Перейти к содержимому

Ардуғон: “Натонёҳу як терурист аст”

Раисиҷумҳури Туркия дар вокуниш ба изҳороти ахири нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт: “Натонёҳу як терурист аст.”

Ба гузориши Isna, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия дар охирин изҳороташ гуфт: “Лозим нест ба ҷаҳон бигӯям, ки артиши Исроил чӣ қадр бераҳм аст.”

Вай идома дод: “Бо нигоҳе ба вазъияти Ғазза ва Қудс метавонем бибинем, ки ин давлати терурист чӣ мекунад. Исроил дар Ғазза муртакиби куштор шуда ва Натонёҳу як терурист аст.”

Раисиҷумҳури Туркия тасреҳ кард: “Аз сӯи касоне, ки мунтақиди амалиёти Ифрин ҳастанд, интиқоди қобили таваҷҷӯҳе нисбат ба куштори Исроил дар Ғазза нашунидаам. Ин амр мушаххасан ҳокӣ аз набудани садоқат дар миёни афроде аст, ки моро зери заррабин гузоштаанд, аммо дар бораи ин ҳақиқат, ки Исроил ба мӯътаризон ҳамла мекунад, чизе намегӯянд.”

Ардуғон хитоб ба Натонёҳу гуфт: “Он чи ту барои саркӯби фаластиниҳо анҷом медиҳӣ, бахше аз таърих хоҳад шуд ва мо ҳаргиз онро фаромӯш нахоҳем кард.”

Ин изҳороти Ардуғон дар вокуниш ба суханони нахуствазири режими саҳюнистӣ аст, ки дирӯз нисбат ба интиқоди раисиҷумҳури Туркия аз иқдоми ахири нерӯҳои низомии ин режим ба куштори фаластиниён дар Ғазза вокуниш нишон дода буд.

Бенёмин Натонёҳу дар сафҳаи твиттери худ ба изҳороти пешини Ардуғон вокуниш нишон дода ва навишта буд: “Лозим нест касе, ки дар солҳои гузашта ғайринизомиёнро яксара бомбборон кардааст, ба ахлоқмандтарин артиши ҷаҳон (манзураш артиши “Исроил” аст) дарси ахлоқ бидиҳад.”

Нахуствазири режими саҳюнистӣ бо ишора ба рӯзи дурӯғи апрел, идома дод: “Зоҳиран онҳо дар Онқоро рӯзи аввали апрелро ин гуна баргузор мекунанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: