Перейти к содержимому

Холид Машъал: “Ба Худо савганд, Исроилро шикаст медиҳем”

Раиси собиқи дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос таъкид кард: “Муомилаи қарн ҳаргиз анҷом нахоҳад шуд ва мо Исроилро шикаст хоҳем дод.”

Ба гузориши Алқудсул-арабӣ, Холид Машъал, раиси собиқи дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос гуфт, ки муомилаи қарн (тарҳи Омрико барои поёни низоъ байни Фаластин ва режими саҳюнистӣ) анҷом нахоҳад пазируфт.

Вай тайи суханоне дар маросими бузургдошти 90-умин солрӯзи таъсиси ҷамоати Ихвонулмуслимин дар Истамбул гуфт: “Авзоъи Фаластин душвор аст. Мо шоҳиди ихтилофот, муҳосираи Ғазза, ва хафақони шадид алайҳи каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ ҳастем ва уммат низ машғули бӯҳронҳои худ ҳастанд. Исроил дар чунин шароите чунин мепиндошт, ки бо тасмими Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико дар бораи Қудс, кори масъалаи Фаластин тамом хоҳад шуд.”

Машъал афзуд: “Ба Худо савганд, Исроилро шикаст медиҳем ва Қудсро ба ёрии Худо поксозӣ хоҳем кард. Қудс, барои мо боқӣ мемонад ва Исроил ҳеч ҳаққе дар он надорад.”

Раиси собиқи дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос изҳор дошт: “Муомилаи қарн ҳаргиз анҷом нахоҳад шуд ва ин муомила низ ҳамонанди ҳамаи нақшаҳои қаблӣ бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд.”

Машъал гуфт: “Бархе аз мардум аз мо мепурсанд, ки “оё шумо метавонед дар муқобили анҷоми муомилаи қарн биистед?”, мо дар посух мегӯем, ки муомилаи қарн нотавонтар аз истодан дар баробари иродаи миллати Фаластин аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: