Перейти к содержимому

Вокуниши Ҳамос ба суханони валиаҳди саудӣ: “Оддисозии равобит бо “Исроил”, ҷинояти нобахшуданӣ аст”

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) оддисозии равобит бо режими ишғолгари “Исроил”-ро “тавтиъае саҳюнистӣ-омрикоӣ алайҳи Қудс ва оворагони фаластинӣ, сарпӯш гузоштан бар ҷиноёти ин режим ва ҷинояти нобахшуданӣ” тавсиф кард.

Валиаҳди Арабистони Саудӣ, ки дар Омрико ба сар мебарад, зимни эъломи ба расмият шинохтани режими саҳюнистӣ дар гуфтугӯ бо маҷаллаи Отлонтик, эътироф кард, ки кишвараш “манофеи муштарак”-и зиёде бо ин режим дорад ва бо ин иқдом, гоме ошкор дар масири оддисозии равобит бо душмани саҳюнистӣ бардошт.

Дар ҳамин ҳол, ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), ба мавзеъгирии валиаҳди саудӣ вокуниш нишон дод. Бино бар гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, Ҳамос дар баёнияе, бар талош барои муқобила бо раванди оддисозии равобит бо Телавив таъкид кард ва хостори ҳамроҳии ҷаҳони ислом дар ин масир шуд ва гуфт: “Миллати мо касонеро, ки равобити худ бо душмани саҳюнистиро ба ҳолати оддӣ дароваранд, нахоҳад бахшид ва аз гуноҳи онҳо гузашт нахоҳад кард.”

Ҳамос афзуд: “Оддисозии равобит, ҷинояте нобахшуданӣ ва талоше мазбуҳона барои мунҳариф кардани афкори умумии уммати исломӣ аст.”

Ҷунбиш Ҳамос ҳамаи шаклҳои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ, чӣ дар сатҳи расмӣ ва чӣ ғайрирасмӣ ва ё аз тариқи бархе ниҳодҳо ва шахсиятҳоро, муқаддимае барои нобудии масъалаи Фаластин ва куштор, боздошт, яҳудисозӣ ва шаҳраксозӣ донист.

Дар баёнияи Ҳамос хотирнишон шудааст, ки омилони оддисозии равобит талош доранд бо нуфуз дар афкори умумии уммати исломӣ, пазириши режими саҳюнистиро ба унвони як воқеият ниҳодина кунанд, ба тавре, ки натавон аз он тахаттӣ ва ё бар он ғалаба кард.

Ҳамос ин гуна талошҳоро хатарнок донист ва бар мухолифат бо тамомии шаклҳо ва шеваҳои оддисозии равобит таъкид ва эълом кард, ки чунин шеваҳое бо иродаи миллатҳо ва рӯйкарди онҳо мабнӣ бар мухолифат бо барқарории ҳар гуна робита бо режими саҳюнистӣ ва ё пазириши мавҷудияти он дар Фаластин, таъоруз дорад.

Ҳамос ҳамчунин гуфт, ки шикастани девори душманӣ бо режими саҳюнисти ба ҳар шакле аз ашкол, иқдоме ҳамсӯ бо талошҳои мавҷуд барои тахриби виҷҳаи муқовимат ва талошҳои ин режим барои таҳмили мавҷудияти худ ба шумор меравад ва ба дағдағаҳо ва нигарониҳои ин режим дар бораи нобудиаш поён дода ва заминасози тадовуми саркӯбгарӣ, шиканҷа ва яҳудисозӣ мешавад.

Ҳамос афзуд: “Аз уммати исломӣ мехоҳем ба мухолифати худ бо режими саҳюнистӣ ва ба расмият нашинохтани он идома дода ва аз оддисозии равобит бо он ба хотири манофеи таваҳҳумӣ ба қимати зарба задан ба миллати Фаластин ва уммати исломӣ ва ҳуқуқи он, худдорӣ кунанд.”

Ҷунбиш Ҳамос аз мавозеъи миллатҳои мухолифи оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ тамҷид карда ва дархост намуд, ба ин мавзеъи шарофатмандона пойбанд бимонанд ва давлатҳои худро, ки саъй дар барқарории равобит бо режими саҳюнистӣ аз тариқи оддисозии равобит доранд, таҳти фишор қарор диҳанд.

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ҳамчунин хотирнишон кард, ки ба миллатҳои исломӣ ва арабӣ, ки ҳамвора садде муҳкам дар баробари пазириши мавҷудияти режими саҳюнистӣ дар сарзамини Фаластин ва мухолифи оддисозии равобит бо он буда ва хоҳанд буд, итминон дорад.

Дар ҳамин ҳол, ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин низ бо маҳкум кардани суханони валиаҳди саудӣ дар бораи режими саҳюнистӣ таъкид кард, ки ин суханон барои розӣ кардани Омрико ва Исроил ва зидди усули собити арабӣ ва исломӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: