Перейти к содержимому

Оё умри сиёсии Ато Муҳаммад Нур рӯ ба поён аст?

Дар пайи тавофуқи Ато Муҳаммад Нур бо Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон ва канорагирӣ аз вилояти Балх, гумоназаниҳое вуҷуд дорад, ки умри сиёсии раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ рӯ ба поён аст ва эҳтимолан аз арсаи қудрат ҳазф хоҳад шуд.

Декабри соли гузашта дафтари риёсати ҷумҳурии Афғонистон бо судури баёнияе эълом кард, ки Ашраф Ғанӣ истеъфои Ато Муҳаммад Нур аз вилояти Балхро пазируфтааст, аммо Ато Муҳаммад Нур дар вокуниш ба ин мавзӯъ истеъфояшро мунтафӣ донист ва ҳозир ба канорагирӣ нашуд.

Дар се моҳи гузашта чандин давр аз музокироти Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон бо Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ бенатиҷа поён ёфт, зеро ин ҳизб канорагирии Ато Муҳаммад Нур аз вилояти Балхро ба мутолиботе монанди тағйири низоми сиёсӣ, ислоҳи низоми интихоботӣ ва тавзеъи шиносномаҳои электруникӣ пайванд зада буд.

Саранҷом пас аз чанд моҳ кашмакаш ва музокироти мудовим байни ду тараф, дар ниҳоят Ато Муҳаммад Нур барои канорагирӣ аз вилояти Балх, бо Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон ба тавофуқ расид.

Дар натиҷаи тавофуқи суратгирифта, Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон вазорати умури расидагӣ ба ҳаводис, омӯзиш ва парвариш ва сафорати Афғонистон дар Қазоқистонро ба Ато Муҳаммад Нур вогузор кард ва афроди мавриди назари Ато Муҳаммад Нур низ ба унвони волӣ ва фармондеҳи пулис дар вилояти Балх таъйин шуданд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ канорагирии Ато Муҳаммад Нурро ба мутолиботи асосии ин ҳизб аз давлати Афғонистон пайванд зада буд, ба назар мерасад, ки аз тавофуқи Ато Муҳаммад Нур бо Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон хушнуд нест.

Агарчи Ато Муҳаммад Нур дар гирдиҳамоии эъломи канорагирӣ аз вилояти Балх гуфта буд, ки бархе аз мутолиботи Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ аз сӯи Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон пазируфта шуда, аммо дар воқеъ Ато Муҳаммад Нур дар тавофуқ бо Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон танҳо ба гирифтани чанд курсии вазорат иктифо кард ва мутолиботи Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ аз давлати Афғонистонро дар назар нагирифт.

Салоҳуддин Раббонӣ, раҳбари Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ низ бо интишори баёнияе эълом кард, ки ин ҳизб бо Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон канор наомада ва мутолиботаш аз давлати Афғонистонро дунбол хоҳад кард. Ба иборате, чунин бардошт мешавад, ки тавофуқи суратгирифта байни Ато ва Ғанӣ буда, на Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ва Арги риёсати ҷумҳурӣ.

Бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки Ато Муҳаммад Нур бо ин иқдоми худ ҳимояти аъзои раҳбарии Ҳизби Ҷамъияти Исломиро аз даст дода ва бо канорагирӣ аз вилояти Балх, рафта-рафта аз арсаи қудрат низ ҳазф хоҳад шуд.

Агарчи Ато Муҳаммад Нур тавониста буд, ки бо басиҷи бахшҳое аз ҷомеа, ба нафъи худ гирдиҳамоиҳои мутаъаддидеро дар Балх созмондиҳӣ кунад, аммо ногуфта пайдост, ки дар кишвари Афғонистон нақши аслӣ дар таҳаввулоти сиёсӣ аз они хориҷиҳо ва дар раъси он Омрикост.

Омрикоиҳо аз оғози вуруд ба Афғонистон, ба сурати тадриҷӣ ҳазфи шахсиятҳои ҷиҳодӣ аз арсаи қудрат дар ин кишварро дар дасти иҷро дошта ва доранд. Пеш аз ин низ касоне монанди Исмоилхон ва Аҳмад Зиё Масъуд бо ҳимояти хориҷиҳо аз арсаи қудрат дар ин кишвар ҳазф шуданд.

Исмоилхон, ки дар даврони волигии худ бар Ҳирот тавониста буд то ҳадди зиёде авзоъи ин вилоятро ба лиҳози амниятӣ ва иқтисодӣ сарусомон бибахшад, дар натиҷаи талоши нерӯҳои хориҷӣ ва Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон аз вилояти Ҳирот барканор шуд ва ба сарпарастии вазорати об ва энержии Афғонистон иктифо кард.

Ба гумони Исмоилхон, тасаддии ин вазорат метавонист ҷойгоҳ ва қудрати сиёсии вайро то ҳадде ҳифз кунад, ҳол он ки Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон, аз ин тариқ тавонист Исмоилхонро аз Ҳирот ба Кобул кашонда ва контроли бештаре бар вай эъмол кунад, бинобар ин арса бар ин фармондеҳи ҷиҳодӣ тангтар шуд ва қудраташ ба сурати тадриҷӣ аз байн рафт ва дар ниҳоят аз арсаи қудрат дар Афғонистон ҳазф шуд.

Бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки Ато Муҳаммад Нур низ бо канорагирӣ аз вилояти Балх ба изои вогузории чанд вазорат, ба сарнавишти мушобеҳи Исмоилхон дучор хоҳад шуд ва ба сурати тадриҷӣ аз арсаи қудрат ҳазф мешавад.

Ба назар мерасад, ки Ато Муҳаммад Нур ба ин масъала дил хуш кардааст, ки афроди мавриди назараш дар вилояти Балх таъйин шуданд, аммо Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон ба соддагӣ хоҳад тавонист то Исҳоқ Раҳгузар, фарди мавриди назари Ато Муҳаммад Нурро низ аз вилояти Балх барканор кунад ва бо афроди ҳомии манофеъи Арги риёсати ҷумҳурии ин кишвар ҷойгузин кунад.

Дар ин ҳол, ин Ато Муҳаммад Нур аст, ки вилояти Балхро ба унвони пойгоҳи қудрат аз даст дода ва аз арсаи сиёсии Афғонистон ҳазф хоҳад шуд.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: