Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (185)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (18)

Исботи ягонагии Худо аз роҳи бурҳони фалсафӣ (1)

Матни мақола

Аз барои исботи ин назария танҳо як нигоҳ ба ду бурҳони гузашта, ки барои исботи сонеъ зикр намудем кофист. Зеро аз роҳи бурҳони дуввум ниёзи ҷаҳони ҳастӣ ба Худо барои ин буд, ки як воҳиди маълул буд, ва як воҳиди маълул як иллати бештар барнамедорад. (Руҷӯъ шавад ба мақолаи иллату маълул). Ва ҳамчунин таъаммул дар мазмуни бурҳони аввалӣ, ин матлубро ба наҳви равшантаре мерасонад, зеро воқеияти мутлақи бе қайду шарте, ки бурҳони номбурда исбот карда ва номи “воҷибулвуҷуд” ба вай медиҳад, бо фарзи итлоқи маҳз, дигар ҳеч гуна касрат ва таъаддудеро намепазирад, барои ин ки чизе, ки ҳеч қайду шарте ба вай замима нашуда бошад, бадеҳӣ аст, ки тасаввури таъаддуд ва касрат дар вай имконпазир нест; балки тибқи ин бурҳон, исботи вуҷуди Худо (воқеияти мутлақ) дар исботи ваҳдат кофӣ аст.

Ва аз ҳамин ҷо метавон гуфт, башар аз рӯзе, ки ба фикри Худо афтода ваҳдаташро низ табъан исбот мекардааст. (1)

* * *

Таълиқот:

(1) Масоили илоҳӣ он гоҳ, ки ба шакли фалсафӣ тарҳ мешавад, тартибу назми хоссе дорад, ки бояд пайравӣ шавад, бар хилофи ҳангоме, ки аз тариқи ишқи фитрӣ ва ё аз тариқи илмӣ ва мутолеа дар осор ва махлуқот, дар ҷустуҷӯи ин масоил ҳастем.

Агар башар бо ишқи фитрӣ дар ҷустуҷӯи Худованд барояд, аз ҳамон аввал дар ҷустуҷӯи Аллоҳ аст, яъне фитратан зотеро ҷустуҷӯ мекунад, ки мавҷуд аст ва воҳид аст ва дорандаи ҷамиъи камолот аст.

Ва агар аз тариқи илмӣ яъне аз тариқи мутолеа дар оёт (нишонаҳо) барояд, қабл аз ҳар чизе мутаваҷҷеҳи илму ҳикмату ҳаёти падидоварандаи ҷаҳон мешавад ва аз тариқи шинохтани сифоти падидоварандаи падидаҳо, ҳукм мекунад, ки табиат ва модда мустақил нест, балки мусаххари қуввае аст дорои шуъуру дарк. Бинобар ин, башар агар аз роҳи илмӣ бихоҳад Худоро бишносад, сифоти Худоро қабл аз зоташ дарк мекунад.

Ҳамон тавр, ки қаблан ишора кардаем, паймудани роҳи илмӣ, танҳо моро мутаваҷҷеҳи ҷаҳоне дар моварои табиат мекунад, ки аз рӯи ҳикмат ва тадбир, идораи ин ҷаҳонро дар ихтиёр дорад; беш аз ин ҳеч ҳақиқате аз он ҷаҳон ба мо муаррифӣ намекунад. Мо аз тариқи ба истилоҳ илмӣ — яъне аз тариқи мутолеаи мустақими махлуқот ва осор — бидуни ин ки истеъдоди фалсафии худро ба кор андозем, наметавонем ҳеч иттилое ҷуз ин миқдор, ки табиат мусаххари ирода ё иродаҳое аст, ки онро мечархонад, аз моварои модда ва табиат ба даст оварем, дар асоситарин мафҳуми марбут ба Худо — яъне вуҷуби вуҷуд ва истиқлоли зотӣ ва бениёзии ӯ аз ғайри худ — дармемонем. Аз ин рӯ сайр ва мутолеа дар офоқу анфус қодир нест ҳамаи масоили мавриди ниёзи моро дар бораи Худованд таъмин намояд. Аз он ҷумла ваҳдати зоти воҷибулвуҷуд аст.

Аммо сулуки фалсафӣ ба наҳви дигар аст. Дар сулуки фалсафӣ, ибтидо вуҷуди воҷибулвуҷуд — яъне вуҷуди мавҷуд ё мавҷудоте мустақил ва қоим ба зот ва бениёз аз иллат — исбот мешавад бидуни он ки ваҳдат ва соири сифоти субутия ё салбия мавриди баҳс бошад, яъне ҳамин қадр исбот мешавад, ки ҷаҳони ҳастӣ аз мавҷуд ё мавҷудоте қоим ба зот холӣ нест, ҳамаи ҳастиҳо ҳастиҳои мумкин ва номустақил намебошад, ҳастии мумкин муттакӣ ба ҳастии воҷиб, ва ҳастии номустақил муттакӣ ба ҳастии мустақил аст. Аммо ин ки ҳастии воҷиб яке аст ё бештар? Оё аз навъи ҷисму ҷирму модда аст ё на? Оё ҷавҳар аст ё араз? Оё басит аст ё мураккаб? Оё худогоҳ аст ё нохудогоҳ? Оё ба соири ашё иҳотаи илмӣ дорад ё надорад? Оё қудрат дорад ё надорад? Ҳудуди қудраташ чист? Оё мухтор аст ё муҷаб?.. Ва амсоли ин суолот, ҳеч кадом дар ибтидо матраҳ нест, тадриҷан ва ба тартибу назми хосс тарҳ мешавад; дуруст монанди масоили риёзӣ (арифметикӣ) бояд марҳила ба марҳила тай шавад ва мароҳили ибтидоӣ поя ва муқаддимаи мароҳили баъдӣ қарор гирад.

Дар баҳси гузашта исбот шуд, ки мавҷуд бар ду қисм аст: мавҷуди воҷиб ва мавҷуди мумкин.

Дар он баҳс, назари касоне, ки мавҷуд буданро бо ҳодис будан ва маълул будан мусовӣ фарз мекунанд рад шуд; маълум шуд дар миёни ҳастиҳо ҳастӣ ё ҳастиҳое илзоман ҳаст, ки қоим ба зот аст ва ба худ мавҷуд аст ва ҳеч гуна маҳдудияти замонӣ ё ғайризамонӣ надорад.

Акнун мехоҳем ваҳдати воҷибулвуҷудро исбот кунем, яъне дар саросари ҳастӣ, он ки ба худ мавҷуд аст ва мустақил ва қоим ба зот аст, яке аст на бештар.

Мо дар ин ҷо 5 бурҳон зикр мекунем. 2 бурҳон аз ин 5 бурҳон, аз бурҳонҳое аст, ки фалосифа маъмулан дар китобҳои фалсафа мутаъарризи онҳо мешаванд ва дар матни мақола низ танҳо ҳамин 2 бурҳон зикр шудааст. 3 бурҳони дигар, бурҳонҳое аст, ки дар китобҳои фалсафа наёмадааст, танҳо дар осори муқаддаси динии исломӣ яъне дар Қуръон ва ҳадис омадааст. Мо ба тартиб ҳамаи онҳоро зикр мекунем:

* * *

Бурҳони аввал: ваҳдати олам далел бар ваҳдати мабдаи олам аст

Ин бурҳон чаҳор муқаддима дорад:

а) Ваҳдати олам як ваҳдати воқеӣ ва табиӣ аст;

б) Олам ҷуз ин олам нест;

в) Маълули воҳид ҷуз аз иллати воҳид содир намешавад;

г) Воҷибулвуҷуди биззот воҷиб мин ҷамиъил-ҷиҳот вал-ҳайсиёт аст.

(Ҳол, тавзеҳи так-таки ин муқаддимот:)

Дар бораи муқаддимаи аввал, қаблан баҳс шуд, вале муҷаддадан бо баёни дигаре тавзеҳ медиҳем. Роҷеъ ба иртиботи аҷзоъи олам се гуна метавон назар дод:

Яке ин ки ҳеч гуна иртиботе миёни аҷзоъи ҷаҳон нест, ҷаҳон иборат аст аз як силсила аҷзоъ ва зарроте пароканда ва ғайримуртабит, монанди анборе, ки аз ашёи мутафарриқае анбошта шудааст, вуҷуди ҳеч ҷузъе бо ҷузъи дигар марбут нест.

Ба иборати дигар, дар ҷаҳон, он чӣ иртибот ҳаст, миёни порае ҳаводис аст, ки бархе иллати баъзе дигар ҳастанд ва замонан мутаъоқиби якдигаранд, вале аҷзоъи ҷаҳон, ки ба сурати аҷрому аҷсоми хосс мушоҳида мешаванд, ҳеч гуна пайванде бо якдигар надоранд. Бинобар ин, агар фарз кунем бархе аз аҷзоъи олам ба куллӣ маъдум гардад ва ё бо як омили хориҷ аз олам, тағйири вазъу маҳалл бидиҳад, ҳеч гуна тағйире дар аҷзоъи дигар ва дар кулли ҷаҳон падид намеояд.

Назари дуввум ин аст, ки аҷрому аҷсом бо якдигар муртабитанд, вале аз навъи иртиботе, ки маснуъан миёни аҷзоъи як мошин ва як корхона вуҷуд дорад. Аҷзоъи як мошин ва як корхона дар як низоми хосс қарор доранд ва ҳар кадом кори махсус дорад, ки барои кори маҷмӯъ зарурӣ аст. Ҳар гуна тағйир ё каму зиёд шудани аҷзоъ, дар вазъи маҷмӯъ асар мегузорад ва аҳёнан ихтилол эҷод мекунад.

Бинобар ин, агар бархе аз аҷзоъи ҷаҳон (ба фарз) ба куллӣ маъдум гардад ва ё маснуъан тағйири вазъу маҳалл бидиҳад, дар вазъи куллии ҷаҳон муассир аст ва аҳёнан мумкин аст мошини ҷаҳон мухтал гардад.

Он чӣ қатъӣ ва мусаллам аст ин аст, ки вазъи як ситора, ки дар як манзумаи шамсӣ қарор дорад, дар вазъи ҳамаи он манзума муассир аст. Қатъан агар худи хуршед, ки маркази манзумаи шамсӣ аст мунфаҷир ва пароканда шавад, тамоми манзума муталошӣ мегардад. Мумкин аст муталошӣ шудани ин манзума, дар муталошӣ шудани манзумаҳое, ки ин манзума ҷузъе аз онҳост ва дар вазъи каҳкашоне, ки инҳо ҷузъи он маҳсуб мешаванд, балки ҳамаи каҳкашонҳо ва ҳамаи ҷаҳон муассир воқеъ шавад. Нерӯи ҷозибаи умумӣ таъсири азиме дар мошинӣ кардани ҷаҳон дорад.

Назари севвум ин аст, ки пайвастагии аҷзоъи ҷаҳон амиқтар аз пайвастагии аҷзоъи як мошин аст, аз навъи пайвастагии аъзои як пайкар аст, яъне ҳаёти воҳид ва шахсияти воҳид бар ҷаҳон ҳукумат мекунад, маҷмӯъи ҷаҳон як воҳиди шахсӣ аст, ҳамон тавр, ки як фарди инсон бо ҳамаи аъзову аҷзоъи фаровон, ки болиғ бар милёрдҳо селлул (ҳуҷайра) мешавад ва ҳар селлул ба навбаи худ аз қисматҳо ташкил шуда ва ҳар қисмате аз зарроти фаровон фароҳам омадааст, дорои як шахсият ва як руҳ аст, на шахсиятҳо ва ҳаётҳо ва руҳҳо.

Дар мақолаи “Иллату маълул” ва мақолаи “Қувва ва феъл” ва авоили ҳамин мақола, ин навъ аз ваҳдат таъйид шудааст ва ин бурҳон мубтанӣ бар ин навъ аз ваҳдат аст.

Дар тавзеҳи муқаддимаи дуввум мегӯем, агар ҷаҳони ҷисмониро аз назари абъод ғайримутаноҳӣ бидонем ва ба қавли Поскол, “ҷаҳонро куррае бидонем, ки марказаш ҳама ҷост ва муҳиташ ҳеч ҷо нест”, ҷаҳони дигар ғайр аз ин ҷаҳон тасаввур надорад, вале агар ин ҷаҳонро маҳдуд ва мутаноҳӣ бидонем, он чунон ки қудамо мегуфтанд ва имрӯз низ тарафдорони бузурге дорад, хоҳ он ки ба ҷисми муҳит бар ҳамаи аҷсом (муҳаддадул-ҷиҳот) қоил бишавем ё қоил нашавем, вуҷуди ҷаҳони дигар тасаввур дорад. Вале ҳукамои қадим бурҳонҳое доранд мабнӣ бар ин ки вуҷуди ду ҷаҳони ҷисмонии мунфак (ҷудо) аз якдигар маҳол аст, ва онҳоро дар “илоҳиёт” таҳти унвони “фи ваҳдати илоҳил- олам” зикр мекунанд.

Дар бораи муқаддимаи севвум дар мақолаи “Иллату маълул” баҳс шудааст, дар ин ҷо такрор намекунем.

Ва дар бораи муқаддима чаҳорум дар ҳамин мақола он ҷо, ки роҷеъ ба офариниши ҷаҳон баҳс мешавад, сухан хоҳад рафт.

* * *

Бурҳони дуввум: Ин бурҳонро Садрулмутааллиҳин иқома кардааст ва танҳо бар мабнои усул ва мабодии фалсафии ӯ метавон чунин бурҳоне иқома кард:

Касрат, фаръ бар маҳдудият аст. Он ҷо, ки маҳдудият нест ва саросар итлоқу лоҳаддӣ аст, касрат ва таъаддуд маъқул нест. Воҷибулвуҷуд вуҷуде мутлақ ва бениҳоят аст зеро — чунонки қаблан гуфтем — ҳақиқати вуҷуд ба зоти худ ҳадду қайду маҳдудият барнамедорад. Ҳадду қайду маҳдудият мусовӣ аст бо мақҳурият ва маълулият. Ба иборати дигар, ҳар гуна қайду ҳадде, ки дар ҳақиқати вуҷуд пайдо мешавад, аз ноҳияи хориҷи зоти вуҷуд аст, ва ба иборати дигар, аз замима шудани адам аст. Дар ҳақиқати вуҷуд ба ҳеч ваҷҳ адам роҳ надорад. Вуҷуд на аз он ҷиҳат, ки вуҷуд аст балки аз он ҷиҳат, ки маълул аст ва мутаъаххир аст ва ҳайсияти судурӣ аст, маҳдуд аст. Пас, чун зоти Борӣ Таъоло вуҷуди маҳз ва маҳзи вуҷуд аст, маҳол аст, ки сонӣ (дуввумӣ) дошта бошад.

Шайхи Ишроқ таъбире дорад, мегӯяд:

صرف الشيء لا يتثنى ولا يتكرر

Яъне, ҳар чизе худаш дар ҳоле, ки фақат худаш аст, бидуни ин ки чизи дигар бо ӯ замима шавад, дуто намешавад ва қобили таъаддуд нест.

Масалан, агар инсонро дар назар бигирем ва ҳеч чизи дигарро бо ӯ дар назар нагирем, ҷуз як ҳақиқат нест ва беш аз як вуҷуд наметавонад дошта бошад, ҳар чӣ бихоҳем инсони дуввуме фарз кунем, ки ӯ низ сирфи инсон бошад, мумкин нест, ӯ низ худи ин хоҳад буд. Инсон он гоҳ қобили такаррур аст, ки ба воситаи модда ва замону макон, замоим ва маҳдудиятҳо бипазирад: яке инсони инзамонӣ ва инмаконӣ ва мутаҳассил аз фалон модда бошад, ва дигаре инсони онзамонӣ ва онмаконӣ ва мутаҳассил аз моддаи дигар ва дар шароити дигар.

Он чӣ дар бурҳони аввал роҷеъ ба адами имкони вуҷуди ду олами ҷисмонии ғайримутаноҳӣ гуфтем, ба унвони танзир дар ҳамин масъалае, ки мавриди назари мост, метавонем бигӯем.

Ҳамон тавр, ки вуҷуди ду олами ҷисмонии ғайримутаноҳӣ, ки аз назари абъод ғайримутаноҳӣ бошад тасаввур надорад, зеро бо набудани ҳадду марзе барои олами ҷисмонӣ, ҳар чиро ба унвони олами дигар фарз кунем, айни ҳамин олам хоҳад буд, на оламе дигар ғайри ин олам, яъне ғайримутаноҳӣ будани ҷаҳони ҷисмонӣ сабаб мешавад, ки “сонӣ” (дуввумӣ) барои он ғайриқобили тасаввур бошад, ҳамчунин агар вуҷудеро мутлақ ва ғайримутаноҳӣ ташхис додем, дигар фарзи вуҷуди мутлақи дигар имкон надорад, балки фарзи вуҷуди дигар, ки ҷудо аз ӯ ва дар арзи ӯ бошад ва битавон онро дуввуми ин вуҷуд фарз кард, имкон надорад, он чӣ мо онро ғайри ӯ фарз кунем, зуҳур ва таҷаллӣ ва шаън ва исми худи ӯст, на сонӣ ва дуввум барои ӯ. Агар гуфта шудааст:

ليس في الدار غيره ديار

— манзур, нафйи ҳақиқате аст ғайр аз зоти ӯ ва сифот ва шуъун ва асмо ва зуҳурот ва ҷилваҳои ӯ, ки ба наҳве худи ӯст:

هُوَ الْأَوَّلُ وَالْآخِرُ وَالظَّاهِرُ وَالْبَاطِنُ

Ӯст аввалу охир ва зоҳиру ботин…” (Сураи Ҳадид, ояти 3)

Ба ҳар ҳол, мақсуд ин аст, ки ҳамон тавр, ки бо фарзи лоятаноҳӣ будани олами ҷисмонӣ, имкони касрат ва таъаддуд мунтафӣ аст, бо фарзи вуҷуди мутлақи ғайримутаноҳӣ низ имкони вуҷуди мутлақи дигар мунтафӣ аст, бо ин тафовут, ки дар мавриди ду олами ҷисмонӣ, вуҷуди олами мутаноҳӣ дар канори олами ғайримутаноҳӣ низ тасаввур надорад вале дар мавриди вуҷуди ғайримутаноҳӣ фарзи вуҷуди мутаноҳӣ дар мартибаи мутаъаххир аз вуҷуди ғайримутаноҳӣ қобили тасаввур аст, ҳарчанд он вуҷуди мутаноҳӣ сонӣ ва дуввуми он маҳсуб намешавад, балки шаъне аз шуъуни худи ӯст.

Пас, ин бурҳон мубтанӣ бар ду муқаддима аст:

а) Воҷибулвуҷуд вуҷуди ғайримутаноҳӣ аст. Ба иборати дигар: вуҷуби вуҷуд мусовӣ аст бо лотаноҳии вуҷуд, ва ба таъбири комилтар: ҳақиқати вуҷуд мусовӣ аст бо лоҳаддӣ ва вуҷуб ва сарофат ва маҳз будан;

б) Дар вуҷуди сирф ва воқеияти маҳз ва лоятаноҳӣ, таъаддуд ва такассур мутасаввар нест.

Албатта ин нукта бояд гуфта шавад, ки он чизе, ки дар ин бурҳон ҳадди васат қарор мегирад, гоҳе “сарофат ва маҳз будан” аст ва гоҳе “адами таноҳӣ ва лоҳаддӣ”. Яъне мумкин аст бигӯем, воҷиб таъоло вуҷуди маҳз аст ва вуҷуди маҳз таъаддудпазир нест, ва мумкин аст бигӯем, воҷиб таъоло лоятаноҳӣ аст ва ҳар чӣ лоятаноҳӣ аст, таъаддудпазир нест. “Сарофат ва маҳз будан” бо “адами таноҳӣ” мулозим аст ва хориҷан ду чиз намебошанд, аммо мафҳуман ду чизанд ва ҳамин ҷиҳат кофӣ аст барои ин ки вазъи бурҳонро тағйир диҳад, зеро ҳар як аз ин ду ҳадди васат милоки хоссе дорад. Бинобар ини ин бурҳон ба ду наҳв қобили тақрир аст ва дар воқеъ ду бурҳон аст, на як бурҳон.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: