Перейти к содержимому

“Роҳпаймоии бозгашт” дар навори Ғазза ва каронаи Бохтарӣ / 7 шаҳид ва садҳо захмӣ – филм ва тасовир

Ҳазорон нафар аз фаластиниҳои сокини шаҳрҳои мухталифи навори Ғазза ва каронаи Бохтарӣ имрӯз (ҷумъа, 30.03.2018) дар ростои таъкид бар ҳаққи бозгашт, роҳпаймоии бузурге баргузор карданд. То кунун 7 тан ба шаҳодат расидаанд ва садҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ҳазорон нафар аз фаластиниҳои сокини навори Ғазза ва каронаи Бохтарӣ имрӯз мусодиф бо 42-умин солгарди Рӯзи замин, роҳпаймоии солона ва мусолиматомези худ маъруф ба “Роҳпаймоии бозгашт”-ро оғоз карданд ва кам-кам дар ҳоли таҷаммӯъ дар марзи Ғазза бо Фаластини ишғолӣ ҳастанд.

Фаластиниҳо дар ин роҳпаймоии мардумӣ талош доранд бар қатъномаи 194 Шӯрои амнияти Созмони Милал таъкид кунанд; қатъномае, ки дар банди 11-и он бар ҳаққи бозгашти оворагони фаластинӣ ба сарзаминашон ишора мешавад.

Роҳпаймоии фаластинён дар солгарди “Рӯзи замин” ёдовари тасмими режими саҳюнистӣ дар заминаи мусодираи 21 ҳазор километр мураббаъ аз сарзаминҳои Фаластин дар 30 марти соли 1976 аст ва ҳарсола анҷом мешавад.

Роҳпаймоии мазкур ба самти ҳисори марзӣ, ки навори Ғаззаро аз сарзаминҳои ишғолшуда дар соли 1948 ҷудо мекунад, анҷом мешавад, ва бархе гумоназаниҳо аз эҳтимоли рад шудани фаластиниҳо аз ин ҳисори марзӣ ва ворид шудан ба Фаластини ишғолӣ ҳикоят дорад. Мардуми навори Ғазза аз чанд рӯз пеш бо насби чодар дар масирҳои роҳпаймоӣ худро барои ин рӯйдоди бузург омода карданд.

Шабакаи Алмаёдин эълом кард, ки дар соатҳои аввалӣ 3 нафар дар Ҷаболё, Рафаҳ ва Албрейҷи навори Ғазза бо гулӯлаи низомиёни режими саҳюнистӣ захмӣ шудаанд.

Шабакаи Алманор эълом кард, ки низомиёни режими саҳюнистӣ барои мутафарриқ кардани тазоҳуроткунандагон, аз бомби дудзо дар шимоли навори Ғазза истифода кардаанд.

Тимҳои пизишкӣ низ барои мудовои маҷрӯҳон дар марзи навори Ғазза мустақар шудаанд.

Шабакаи Алҷазира эълом кард, ки ҳазорон фаластинӣ худро ба марзи навори Ғазза бо Фаластини ишғолӣ расондаанд.

Шабакаи Алманор аз оғози роҳпаймоии бозгашт дар манотиқи мухталифи каронаи Бохтарӣ низ хабар дод.

Тазоҳуроткунандагон дар марзи навори Ғазза аксҳои Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ва Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрикоро ба илова парчам ин кишвар оташ заданд.

Ҳаниа: “Аз Қудс ва ҳаққи бозгашт даст нахоҳем кашид!”

Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, дар суханронии худ миёни тазоҳуроткунандагони фаластинӣ дар навори Ғазза эълом кард, миллати Фаластин ба хотири Қудс ва ҳаққи бозгашт, бори дигар ибтикори амалро дар даст хоҳад гирифт.

Вай афзуд: “Ин ҳузури густурда имрӯз берун омада, то ба Дунолд Тромп ва тарҳи мардуди ӯ эълом кунад, ки аз Қудс даст нахоҳад кашид, ҷойгузине барои Фаластин вуҷуд надорад ва ҳеҷ роҳи ҳалле ҷуз бозгашти оворагон вуҷуд нахоҳад дошт.”

Теъдоди зиёде аз раҳбарони Ҳамос аз ҷумла Яҳё Ассинвор, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, дар ин роҳпаймоӣ ширкат карданд. Ассинвор тайи изҳороти мухтасар гуфт: “Ба сарзамине, ки ба зӯр ишғол шудааст, бозхоҳем гашт.”

***

Тасвири зер марбут ба як маълули фаластинӣ аст, ки вазъияти ҷисмии ӯ монеъ аз ҳузураш дар “Роҳпаймоии бозгашт” нашудааст.

Шабакаи Алмаёдин ба нақл аз Ҳилоли Аҳмари Фаластин эълом кард, то кунун 2 нафар ба шаҳодат расиданд. Вазорати беҳдошт ҳам эълом кард, 55 нафар дар ин тазоҳурот захмӣ шудаанд, ки 35 нафари онҳо бо гулӯлаи ҷангӣ ҳадаф қарор гирифтаанд.

Режими саҳюнистӣ пештар гуфта буд, бо тамоми тавон бо ин тазоҳурот муқобила хоҳад кард ва дар ҳамин расто ба шиддат ҳузури низомиёнаш дар манотиқи мухталифи Ғазза ва каронаи Бохтариро афзоиш дод. Ин режим куллияи манотиқи воқеъ дар марзи Ғаззаро “минтақаи бастаи низомӣ” эълом кард.

Дар хабаре дигар, ки дақоиқе пеш расид, вазорати беҳдошти Фаластин дар ҷадидтарин баёнияи худ эълом кард, то ин лаҳза 4 фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд ва 365 тани дигар захмӣ шудаанд.

Farsnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: