Раиси порлумони Эрон: “Теруристҳои ҳоким бар Телавив танҳо забони қудратро мефаҳманд”

Раиси порлумони Эрон ва раиси Иттиҳодияи маҷолиси кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ, иқдоми ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ алайҳи роҳпаймоии миллати Фаластинро маҳкум кард ва гуфт: “Теруристҳои ҳоким бар Телавив танҳо забони қудратро мефаҳманд.”

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Алӣ Лориҷонӣ, раиси Иттиҳодияи маҷолиси кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ, иқдоми ҷинояткорона ва зиддиинсонии режими ғосиби саҳюнистӣ алайҳи роҳпаймоии мусолиматомези миллати Фаластин дар “Рӯзи бозгашт”-ро қавиян маҳкум намуд.

Вай, ин иқдомро “идомаи ҷиноятҳои мукаррари саҳюнистҳои таҳти ҳимояти давлати Омрико” тавсиф кард.

Лориҷонӣ сиёсати танишзоӣ ва бӯҳронофаринии саҳюнистҳо ва иқдомоти Тромп дар иддаои интиқоли сафорати Омрико ба Байтулмуқаддасро “тавтиъаи хатарнок” донист, ки “субот ва амнияти минтақаро мавриди таҳдид” қарор додааст.

Вай афзуд: “Теруристҳои ҳоким бар Телавив танҳо забони қудратро мефаҳманд ва муқовимат муҳимтарин унсур дар муқобила бо аҳдофи ҷоҳталабонаи режими саҳюнистӣ аст.”

Лориҷонӣ аз порлумонҳои кишварҳои исломӣ ва ҷаҳон хост, то бо иттихози тадобири лозим ва маҳкумияти саҳюнистҳо, аз ҳуқуқи машрӯъи фаластиниҳо ҳимоят намоянд ва монеъи бӯҳронофаринии ҷадиди саҳюнистҳо шаванд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: