Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (266)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (10)

* * *

Насиҳат кардани зан мар шӯйро, ки сухани афзун аз қадам ва аз мақоми худ магӯ, “лима тақулуна мо ло тафъалуна”, ки ин суханҳо агарчи рост аст, он мақоми таваккул туро нест ва ин сухан гуфтан фавқи мақому муомилаи худ зиён дорад ва “кабура мақтан индаллоҳ” бошад (1)

* * *

Зан бар ӯ зад бонг, к-эй номускеш!

Ман фусуни ту нахоҳам хӯрд беш.

Зан бар сари шӯйи худ фарёд зад: эй риёкор! Ман афсуни туро беш аз нахоҳам хӯрд ва дигар онро намепазирам.

Нукта: Дар матлаъи ин баҳс ба ояти 3 ва 4 сураи Сафф ишора шудааст:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا لِمَ تَقُولُونَ مَا لَا تَفْعَلُونَ. كَبُرَ مَقْتًا عِندَ اللَّهِ أَن تَقُولُوا مَا لَا تَفْعَلُونَ

Эй мӯъминон! Чаро чизе мегӯед, ки худ ба он амал намекунед? Назди Худо сахт нописанд аст, ки чизеро бигӯед ва худ анҷомаш надиҳед.”

Номускеш: риёкор ва худфурӯш, касе ки ба зоҳир зоҳид ва ба ботин дунёдӯст аст.

Турраҳот аз даъвиву даъват магӯ,

Рав, сухан аз кибру аз нахват магӯ.

Ин қадр қиёфаи даъват ба Ҳақ магир ва ин ҳама иддаои ёва макун, бирав ва ин ҳама аз худбинӣ ва нахват ҳарф мазан.

Турраҳот: роҳҳои борик, ки аз чодда ва шоҳроҳ ҷудо ва муншаъиб гардад, маҷозан суханони пучу бефоида.

Чанд ҳарфи тумтуроқу кору бор?

Кору ҳоли худ бибину шарм дор.

Чӣ қадр бо обу тоб роҷеъ ба кору борат ҳарф мезанӣ?! Ту ба кору ҳоли худат нигоҳ кун ва шарм бинамо.

Тумтуроқ: карру фарру худнамоӣ, намоиши шукӯҳу ҷалол ба дурӯғ. Зоҳиран ин калима мураккаб аст аз “турнуб” ва ё “тумб” аз масдари турнубидан ва тумбидан ва танбидан ба маънои фурӯ рехтани сақфи хона бо овози саҳмнок. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.986)

Кибр зишту аз гадоён зишттар,

Рӯз сарду барфу он гаҳ ҷома тар!

Кибру худбузургбинӣ зишт аст, хусусан агар гадоён чунин сифате бар худ бибанданд, зишттар менумояд. Ин дуруст монанди он аст, ки дар рӯзе пурбарфу сармо либоси тани одам них хису тар бошад. Ҳамин тавр такаббури гадоён ҳам ба ҳамин андоза номатбӯъу ногувор аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.699)

Чанд даъвову даму боди бурут?

Эй туро хона чу байтуланкабут.

Охир, то ба кай иддаои ёва мекунӣ ва бод дар сабилат меандозӣ ва такаббур меварзӣ? Эй, ки хонаат монанди хонаи анкабут, сусту беасос аст.

Боди бурут: бурут ба маънои мӯйлаби мардон аст ва боди бурут маҷозан ба маънои такаббур ва худнамоӣ аст.

Нукта: Дар сураи Анкабут, ояти 41 омадааст:

وَإِنَّ أَوْهَنَ الْبُيُوتِ لَبَيْتُ الْعَنكَبُوتِ

Ва ҳамоно сусттарини хонаҳо, хонаи анкабут аст.”

Аз қаноат кай ту ҷон афрӯхтӣ?

Аз қаноатҳо ту ном омӯхтӣ.

Ту кай аз қаноат руҳатро фурӯзон кардаӣ? Ту аз қаноат фақат исме ва номе ёд гирифтаӣ.

Нукта: Қаноат дар истилоҳи сӯфия иборат аст аз: “талаб нокардан аст онро, ки дар дасти ту нест ва бениёз шудан аз он чи дар дасти туст.” Ва ин муқаддимаи мақоми ризо аст. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.989) Ва низ гуфтаанд, ки қаноат иборат аст аз тарки шаҳавоти нафсонӣ ва таматтуъоти ҳайвонӣ магар ба қадри зарурат: “Бидон, ки қаноат иборат аст аз тарки гаҳавоти нафсония ва таматтуъоти ҳақвоняи магар аз он чи лобуд бошад.” (Лубби албоби Маснавӣ, с.305)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: