдудияти маконӣ, замонӣ, имконӣ, моҳиятӣ надорад. Пас, тасаввури мутлақоти мафҳумӣ далел бар имкони тасаввури мутлақи вуҷудӣ нест.

Ҷавоб ин аст, ки сухан дар ин нест, ки итлоқи зоти Ҳақ итлоқи мафҳумӣ аст, (балки) сухан дар ин аст, ки мо итлоқи вуҷудии зоти Ҳақро дар зеҳни худ чӣ гуна тасаввур мекунем? Тасаввури ин итлоқ мусталзими ин нест, ки воқеияти ин итлоқ дар зеҳн мунъакис шавад ё зеҳни мо хориҷан бо он муттаҳид шавад, балки мо ин итлоқро бо кӯмаки “нафй” тасаввур мекунем; ба ин тарз, ки мафҳуми “вуҷуд”-и муштаракро тасаввур мекунем ва сипас шабоҳат ва мумосилати вуҷуди Ҳақро бо соири вуҷудот дар маҳдудият ва баъзе ҷиҳоти дигар, аз зоти Ҳақ салб мекунем ва ба ин тартиб аз зоти Ҳақ, ки вуҷуди мутлақ аст, тасаввуре дар зеҳни худ меоварем.

Тасаввури “лоятаноҳӣ” низ ҳамин тавр аст. Масалан, дар ин бора меандешем, ки фазо мутаноҳӣ аст ё ғайримутаноҳӣ? Худи ин суол, ки барои зеҳн матраҳ аст, далел аст, ки зеҳн ҳамчунон ки тасаввуре аз “мутаноҳӣ” дорад, тасаввуре ҳам аз “ғайримутаноҳӣ” дорад, дар сурате, ки агар зеҳн бихоҳад мисдоқи фазои лоятаноҳиро тасаввур кунад, яъне бихоҳад ғайримутаноҳиро назди худ муҷассам кунад — дар ҳоле, ки он фазои муҷассами зеҳнӣ воқеан ғайримутаноҳӣ бошад — имконпазир нест, вале агар зеҳн фазои маҳдудро дар худ муҷассам кунад он гоҳ мафҳуми куллии “фазо” ва ҳам мафҳуми “маҳдудият”-ро таъаққул кунад, он гоҳ мафҳуми “нафй” ва “адам”-ро бар “фазои маҳдуд” изофа кунад, амре мумкин ва маъқул аст ва воқеан мафҳуми “фазои номаҳдуд”-ро тасаввур кардааст.

Пас, зеҳн ба таври мустақим қодир нест “ғайримутаноҳӣ”-ро тасаввур кунад, вале ба таври ғайримустақим қодир аст. Ва ба таъбири дигар, зеҳн қодир нест “ғайримутаноҳӣ”-ро “тахайюл” кунад яъне дар қувваи хиёл, ки қуввае нимамуҷаррад аст ва худ ва мудракоташ дорои буъд мебошанд онро бигунҷонад, зеро мусталзими ин аст, ки зеҳн дар они воҳид буъде ғайримутаноҳӣ дар худ ҷой диҳад ва ин ғайримумкин аст ва лоақал барои нуфуси оддӣ ғайримумкин аст, аммо монеъе нест, ки зеҳн “ғайримутаноҳӣ”-ро таъаққул кунад, яъне бо таркиби як силсила мафоҳими куллӣ, тасаввуре, ки албатта аз навъи моҳият нахоҳад буд, балки аз навъи мафоҳими интизоъӣ хоҳад буд, барои худ бисозад.

Зеҳн ҳамеша барои дарку тасаввури ҳақоиқе, ки аз дарки мустақими онҳо нотавон аст, ба ин васоил муташаббис мешавад, яъне аз тариқи ғайримустақим тасаввури маъқул ва саҳеҳе ба даст меоварад.

Пас, маълум шуд тасаввури Худованд дар он ҳудуд, ки барои фалсафа, таҳқиқ дар бораи вуҷуд ё адами онро муяссар созад, барои зеҳн мумкин аст.

Ва ҳамчунин маълум шуд ба ҳамин наҳв барои зеҳн идроки сифоти Борӣ Таъоло, ки ҳама номаҳдуд ва ғайримутаноҳӣ мебошанд низ муяссар аст. Борӣ Таъоло илми номаҳдуд ва ҳаёти номаҳдуд ва камолу ҷамоли номаҳдуд ва ирода ва машияти номаҳдуд ва хайру раҳмати номаҳдуд аст. Ҳеч монеъе нест, ки зеҳн номаҳдудии сифоти ӯро бишносад.

Аммо ин ки ҳудуди бурд ва пешравии ақл дар дарки зот ва сифоти зоти Ҳақ чӣ андоза аст, матлабе аст, ки аз ҳудуди ин баҳс хориҷ аст ва дар оянда андаке дар бораи он баҳс хоҳад шуд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: