Чаро чорае ҷуз “сохтан” бо Толибон надиданд?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон, пешниҳод кард, байни ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон “гуфтугӯҳои мустақим бидуни ҳеч пешшарте” баргузор шавад.

Вай дирӯз (27.03.2018) дар маросими ифтитоҳияи ҳамоиши “Афғонистон; раванди сулҳомез, ҳамкорӣ дар заминаи амният ва ҳамкориҳои минтақаӣ”, бо тарҳи ин пешниҳод, гуфт: “Бо таваҷҷӯҳ ба равобити дӯстонаи Ӯзбекистон ва Афғонистон, мо омодаем тамоми шароити лозимро фароҳам кунем, то дар Ӯзбекистон гуфтугӯи мустақими Толибон бо ҳукумати Афғонистонро ба роҳ андозем.”

Лозим ба ёдоварӣ аст, идеяи гуфтугӯ бо Толибон ва ин ки таҳаққуқи сулҳ дар Афғонистон бидуни мушорикати ин гурӯҳ имконпазир намебошад, идеяи тозае нест. Ин андеша, замоне, ҳам аз сӯи омрикоиҳо матраҳ шуда буд ва ҳам аз сӯи чиниҳо ва покистониҳо, ва ба илова, дар худи Афғонистон низ шӯрое бо номи “Шӯрои олии сулҳ” дар соли 2010 тавассути Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури вақт таъсис ва марҳум Бурҳонуддин Раббонӣ ба унвони раиси он таъйин шуда буд. Дар таркиби ин шӯро, намояндагоне аз гурӯҳи Толибон низ мавҷуд буданд (ва зоҳиран ҳанӯз ҳастанд).

Аммо, на талоши омрикоиҳо ва дигарон дар ин росто натиҷае дарбар дошт ва на талоши худи ҳукумати Афғонистон. Зеро, Толибон зери бор намерафт ва қабули шартҳоеро, ки ҳамеша пеши рӯяш гузошта мешуд, ба унвони таслими худ мешумурд. Бинобар ин, ҳарчанд эълон мекард, ҳозир ба сулҳу созиш бо ҳукумат аст, вале камокон ба ҷанги худ идома медод ва беш аз пеш ҳукуматро азият мекард.

Ҳамин будааст, ки Шавкат Мирзиёев дар суханони дирӯзи худ, таъкидаш бештар рӯи ин нукта буд, ки гуфтугӯҳои мустақим байни давлат ва гурӯҳи Толибон бояд “бидуни ҳеч пешшарте” сурат бигирад. Мухотаби вай дар ин ҷо, пеш аз ин ки гурӯҳи Толибон бошад, ҳукумати Афғонистон ва низ кишварҳои таъсиргузор аст. Мехоҳад бигӯяд, агар воқеан мехоҳед гуфтугӯ бо Толибон мусмири самар ва дорои натоиҷи малмус буда ва хуруҷии он, таҳаққуқи сулҳ дар Афғонистон бошад, ҳеч шарте пеши рӯи Толибон нагузоред ва балки андаке кӯтоҳ биёёед, то Толибон ҳам дар муқобил, ҳозир ба кӯтоҳ омадан шавад.

Ин ки талоши раисиҷумҳури Ӯзбекистон натиҷа хоҳад дод ё на, феълан наметавон дар ин хусус чизе пешбинӣ кард, бастагӣ дорад ба ҷиддияти давлатмадорони кунунии Афғонистон – аъам аз тоҷику ӯзбеку ҳазораву ғайра — ва ин ки оё ҳозиранд дар муқобили Толибон кӯтоҳ биёянд? Ва ҳамчунин, оё кишварҳои таъсиргузор ба хусус Омрико ва Ҳиндустон, ҳозиранд Толибон дар ҳукумати Афғонистон шарики воқеӣ гардад?

Бо ин ки бисёр баъид ба назар мерасад, ки дар кӯтоҳмуддат кӯтоҳ биянд, вале дар дарозмуддат – агар таҳаввулот ба ҳамин минвол пеш биравад – чорае ҷуз кӯтоҳ омадан дар муқобили Толибон надоранд. Ба сухани дигар, дар дарозмуддат, на танҳо худи мақомоти Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, балки кулли ҷаҳон, бо Толибон хоҳанд “сохт” ва ин гурӯҳро чунонки ҳаст ва ба унвони воқеияте, ки наметавон нодидааш гирифт, қабул хоҳанд кард.

* * *

Ҳол, суол ин аст, ки чаро ҳозиранд Толибонеро, ки терурист ва муртаҷеъ ва ақибуфтода ва як таҳдид барои кулли ҷаҳон медонистанд (ва медонанд), бипазиранд? Оё Толибон дигаргун шуда? Оё дигар терурист нест? Муртаҷеъ нест?

Посух ин ки: Толибон ҳамон аст, ки буд, дигар нашудааст. Яъне ҳеч алоим ва нишонаҳое дида намешавад, ки собит кунад фикру рафтори Толибон дигар шуда бошад. Пас, далели ин ки ночор шудаанд қабулаш бикунанд чист?

Далелаш танҳо як чиз аст: зӯр! Ин гурӯҳ собит кард, ки дар дунёи имрӯз, агар бихоҳӣ туро бипазиранд, бояд ба зӯри бозуи худ такя кунӣ. Ин мантиқ албатта мантиқи дурусте нест, аммо мутаассифона воқеияти ҳоким дар дунёи имрӯз, ҳамин аст. Яъне, то зӯр набошӣ, туро касе намепазирад. Дар ҷаҳони имрӯз фақат зӯрҳо ҷой доранд; касоне эътибор доранд, ки худро бо зӯр таҳмил кардаанд. Ва аммо заъифу нотавон, ҷойгоҳе надорад. Ҳеч кас ба доди ӯ намерасад.

Замоне (60 сол пеш), яҳудиёни саҳюнист ба зӯри бозуи худ такя карданд ва сарзаминеро ишғол намуда сокинони онро ронданд ва барои худ дар он сарзамин давлат таъсис намуданд ва ба ҳамин роҳ худро бар ҷаҳониён таҳмил карданд. На ба қатъномаҳои СММ эътино карданд ва на ба эътирози баъзе давлатҳо ва ба доду войи давлатҳои заъифу нотавони араб ва кишварҳои исломӣ. Саранҷом Шӯрои амният низ ин давлатро ба расмият шинохт.

Албатта, намехоҳам Толибонро ба саҳюнистҳо ташбеҳ кунам. Толибон, бо ин ки қабулаш надорам, вале дар сарзамини худ меҷангад, на мисли саҳюнистҳо, ки аз гӯшаву канори олам ҷамъ шуда ва сарзаминеро ғасб ва сокининашро рондааст.

Хулоса, агар ҷаҳон имрӯз чорае ҷуз қабули Толибонро надорад, на бад-ин ҷиҳат аст, ки лутфе ба Толибон кардааст, балки дар баробари “зӯр”-и ӯ таслим шуда. Ин аст мантиқи ҳоким дар ҷаҳони имрӯз.

Бо ин ки ин мантиқ нописанд аст, яъне дар ҷаҳон набояд чунин мантиқе ҳоким бошад, ки одам барои пайдо кардани ҷойгоҳ танҳо ба зӯри худ такя кунад, вале амалан мегӯяд, бояд зӯр бошӣ! Агар зӯр будӣ, ҳаққи ту нодида гирифта нахоҳад шуд, аммо агар заъифу нотавон будӣ, ҳеч кас ба фарёди ту нахоҳад расид.

Бояд зӯр буд, то ҷойгоҳ пайдо кард.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: