Номи забони аҳли Фарорӯд дар куҳантарин манобеи таърихӣ

Беҳтарин ва некӯтарин роҳ барои донистани номи забони мо, муроҷеа ба манобеи таърихӣ ва ҷуғрофиёӣ аст. Китобҳое, ки дар ин замина навишта шуда фарвонанд. Дар ин навиштор, феълан ба овардани чанд гуфтор аз се манбаи куҳан басанда мекунам:

1) Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ (899-959 мелодӣ), таърихнависи қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ. Ӯ дар Наршах, аз рустоҳои Бухоро ба дунё омадааст. Дар замони Абӯмуҳаммад Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ мезист. Аз осори вай “Таърихи Бухоро” ба арабӣ аст, ки ба номи Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ навиштааст. Баъдҳо Абӯнаср Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Наср ал-Қубовӣ онро ба форсӣ тарҷума кард ва матолибе ҳам аз китобҳои дигар бар он афзуд. Баъд аз он, Муҳаммад ибни Зуфар ибни Умар онро талхис намуд.

Дар китоби “Таърихи Бухоро”, Наршахӣ аз номи забони аҳли Бухоро зиёд ном бурдааст. Як намунаи онро зикр мекунем:

وكان أهل بخارى فى أول الإسلام يقرؤون القرآن فى الصلاة بالفارسية، ولم يكونوا يستطيعون تعلم العربية. وحينما كان يحين وقت الركوع، كان يقف وراءهم رجل يصيح فيهم: بكنيتا نكينت، وحينما كانوا يريدون السجود، كان يصيح فيهم: بكونيا نكونى

Аҳли Бухоро дар оғози ислом, Қуръонро дар намоз ба “форсӣ” мехонданд, ва қодир ба омӯхтани забони арабӣ набуданд; ба гунае ки дар намоз вақти рукӯъ, ки мерасид, як нафар пушти онҳо истода фарёд мезад: “Бикунедо, накунед”, ва вақте ки мехостанд ба саҷда бираванд, фарёд мезад: “Бикуниё, накунӣ”…” (Таърихи Бухоро, 1/78, Ашшомила)

* * *

2) Муҳаммад ибни Аҳмад Шамсуддини Мақдисӣ (дар бархе маохиз: Муқаддасӣ) (945-991 мелодӣ). Ӯ китобе дорад таҳти унвони ”Аҳсанут-тақосим фӣ маърифатил-ақолим”, ки дар робитаи ҷуғрофиё ва тавзеҳ роҷеъ ба сарзаминҳои гуногун навиштааст. Китоби ӯ дар мавриди шаҳрҳои исломӣ аз кишвари Испониё то Фарорӯд буда ва дорои иттилооти ҷуғрофиёии фаровоне аст. Ба гуфтаи Мақдисӣ, ӯ талоши зиёд ва мусофиратҳои мутааддиде барои офаридани китоб анҷом додааст.

Дар ин китоб, он ҷо, ки дар бораи Фарорӯд менависад, мегӯяд:

واعلم ان اكثر بلدان الاعاجم موضوعة على اسم من انشاها وبناها نذكر ذلك في موضعه ان شاء الله تعالى وكلام اهل هذه الاقاليم الثمانية بالعجمية الا ان منها درية ومنها منغلقة وجميعها تسمى الفارسية

Бидон, ки бештари шаҳрҳои аъоҷим (аҷамҳо) ба номи афроде, ки онро поярезӣ кардаанд номгузорӣ шудааст, дар маҳалли худаш иншоаллоҳ ҳар якеро тавзеҳ хоҳем дод. Ва забони ин иқлимҳои ҳаштгона аҷамӣ аст, магар бархеро дарӣ хонанд ва бархеро печида, аммо ҳамаи онҳо як ном дорад, ки “форсӣ” номида мешавад…” (Аҳсанут-тақосим фӣ маърифатил-ақолим, 1/219, Ашшомила)

Ва ҳам дар ҷое аз ҳамин китоб он ҷо, ки дар бораи мардуми Фарорӯд менависад, мегӯяд:

وليس في اقاليم الأعاجم أفصح من لسانهم وكثيراً ما يمزجون فارسيتهم بالعربية ويقولون أين كتاب وصلا كن وأين كار قطعا كن، وأحسن ما تراهم يتكلمون بالفارسية

Дар иқлимҳои аъоҷим (аҷамҳо), фасеҳтар (ширинтар ва расотар) аз забони онҳо вуҷуд надорад, ва бисёр вақт “форсии худро” бо арабӣ меомезанд, (масалан) мегӯянд: “Ин китоб васла кун”, “Ва ин кор қатъан кун”. Ва албатта некӯтар он замоне аст, ки ба “форсӣ” сухан мегӯянд…” (Аҳсанут-тақосим фӣ маърифатил-ақолим, 1/154, Ашшомила)

* * *

3) Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммади Истахрӣ (850-934 мелодӣ), аз ҷуғрофиёдонон ва нақшакашони барҷастаи исломӣ аст. Ӯ китобе дорад ба номи “Масоликул-мамолик”, ки дар заминаи ҷуғрофиё аст ва шабеҳи китоби “Аҳсанут-тақосим фӣ маърифатил-ақолим” мебошад.

Ӯ дар ин китоб он ҷо, ки дар бораи забони мардуми аъоҷим (аҷамҳо) менависад, мегӯяд:

وجميع أهل فارس يتكلمون بلغة واحدة يفهم بعضهم على بعض، إلا ألفاظاً تختلف لا تستجم على عامتهم، ولسانهم الذي به كتب العجم وأيامهم ومكاتبات المجوس فيما بينهم هو الفهلوية، التي تحتاج إلى تفسير حتى يعرفها الفرس

Ва ҳамаи аҳли Форс ба “як забон” сухан меронанд, ва баъзе баъзеи дигарро мефаҳманд, магар ин ки вожаҳое ҳаст, ки аз яке то дигаре мухталиф аст. Ва забоне, ки китобҳои аҷам ба он навишта шуда ва рӯзгорашон ва номанигориҳои маҷус байни худашон ба он буда, паҳлавӣ номида мешавад; забоне, ки ниёз ба тафсиру тавзеҳ дорад то форсҳо бифаҳманд…” (Масоликул-мамолик, 1/50, Ашшомила)

* * *

Ва лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар ин се манбаъ, он ҷо, ки дар бораи сарзамини Фарорӯд сухан рафта ва забону фарҳангу суннати мардумони ин хиттаро ба тафсил тавзеҳ дода, ҳеч ҷое номе аз “тоҷикӣ” дида намешавад. Ба хусус дар китоби “Таърихи Бухоро”, ки куллан дар мавриди Сомониён ва аҳволу авзоъи сарзамини мост.

Пажӯҳишгарон ва муҳаққиқон метавонанд дар ин замина кор кунанд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: