Перейти к содержимому

Раҳбари Эрон хитоб ба раҳбари Ҳамос: “Мо худро муваззаф ба ҳар навъ ҳимоят аз шумо медонем”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар посух ба номаи Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) тасреҳ кард: “Ҳаракат ба самти музокира бо режими фиребкор ва дурӯғгӯ ва ғосиби саҳюнист, хатое нобахшудании бузурге аст, ки пирӯзии миллати Фаластинро ба ақиб меандозад. Мо худро муваззаф ба ҳимоят аз шумо аз ҳар навъи он медонем.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин нома, бар мавозеъи ҳамешагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимояти комил аз Фаластин ва муҷоҳидони он таъкид кард ва илоҷи масъалаи Фаластинро “тақвияти ҷаноҳи мубориз ва муқовим дар дунёи ислом ва ташдиди мубориза бо режими ғосиби саҳюнистӣ ва пуштибонон он” донист.

Матни номаи раҳбари Эрон ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Валҳамду лилоли Раббил-ъоламин, вассалоту вассалому ъало Расулил-аъзам ал-амин ва ъло олиҳит-тоҳирин ва саҳбиҳил-мунтаҷабин ва ман табиъаҳум би иҳсонин ило явмид-дин

Бародари муҷоҳиди азиз, оқои дуктур Исмоил Ҳаниа, домат тавфиқотуҳу!

Номаро бо ин каломи нуронии Худованд оғоз мекунам, ки гӯӣ ҳамин имрӯз хитоб ба шумову мо нозил шудааст:

وَلاَ تَهِنُواْ فِي ابْتِغَاء الْقَوْمِ إِن تَكُونُواْ تَأْلَمُونَ فَإِنَّهُمْ يَأْلَمُونَ كَمَا تَأْلَمونَ وَتَرْجُونَ مِنَ اللّهِ مَا لاَ يَرْجُونَ وَكَانَ اللّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا

(“Ва дар таъқиби гурӯҳи душманон сустӣ наварзед, агар шумо дард мекашед, онон низ ҳамон гуна ки шумо дард мекашед, дард мекашанд, ва ҳол он ки шумо чизҳое аз Худо умед доред, ки онҳо умед надоранд, ва Худо ҳамвора донои санҷидакор аст.” (Сураи Нисо, ояти 104))

Дар рӯзҳое, ки шиддат ёфтани зулму қасовати душмани саҳюнист дар Ғазза, дилбастагон ба масъалаи Фаластинро ғамгину хашмгин сохта, лозим медонам бори дигар бар мавозеъи ҳамешагии Ҷумҳурии Исломӣ дар ин масъалаи муҳим, ки дар садри масоили уммати исломӣ аст, таъкид кунам.

Бе шак, мубориза ва муқовимат танҳо роҳи наҷоти Фаластини мазлум ва танҳо нусхаи шифобахши ҷароҳоти ворид бар пайкари он миллати шуҷоъ ва сарафроз аст.

Ҷаноби олӣ дар номаи муҳаббатомези худ бархе аз чолишҳои бузурги уммати исломиро матраҳ карда ва ба хиёнат ва нифоқи бархе аз кишварҳои араби ин минтақа ва нақшаҳои хабосатомези онон дар табаият аз шайтони бузург (Омрико) ишора намуда ва низ аз муҷоҳидони фаластинӣ ба унвони муборизони хатти муқаддам дар баробари фишору зулму ҷинояти душман ёд кардаед. Он чи дар ин бора навиштаед, ҳақиқати маҳз ва мавриди таъйиди мост. Мо худро муваззаф ба ҳимоят аз шумо аз ҳар навъи он медонем.

Ин вазифаи динӣ ва низ фаризаи инсонӣ ва фаротар аз ҳаводис ва таҳаввулоти сиёсӣ аст, ва иншоаллоҳ ҳамчун гузашта ба ин вазифа амал хоҳем кард.

Давлатҳо ва миллатҳои мусалмон ва ҷараёноти исломӣ ҳамагӣ мухотаб ва муваззаф ба ин вазифаи бузурганд.

Имрӯз бозгашт ба иззат ва иқтидор барои уммати исломӣ мунҳасиран дар гарави истодагӣ дар баробари истикбор ва нақшаҳои хабосатомези он аст, ва масъалаи Фаластин дар раъси ҳамаи масоили байналмилали исломӣ дар муқобили истикбор аст. Ҳаракат ба самти музокира бо режими фиребкор ва дурӯғгӯ ва ғосиб, хатои нобахшудании бузурге аст, ки пирӯзии миллати Фаластинро ба ақиб меандозад ва ҷуз хусрон оиди он миллати ситамкшида намекунад.

Илоҷи ин ҳама, тақвияти ҷаноҳи мубориз ва муқовим дар дунёи ислом ва ташдиди мубориза бо режими ғосиб ва пуштибонони он аст. Миллатҳо ва ба вежа ҷавонон ғаюр дар кишварҳои исломӣ ва арабӣ ва низ давлатҳое, ки нисбат ба Фаластин эҳсоси масъулият мекунанд, бояд ин вазифаи бузургро комилан ҷиддӣ бигиранд ва бо муҷоҳидати ҳамосӣ ва мудаббирона, душманро маҷбур ба ақибнишинӣ ба самти нуқтаи завол кунанд.

Аз Худованди Мутаол кӯмак ба шумо ва ҳамаи нерӯҳои муқовиматро хосторам ва наздик шудани рӯзи пирӯзии шуморо, ки амре қатъӣ аст, масъалат мекунам.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ

Сайидалӣ Хоманаӣ

15 фарвардини 1397

17 раҷабулмураҷҷаби 1439

(4 апрели 2018)

* * *

Лозим ба зикр аст, Исмоил Ҳаниа чанде қабл дар номае ба раҳбари Эрон, бо ишора ба абъоди тавтиъаи бузурги истикбор алайҳи Қудс ва миллати Фаластин бо ҳадафи сарнагун кардани Ғазза ба унвони қалъаи муқовимат ва поён додан ба мубориза алайҳи режими ишғолгар ва оддисозии равобити ҳуккоми вобастаи минтақа бо он, аз ҳимоятҳои миллати Эрон ва раҳбари он аз ҷунбиши муқовимат қадрдонӣ карда ва гуфта буд: “Мо бо шурӯъи Интифозаи хурӯшони мардумӣ дар дохили каронаи Бохтарӣ ва Қудс, ба изни Худованд тавтиъаи тоғути аср (Тромп) ва ҳокимони нифоқ дар пойтахтҳои дуру наздикро дар поён додан ба масъалаи Фаластин, хунсо хоҳем кард.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: