Перейти к содержимому

Муҳаммад бен Салмон: “Бо Исроил манофеи муштараки зиёде дорем”

Валиаҳди Арабистон гуфт, ки агар сулҳ муҳаққақ шавад, манофеи муштараки зиёде миёни Исроил ва кишварҳои ҳошияи халиҷ (-и Форс) вуҷуд дорад.

Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ, дар тозатарин изҳороти худ гуфт: “Мо манофеи муштараки зиёде бо Исроил дорем, ва агар сулҳе барқарор шавад, суди зиёде миёни Исроил ва кишварҳои Шӯрои Ҳамкории Халиҷ (-и Форс) ва кишварҳое монанди Миср ва Ӯрдун эҷод мешавад.”

Валиаҳди саудӣ муддаӣ шуд, Эрон бахше аз “мусалласи шарорат” дар минтақа аст, ки қасд дорад бар минтақа ҳукмронӣ кунад.

Муҳаммад бен Салмон дар мусоҳиба бо нашрияи Отлонтик дар тавзеҳи ин “мусалласи шарорат” муддаӣ шуд: ”Аввалин бари ин мусаллас, низоми Эрон аст, ки мехоҳад идеулужии худро ривоҷ диҳад… Дар “мусалласи шарорат” онҳо қасд доранд бо тавассул ба қудрат, як имперотурӣ эҷод кунанд.”

Вай дар идома афзуд: “Инқилоби Исломӣ дар соли 1979 дар Эрон, низоме бар пояи як идеулужии шарурона эҷод кард… Мо бо идеулужии низоми Эрон мушкил дорем. Мушкили мо ин аст, ки аз назари мо, онҳо ҳаққи дахолат дар умури моро надоранд.”

Валиаҳди саудӣ дар бораи рӯйкардҳои Борок Убомо ва Дунолд Тромп, раисони ҷумҳури пешин ва феълии Омрико алайҳи Эрон гуфт: “Убомо токтики мутафовите дошт. Убомо мӯътақид буд агар ба Эрон фурсате барои кушоиш бидиҳад, онҳо тағйир мекунанд. Аммо низоме бо чунин идеулужӣ ба ин зудиҳо боз нахоҳад шуд.”

Вай афзуд: “Мо дар талош ҳастем, то иқдомоти Эрон дар минтақаро хунсо кунем. Мо инро дар Офриқо, Осиё, Молезӣ, Судон, Ироқ, Яман ва Лубнон анҷом додаем. Эътиқод дорем агар фишор биёварем, мушкилот ба дохили Эрон бармегардад. Намедонем, ки низоми онҳо фурӯ мепошад ё на, аммо ин мушкили худашон аст.”

Бен Салмон сипас дар посух ба ин суол, ки оё эътиқод дорад яҳудиён битавонанд кишваре барои худ дошта бошанд, гуфт: “Мӯътақидам, ки фаластиниён ва исроилиҳо ҳар ду ҳаққи доштани сарзамини худро доранд. Аммо бояд як тавофуқи сулҳ дошта бошем, то равобит низ оддисозӣ шавад.

Вай бо таъкид бар ин ки Арабистон ҳеч мушкиле бо яҳудиён надорад, идома дод: “Мо манофеи муштараки зиёде бо Исроил дорем, ва агар тавофуқи сулҳ ҳосил шавад, манофеи бисёр бештаре байни Исроил ва кишварҳои Шӯрои Ҳамкории Халиҷ (-и Форс) ва кишварҳое монанди Миср ва Ӯрдун ба вуҷуд хоҳад омад.”

Валиаҳди саудӣ дар поёни изҳороташ, Эрон, Ҳизбуллоҳ ва Ҳамосро таҳдидот алайҳи Арабистон баршумурд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: