Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (267)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (11)

* * *

Насиҳат кардани зан мар шӯйро, ки сухани афзун аз қадам ва аз мақоми худ магӯ, “лима тақулуна мо ло тафъалуна”, ки ин суханҳо агарчи рост аст, он мақоми таваккул туро нест ва ин сухан гуфтан фавқи мақому муомилаи худ зиён дорад ва “кабура мақтан индаллоҳ” бошад (2)

* * *

Гуфт Пайғамбар: қаноат чист? Ганҷ,

Ганҷро ту вонамедонӣ зи ранҷ.

Паёмбар (с) фармуд: қаноат чист? Қаноат ганҷе поённопазир аст, вале ту ганҷро аз ранҷ бознамешиносӣ.

Нукта: Ҳадисе аз ҳазрати Паёмбар (с) манқул аст, ки:

الْقَنَاعَةُ كَنْزٌ لا يَفْنَي

Қаноат ганҷест тамомнашуданӣ.” (Абуразин, ҳадиси 29)

Ин қаноат нест ҷуз ганҷи равон,

Ту мазан лоф, эй ғаму ранҷи равон!

Ин қаноате, ки аз он ёд кардем, чизе нест магар ҳамон ганҷи равон, яъне он ганҷе, ки саршору тамомнашуданӣ аст. Эй касе, ки мояи андӯҳу ранҷи руҳ ҳастӣ! Ту дигар аз қаноат дам мазан ва даъвои ёва макун.

Нукта: Бархе аз шореҳони Маснавӣ аз он ҷумла Ҳоҷ Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ, ганҷи равонро ҳамон ганҷи Қорун донистаанд. Ва калимаи “равон”-ро дар мисроъи дуввум, бар руҳу равон татбиқ кардаанд. (Шарҳи асрор, с.67)

Устод Фурӯзонфар низ мегӯяд: “Ба гуфтаи фарҳангнависон, (ганҷи равон) ганҷи Қорун аст, барои он ки пайваста дар даруни замин ҳаракат мекунад ва ё фурӯ меравад.” (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.988)

Бархе дигар аз шореҳони Маснавӣ, аз ҷумла Онқуравӣ, “равон”-ро дар ҳар ду мисроъ, ба маънии ҷону руҳ гирифтаанд. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.903)

Ба ҳар ҳол, шарҳи ин байт бар мабнои назари Ҳоҷ Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ сурат гирифт.

Ту махонам ҷуфт, камтар зан бағал,

Ҷуфти инсофам, наям ҷуфти дағал.

Ту маро ҳамсари худ нахон ва ҷуфти худ мадон ва маро камтар мавриди тамасхур қарор деҳ, ки ман ҷуфти боинсофам ва холис, на ҷуфти риёкор.

Бағал задан: шамотат кардан, хушӣ кардан аз рӯи истеҳзо бо касе.

Чун қадам бо миру бо баг мезанӣ,

Чун малахро дар ҳаво раг мезанӣ?

Ту, ки муддаӣ ҳастӣ, ки бо амирону бузургон ҳамроҳу ҳамқадам ҳастӣ, пас чаро аз шиддати фақру надорӣ сахт мекӯшӣ ва ин дару он дар мезанӣ, то ғизое ногувору паст пайдо кунӣ?

Баг: амир ва бузург. Раг задани малах дар ҳаво: киноя аз ҷустуҷӯи бисёр дар талаби маъош ва басанда кардан ба таъоме нохушу ногувор.

Бо сагон аз устухон дар чолишӣ,

Чун найи ишкамтиҳӣ дар нолишӣ.

Ба хотири як пора устухон ҳатто бо сагҳо дар ҷангу ситезӣ, ва ту монанди “най”, ки дарунаш холӣ ва шикамаш тиҳӣ аст, дар нолаву фиғонӣ. Яъне хулоса, ту ва толибони ҷифаи дунё, ки сагсират ҳастанд, луқмаҳоро аз дасти ҳам ба яғмо мебаред ва зуза мекашед.

Сӯйи ман мангар ба хорӣ суст-суст,

То нагӯям он чӣ дар рагҳои туст.

Ба ман бо дидаи ҳақорат мангар, вагарна ботини туро фош хоҳам сохт.

Ақли худро аз ман афзун дидаӣ?

Мар мани камақлро чун дидаӣ?

Ту ақли худро бештар аз ман медонӣ, ҳол бигӯ бибинам, мани камақлро чӣ гуна дидаӣ? Яъне маро воқеан нашинохтаӣ, ки камақлам медонӣ?

Ҳамчу гурги ғофил андар мо маҷеҳ,

Эй зи нанги ақли ту беақл беҳ.

Монанди гургҳои ғофил ба рӯи ман ҷасту хез макун, эй шавҳаре, ки беақлӣ ва ҷунун аз вазъу кайфияти ақли мавриди иддаои ту беҳтар аст.

Чунки ақли ту ақилай мардум аст,

Он на ақл аст, он ки мору каждум аст.

Аз он ҷиҳат, ки ақли ту боиси музоҳимат ва бандипойи мардум аст, ту набояд онро ақл ном бидиҳӣ. Балки ин, мору каждум аст, ки ба ҳар кас бирасад, неше мезанад ва озоре мерасонад.

Нукта: “Ақила” ба маънои пойбанди шутур, зонубанд аст. Зоҳиран ин калима имолашудаи “ъиқол” аст, ки дар арабӣ зонубанди шутурро гӯянд, бар хилофи қиёс. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.992)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: