Перейти к содержимому

Ҳама чиз дар бораи Ихвонулмуслимин

Ба баҳонаи 90-умин солрӯзи таъсиси ҷамоати Ихвонулмуслимин

Ихвонулмуслимин (Бародарони мусалмон) як ҷунбиши фаромиллии исломгарост, ки дар бисёре аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ тарафдор дорад. Ихвонулмуслиминро метавон бузургтарин гурӯҳи сиёсии исломӣ дар ҷаҳон ба шумор овард. Ин ҷунбиш дар соли 1928 дар шаҳри Исмоилияи Миср ба раҳбарии Имом Ҳасан ал-Банно бунён ниҳода шуд ва сипас фаъолияти худро ба дигар кишварҳои арабӣ ва исломӣ густариш дод.

Ин неҳзат ба таъсир аз андешаҳои мутафаккирони исломӣ чун Ҳасан ал-Банно, Муҳаммад Абдуҳ, Сайидҷамолуддин Асадободӣ, Сайид Қутб ва Муҳаммади Ғаззолӣ дар вокуниш ба инҳитоти дохилии мусалмонон ва султаи бегонагон бар кишварҳои исломӣ, ба вежа бар кишвари Миср, падид омад. Ихвонулмуслимин ҷиҳати расидан ба аҳдофаш, дар заминаҳои мухталифи фарҳангӣ, низомӣ ва сиёсӣ ба мубориза пардохт, ва дар ин раҳгузар, чанд бор ба дасти ҳукумати Малик Форуқ мунҳал шуд ва тайи он шумори зиёде аз аъзои он дастгир ва ё эъдом шуданд.

* * *

Шаклгирӣ

Ин ҷунбиш дар шароите таъсис шуд, ки аз як сӯ мақомоти Алазҳар ҳар гуна созиш ё навсозии ҷомеа ва дигаргунии диниро рад мекарданд, ва аз сӯи дигар, навгароёни секулор ба дунболи ҷомеае буданд, ки дар он, дин ва сиёсат аз ҳам ҷудо бошад.

Имом Ҳасан ал-Банно талошҳои худро дар се марҳила: таблиғ, ҷазбу созмондиҳӣ ва иқдомоти амалӣ оғоз намуд. Ҳадафи аслии вай, анҷоми ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеаи Миср ва ҷаҳони ислом буд ва бар созандагии фарди мусалмон, хонаводаи мусалмон, ҷомеаи мусалмон ва ниҳоятан ҳукумати исломӣ, бар асоси тамаддуни исломӣ таъкид намуд.

Бар тибқи навиштаҳои худи Ҳасан ал-Банно, ҳангоме ки дар шаҳри Исмоилия, дар канори коноли Суез зиндагӣ мекард, шаш нафар, ки дӯстон ва шогирдонаш буда ва ҷузъи коргарони ширкатҳои машғул дар коноли Суез буданд, назди ӯ омада ва нисбат ба беадолатиҳое, ки аз сӯи хориҷиҳо бар мусалмонон дар он ҷо раво мешавад шикоят карда буданд. Ин шикоят ва пешзаминаҳои қаблии ӯ, боис шуд, ки Имом Ҳасан ал-Банно раҳбарии онҳоро бар ӯҳда бигирад ва ҷамоати Ихвонулмуслимин таъсис шавад.

Ин ҷамоат дар ибтидо ҳамонанди бисёре аз анҷуманҳои исломии кӯчаке буд, ки худи Банно дар 12-солагӣ ба узвияти яке аз онҳо даромада буд. Аммо дар интиҳои даҳаи 1930 ин созмони тозатаъсис дар тамомии устонҳои Миср шӯъба дошт ва дар даҳаи баъд аз он беш аз 500 ҳазор узви фаъол дар саросари Миср пайдо кард.

Афкори Ҳасан ал-Банно, ки дар қолаби суханрониҳо ва навиштаҳо дар рӯзномаи Ихвонулмуслимин интишор меёфт ва саранҷом дар китобе ба номи “Маҷмуъатур-расоил” гирдоварӣ шуд, мавриди таваҷҷӯҳи маҳофили сиёсӣ ва динӣ воқеъ шуд ва мардум низ аз ин ҷунбиш истиқбол намуданд.

Ба тадриҷ бо афзоиши аъзо ва густариши доманаи фаъолиятҳо, Ҳасан ал-Банно қароргоҳи аслии Ихвонулмуслиминро ба Қоҳира мунтақил кард ва пас аз таъсиси Дорулихвон (дар апрели 1929), расман Ихвонулмуслимин эъломи мавҷудият кард. Ҳасан ал-Банно ба созмондиҳии ташкилот пардохт ва доманаи фаъолияти Ихвон густурдатар шуд, дар ин росто барои тарбияти занон дар Миср марказе ба номи “Алмаҳд ли уммаҳотил-муслмин” низ тавассути вай таъсис шуд.

Баъдҳо Ихвонулмуслимин ҳадафҳои дигареро ҳам мадди назар қарор дод ва дар соли 1939 бо такя бар ормони Фаластин ва дифоъ аз ҳуқуқи мусалмонони ҷаҳон, Ихвон ба як созмони сиёсӣ мубаддал шуд ва ин мунҷар ба густариши нуфузи онҳо дар Сурия, Ӯрдун ва то ҳудуде дар Лубнон, Судон ва шимоли Офриқо шуд ва Ҳасан ал-Банно ба унвони муршиди омм эълом шуд.

Пас аз терури Ҳасан ал-Банно тавассути ҳукумати вақт, ба тадриҷ таҳаввуле дар ҷунбиши Ихвонулмуслимин сурат гирифт. Ин таҳаввул иборат буд аз ҷойгузин кардани роҳҳои мусолиматомез ба ҷойи муборизаи мусаллаҳона алайҳи режим ва султаи бегонагон. Ин иқдом, ки дар пайи ноумедӣ аз муассир будани роҳи ҳалли низомӣ баргузида шуд, аз маҳбубият ва короии Ихвон кост ва гурӯҳҳои ҷадиди исломӣ (монанди “Ҷиҳоди исломӣ”-и Миср) ба вуҷуд омаданд, ки ағлаб мутаассир аз андешаҳои Сайид Қутб буданд ва бар муборизаи низомӣ пой мефишорданд.

Таъсири амиқе, ки ҷунбиши Ихвон дар раванди муборизоти мардуми Миср ва ҷаҳони ислом доштааст, ғайриқобили инкор мебошад.

* * *

Сохтори ташкилотӣ

Аркони аслии ҷунбиши Ихвонулмуслимин шомили муршиди омм, Шӯрои машваратӣ ва Дафтари иршоди омм мебошад. Шӯрои машваратӣ ё Ҳайъати муассисон, марҷаъи қонунгузорӣ ва сиёсатгузории Ихвонулмуслимин маҳсуб мешавад ва ӯҳдадори назорати олӣ бар фаъолиятҳои ҷамъият ва интихоби муршиди омм буда ва мусавваботи он барои куллияи аъзо илзомовар мебошад. Шӯрои машваратӣ дорои 30 узв аст, ки аз байни шӯроҳои машваратии манотиқи мухталифи Миср интихоб мешаванд ва шӯро метавонад ҷудогона 5 нафар аз мутахассисонро низ ба узвият бипазирад. Аъзои шӯро барои муддати 4 сол интихоб мешаванд.

Муршиди омми Ихвон тавассути ин шӯро интихоб мешавад ва пас аз поёни давраи маъмурияти худ, то поёни умр ҳамчунон узви Шӯрои машваратӣ боқӣ хоҳад монд, магар он ки дар натиҷаи сустӣ дар анҷоми вазоифи худ барканор шавад. Муршиди омми ҷамоат аз миёни аъзои анҷуман, ки ҳаддиақал 15 сол собиқаи узвият дошта бошад ва синни ӯ низ аз 40 сол камтар набошад, интихоб мешавад. Аъзои ҷамоат пас аз интихоби муршиди омм бояд бо ӯ байъат кунанд. Муршиди омм набояд дар корҳои тиҷорӣ ва ё машоғили дигар — ҷуз корҳои илмӣ ва адабӣ — машғул бошад. Давраи масъулияти ӯ 6 сол аст ва интихоби муҷаддади ӯ танҳо барои як давра биломонеъ аст.

Дафтари ҷаҳонии Иршоди омм масъулияти олии иҷрои фаъолиятҳои Ихвонулмуслиминро бар ӯҳда дорад ва куллияи фаъолиятҳои иҷроии Ихвонро идора мекунад. Дафтари иршод аз 13 узв ташкил мешавад, ки аз сӯи Шӯрои машваратӣ, аз манотиқи мухталиф интихоб мешаванд.

Дар соли 2010, Муҳаммад Бадеъ ба унвони муршиди омми Ихвонулмуслимин интихоб шуд. Пас аз боздошти ӯ дар соли 2013 тавассути ҳукумати низомии Миср, Маҳмуд Иззат ба унвони муршиди омми муваққат интихоб шуд.

* * *

Мавзеъҳо

Шиори шинохташудаи Ихвонулмуслимин “Алислому ҳувал-ҳалл” (Роҳи ҳал, ислом аст) мебошад, аммо шиори аслиашон, ки ҳадаф ва нақшаи роҳашонро тарсим мекунад, чунин аст:

Аллоҳ ғоятуно, вар-Расул қудватуно, вал-Қуръон дастуруно, вал-ҷиҳод сабилуно, вал-мавт фи сабилиллоҳ асмо амонино!” (Худованд ҳадафи мо, паёмбар улгуи мо, Қуръон қонуни мо, ҷиҳод роҳи мо, ва марг дар роҳи Худо, волотарин орзуи мост!)

Ҷамоати Ихвонулмуслимин машйи сиёсии худро бар иршоду таблиғ дар батни ҷомеа қарор дод, то ҷомеаи исломиро барои барпои ҳукумати исломӣ омода созад, вале ҷамоатҳои ҷиҳодии дигар хостори ислоҳи умур ба сурати ҷиҳодӣ шуданд. Сайид Қутб, ки худ аз назарияпардозони мавриди эҳтироми ҷунбиши Ихвон буд, асосан бо мафҳуми ҳизбгароӣ мухолиф буд ва сиришти ҳукуматеро, ки бар пояи интихобот бошад, бо руҳи ислом муғойир медонист. Вале ҷунбиши Ихвонулмуслимин расман такассур дар ҳукуматро пазируфт ва бар хилофи ҷараёнҳои ҷиҳодӣ, ки демукросӣ ва такассурро хилофи шаръ талаққӣ мекунанд, амал кард.

Ихвонулмуслимини Миср дар ҷараёни эътирозоти соли 2011 Миср, ки ба суқути ҳукумати Ҳусни Муборак анҷомид ширкат дошт ва дар нишасти хабарии раҳбарони аршади ҷамоат дар 9 феврал эълом шуд, ки: “Ихвон бо ҳукумати мазҳабӣ мухолиф аст, ва хостаи он барпоии ҳукумати маданӣ бо марҷаъияти ислом аст.” Ва дар мавриди изҳори назарҳои мақомоти кишварҳои дигар дар мавриди ҳаводиси Миср низ эълом карданд: “Ихвон масъули изҳороти хориҷиҳо, чӣ эронӣ, чӣ лубнонӣ ва чӣ дигарон нест ва мухолифи дахолати дигарон дар умури дохилии Миср аст”. Ихвонулмуслимин ҳамчунин эълом карда буд, ки хостаи онҳо хостаи мӯътаризон дар майдони Таҳрир аст, ки аъзои Ихвон низ дар таъсиси он ширкат доштаанд.

* * *

Усули андешаи сиёсии Ихвонро метавон ба шарҳи зер хулоса намуд:

* Иршод, таблиғ ва созандагии ҷомеа барои таъсиси ҳукумати исломӣ;

* Сиёсати гом ба гом ва иттихози равишҳои мусолиматомез дар фаъолиятҳои сиёсӣ ва дар иртибот бо низомҳои ҳоким;

* Ҳизбгароӣ ва баҳрагирӣ аз ташкилот барои дастёбӣ ба аҳдофи сиёсӣ;

* Касратгароӣ ва эътиқод ба демукросӣ дар дарун ва беруни созмони Ихвонулмуслимин;

* Таъкид бар мафҳуми уммати исломӣ дар баробари миллат;

* Таъомул бо ҳамаи фирқаҳо ва мазоҳиби исломӣ ва худдорӣ аз ҷидолҳо ва даргириҳои фирқаӣ;

* Зиддият бо Исроил;

* Таъомул бо фирқаҳои ғайримусалмон ба вежа қибтиҳо дар дохили Миср;

* Ҳимояти қотеъ аз муқовимати Фаластин.

Дар дидгоҳи Ихвонулмуслимин, занон метавонанд дар масъулиятҳои идорӣ ва иҷтимоӣ мушорикат намоянд. Дар замони Ҳасан ал-Банно ва дар оғози таъсиси ҷунбиши Ихвонулмуслимин, бахши занони мусалмон низ дар созмон ташкил ва Лабиба Аҳмад риёсати онро ба ӯҳда гирифт. Дар куллияи феҳристҳои интихоботии Ихвон низ ҳамвора номи теъдоде аз занон дида мешавад.

Дар заминаи ҳимоят аз Фаластин, Ихвонулмуслимин ҳамвора дар ҷангҳои фаластиниҳо алайҳи “Исроил” мушорикати фаъол доштааст. Раҳбарони ҷунбиши Ҳамос аз ҷумла Шайх Аҳмад Ёсин, Исмоил Ҳаниа ва Холид Машъал, умуман дорои гароиши Ихвонулмуслимин буда ва аз назари фикрӣ вобаста ба он ҷунбиш мебошанд.

* * *

Аъзо ва шахсиятҳо

Дар заминаи теъдоди аъзо ва ҳаводорони ҷунбиши Ихвонулмуслимин, ихтилофи назари фаровоне дида мешавад. Бар асоси эъломи Юсуф Нидо, масъули равобити сиёсии байналмилалии Ихвон, аъзои Ихвон дар 72 кишвари исломӣ ва ғайри исломӣ ҳузур доранд. Абдулҳамид Ғаззолӣ, мушовири сиёсии муршиди омм, теъдоди аъзои Ихвонулмуслиминро 10 милюн нафар ва ҳаводоронро 5 милюн нафар зикр кардааст.

Теъдоде аз шахсиятҳои исломӣ нақши умдае дар густариши андешаи Ихвонулмуслимин доштаанд, аз ҷумла Шайх Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои муслимин, Шайх Аҳмад Ёсин, муассиси ҷунбиши Ҳамос дар Фаластин, Зағлул Наҷҷор, имом ва мубаллиғи исломӣ, Мустафо Сибоъӣ, муассиси ҷунбиши Ихвон дар Сурия, Муҳаммад Маҳмуд Савоф, муассиси ҷунбиши Ихвон дар Ироқ, Абдуллоҳ Аззом, раҳбари муҷоҳидини араб дар Афғонистон, Маҳфуз Наҳноҳ, муассиси ҷунбиши Ихвон дар Алҷазоир, Шайх Саъид Ҳавво, андешаманди исломии Сурия, Ҳасан Туробӣ, мутафаккири исломии судонӣ. Ва аммо аз бузургтарин ҳомиёни молии Ихвон дар ин охирҳо, Хайрат Шотир ва Ҳусайн Молик буданд.

* * *

Суқути Муборак ва қудратгирии Ихвонулмуслимин

Дар соли 2011 дар пайи сарнагунии Ҳусни Муборак дар Миср, ҷамоати Ихвонулмуслимин расмият ёфта, ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсии худ идома дод. То пеш аз ин, Ихвонулмуслимин ба унвони ҷамоати мамнӯъа талаққӣ мешуд ва ҳатто аъзои он бо номи мустақил ба порлумон роҳ меёфтанд.

Ихвонулмуслимин дар Миср аз созмонёфтатарин гурӯҳи фаъол дар арсаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, аз ин рӯ, пас аз суқути Муборак, дар пайи ширкат дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, маҷлиси сено ва маҷолиси маҳаллӣ, ба пуштвонаи пойгоҳи иҷтимоии худ, тавонист бештарин ороро ба даст оварад.

Дар нахустин интихоботи риёсати ҷумҳурии демукротик дар Миср, ки дар соли 2012 баргузор шуд, Муҳаммад Мурсӣ раиси ҳизби Озодӣ ва адолат, ки як ҳизби таъсисшуда тавассути Ихвонулмуслимин буд, бар асоси омори расмӣ дар рақобат бо женерол Аҳмад Шафиқ пирӯзи интихобот гардид.

* * *

Инҳилоли муҷаддад

Пас аз кудетои соли 2013-и артиш алайҳи давлати Муҳаммад Мурсӣ ва дастгирии теъдоди зиёде аз ҳаводорони он, Ҳизбуттаҷаммӯъ додхости инҳилоли ҷамоати Ихвонро ба додгоҳ бурд ва дар таърихи 23 сентябри 2013, додгоҳ Ихвонулмуслиминро мамнӯъулфаъолият ва тамоми амволи онро мусодира кард. Додгоҳи Қоҳира пас аз ҷаласа эълом кард, ки фаъолияти Ихвонулмуслимин аз ин пас ғайриқонунӣ аст ва тамоми амволи он ба нафъи давлат забт мешавад. Дар пайи он, дар соли 2014 додгоҳе дар Миср барои Муҳаммад Бадеъ раҳбари Ихвонулмуслимин ва 682 нафари дигар аз аъзо ва ҳаводорони Ихвон дар Миср ҳукми эъдом содир кард.

* * *

Манобеъ:

Сойти Ихвонулмуслимин

Бошгоҳи андешаи Ҳасан ал-Банно

Асосномаи ҷамоати Ихвонулмуслимин

Донишномаи озоди Википедиа, арабӣ ва форсӣ, Ихвонулмуслимин

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: