Перейти к содержимому

Муноқишаи Сурия ҳеч роҳи ҳалли низомӣ надорад

Раисони ҷумҳури Эрон, Русия ва Туркия дар поёни нишасти Онқоро дар баёнияе, бо баёни ин ки “муноқишаи Сурия ҳеч роҳи ҳалли низомӣ” надорад, бар идомаи ҳамкории фаъоли худ дар хусуси ин кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНО, дуктур Ҳасани Руҳонӣ, Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисони ҷумҳури Эрон, Русия ва Туркия, дар ин баёния, ки рӯзи чаҳоршанбе (04.04.2018) мунташир шуд, бо таъйиди идомаи раванди музокироти Остона, ин музокиротро танҳо ибтикори байналмилалии муассире дар барқарори сулҳу субот дар Сурия хонданд.

Раисони ҷумҳури Эрон, Русия ва Туркия дар ин баёнияи муштарак, бо таъкиди дубора бар азми худ бар идомаи ҳамкорӣ дар бораи Сурия, эълом карданд, ки музокироти Остона ба коҳиши хушунат дар саросари Сурия кӯмак карда ва дар барқарории сулҳу сабот дар Сурия нақш доштааст.

Дар ин баёния омадааст, раисони ҷумҳури Эрон, Русия ва Туркия, “бар азми худ мабнӣ бар идомаи ҳамкории фаъоли худ дар бораи Сурия ба манзури дастёбӣ ба оташбаси пойдор миёни тарафҳои даргир ва пешбурди фароянди сиёсӣ тибқи он чи дар қатъномаи 2254 Шӯрои амнияти Созмони Милал тарсим шудааст, таъкид карданд.”

Ҳамчунин омадааст, руасои ҷумҳури ин се кишвар, “бар пойбандии мустамир ва қавии худ ба ҳокимият, истиқлол, ваҳдат, тамомияти арзӣ ва моҳияти ғайриқавмии Сурия таъкид варзиданд.”

Баёния таъкид кардааст, ки Руҳонӣ, Путин ва Ардуғон, “ҳамаи талошҳо барои эҷоди воқеиятҳои ҷадид дар арсаи майдонӣ ба баҳонаи мубориза бо теруризмро рад карда, азми худро мабнӣ бар истодагӣ дар баробари мақосиди ҷудоиталабона, ки ба дунболи тазъифи ҳокимият ва тамомияти арзии Сурия ва амнияти миллии кишварҳои ҳамсоя аст, иброз доштанд.”

Баёния афзудааст, раисони ҷумҳури се кишвар “бар ин бовари худ тасреҳ карданд, ки муноқишаи Сурия ҳеч роҳи ҳалли низомие надошта, танҳо аз роҳи як фароянди сиёсии ҳамроҳ бо музокира метавон ба он поён дод.”

Руҳонӣ, Путин ва Ардуғон “бар зарурати кӯмак ба суриҳо барои бозгардондани ваҳдати кишварашон ва дастёбӣ ба роҳи ҳалли сиёсӣ барои муноқишаи кунунӣ аз тариқи фароянди фарогир, озод, одилона ва шаффоф бо мудирият ва роҳбарии сурӣ ва мубтанӣ бар иродаи озоди мардуми Сурия, ки мунҷар ба қонуни асосии бархӯрдор аз пуштибонии мардуми Сурия ва интихоботи озод ва одилона бо мушорикати ҳамаи суриҳои воҷиди шароит ва таҳти назорат дурусти Созмони Милал бошад” таъкид варзиданд.

Раисони ҷумҳури се кишвари номбурда, “бар азми худ мабнӣ бар идомаи ҳамкорӣ барои нобудии ниҳоии ДОЪИШ, Ҷабҳатуннусра ва ҳамаи дигар афрод, гурӯҳҳо, ташаккулҳо ва мавҷудиятҳои вобаста ба Алқоъда ё ДОЪИШ дар Сурия, ки аз сӯи Шӯрои амнияти Созмони Милал шиносоӣ шудаанд тасреҳ карданд ва бар муваффақияти талошҳои ҷамъии худ дар ростои мубориза бо теруризми байналмилал таъкид варзиданд.”

Руҳонӣ, Путин ва Ардуғон тасмим гирифтанд, “нишасти баъдии худро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ба даъвати раисиҷумҳури Эрон, ҷаноби оқои Ҳасани Руҳонӣ, баргузор кунанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: