Перейти к содержимому

Бен Салмон ин бор дар мусоҳиба бо Time: “Эрон душмани муштараки Арабистон ва Исроил аст”

Валиаҳди саудӣ дар мусоҳиба бо нашрияи Time, Эронро душмани муштараки Риёз ва Телавив тавсиф кард ва гуфт, ки метавонанд бо “Исроил” дар заминаҳои бисёре ҳамкорӣ дошта бошанд.

Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ, дар мусоҳиба бо нашрияи Time, зимни душман тавсиф кардани Ҷумҳурии Исломии Эрон, таъкид кард, Эрон душман муштараки Арабистон ва “Исроил” аст.

Бен Салмон бо иддаои ин ки Эрон манбаи тамоми шароратҳо дар ғарби Осиёст, гуфт: “Мо (бо Исроил) душмани муштараке дорем ва ба назар мерасад, ки битавонем дар ҳавзаҳои бисёре ҳамкории иқтисодии билқувва дошта бошем.”

Вай дар бораи эҳтимоли оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ тавзеҳ дод: “Мо наметавонем қабл аз ҳалли масъалаи Фаластин, бо Исроил робита дошта бошем, зеро ҳар дуи онҳо (Исроил ва Фаластин) ҳаққи зиндагӣ ва мавҷудият доранд.”

Валиаҳди саудӣ ҳамчунин афзуд: “Аммо агар (тавофуқи созиш байни Фаластин ва Исроил) рух диҳад, аз фардои он рӯз мо равобити хуб ва оддӣ бо Исроил хоҳем дошт ва ин барои ҳама беҳтар хоҳад буд.”

Бен Салмон дар тавзеҳе дар бораи ҷанг, бо вуҷуди рад накардани эҳтимоли истифода аз гузинаи эъзоми нерӯи заминии артиши саудӣ ба Яман, гуфт, ки ин ҷанг набояд тавассути мардуми Арабистон ҳис шавад ва таъсире рӯйи иқтисоди ин кишвар бигузорад.

Вай дар идома бо баёни ин ки системи ҳукуматии Арабистони Саудӣ “подшоҳӣ” боқӣ хоҳад монд, гуфт: “Ҳадаф, василаро тавҷеҳ мекунад. Чизе, ки рӯйи он бояд тамаркуз кунем, ҳадаф аст, на васила. Агар васоил моро ба ҳадаф бирасонад, ин масъала муфид аст.”

Валиаҳди саудӣ пештар низ дар мусоҳиба бо нашрияи Отлонтик зимни ба расмият шинохтани мавҷудияти режими саҳюнистӣ, гуфта буд: “Мӯътақидам, ки фаластиниён ва исроилиҳо ҳаққи доштани сарзамини худро доранд. Аммо бояд як тавофуқи сулҳ дошта бошем, то зимни ироаи субот барои ҳамагон, равобит низ оддисозӣ шавад.”

Бен Салмон ҳамчунин Эронро бахше аз “мусалласи шарорат” дар минтақа дониста ва муддаӣ шуда буд: “Инқилоби Исломӣ дар сол 1979 режиме бар пояи як идеулужии шарурона эҷод кард… Мо бо идеулужии режими Эрон мушкил дорем. Мушкили мо ин аст, ки аз назари мо онҳо ҳаққи дахолат дар умури моро надоранд.”

Вай, ки ҳамакнун дар Омрико ба сар мебарад, чанд рӯз пеш бо Дунолд Тромп, раисиҷумҳури ин кишвар дар Кохи сафед дидор карда ва қарордодҳои низомӣ ба арзиши 12.5 милёрд дулор бо Вошингтун имзо кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: