Адли илоҳӣ (40)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши нӯҳум: амали хайр аз ғайримусалмон (2)

(2)

Дине ҷуз ислом пазируфта нест

Нуктаи дигаре, ки қабл аз вуруд дар асли баҳс мебояд равшан гардад ин аст, ки баҳс дар бораи некӯкориҳои номусалмононро ба ду гуна метавон тарҳ кард ва дар ҳақиқат ду баҳс аст: яке ин ки оё дине ғайри дини ислом мақбул аст ва ё дини мақбул мунҳасир ба ислом аст? Ва ба иборати дигар: оё он чи лозим аст фақат ин аст, ки инсон як дине дошта бошад ва ҳаддиаксар ин аст, ки он дин мунтасаб ба яке аз пайғамбарони осмонӣ бошад ва дигар фарқ намекунад, ки кадом як аз адёни осмонӣ бошад, масалан мусалмон ё масеҳӣ ё яҳудӣ ва ҳатто маҷусӣ бошад? Ё ин ки дар ҳар замон дини ҳақ яке беш нест?

Баҳси дигар ин аст, ки пас аз он ки қабул кардем, ки дини ҳақ ҳамвора яке беш нест, навбат ба ин масъала мерасад, ки агар касе бидуни доштани дини ҳақ амали некеро, ки воқеан нек аст ва мавриди имзои дини ҳақ низ ҳаст, анҷом диҳад, оё амали ӯ дорои подош хоҳад буд ё на? Ва ба иборати дигар: оё шарти подош доштани аъмоли солеҳ, имон ба дини ҳақ аст ё на?

Он чи дар ин ҷо мавриди баҳс қарор мегирад, масъалаи дуввум аст.

Дар бораи масъалаи аввал иҷмолан мегӯем, ки дини ҳақ дар ҳар замоне яке беш нест ва бар ҳама кас лозим аст аз он пайравӣ кунад.

Ин андеша, ки миёни бархе аз муддаиёни равшанфикрӣ ахиран роиҷ шудааст, ки мегӯянд ҳамаи адёни осмонӣ аз лиҳози эътибор дар ҳама вақт яксонанд, андешаи нодурусте аст.

Албатта саҳеҳ аст, ки миёни паёмбарони Худо ихтилоф ва низоъе вуҷуд надорад. Паёмбарони Худо ҳамагӣ ба сӯи як ҳадаф ва як Худо даъват мекунанд. Онон наёмадаанд, ки дар миёни башар фирқаҳо ва гурӯҳҳои мутаноқизе ба вуҷуд оваранд.

Вале ин сухан ба ин маънӣ нест, ки дар ҳар замоне чандин дини ҳақ вуҷуд дорад ва табъан инсон метавонад дар ҳар замоне ҳар динеро, ки мехоҳад бипазирад. Баръакс, маънои ин сухан ин аст, ки инсон бояд ҳамаи паёмбаронро қабул дошта бошад ва бидонад, ки паёмбарони собиқ мубашшири (муждадиҳандаи) паёмбарони лоҳиқ (пасин) хусусан хотам ва афзалашон будаанд ва паёмбарони лоҳиқ мусаддиқи паёмбарони собиқ будаанд. Пас, лозимаи имон ба ҳамаи паёмбарон ин аст, ки дар ҳар замоне таслими шариати ҳамон паёмбаре бошем, ки давраи ӯст ва қаҳран лозим аст дар давраи хатмия ба охирин дастурҳое, ки аз ҷониби Худо ба василаи охирин паёмбар расидааст амал кунем, ва ин, лозимаи ислом, яъне таслим шудан ба Худо ва пазируфтани рисолатҳои фиристодагони ӯст.

Бисёре аз мардуми замони мо тарафдори ин фикр шудаанд, ки барои инсон кофӣ аст, ки Худоро бипарастад ва ба яке аз адёни осмонӣ, ки аз тарафи Худо омадааст интисоб дошта бошад, дастурҳои онро ба кор бандад, шакли дастурҳо чандон аҳаммияте надорад; ҳазрати Масеҳ ҳам пайғамбар аст, ҳазрати Муҳаммад ҳам пайғамбар аст, агар тибқи ойини Масеҳ амал кунем ва ҳафтае як бор ба калисо биравем, саҳеҳ аст, ва агар ҳам тибқи ойини ҳазрати Хотамуланбиё амал кунем ва ҳар рӯзе панҷ бор намоз бигузорем, дуруст аст. Инон мегӯянд, муҳим ин аст, ки инсон ба Худо имон дошта бошад ва тибқи яке аз барномаҳои худоӣ амал кунад.

Ҷорҷ Ҷурдоқ, соҳиби китоби “Имом Алӣ (а)” ва Ҷуброн Халил Ҷуброн, нависандаи маъруфи масеҳии лубнонӣ ва афроде монанди онон, дорои чунин иддаое мебошанд. Ин ду нафар нисбат ба ҳазрати Расули Акрам (с) монанди як мӯъмини мӯътақид ба онҳо сухан мегӯянд.

Баъзе мепурсанд, чӣ гуна ин афрод бо вуҷуди эътиқод ба Пайғамбари Акрам (с), боз ҳам масеҳӣ ҳастанд? Инҳо агар ростгӯ буданд, мусалмон шуда буданд. Чун мусалмон нашудаанд, пас маълум мешавад зери коса нимкосае аст, найранг мезананд. Пас, инҳо дар изҳори алоқа ва ақида ба пайғамбар садоқат надоранд.

Посух ин аст, ки инон дар изҳори алоқа ва ақидаашон ба Пайғамбар бесадоқат нестанд, аммо тарзи тафаккури хоссе дар пойбандӣ ба адён доранд.

Ин афрод ақида доранд, ки инсон ба дини хоссе мулзам нест, ҳар дин аз адёнро дошта бошад кофӣ аст. Ба ҳамин хотир инон дар айни масеҳӣ будан, худро дӯстдори Алӣ (а) медонанд ва ҳатто мӯътақиданд, ки он ҳазрат низ ҳамин иддаои ононро доштааст.

Ҷорҷ Ҷурдоқ мегӯяд: “Алӣ ибни Абӯтолиб ибо дорад аз ин ки бар мардум лозим кунад, ки ҳатман дини хоссеро бипазиранд.”

Вале мо ин иддаоро ботил медонем. Дуруст аст, ки дар дин икроҳу иҷборе нест: “Ло икроҳа фид-дин” (Сураи Бақара, ояти 256), вале ин сухан ба ин маънӣ нест, ки дини Худо дар ҳар замоне мутаъаддид аст ва мо ҳақ дорем ҳар кадомро, ки бихоҳем интихоб кунем. Чунин нест. Дар ҳар замоне як дини ҳақ вуҷуд дораду бас. Ҳар замон пайғамбари соҳиби шариате аз тарафи Худо омада мардум муваззаф будаанд, ки аз роҳнамоии ӯ истифода кунанд ва қонунҳо ва аҳкоми худро чӣ дар ибодот ва чӣ дар ғайриибодот аз ӯ фаро гиранд, то навбат ба ҳазрати Хотамуланбиё расидааст. Дар ин замон агар касе бихоҳад ба сӯи Худо роҳе биҷӯяд, бояд аз дастуроти дини ӯ роҳнамоӣ биҷӯяд. Қуръони Карим мефармояд:

وَمَن يَبْتَغِ غَيْرَ الإِسْلاَمِ دِينًا فَلَن يُقْبَلَ مِنْهُ وَهُوَ فِي الآخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِينَ

Ва ҳар кас ғайр аз ислом дине биҷӯяд, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нашавад ва ӯ дар ҷаҳони дигар аз ҷумлаи зиёнкорон хоҳад буд.” (Сураи Оли Имрон, ояти 85)

Агар гуфта шавад, ки мурод аз ислом, хусуси дини мо нест, балки манзур таслими Худо шудан аст, посух ин аст, ки албатта ислом ҳамон таслим аст ва дини ислом ҳамон дини таслим аст, вале ҳақиқати таслим дар ҳар замоне шакле дошта ва дар ин замон шакли он ҳамон дини гаронмояе аст, ки ба дасти ҳазрати Хотамуланбиё зуҳур ёфтааст ва қаҳран калимаи ислом бар он мунтабиқ мегардаду бас.

Ба иборати дигар: лозимаи таслими Худо шудан, пазируфтани дастурҳои ӯст ва равшан аст, ки ҳамвора ба охирин дастури Худо бояд амал кард ва охирин дастури Худо ҳамон чизе аст, ки охирин расули ӯ овардааст.

* * *

Амали солеҳ минҳои имон

Акнун равшан гардид, ки аввалан, баҳси мо ҷанбаи куллӣ ва умумӣ дорад, ва дар бораи ашхос намехоҳем қазоват кунем.

Сониян, баҳс дар ин нест, ки оё дини ҳақ яке аст ё мутаъаддид аст? Балки пазируфтаем, ки дини ҳақ яке аст ва ҳар кас муваззаф аст онро бипазирад.

Солисан, баҳс дар ин аст, ки агар касе бидуни ин ки дини ҳақро бипазирад амали неке анҷом диҳад, ки дини ҳақ онро нек медонад, оё барои ӯ дар муқобили амали неке, ки анҷом додааст, аҷру подоше ҳаст ё на?

Масалан, дини ҳақ эҳсон (некӯкорӣ) ба халқро тавсия ва таъкид кардааст. Хадамоти фарҳангӣ аз қабили таъсиси мадорис ва омӯзишгоҳҳо ва таълифу таълиму тадрис, хадамоти беҳдоштӣ аз қабили табобат, парасторӣ, таъсиси муассисоти беҳдоштӣ ва ғайра, хадамоти иҷтимоӣ аз қабили ислоҳи зотулбайн, кӯмак ба мустамандон ва аз корафтодагон, ҳимояти ҳуқуқи зердастон, даргирӣ бо мутаҷовизон ва зӯргӯён ва тақвияти суфуфи маҳрумон, ва билохира иқомаи адл, ки ғоят ва ҳадафи беъсати паёмбарон аст, фароҳам кардани мӯҷиботи тасаллии хотири дилшикастагон ва мусибатзадагон ва амсоли инҳо аз ин қабил аст. Ҳар дине ва ҳар пайғамбаре ба инҳо тавсия кардааст. Ба илова, ақл ва виҷдони ҳар касе ба ҳусн ва хубии чунин аъмоле ҳоким аст.

Акнун мегӯем, агар шахси ғайримусалмоне инчунин хадамоте анҷом дод, оё барои ӯ подоше ҳаст ё на? Дини ҳақ мегӯяд амин бошед ва дурӯғ нагӯед; оё агар ғайримусалмоне аъмолаш мунтабиқ бар ҳамин дастур бошад, подоше дарёфт хоҳад кард ё на? Ба иборати дигар: оё хиёнат кардан ва амин будан, дар мавриди ғайримусалмон мусовӣ аст ё на? Оё зино ва намоз дар мавриди ӯ баробар аст (яъне чӣ намоз бихонад ва чӣ зино кунад) ё на? Ин аст масъалҳ‏ое, ки мавриди баҳси мост.

* * *

Ду тарзи тафаккур

Маъмулан касоне, ки доияи равшанфикрӣ доранд, бо қотеъият мегӯянд ҳеч фарқе миёни мусалмон ва ғайримусалмон, балки миёни муваҳҳид ва ғайримуваҳҳид нест; ҳар кас амали неке анҷом диҳад, хидмате аз роҳи таъсиси як муассисаи хайрия ва ё як иктишоф ва ихтироъ ва ё аз роҳи дигар анҷом диҳад, шоистаи савобу подош аз ҷониби Худованд аст.

Мегӯянд Худованд одил аст ва Худои одил миёни бандагони худ табъиз намекунад; барои Худованд чӣ фарқ мекунад, ки бандааш ӯро бишносад ё нашиносад; ба ӯ имон дошта бошад ё надошта бошад; Худованд ҳаргиз ба хотири ин ки як бандае бо ӯ робитаи ошноӣ ва дӯстӣ надорад, амали неки он бандаро нодида намегирад ва аҷри ӯро зойеъ намегардонад; ва ба тариқи авло агар бандае Худоро бишносад ва амали нек анҷом диҳад вале фиристодагони ӯро нашиносад ва бо онҳо робитаи ошноӣ ва паймони дӯстӣ надошта бошад, хатти бутлон рӯи амали неки ӯ намекашад.

Нуқтаи муқобили инҳо, дастаи дигаре ҳастанд, ки тақрибан ҳамаи мардумро шоистаи азоб медонанд ва барои камтар инсоне амали мақбул ва фарҷоми нек мӯътақиданд. Инҳо як ҳисоби соддае доранд; мегӯянд мардум ё мусалмонанд ва ё ғайримусалмон. Ғайримусалмонҳо, ки тақрибан се рубъи мардуми ҷаҳонро ташкил медиҳанд ба ин ҷиҳат, ки мусалмон нестанд аҳли дӯзаханд. Мусалмонон низ аксарияташон — дар ҳудуди се рубъ — танҳо исми ислом доранд ва ақаллияте аз онҳо ба вазифаи худ ошно ҳастанд. Бинобар ин бисёр андаканд касоне, ки аҳли наҷот мебошанд.

Ин буд мантиқи ду тараф; мантиқи онон, ки тақрибан метавон гуфт сулҳи куллӣ ҳастанд, ва мантиқи инон, ки метавон гуфт мазҳари ғазаби илоҳӣ ба шумор мераванд ва ғазабро бар раҳмат сибқат медиҳанд.

* * *

Мантиқи севвум

Дар ин ҷо мантиқи севвуме ҳаст ва он мантиқи Қуръони Карим аст. Қуръони Карим дар ин масъала ба мо фикре муғойир бо он ду фикр медиҳад, ки комилан махсуси Қуръон аст. Назари Қуръон на бо андешаи газофи равшанфикрмаобон татбиқ дорад ва на бо тангназарии хушкмуқаддасон. Назари Қуръон бар мантиқи хосс устувор аст, ки пас аз вуқуф бар он, ҳар касе эътироф мекунад, ки сухани саҳеҳ дар ин замина ҷуз он нест, ва ин матлаб имони моро ба ин китоби шигифту азим зиёд мекунад; мерасонад, ки маорифи олии он, мустақил аз афкори заминии мардум аст ва сарчашмае осмонӣ дорад.

Инак, мо далоили ҳар як аз ду гурӯҳи мутахосим (равшанфикрмаоб ва муқаддасмаоб)-ро оварда баррасӣ мекунем, то бо наққодии онҳо, ба мантиқи севвум яъне мантиқи Қуръон дар ин масъала ва фалсафаи хосси он тадриҷан наздик гардем.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: