Фалсафа ва равиши реализм (186)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (19)

Исботи ягонагии Худо аз роҳи фалсафа (2)

Бурҳони севвум: бурҳони тамонуъ аст.

Дар Қуръони Карим омадааст:

لَوْ كَانَ فِيهِمَا آلِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتَا

Агар дар осмону замин (дар кулли олам) ғайр аз зоти Худованд худоёни дигар мебуд, осмону замин табоҳ шуда буданд ва набуданд.” (Сураи Анбиё, ояти 22)

Ин бурҳонро маъмулан бо як сурати сатҳӣ ва оммиёна тақрир мекунанд.

Хулосаи он тақрир ин ки: агар мабдаъ ва воҷибулвуҷуд мутаъаддид бошад, миёни худи онҳо яъне миёни хостҳои онҳо тамонуъ ва тазоҳум барқарор мешавад, ба ин маънӣ, ки иродаи ҳар як, музоҳими иродаи дигаре мегардад. Дар ин сурат, ё ирода ва қудрати яке бар ирода ва қудрати дигаре ғалаба дорад, ва ё ирода ва қудрати ҳеч кадом бар ирода ва қудрати дигаре ғалаба надорад. Маҳол аст, ки ирода ва қудрати яке аз онҳо мағлуб воқеъ шавад, зеро мағлубият бо камол ва вуҷуби вуҷуд мунофӣ аст, ва агар ҳеч кадом ғалаба накунанд, ҷаҳон табоҳ мешавад, зеро иродаи ҳеч кадом муассир нест ва вақте, ки иродаи ҳеч кадом муассир набошад, робитаи ҷаҳон бо воҷибулвуҷуд, ки қатъӣ ва зарурӣ аст қатъ мешавад, яъне ҳеч ҳодисае вуқӯъ пайдо намекунад, балки ҳеч мавҷуде вуҷуд пайдо намекунад ва боқӣ намемонад, ва ин аст маънии фасод ва табоҳии олам.

Вале ин тақрир саҳеҳ нест, зеро чӣ мӯҷибе дар кор аст, ки иродаҳо ва хостҳои воҷибулвуҷудҳоро мухолиф ва музоҳими якдигар фарз кунем? Балки илзоман бояд иродаҳо ва хостҳои онҳоро ҳамоҳанг фарз кунем, зеро фарз ин аст, ки ҳар ду воҷибулвуҷуданд ва ҳар ду алиму ҳакиманд ва ҳар ду бар вифқи маслиҳат ва ҳикмат амал мекунанд, ва чун ҳикмат ва маслиҳат яке беш нест, пас иродаи воҷибулвуҷудҳо — ҳарчанд ададашон аз регҳои биёбон ва донаҳои борон бештар бошад — бо якдигар мувофиқ ва ҳамоҳанг аст.

Тазоҳуми иродаҳо ё ношӣ аз манфиатхоҳӣ ва худпарастӣ аст, ки ҳар фарде фақат манофеи шахси худро дар назар мегирад, ва ё ношӣ аз ҷаҳлу нодонӣ ва адами ташхис аст. Ҳеч кадом аз инҳо дар бораи воҷибулвуҷуд қобили тасаввур нест.

Бурҳони тамонуъ мубтанӣ бар тазодд ва тахолуфи хостҳо ва иродаҳо нест, балки мубтанӣ бар имтиноъи вуҷуди ҳар ҳодисаи мумкин аст аз ноҳияи таъаддуди иродаҳо. Яъне агар воҷибулвуҷуд мутаъаддид бошад, бо фарзи ҳамоҳангӣ ва тавофуқи иродаҳо низ тамонуъ вуҷуд дорад. Ин бурҳон мубтанӣ бар се масъала аст:

а) Воҷибулвуҷуди биззот, воҷиб мин ҷамиъил-ҷиҳот валҳайсиёт аст. Ин муқаддимаро баъдан тавзеҳ хоҳем дод. Дар ин ҷо ҳамин қадр тавзеҳ медиҳем, ки дар зоти воҷиб ҳеч гуна ҳайсияти имконӣ ва билқувва наметавонад вуҷуд дошта бошад. Агар олим аст, олим билвуҷуб аст, на билимкон, ва агар қодир аст, қодир билвуҷуб аст, на билимкон ва ҳамчунин… Ва аз ин рӯ, ӯ, ки файёзу халлоқ аст, файёз ва халлоқи билвуҷуб аст, на билимкон, яъне маҳол аст, ки мавҷуде имкони вуҷуд дошта бошад ва аз тарафи воҷибулвуҷуд ифозаи вуҷуд ба ӯ нашавад.

б) Маълул, ҳайсияти вуҷудаш ва ҳайсияти интисобаш ба иллати эҷодиаш яке аст. Яъне дар маълул ду ҳайсият дар кор нест, ки ба як ҳайсият мунтасаб ба фоил ва иллат бошад, ва ба ҳайсияти дигар мавҷуд бошад. Ин матлаб ҳамон аст, ки ба василаи Садрулмутааллиҳин баён шуда ва ба таъбири худи ӯ, вуҷуди маълул айни рабт ва интисоб ба иллат аст, ва ба ҳамин ҷиҳат “вуҷуд” ва “эҷод” яке аст, на ду то. Мо ин матлабро дар поварақиҳои ҷилди севвуми “Усули фалсафа” тавзеҳ додаем.

в) Тарҷеҳи било мураҷҷеҳ маҳол аст. Ин муқаддима чандон ниёзе ба тавзеҳ надорад. Агар як шайъ нисбат ба ду шайъ нисбати мутасовӣ дошта бошад, маҳол аст, ки бидуни дахолати як омили хориҷӣ ин тавозун ба ҳам бихӯрад ва нисбатҳо тағйир кунад.

“Тарҷеҳи било мураҷҷеҳ” маъмулан дар мавриди фоилҳо итлоқ мешавад ва “тараҷҷуҳи било мураҷҷеҳ” дар мавриди асарҳо, ва ҳар ду маҳол аст.

“Тарҷеҳи било мураҷҷеҳ” яъне ин ки фоиле нисбат ба ду асари мухталиф ва мутағойир нисбати мутасовӣ дошта бошад ва ҳар ду ба як наҳв барои ӯ мумкин бошад ва ӯ ба яке аз онҳо интисоб пайдо кунад ва ӯро ба вуҷуд оварад. Фоил, ки табъан дар чунин мавриде фоили билқувва аст, на билфеъл, фоилият нисбат ба ҳар дуро дар як ҳадди билқувва воҷид аст, чунин фоиле ё аз ҳадди қувва ба феълият намерасад, ва ё агар мерасад ва яке аз ду фоилият сурати феълият пайдо мекунад, ҳатман ба мӯҷиби як омил ва мураҷҷеҳе берун аз зоти фоил аст.

Аммо “тараҷҷуҳи било мураҷҷеҳ” яъне ин ки феъле ва асаре дар ҳадди қувва ва имкон бошад ва бидуни ин ки иллат ва омиле дахолат кунад, худ ба худ аз адам ба вуҷуд ва аз қувва ба феълият бирасад.

Ҳар тарҷеҳи било мураҷҷеҳе мусталзими тараҷҷуҳи било мураҷҷеҳ аст, зеро фоил, ки билфарз бо ду феъл нисбати мутасовӣ дорад ва фоилияти ҳар дуро дар ҳадди қувва дорад агар бихоҳад бо яке аз ду феъл нисбати бештаре пайдо кунад, мусталзими ин аст, ки худаш худ ба худ аз қувва ба феълият бирасад. Пас, тарҷеҳи яке аз ду феъл аз тарафи фоил, мусталзими тараҷҷуҳи қаблӣ дар вуҷуди худи фоил аст, ки бидуни омил маҳол аст.

Бархе мутакаллимин хостаанд аз роҳи ин ки “беҳтарин далели имкони як шайъ, вуқӯъи он аст”, бар имкони тарҷеҳи било мураҷҷеҳ истидлол кунанд. Аз ин рӯ, масъалаи ду гирдаи нон барои гурусна ва ё ду роҳи мутасовӣ барои фирориро матраҳ кардаанд, ғофил аз ин ки ин гуна мисолҳо он гоҳ далел аст, ки мо бар ҷамиъи авомиле, ки мумкин аст дахолат дошта бошанд, иҳота дошта бошем. Дар ин гуна маворид он қадр авомили ошкору пинҳон дар шуъури зоҳиру шуъури ботин дахолат дорад, ки аз иҳотаи мо хориҷ аст. Бурҳони ақлиро бо ин мисолҳои оммиёна натавон рад кард.

Пас аз ин се муқаддима мегӯем, агар ду воҷибулвуҷуд ё бештар вуҷуд дошта бошад, ба ҳукми муқаддимаи аввал, ки “ҳар мавҷуде, ки имкони вуҷуд пайдо мекунад ва шароити вуҷудаш таҳаққуқ меёбад, аз тарафи воҷиб ифозаи вуҷуд ба ӯ мешавад”, бояд ба ин мавҷуд ифозаи вуҷуд бишавад ва албатта ҳамаи воҷибҳо дар ин ҷиҳат нисбати воҳид доранд бо ӯ, ва иродаи ҳамаи онҳо ба сурати баробар ба вуҷуди ӯ таъаллуқ мегирад; пас, аз тарафи ҳамаи воҷибҳо бояд ба ӯ ифозаи вуҷуд бишавад.

Ва аз тарафи дигар, ба ҳукми муқаддимаи дуввум, вуҷуди ҳар маълул ва интисоби он маълул ба иллаташ яке аст, пас, ду эҷод мусталзими ду вуҷуд аст, ва чун маълули мавриди назар, имкони беш аз вуҷуди воҳид надорад, пас ҷуз имкони интисоб ба воҳид надорад. Дар ин сурат, интисоби маълул ба яке аз воҷибҳо, на воҷиби дигар, бо ин ки ҳеч имтиёзе ва руҷҳоне бино бар фарз миёни онҳо нест, тараҷҷуҳи било мураҷҷеҳ аст; ва интисоби ӯ ба ҳамаи онҳо мусовӣ аст бо таъаддуди вуҷуди он маълул ба адади воҷибулвуҷудҳо. Ин низ маҳол аст, зеро фарз ин аст, ки он чизе, ки имкони вуҷуд ёфта ва шароити вуҷудаш муҳаққақ шудааст, яке беш нест, ва агар фарз кунем имкони вуҷудҳои мутаъаддид дар кор аст, дар бораи ҳар як аз онҳо ин ишкол вуҷуд дорад, яъне ҳар воҳид аз он мутаъаддидҳо бояд мутаъаддид шавад, ва ҳар як аз ин мутаъаддидҳо низ бояд мутаъаддид шавад ва ҳамчунин то бе ниҳоят ва ҳаргиз ба воҳидҳое, ки мутаъаддид нашаванд мунтаҳӣ нагардад, пас натиҷа ин ки ҳеч чиз вуҷуд пайдо накунад.

Пас, ба фарзи таъаддуди вуҷуди воҷибулвуҷуд, лозим меояд, ки ҳеч чизе вуҷуд пайдо накунад, зеро вуҷуди он мавҷуд маҳол мешавад. Пас саҳеҳ аст, ки агар воҷибулвуҷуд мутаъаддид буд, ҷаҳон несту нобуд буд:

لَوْ كَانَ فِيهِمَا آلِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتَا

Агар дар осмону замин (дар кулли олам) ғайр аз зоти Худованд худоёни дигар мебуд, осмону замин табоҳ шуда буданд ва набуданд.” (Сураи Анбиё, ояти 22)

* * *

Бурҳон чаҳорум: бурҳони фурҷа аст.

Ин бурҳон дар Кофӣ дар мабҳаси “тавҳид” омадааст. Ин бурҳонро фалосифа ба шакли дигар овардаанд. Мо ин бурҳонро бештар ба сурате, ки дар ҳадис омадааст тақрир мекунем:

Агар фарз кунем ду воҷибулвуҷуд ҳаст, лозим аст фурҷа — яъне имтиёзе — миёни онҳо бошад, зеро такассур ва дуто будан, фаръ бар ин аст, ки ҳар кадом аз онҳо ва лоақал яке аз онҳо чизе дошта бошад, ки дигаре надорад. Агар ҳар чӣ ин яке дорад, он дигаре ҳам дошта бошад ва билъакс, фарзи таъаддуд намешавад. Пас, дар миёни ду зоти воҷиб амри севвуме лозим аст, ки мо биҳилимтиёзи он ду бошад. Он амри севвум низ ба навбаи худ воҷиб аст, зеро агар мумкин бошад, бояд аз ноҳияи дигаре расида бошад, пас лозим меояд ҳар як аз воҷибулвуҷудҳо дар мартибаи зоти худ аз дигаре мутамойиз набошад ва бо ӯ яке бошад ва дар мартибаи баъд касрат ва таъаддуд пайдо шуда бошад.

Пас, он амри севвум низ воҷибулвуҷуд аст. Пас вуҷуди ду воҷиб мусталзими вуҷуди се воҷиб аст ва чун ҳар се воҷибанд ва миёни ҳар воҷибулвуҷуд бо воҷибулвуҷуди дигар фурҷа ва ваҷҳи имтиёзе зарурат дорад, воҷиби севвум бояд аз ҳар ду воҷиби дигар мумтоз бошад, пас бояд ду “мо биҳилимтиёз”-и дигар дар кор бошад, то ин воҷибро аз ду воҷиби дигар мутамойиз кунад, пас вуҷуди се воҷиб мусталзими панҷ воҷиб аст.

Ва чун бино бар фарз ин ду воҷиб низ бояд аз се воҷиби қаблӣ мумтоз бошанд, мусталзими ин аст, ки лоақал се “мо биҳилимтиёз”-и дигар яъне се воҷиби дигар дар кор бошад ва ин худ мусталзими ҳашт воҷиб аст ва ҳашт воҷиб мусталзими сездаҳ воҷиб аст ва сездаҳ воҷиб мусталзими бисту як воҷиб ва бисту як воҷиб мусталзими сию чаҳор воҷиб аст ва ҳамин тавр то бениҳоят.

Пас, вуҷуди ду воҷиб мусталзими бениҳоят воҷибҳост, яъне мусталзими ин аст, ки як воҷиб аз бениҳоят воҷибҳо таркиб ёфта бошад.

Гузашта аз ин ки тараккуб бо вуҷуб носозгор аст, ин навъи хосси тараккуб, яъне тараккуб аз аҷзое, ки ҳар ҷузъе мусталзими ҷузъи дигар илова бар аҷзои мафрузаи аввалӣ бошад, маҳол аст.

* * *

Бурҳони панҷум: ин бурҳон аз тариқи “муаррифӣ шудани Худо” аст.

Дар ин бурҳон “нубувват” пояи бурҳон қарор гирифтааст.

Ибтидо аҷиб ба назар мерасад, ки нубувват, ки дар мартибаи баъд аз тавҳид аст, пояи исботи тавҳид қарор гирад. Ба назар мерасад ин далел, ки дар калимоти Амирулмӯъминин Алӣ (а) хитоб ба фарзанди азизаш Имом Ҳасан (а) омадааст, як далели иқноъӣ аст на бурҳонӣ, вале ҳақиқат ин аст, ки ин далел бурҳонӣ аст, на иқноъӣ.

Масъалаи ин ки нубувват наметавонад мабно ва пояи тавҳид қарор гирад, матлаби дурусте аст, вале ба ин маънӣ, ки бихоҳем вуҷуди Худованд ё ягонагии Худовандро ба истиноди сухани “набӣ” исбот кунем. Вале ин ду (вуҷуди Худо ва ягонагии ӯ) дар ин ҷиҳат яксон нестанд, ҳар як аз ин ду милоки ҷудогона дорад. Ин ки вуҷуди Худовандро намешавад бо истинод ба сухани “набӣ” исбот кард, ба мӯҷиби як милок аст, ва аммо ин ки ягонагии Худовандро наметавонем ба истиноди сухани набӣ исбот кунем, ба мӯҷиби милоки дигар аст.

Исботи вуҷуди Худованд ба истиноди сухани набӣ “давр” аст, зеро сухани набӣ он гоҳ барои мо санад ва ҳуҷҷат аст, ки ӯро набӣ ва аз ҷониби Худованд бидонем, пас қаблан бояд ба Худованд имон дошта бошем, то ба сухани паёмбараш мӯъмин ва музъин бошем. Бинобар ин, чӣ гуна метавонем вуҷуди Худовандро таъаббудан ва ба истиноди сухани ӯ бипазирем.

Аммо исботи тавҳид ва ягонагии Худо ба истиноди сухани набӣ “давр” нест, зеро дар ин фарз, ки қаблан ба ҳукми бурҳон исботи воҷибулвуҷуд шудааст — ҳарчанд ҳанӯз ваҳдати воҷибулвуҷуд исбот нашудааст — монеъе нест, ки касе мӯътақид шавад, ки шахси муайяне ба мӯҷиби оёт ва мӯъҷизоте, ки дорад мабъус аз моварои табиат аст ва набӣ аст ва ростгӯст, ва чун ӯ мегӯяд воҷибулвуҷуд яке аст, пас сухани ӯ барои шахси мӯътақид ҳуҷҷат аст.

Вале чунин эътиқод ба тавҳид, “маърифат” ва шиносоӣ шумурда намешавад, тақлид ва таъаббуд аст, яъне мабно ва пояи бурҳон қарор намегирад ва табъан зеҳнро ба мақсуд убур намедиҳад ва аз наздик ориф ва шиносо наменамояд.

Бисёр фарқ аст миён касе, ки худ аз рӯи таҳқиқ дарк мекунад, ки масалан масоҳати фалон замин, ки дорои фалон қадр тӯл ва фалон миқдор арз аст, чӣ қадр аст ва маҳол аст, ки камтар ё бештар бошад, бо касе, ки ба истинод ба гуфтаи чунин шахс, ба он масоҳат мӯътақид мешавад.

Ба ҳар ҳол, истинод ба сухани набӣ барои исботи вуҷуди Худованд “давр” аст ва барои исботи тавҳид, “тақлид” ва “таъаббуд” аст, на маърифат ва шиносоӣ ва идрок. Ва албатта ин ба он маънӣ нест, ки анбиё ва авлиё нақше дар боло бурдани сатҳи маърифати пайравони худ надоранд. Анбиё ва авлиё ва махсусан раҳбарони ислом, нақши бисёр муассире дар ин ҷиҳат доранд ва метавонанд дошта бошанд.

Таълимоти исломӣ бузургтарин манбаи илҳомбахши маорифи илоҳӣ аст, вале фарқ аст миёни касе, ки бихоҳад аз ин таълимот илҳом бигирад ва нерӯи фикру андешаи худро ба роҳнамоии ин илҳомот ба кор андозад, яъне масоилро ба сурати илмӣ ва убур аз муқаддима ба натиҷа, ва истинтоҷи назариёт аз бадеҳиёт, ҳазм кунад, ва миёни касе, ки як муддаоро сирфан аз рӯи таъаббуд ва эътимод ба гӯянда талаққӣ ба қабул намояд.

Бисёре ва балки умдаи маорифи илоҳӣ дар фалсафаи исломӣ, хусусан дар ҳикмати мутаолия, ки акнун мубарҳан ва мусаллам ва қатъӣ аст ва дар қуллаи маорифи илоҳӣ қарор гирифтааст, оғозаш илҳомоте аст, ки равшандилон аз мазомини оёт ва ривоёт ва дуоҳои исломӣ гирифтаанд.

Аз мақсуди аслӣ дур афтодем. Мақсуд ин аст, ки дар ин бурҳон, ки “нубувват” поя ва мабно қарор гирифтааст, ба ин шакл нест, ки ба сухани “набӣ” истинод шуда ва бо эътимод ба гуфтаи ӯ матлаб талаққӣ ба қабул шудааст. Мақсуд ин аст, ки худи “нубувват” ба унвони як падида аз падидаҳои ҷаҳон, далел бар ягонагии Худованд аст. Аввал айни ҷумлаи Алӣ (а)-ро дар ин замина нақл мекунем ва сипас ба тавзеҳ ва ташреҳи он мепардозем. Алӣ (а) хитоб ба фарзандаш Ҳасан (а) мефармояд:

وَاعْلَمْ يا بُنَيَّ أَنَّهُ لَوْ كانَ لِرَبِّكَ شَرِيكٌ لَأَتَتْكَ رُسُلُهُ وَلَرَأَيْتَ اثارَ مُلْكِهِ وَسُلْطانِهِ وَلَعَرَفْتَ أَفْعالَهُ وَصِفاتِهِ وَلكِنَّهُ إلهٌ واحِدٌ كَما وَصَفَ نَفْسَهُ لا يضادُّهُ فِي مُلْكِهِ أَحَدٌ

Бидон, эй фарзанди азизам, ки агар барои парвардигорат шарике мебуд, паёмбароне аз тарафи ӯ омада буданд, ва ба илова, осори мулку тасаллути ӯро медидӣ ва афъол ва сифоти ӯро мешинохтӣ, лекин ӯ Худои ягона аст он чунон ки худ худро ба ягонагӣ тавсиф кардааст. Мулк мулки ӯст ва муъоризе дар мулки ӯ нест…” (Наҳҷул-балоға, номаи 31)

Шоҳиди баҳси мо ҷумлаи аввал аст.

Ин далел аз навъи қиёси истисноӣ аст. Мулозимае миёни муқаддам ва толӣ барқарор шуда ва аз нафйи толӣ нафйи муқаддам истинтоҷ шудааст.

Мулозима ин аст: агар Худои дигаре мебуд, расулоне ҳам медошт ва аз ҷониби ӯ низ ба анбиё ва русул ваҳй мешуд (ё ба ин шакл, ки аз ҷониби ӯ ҳам ба анбиё ва русуле, ки омадаанд ваҳй мешуд ва анбиё ҳис мекарданд, ки аз ду манбаи мухталиф ба онҳо илҳом ва илқо мешавад, ва ё ба ин шакл, ки он Худо ё худоёни дигар ба афроди дигаре ваҳй нозил мекарданд).

Яъне ваҳй ва ирсоли паёмбарон ва мабъус сохтани афроде барои ҳидояти башар, лозимаи худоӣ ва вуҷуби вуҷуд аст.

Аммо нафйи толӣ: бадеҳист, ки ҳеч як аз паёмбароне, ки бо оёт ва байинот омадаанд. ҷуз аз Худои воҳид сухан нагуфтаанд ва афроди дигаре ҳам ғайри инҳо наомадаанд, ки аз тарафи Худои дигаре ба онҳо ваҳй шуда бошад, ҳама аз Худои воҳид, ки шарике барои ӯ нест дам задаанд.

Ин бурҳон аз тарафе мубтанӣ бар асолати ваҳй аст, яъне касе метавонад чунин бурҳоне иқома кунад, ки садоқат ва ҳаққонияти ваҳйҳои мавҷудро сад дар сад идрок мекунад, ва аз тарафи дигар мубтанӣ бар он асли куллӣ аст, ки қаблан ишора кардем, ва он ин ки: воҷибулвуҷуди биззот воҷиб мин ҷамиъил-ҷиҳот вал-ҳайсиёт аст, яъне имкон надорад, ки мавҷуде қобилияти хоссе пайдо кунад ва аз тарафи зоти воҷиб ифозаи файз нашавад, пас мумкин нест, ки башаре омодаи талаққии ваҳй бишавад ва аз тарафи воҷибулвуҷуд ба ӯ ваҳй нашавад.

Бинобар ин, бисёр оммиёна аст, ки касе бигӯяд: ғараз аз ирсоли русул ҳидояти мардум аст, вақте, ки аз тарафи яке аз худоён беъсат сурат гирифт, дигарон лузуме намебинанд, ки дахолат кунанд, воҷиби кифоӣ аст ва бо пешқадамии як фард, вазифа аз соири худоён соқит мешавад.

Бадеҳист, ки дар ин бурҳон ба қавли паёмбарон истинод нашудааст яъне намегӯем чун паёмбарон мегӯянд Худо яке аст, мо ҳам таъаббудан мегӯем Худо яке аст, балки мегӯем нубувватҳо ба унвони падидаҳои хосс, ки нишонаҳое аз мовароуттабиӣ будан доранд, аз моварои уфуқи табиат таҳрик ва барангехта шудаанд ва ҳама таҳти таъсири як омили мовароуттабиӣ ҳастанд ва агар омили дигаре ҳам дар кор мебуд, осоре аз ӯ зуҳур мекард.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: