Муҳаммад Мурсӣ мумкин аст ҷони худро дар зиндон аз даст бидиҳад

Ҳайъате, ки ба дархости хонаводаи раисиҷумҳури зиндонии Миср ташкил шудааст, ба нашрияи Times гуфта, вазъияти саломатии Муҳаммад Мурсӣ вахим аст ва дар сурате, ки фавран мавриди дармон қарор нагирад, мумкин аст ҷони худро дар зиндон аз даст бидиҳад.

Нашрияи Times рӯзи чаҳоршанбе (28.03.2018) ба нақл аз гурӯҳе аз намояндагони порлумони Ангилис ва вукалои фаъол дар заминаи ҳуқуқи башар навишт, агар Муҳаммад Мурсӣ сареъан дармон нашавад, метавонад ҷонашро аз даст бидиҳад.

Муҳаммад Мурсии 66-сола аввалин раисиҷумҳури мунтахаби Миср аст, ки панҷ сол пеш дар ҷараёни кудетое ба раҳбарии Абдулфаттоҳ Ассисӣ, фармондеҳи вақти артиш, аз қудрат канор гузошта шуд. Ассисӣ баъдан раисиҷумҳур шуд ва ин ҳафта ҳам барои идомаи ҳузур дар кохи риёсати ҷумҳурии Миср бори дигар ба унвони номзад дар интихобот ширкат кард.

Мурсӣ, ки ба диабет мубталост ва аз фишори хуни боло ва бемории кабид ранҷ мебарад, аз сӯи додгоҳ ба 48 сол зиндон маҳкум шуд ва акнун дар зиндони Турои Қоҳира дар селлули инфиродӣ маҳбус аст.

Хонаводаи вай аз бими ин ки мумкин аст дар зиндон ба вазъияти ӯ расидагӣ нашавад, баррасии авзоъи ӯро хостор шудаанд. Як ҳайъати ангилисӣ ба сарпарастии Криспин Блонт (Crispin Blunt), раиси собиқи Кумитаи мунтахаби умури хориҷии порлумони Ангилис ва чанд вакили фаъол дар заминаи ҳуқуқи башар, дар ҳоли баррасии вазъи Мурсӣ ҳастанд.

Блонт ба Times гуфт: “Агар ба дуктур Мурсӣ расидагии пизишкӣ нашавад, мумкин аст ба саломати ӯ осеби доимӣ ё марговар ворид шавад. Шароити ӯ он қадр вахим аст, ки дар қолаби таърифи байналмилалии шиканҷа мегунҷад… Масъулияти ин вазъият ба гардани ҳукумати Миср аст.”

Давлати Миср то кунун аз посух ба дархостҳои ин кумита барои мулоқот бо Мурсӣ худдорӣ кардааст.

Дидабони ҳуқуқи башар мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар Миср 60000 зиндонии сиёсӣ вуҷуд дорад ва аз соли 2014, 15000 шаҳрванди ғайринизомӣ дар додгоҳҳои низомӣ муҳокима шудаанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: