Адли илоҳӣ (41)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши нӯҳум: амали хайр аз ғайримусалмон (3)

Равшанфикрмаобҳо

Ин гурӯҳ барои худ ду навъ далел меоваранд: ақлӣ ва нақлӣ.

1) Далели ақлӣ: бурҳони мантиқӣ ва далели ақлӣ, ки мегӯяд амали нек аз ҳар кас, ки содир шавад подош хоҳад дошт, бар ду муқаддима устувор аст:

а) Ин ки Худои Мутаъол бо ҳамаи мавҷудот, нисбати мутасовӣ ва яксон дорад; нисбати Худо бо ҳамаи замонҳо ва ҳамаи маконҳо мутасовӣ (баробар) аст; Худо ҳамон гуна, ки дар шарқ ҳаст, дар ғарб ҳам ҳаст; ҳамон тавре, ки дар боло ҳаст, дар поин ҳам ҳаст; Худо дар замони ҳол ҳаст ва дар замони гузашта ва оянда низ буда ва хоҳад буд; гузашта ва ҳол ва оянда барои Худо бетафовут аст, ҳамон тавре, ки болову поин ва шарқу ғарб барои ӯ яксон аст, бандагон ва махлуқот ҳам барои ӯ яксонанд, ӯ бо ҳеч кас хешовандӣ ва робитаи хусусӣ надорад. Бинобар ин, назари лутф ва ё назари ғазаби худовандӣ ба бандагон низ яксон аст, магар он ки аз ноҳияи бандагон тафовуте дар кор бошад.

Бинобар ин, ҳеч кас беҷиҳат назди Худо азиз нест ва ҳеч кас ҳам бедалел хору матруд намешавад, Худо бо касе нисбати хешовандӣ ва ё ҳамшаҳригарӣ надорад, ҳеч кас ҳам азизи дурдонаи Худо нест.

Чун нисбати Худо бо ҳамаи мавҷудот яксон аст, дигар далеле надорад, ки амали нек аз як нафар мақбул бошад ва аз як нафари дигар мақбул набошад. Агар аъмол яксон бошанд, ҷазои онҳо ҳам яксон хоҳад буд, зеро фарз ин аст, ки нисбати Худо бо ҳамаи мардум яксон аст. Пас, адолат эҷоб мекунад, ки Худованд ба ҳамаи бандагоне, ки кори нек анҷом медиҳанд — аъамм аз мусалмон ва ғайримусалмон — яксон подош бидиҳад.

б) Муқаддимаи дуввум ин ки: хубӣ ва бадии аъмол, қарордодӣ нест, балки воқеӣ аст. Ба истилоҳи уламои калом ва уламои фанни усули фиқҳ, “ҳусн”-у “қубҳ”-и афъол, зотӣ аст. Яъне корҳои нек ва зишт зотан мутамойизанд; корҳои хуб зотан хуб ҳастанд ва корҳои бад зотан баданд. Ростӣ, дурустӣ, эҳсон, хидмат ба халқ… зотан неканд, ва дурӯғ ва дуздӣ ва ситамгарӣ табъан баданд. Хуб будани “ростӣ” ва бад будани “дурӯғ” на бад-он ҷиҳат аст, ки Худо ба он амр кардааст ва аз ин наҳй кардааст, балки баръакс аст, чун “ростӣ” хуб будааст Худо ба он амр фармуда, ва чун “дурӯғ” бад будааст, Худо аз он наҳй фармудааст. Ба иборати кӯтоҳтар: амру наҳйи Худо тобеъи “ҳусн”-у “қубҳ”-и зотии афъол аст, на баръакс.

Аз ин ду муқаддима, чунин натиҷа мегирем, ки чун Худованд аҳли табъиз нест ва чун амали нек аз ҳар кас нек аст, пас ҳар кас кори нек бикунад, заруратан ва илзоман аз тарафи Худои Мутаъол подоши нек хоҳад дошт.

Айнан ба ҳамин баён дар мавриди корҳои зишт ва гуноҳ ҳам тафовуте байни иртикобкунандагон нест.

* * *

2) Далели нақлӣ: Қуръони Карим дар оятҳои бисёре, асли адами табъиз миёни башарро дар подош доштани амали хайр ва кайфар доштани амали шарр — ки дар истидлоли ақлии фавқ зикр шуд — таъйид мекунад. Қуръон бо яҳудиён, ки дорои фикри табъиз буданд, сахт мубориза кардааст.

Яҳудиҳо мӯътақид буданд — ва ҳамакнун низ мӯътақиданд — ки нажоди Исроил маҳбуби Худост, мегуфтанд, мо писарони Худо ва дӯстони вай ҳастем, фаразан Худо моро ба ҷаҳаннам бибарад, барои муддати маҳдуде беш нахоҳад буд. Қуръон ин гуна афкорро “орзуҳо” ва хаёлоти ботил меномад ва сахт бо он ба мубориза бархостааст. Қуръон мусалмононеро, ки дучори ин гуна ғурурҳо шудаанд низ тахтиъа фармудааст. Инак, қисмате аз оятҳои Қуръон дар ин замина:

1)

وَقَالُواْ لَن تَمَسَّنَا النَّارُ إِلاَّ أَيَّامًا مَّعْدُودَةً قُلْ أَتَّخَذْتُمْ عِندَ اللّهِ عَهْدًا فَلَن يُخْلِفَ اللّهُ عَهْدَهُ أَمْ تَقُولُونَ عَلَى اللّهِ مَا لاَ تَعْلَمُونَ. بَلَى مَن كَسَبَ سَيِّئَةً وَأَحَاطَتْ بِهِ خَطِيئَتُهُ فَأُوْلَئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ. وَالَّذِينَ آمَنُواْ وَعَمِلُواْ الصَّالِحَاتِ أُولَئِكَ أَصْحَابُ الْجَنَّةِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

Ва гуфтанд — манзур яҳуд аст — ки абадан ба мо оташи дӯзах намерасад, ва агар бирасад, айёми маҳдуде беш нахоҳад буд. Бигӯ: оё дар ин бора аз Худо паймоне гирифтаед? — албатта агар паймон дошта бошед Худо хулфи аҳд намекунад — ё ин ки чизеро, ки намедонед ба Худо мебандед? Мутмаин бошед касе, ки гуноҳ фароҳам месозад ва хатоҳояш бар ӯ иҳота кардаанд, барои ҳамеша ҳамнишину ҳамдами оташ хоҳад буд. Ва касоне, ки имон доранд ва корҳои нек баҷо меоваранд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовид хоҳанд буд.” (Сураи Бақара, оятҳои 80-82)

2) Қуръон дар ҷои дигар дар посухи ҳамин пиндори яҳуд мегӯяд:

وَغَرَّهُمْ فِي دِينِهِم مَّا كَانُواْ يَفْتَرُونَ. فَكَيْفَ إِذَا جَمَعْنَاهُمْ لِيَوْمٍ لاَّ رَيْبَ فِيهِ وَوُفِّيَتْ كُلُّ نَفْسٍ مَّا كَسَبَتْ وَهُمْ لاَ يُظْلَمُونَ

Ифтироҳояшон мӯҷиби ғурури эшон дар ақоиди динӣ шудааст. Пас, чӣ гунаанд замоне, ки барои рӯзи бетардид – растохез — ҷамъашон кунем ва ба ҳар кас он чи гирд оварда тамому камол пардохта гардад бе он ки ба касе ситам шавад.” (Сураи Оли Имрон, оятҳои 24-25)

3) Дар ҷои дигар, масеҳиҳо ҳам ба яҳуд афзуда шудаанд ва ҷамъан мавриди тахтиъаи Қуръон қарор гирифтаанд:

وَقَالُواْ لَن يَدْخُلَ الْجَنَّةَ إِلاَّ مَن كَانَ هُودًا أَوْ نَصَارَى تِلْكَ أَمَانِيُّهُمْ قُلْ هَاتُواْ بُرْهَانَكُمْ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ. بَلَى مَنْ أَسْلَمَ وَجْهَهُ لِلّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ فَلَهُ أَجْرُهُ عِندَ رَبِّهِ وَلاَ خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلاَ هُمْ يَحْزَنُونَ

Ва гуфтанд: ҷуз яҳудӣ ё насронӣ касе дохили биҳишт намешавад. Ин орзуҳои эшон аст. Бигӯ: агар ростгӯед, далелатонро биёваред. Бале, ҳар кас, ки хештанро таслими Худо кунад ва некӯкор бошад, аҷраш дар назди Худояш маҳфуз аст ва бар ин даста тарсу биме нест ва ғамгин низ нахоҳанд гашт.” (Сураи Бақара, оятҳои 111-112)

4) Дар сураи Нисо, мусалмонон ҳам ба яҳуду насоро замима шудаанд. Қуръони Карим андешаи табъизҳои беҷиҳатро аз ҳар кас, ки бошад мекӯбад. Гӯӣ мусалмонон аз афкори аҳли китоб мутаассир шуда ва дар баробари иддаои онон, ки худро азизи билоҷиҳат мепиндоштанд, инон ҳам чунин иддаоеро дар мавриди худ раво дошта буданд. Қуръони Карим дар ибтоли ин хаёлҳои хом чунин мефармояд:

لَّيْسَ بِأَمَانِيِّكُمْ وَلا أَمَانِيِّ أَهْلِ الْكِتَابِ مَن يَعْمَلْ سُوءًا يُجْزَ بِهِ وَلاَ يَجِدْ لَهُ مِن دُونِ اللّهِ وَلِيًّا وَلاَ نَصِيرًا. وَمَن يَعْمَلْ مِنَ الصَّالِحَاتَ مِن ذَكَرٍ أَوْ أُنثَى وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَأُوْلَئِكَ يَدْخُلُونَ الْجَنَّةَ وَلاَ يُظْلَمُونَ نَقِيرًا

Ба орзуҳои шумо нест, ба орзуҳои аҳли китоб ҳам нест, ҳар кас кори зиште муртакиб шавад, кайфар дода мешавад ва дар баробари Худо ҳомӣ ва мудофеъе аз барои хеш намеёбад. Ва ҳар кас аз корҳои нек баҳра бигирад — хоҳ мард бошад ё зан — инчунин касон дар сурате, ки боимон бошанд, вориди биҳишт мегарданд ва заррае мавриди ситам қарор намегиранд.” (Сураи Нисо, оятҳои 123-124)

5) Гузашта аз оятҳое, ки қурбҳо ва иззатҳои беҷиҳатро маҳкум мекунад, оятҳои дигаре ҳаст, ки мазмунаш ин аст, ки Худои Мутаъол аҷри ҳеч кори некеро зойеъ намекунад.

Ин оятҳо низ далели қабулии амали хайри умуми мардум — аъамм аз мусалмон ва ғайримусалмон — гирифта шудааст. Дар сураи Зилзол мехонем:

فَمَن يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيْرًا يَرَهُ. وَمَن يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ شَرًّا يَرَهُ

Ҳар кас, ки ҳамвазни заррае — яъне кучактарин шайъи маҳсус — кори нек кунад, он корро мебинад, ва ҳар кас, ки ҳамвазни заррае кори баде муртакиб шавад низ он корро мебинад.” (Сураи Зилзол, оятҳои 7-8)

Дар ҷои дигар мефармояд:

إِنَّ اللّهَ لاَ يُضِيعُ أَجْرَ الْمُحْسِنِينَ

Ҳамоно Худо аҷри некӯкоронро зойеъ намефармояд.” (Сураи Тавба, ояти 120)

Дар ҷои дигар мефармояд:

إِنَّا لَا نُضِيعُ أَجْرَ مَنْ أَحْسَنَ عَمَلًا

Мо аҷри касе, ки амалеро нек анҷом додааст, зойеъ намекунем.” (Сураи Каҳф, ояти 30)

Лаҳни ин оятҳо тавре аст, ки онҳоро аз умумоти ғайриқобили тахсис қарор медиҳад.

Уламои илми усул мегӯянд: бархе аз оммҳо истиснонопазир ва ғайриқобили тахсисанд. Яъне лаҳну лисони омм тавре аст, ки тахсисбардор ва истиснопазир нест. Вақте гуфта мешавад, “мо аҷри некӯкорро зойеъ намекунем”, маънояш ин аст, ки мақоми худоии мо эҷоб мекунад, ки амали некро ҳифз кунем, пас маҳол аст, ки Худо дар як ҷо аз мақоми худоии худ даст бардорад ва амали некеро зойеъ созад.

6) Ояти дигаре ҳаст, ки дар ин баҳс зиёд мавриди истинод қарор мегирад ва гуфта мешавад, ки сареҳ дар муддаъост:

إِنَّ الَّذِينَ آمَنُواْ وَالَّذِينَ هَادُواْ وَالصَّابِؤُونَ وَالنَّصَارَى مَنْ آمَنَ بِاللّهِ وَالْيَوْمِ الآخِرِ وعَمِلَ صَالِحًا فَلاَ خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلاَ هُمْ يَحْزَنُونَ

Онон, ки имон овардаанд (яъне мусалмонҳо) ва яҳудиён ва собеин ва насрониҳо, ҳамаи касоне, ки имон ба Худо ва рӯзи растохез дошта бошанд ва кори шоиста баҷо оваранд, бе хавфу воҳима хоҳанд буд ва ғамгин низ намегарданд.” (Сураи Моида, ояти 69)

Дар ин оят, барои растгорӣ ва эминӣ аз азоби Худо се шарт зикр шудааст:

Имон ба Худо, имон ба рӯзи растохез, ва амали нек, қайди дигаре нашудааст.

Бархе аз равшанфикрмаобҳо по фаротар ниҳода ва гуфтаанд, ки ҳадафи анбиё даъват ба адолат ва некӯкорӣ аст ва бино бар қонуни “хузил-ғоёт ватрукил-мабодӣ” (ҳадафро бигир ва муқаддамотро раҳо кун) бояд бигӯем, ки адолат ва некӯкорӣ ҳатто аз мардумони кофир ба Худо ва қиёмат ҳам мақбул аст. Бинобар ин, касоне, ки мункири Худо ва қиёматанд вале хадамоти бузурги фарҳангӣ, беҳдоштӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба башарият тақдим медоранд, дорои аҷри бузурге хоҳанд буд.

Албатта инҳо ба оятҳое аз қабили:

إِنَّا لَا نُضِيعُ أَجْرَ مَنْ أَحْسَنَ عَمَلًا

Мо аҷри касе, ки амалеро нек анҷом додааст, зойеъ намекунем.” (Сураи Каҳф, ояти 30)

Ва ё:

فَمَن يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيْرًا يَرَهُ

Ҳар кас, ки ҳамвазни заррае — яъне кучактарин шайъи маҳсус — кори нек кунад, он корро мебинад.” (Сураи Зилзол, ояти 7) метавонанд истидлол кунанд, аммо оятҳое аз қабили ояти фавқ хилофи муддаои онҳоро баён мекунад.

Акнун далоили гурӯҳи дигарро мулоҳиза кунем:

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: