Deutsche Welle: “Роҳибони будоӣ оташи исломҳаросиро дар ҷануби шарқи Осиё шӯълавар мекунанд”

Шабакаи хабарии олмонии Deutsche Welle дар гузорише, ба хушунатҳо дар кишварҳои Миёнмор, Срилонко ва Тойланд алайҳи мусалмонон ишора кард ва навишт, роҳибони будоӣ яке аз омилҳои ташдиди ин хушунатҳо ҳастанд.

Дар ин гузориш омадааст:

Дар Срилонко, Миёнмор ва Тойланд иқдомот алайҳи мусалмонон бештар шуда ва гурӯҳҳои будоӣ иқдомот алайҳи мусалмононро ташдид кардаанд. Дар пайи даргириҳои ахир дар Срилонко миёни будоиён ва мусалмонон, ҳудуди ду ҳафта дар ин кишвар вазъияти изтирорӣ барқарор буд.

Гурӯҳҳои ифротии будоӣ ҳаводорони худро бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ таҳрик мекунанд ва шойеоте ҳам мунташир кардаанд аз ҷумла ин ки мусалмонон ғизоҳо ва либосҳоеро байни будоиҳо пахш мекунанд, то ба ин васила насли ононро мунқариз кунанд.

Дар пайи ин даргириҳо масоҷид, хонаҳо ва фурӯшгоҳҳои мусалмонон мавриди ҳамла қарор мегиранд ва ба оташ кашида мешаванд. Ду нафар ҳам кушта шудаанд. Ба ҳамин манзур давлати Срилонко шабакаҳои иҷтимоиро масдуд кард ва бо гузашти 12 рӯз, ки авзоъ каме ором шуд, шабакаҳои иҷтимоӣ бори дигар дар дастрас қарор гирифтанд.

Дар Миёнмор ҳам аз соли 2012 мавориди мутаъаддиде аз хушунат алайҳи мусалмонон гузориш шудааст ва ақаллияти мусалмони Руҳингиё мавриди озору азият қарор гирифтаанд. Аз соли 2017 садҳо ҳазор нафар аз онон аз ин кишвар гурехтаанд. Дар нооромиҳои ин кишвар ҳам роҳибони ифротӣ нақши муҳимме ифо мекунанд.

Тойланд, дигар кишваре аст, ки аз соли 2001 дар вилоятҳои ҷанубиаш шоҳиди нооромӣ аст. Рӯзномаи Bangkok Post дар ин маврид навишт, ки байни солҳои 2004 то 2015 дар вилоятҳои дорои аксарияти мусалмон, дастикам 6500 нафар кушта шудаанд. Гурӯҳҳое монанди Дидабони ҳуқуқи башар мавориди мутаъаддиде аз нақзи ҳуқуқи башар сабт кардаанд. Дар ин минтақа, аз ҳар 10 қурбонии хушунат, 9 нафар ғайринизомӣ будаанд.

Дар Тойланд ҳам будоиҳои ифротӣ бахше аз бӯҳрон ҳастанд. Шуморе аз онҳо дар артиш ҳузур доранд, ки бо вуҷуди он ки масъулияти анҷоми умури мазҳабиро бар ӯҳда доранд, аммо ҳамчунон мусаллаҳ ҳастанд. Ҷамъияти роҳибони будоӣ дар Тойланд, дар октябри 2015 роҳиби маъруфе ба номи Пҳро Моҳо Опичот (Phra Maha Apichat) дар Фейсбук навишт, ки ба ҷойи ҳар роҳибе, ки кушта мешавад, бояд як масҷид сӯзонда ва бо хок яксон шавад. Ҳарчанд вай баъдан аз ҷомеаи роҳибони будоӣ ихроҷ шуд.

Ҳарчанд дар ҳар се кишвар, будоиҳо дар ақаллият ҳастанд, аммо ақаллияти бонуфуз ва пурсару садо ба шумор меоянд.

Мойкл Ҷерисун (Michael Jerryson), устоди мутолеоти мазҳабии Донишгоҳи Ёнгстауни Омрико, бо баёни ин ки будоиҳо дар ин се кишвар нигаронанд, ки бо густариши ислом ва табдил шудани мусалмонҳо ба аксарият, мусалмонон контроли кишварро ба даст бигиранд, мегӯяд: “Оморҳо нишон медиҳад, ки ин нигаронӣ бепоя ва бо воқеият интибоқ надорад.”

Дар Срилонко фақат ҳудуди 10 дарсад аз ҷамъияти 20 милюнии ин кишварро мусалмонон ташкил медиҳанд. Дар Миёнмор ин рақам ба ҳудуди 4 дарсад аз 51 милюн нафар мерасад ва дар Тойланд ҳам ҳудуди 5 дарсад аз 67 милюн ҷамъиятро шомил мешавад. Ин теъдод мусалмонон дар чаҳор даҳа чандон тағйир накардааст.

Ба ин тартиб, ин иддао, ки дар ин минтақа ҷамъияти мусалмонон дар ҳоли пешӣ гирифтан аз ҷамъияти будоиҳост ғалат аст, ҳарчанд ки дар манотиқе ҷамъияти мусалмонҳо рӯ ба рушд аст.

Ҷерисун бо баёни ин ки барои ҳалли мушкил дар ин манотиқ, бояд ривояти ҷойгузине аз воқеаҳои таърихиро матраҳ кард ва ҷо андохт, мегӯяд: “Аввалин мушкил дар ин замина ин аст, ки ин ривояти ҷойгузин бояд аз сӯи худи роҳибони будоие, ки дар мардум нуфуз доранд баён шавад. Ва мушкили дуввум ҳам ин аст, ки талош барои таҳмили як ривояти ҷойгузин аз сӯи ғарб, метавонад натоиҷи акс дошта бошад, бинобар ин мо бояд бештар рӯи музокира ва гуфтугӯ бо роҳибони будоӣ дар ин кишварҳо, ки ба назар мерасад ихтиёр ва тавони ироаи ривоят ва ривояти ҷойгузинро доранд, кор кунем.”

Реклама


Рубрики:ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: