Перейти к содержимому

Амир Хусрави Деҳлавӣ

Ба баҳонаи зодрӯзи Амир Хусрави Деҳлавӣ

Ҳаким Абулҳасан Яминуддин ибни Сайфуддин Маҳмуд, маъруф ба Амир Хусрави Деҳлавӣ, шоири порсигӯйи Ҳиндустон буд. Ӯ яке аз ду шоири муҳимми авоили қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ аст, ки соири суханварони порсигӯйи Ҳиндро таҳтушшуоъ қарор доданд ва дар давраҳои баъд ҳам нуфузи доманадор дар миёни шуарои Эрону Ҳинд доштанд. Он ду, Амир Хусрав ва Ҳасани Деҳлавӣ буданд. Амир Хусрав ба забонҳои форсӣ, арабӣ, туркӣ ва сонскрит чирагӣ дошт ва ба Саъдии Ҳинд маъруф буд ва ӯ дар авоили ҳол ба “Султонӣ” ва сипас ба “Тӯтӣ” тахаллус мекард.

* * *

Зиндагӣ

Абулҳасан Амир Хусрави Деҳлавӣ, шоир ва орифи номдори порсигӯйи Ҳиндустон, дар соли 632 хуршедӣ (651 қамарӣ, 1253 милодӣ) дар Патёли Ҳинд зода шуд ва ба соли 703 хуршедӣ (725 қамарӣ, 1325 милодӣ) дар Деҳлӣ даргузашт. Ӯ туркнажод ва ҳиндизод ва порсигӯй аст. Падараш Амир Сайфуддин Маҳмуд афсари турк ва аз аҳолии Лочин дар Фарорӯд буд, ки худашон аз Қарохитоиён буданд, ки ҳангоми юриши муғулон, ба Ҳиндустон гурехт ва дар он ҷо бо зане аҳли Деҳлӣ издивоҷ кард ва ба дарбори Шамсуддин Элтутмиш, подшоҳи Деҳлӣ роҳ ёфт.

Амир Хусрав монанди падар, ки симати амирулумароӣ дошт, дар дарбор бузургӣ ва сарварӣ ёфта буд ва замоне дар даргоҳи Ҷалолуддин Фирӯзшоҳ ҷойгоҳе дошт ва лақаби амирӣ гирифт.

Вай даврони кӯдакӣ ва навҷавониро бо фаро гирифтани забону адаби форсӣ дар Деҳлӣ гузаронд ва пас аз чанде дар маҳзари яке аз бузургтарин ва машҳуртарин машойих ва орифони даврон, яъне Шайх Низомуддин Муҳаммад ибни Аҳмади Деҳлавӣ, маъруф ба Низомуддин Авлиё, шогирдӣ кард. Амир Хусрав барои пиру муроди худ эҳтироми фаровон қоил буд ва бо вуҷуди ин ки доим дар хидмати подшоҳон ва фармонравоён буд, ҳеч гоҳ аз мизони иродат ва таваҷҷӯҳи ӯ нисбат ба Шайх коста нашуд.

Амир низ монанди устоди худ, пайрави силсилаи ирфони Чаштия буд. Шайх низ Хусравро гиромӣ медошт. Бо Ҳасани Деҳлавӣ, шоири номдори порсизабони Ҳинд, аз тариқи ҳамин Шайх ошно шуд ва байни он ду дӯстии амиқе барқарор буд.

Муддати кӯтоҳе пас аз даргузашти Низомуддин Авлиё, Амир Хусрав низ дар соли 703 (725 қамарӣ, 1325 милодӣ) даргузашт ва наздики оромгоҳи Шайх ба хок супурда шуд. Оромгоҳи ӯ дар яке аз маҳаллаҳои пуртарокуми Деҳлӣ, ки ба номи Низомуддин Авлиё маъруф аст ва наздик ба истгоҳи қатор ба номи “Истгоҳ қатори Низомуддин” ва дар наздики оромгоҳи Ҳумоюн воқеъ шуда, мизбони ҷамъи касире аз мардум ва зиёратгоҳи мусалмонон ва аҳли тасаввуф аст.

* * *

Амир Хусрав ба сабаби ошноӣ бо забонҳои форсӣ, туркӣ, арабӣ ва ҳиндӣ, иттилооти нисбатан хубе дошт ва ашъори фаровоне дар заминаҳои мухталиф сурудааст. Мусиқии ҳиндӣ ва эрониро ба хубӣ мешинохт. Шеъраш лаҳну латофати хосс дорад ва чун туркнажод ва ҳиндизод буд, калимоти туркӣ ва ҳиндӣ низ дар шеъри ӯ дида мешавад ва метавон “сабки вайро талиъаи сабки ҳиндӣ ба шумор овард.”

Вай дар ғазалсаройӣ пайрави Саъдӣ буд ва ғолибан мазомини ишқӣ ва масоили ирфониро ба забони содда ва пурсӯз дар баҳрҳои кӯтоҳ ва латиф баён карда ва аз алфозу маъонии шоирони мутасаввифи эронӣ суд меҷуст. “Хамса”-аш аз хамсаҳои тамоми муқаллидини Низомӣ нисбатан беҳтару бартар аст ва ӯ дар ашъораш Низомиро ба унвони устоде мусаллат ба фанн сутудааст:

Низомӣ, ки устоди ин фан вай аст,

Дар ин базмгаҳ шамъи равшан вай аст.

Зи вайронаи Ганҷа шуд ганҷсанҷ,

Расонид ганҷи суханро ба панҷ.

Чу Хусрав ба он панҷа ҳампанҷа шуд,

В-аз он бозуи фикраташ ранҷа шуд.

Амир Хусрав бо Саноӣ ва Хоқонӣ низ улфате доштааст ва дар қасоид, ки аз ғазалҳояш матинтар аст, аз сухангӯёни бузург монанди Камолуддин Исмоил ва Хоқонӣ ва Анварӣ пайравӣ кардааст. Ба унвони намуна, ба иқтифои “Миръотун-назар”-и Хоқонӣ қасидаи “Миръотус-сафо”-ро сохтааст, ки аз ҳамон рӯзҳо дар миёни аҳли адаб шӯҳрате ёфта ва баъзе аз дигар шоирон ҳам аз он пайравӣ кардаанд. Қасидаи Хоқонӣ чунин оғоз мешавад:

Дили ман пири таълим асту ман тифли забондонаш,

Дами таслим сари ушру сари зону дабистонаш.

Ва матлаъи “Миръотус-сафо”-и Амир Хусрав:

Дилам тифл асту пири ишқ устоди забондонаш,

Саводулваҷҳ сабақу масканат кунҷи дабистонаш.

Шоирони фаровоне аз сабку шева ва ба хусус ибдоъоту навовариҳои Амир Хусрав пайравӣ кардаанд. Дар миёни шуарои Эрон низ нуфуз дошта ва бисёре аз онҳо махсусан дар ҳикоёт ва маснавиёти ишқангез сабки ӯро тақлид кардаанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба баъзе аз ғазалҳои Ҳофиз, мушаххас мешавад, ки Ҳофиз бо ашъор ва ғазалиёти Хусрав ошноӣ дошта ва то ҳадде таҳти таъсири ӯ будааст. Овардаанд, ки Мавлоно Нуруддин Абдурраҳмони Ҷомӣ беш аз дигар шоирони порсигӯй, бо Амир Хусрави Деҳлавӣ ва осори ӯ унсу улфат дошта ва “ҳамеша орзуи Ҷомӣ он будааст, ки ба пойи ӯ бирасад”. (Саъиди Нафисӣ, маҷаллаи Армуғон, шумораи 8-9, с.574) Дар кору ҳоли ҳар ду мушобеҳатҳо ва ҳамонандиҳои қобили мулоҳиза аст, ки иборатанд аз:

— ҳар ду дар ҳаёти ҳунарии худ, маътуф ба гузаштаанд;

— ҳар ду девони худро ба чанд бахш тақсим кардаанд;

— Амир Хусрав дар манзумаи “Қиронус-саъдайн” ановини фаслҳо ва бобҳои китобро ба сурати қасидае мавзун мураттаб намуда, Ҷомӣ низ бисёре аз ановини қасоиди худро мавзун кардааст;

— ҳар ду асари мансур падид овардаанд;

— ҳар ду бо тасаввуф робита доранд;

Ҷомӣ мӯътақид аст: “Амир Хусрави Деҳлавӣ дар шеър мутафаннин аст ва қасида ва ғазал ва маснавиро варзида ва ҳамаро ба камол расонида, татаббӯъи Хоқонӣ мекунад; ҳарчанд ба қасидаи ӯ нарсида, аммо ғазалро аз вай даргузаронида. Ғазалҳои ӯ ба воситаи маъонии ошно, ки арбоби ишқу муҳаббат бар ҳасби завқу виҷдони худ онро дармеёбанд, мақбули ҳама кас афтодааст. “Хамса”-и Низомиро касе беҳ аз вай ҷавоб надодааст; ва варои он маснавиҳои дигар дорад.” (Ҷомӣ, Баҳристон, 106) Ҳарчанд мумкин аст сухани Ҷомӣ бо таваҷҷӯҳ ба баъзе аз меъёрҳои имрӯзини нақди адабӣ, сухани куллӣ талаққӣ шавад ва баъзе аз аҷзои он ба хусус он чи дар бораи ғазали Амир Хусрав ва Хоқонӣ аст, қобили таъаммул бошад.

Ён Рипко (Jan Rypka) дар бораи “Хамса”-и Амир Хусрав мӯътақид аст: “Аҳаммияти осори Амир Хусрав дар адабиёти форсӣ аз ин ҷиҳат чашмгир аст, ки дар “Хамса”-и ӯ достонҳои румонтики барҷаста ва ашъори ҳамосии мумтозе дида мешавад, ки мавзӯъҳои онҳоро аз Низомӣ иқтибос кардааст. Шоир каму беш, рӯйдодҳоро ба шаклҳои гуногун тасвир карда ва чунон бо суханварӣ ва балоғат мавзӯъҳоро парваронда, ки гӯӣ дар маҳорат ва устодӣ дасти каме аз Низомӣ надоштааст. Аммо ӯ ба жарфои фалсафаи зиндагӣ ва масоили ҳодди иҷтимоӣ таваҷҷӯҳе накарда, дар айни ҳол, тардиде нест, ки ин таназзули сатҳ бо салиқаи мардуми замони Хусрав ҳамоҳанг будааст.” (Донишномаи озоди Википедиа, Амир Хусрави Деҳлавӣ)

* * *

Осор

Дар тазкираҳо дар бораи теъдоди осори Амир Хусрав ривоятҳои иғроқомезе нақл кардаанд ва аз қавли ӯ навиштаанд, ки шумори ашъораш аз чаҳорсад ҳазор байт бештар аст. Осори манзуми форсии ӯ иборат аст аз:

1) “Девони Амир Хусрав”, шомили панҷ дафтар, ҳар як дорои дебочае мутазаммини савонеҳи умр ва нукоте дар услуби шеърии ӯ ба қалами худи шоир; бад-ин қарор:

* “Тӯҳфатус-сиғар”: сурудаҳои 16 то 19-солагӣ; шомили қасидаҳо, ғазалҳо, тарҷеъбандҳо ва зиндагиномаи машрӯҳи шоир;

* “Васатул-ҳаёт”: сурудаҳои шоир аз 20 то ҳудуди 32-солагӣ; шомили қасидаҳо, тарҷеъбандҳо, қитъаҳо, ғазалҳо ва рубоиҳо. Қасидаҳои ин девон дар ситоиш ва маросии Низомуддин Авлиё, Алоуддин Муҳаммад ва Муиззуддин Кайқубод аст;

* “Ғурратул-камол”: сурудаҳои 34 то 43-солагии ӯ; шомили қасидаҳо, тарҷеъбандҳо ва қитъаҳо, бо муқаддимае мабсут, ки дар он шарҳи зиндагонии ӯ ба тафсил омадааст;

* “Бақийятун нақийя”: сурудаҳои даврони пирии шоир; шомили қасидаҳо, тарҷеъбандҳо, рубоиҳо ва як маснавии кӯтоҳ. Ин девон ҳовии мадоеҳе аст дар бораи Алоуддин Муҳаммадшоҳ, писари ӯ, баъзе амирони дигар ва низ марсияе дар марги Муҳаммадшоҳ;

* “Ниҳоятул-камол”: сурудаҳои вопасин солҳои ҳаёти шоир; муштамил бар тарҷеъбанд, маснавӣ, рубоӣ, ғазал ва низ қасидаҳое дар мадҳи Султон Ғиёсуддин ва марсияи Султон Қутбуддини Муборакшоҳ.

2) “Девони ғазалиёт”, ки чанд бор ҷамъоварӣ шуда ва дар Ҳинду Покистон ба чоп расидааст. Нахустин чопи он дар соли 1871 милодӣ ва бори дуввум дар 1392 ҳиҷрӣ дар Лоҳур мунташир шуд. Девони Амир Хусрав борҳо дар Ҳинд ва Эрон ва Тоҷикистон тасҳеҳ ва чоп шудааст.

3) “Самониятун Хусравия

4) “Матлаъул-анвор

5) “Хусрав ва Ширин

6) “Лайлӣ ва Маҷнун

7) “Ойинаи Сикандарӣ

8) “Ҳашт биҳишт

9) “Қиронус-саъдайн

10) “Нӯҳ сипеҳр

11) “Мифтоҳул-футуҳ

12) “Маснавии Дувалронӣ ва Хизрхон

13) “Се шоҳзодаи серендипӣ

* * *

Намунаи ашъор

Дилам дар ошиқӣ овора шуд, оворатар бодо!

Танам дар бедилӣ бечора шуд, бечоратар бодо!

Ба тороҷи азизон зулфи ту айёрие дорад,

Ба хунрези ғарибон чашми ту айёратар бодо!

Рухат тоза-асту баҳри мурдани худ тозатар хоҳам,

Дилат хора-асту баҳри куштани ман хоратар бодо!

Гар эй зоҳид, дуои хайр мегӯйӣ, маро ин гӯй,

Ки он овораи кӯйи бутон оворатар бодо!

Ҳама гӯянд, к-аз хунхориш халқе ба ҷон омад,

Ман ин гӯям, ки баҳри ҷони ман хунхоратар бодо!

Дили ман пора гашт аз ғам, на з-он гуна ки беҳ гардад,

Агар ҷонон бад-ин шод аст, ё Раб, поратар бодо!

Чу бо тардоманӣ хӯ кард Хусрав бо ду чашми тар,

Ба оби чашми покон доманаш ҳамворатар бодо!

* * *

Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,

Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он болотарӣ.

Ҳаргиз наёяд дар назар нақше зи рӯят хубтар,

Шамсӣ надонам ё қамар, ҳурӣ надонам ё парӣ?

Офоқро гардидаам, меҳри бутон варзидаам,

Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигарӣ.

Эй роҳату ороми ҷон, бо қадди чун сарви равон,

З-ин сон марав доманкашон, к-ороми ҷонам мебарӣ.

Азми тамошо кардаӣ, оҳанги саҳро кардаӣ,

Ҷону дили мо бурдаӣ, ин аст расми дилбарӣ?

Олам ҳама яғмои ту, халқе ҳама шайдои ту,

Он наргиси раънои ту оварда кеши кофарӣ.

Хусрав ғариб асту гадо, афтода дар шаҳри шумо,

Бошад, ки аз баҳри Худо сӯи ғарибон бингарӣ.

* * *

Эй зада новакам ба ҷон, як, ду, се, чору панҷу шаш,

Кушта чу банда ҳар замон, як, ду, се, чору панҷу шаш.

Гуфта ба ваъда гаҳ-гаҳе як шаб аз они ту шавам,

Рӯз гузашта дар миён, як, ду, се, чору панҷу шаш.

Гутф: сабо зи ғайратам к-ояд агар зи кӯи ту,

Ҳамраҳи бӯи туст ҷон, як, ду, се, чору панҷу шаш.

Пеши дари ту ҳар нафас аз ҳаваси даҳони ту,

Бӯса занам бар остон, як, ду, се, чору панҷу шаш.

Манъи ду чашм кун ки шуд, аз дили хаста ҳар даме,

Рояти он ду нотавон, як, ду, се, чору панҷу шаш.

Гоҳ назора чун, ки ту, ҷилва кунӣ ҷамолро,

Кушта шаванд ошиқон, як, ду, се, чору панҷу шаш.

Оҳу фиғон зи мардумон баски ҳаме кунад даме,

Хусрави хаста дил фиғон, як, ду, се, чору панҷу шаш.

* * *

Манобеъ:

Фарҳанги форсии Муъин, ҷилди панҷум, аълом

Донишномаи озоди Википедиа, форсӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ

Таърихи адабиёти Эрон, Забеҳуллоҳи Сафо

Сайре дар шеъри порсӣ, Абдулҳусайни Зарринкӯб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: