Роҳи парвариши донишманд ва раҳоӣ аз бемории “мадракзадагӣ”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дирӯз, корбарони тоҷик, дар фазои маҷозӣ (Фейсбук) бештар машғули баҳсу гуфтугӯ дар бораи ифшогариҳои пойгоҳи интернетии “Диссернет”-и Русия буданд ва чи басо имрӯз ва рӯзҳои оянда низ андармони ҳамин баҳс бишаванд. Ин пойгоҳи русӣ — ки кораш ифшои мавориди “асардӯзӣ” (плагиат) будааст — номи шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ба унвони афроде, ки дар поённомаҳои дифоии худ матолиберо аз дигарон сирқат намуда ба номи худ сабт ва аз ҳамин тариқ ноил ба унвони “донишмандӣ” шудаанд, овардааст.

Дар нигоҳи аввал, ба назар чунин мерасад, ки коре, ки ин афрод муртакиб шудаанд, бисёр нописанд ва касби унвони донишмандӣ аз роҳи “дуздӣ” зишт аст, зеро агар қарор аст касе ба унвони донишмандӣ ноил ояд, бояд худаш рӯи поённомаи дифоии худ кор кунад ва заҳмат бикашад.

Аммо агар каме дар ин мавзӯъ дақиқ бишавем, хоҳем дид, ин афрод чандон фарқе бо даҳҳо ҳазор афроди дигар, чӣ дар Тоҷикистон ё кишварҳои дигар, ки дар ин асру замон бо ироаи поённомаи дифоӣ унвони “донишмандӣ”-ро касб мекунанд, надоранд; мунтаҳо ин “дуздҳо” заҳмати камтар ва он дигарон заҳмати бештар кашида ба гунае поённомаи худро навиштаанд, ки ҳеч асаре аз “дуздӣ” дар он ҳувайдо набошад.

Имрӯза дар дунё, аз миёни даҳҳо ҳазор “поённомаҳои дифоӣ” (чӣ дар сатҳи номзадӣ ва чӣ дуктуро), ки ироа шуда ва соҳибонаш ноил ба унвони “донишмандӣ” мегарданд, фақат теъдоди бисёр андаке аз онҳо (шояд ангуштшумор), аз арзиши илмӣ бархӯрдоранд ва бақия ҳама такрори мукаррарот ҳастанд ва дар оршивҳо ва бойгониҳо анбошта мешаванд ва аҳаде на ба онҳо муроҷеа мекунад ва на аз онҳо истифодаи илмӣ мешавад.

Аз ин рӯ, масъала дар хусуси “донишманд” хондани касе дар ин асру замон — дар ҳама ҷои дунё, на танҳо Тоҷикистон — ин нест, ки бояд инсон поённомаашро худаш бинависад, ки дар ин сурат “донишманд” аст, ва агар аз касе чизе дуздид, пас “донишманд” нест. Масъала ин нест, балки масъалаи асосӣ, роҳу равиш ва тариқае аст, ки дар дунёи имрӯз, барои “донишманд” хондани як инсон пазируфта шуда. Яъне, ҳамин равиш, ки бо ироаи поённомаи дифоӣ, ту номзад ва ё дуктур шумурда мешавӣ, вагарна на. Ба сухани дигар, ту агар донишгоҳ дидаӣ ва соҳиби мадрак шудаӣ, пас “донишманд” ҳастӣ, ҳарчанд мухат холии холӣ бошад, ва агар донишгоҳ надидаӣ ва мадрак надорӣ, пас “донишманд” нестӣ, агарчи Эйнштейнӣ. Мушкили аслӣ дар дунёи имрӯз, ҳамин аст.

Холӣ аз фоида нест инро ҳам бидонем, ки бештари донишмандоне, ки асаргузор буданд ва пешрафти илму дониш марҳуни хадамоти онҳост, чандон алоқа ба навиштани поённома ва ин қабил умури расмӣ ва эътиборӣ надоштаанд ва аҳёнан аз донишгоҳ мардуд ҳам мешуданд.

Ба ҳар ҳол, феълан гурезе аз ин роҳу равиш нест, мутаассифона дар тамоми дунё маъмул аст ва ҳама пойбанди он ҳастанд. Аммо бояд донист, ки роҳи тарбият ва парвариши донишманд дар як ҷомеа, ин нест, балки роҳаш дигар аст, ки дар зайл миқдоре дар ин бора менависам.

* * *

Агар ҷомеае бихоҳад донишманд парвариш кунад, роҳаш ин аст, ки он даста аз устодони донишгоҳ, ки воқеан донишманд ва дар риштаи худ ворид ва мутахассисанд (ва дар Тоҷикистони мо қатъан чунин асотиде вуҷуд доранд), бояд дар берун аз вақти дарсҳои расмӣ, ҳалақот ва нишастҳои илмӣ баргузор ва рӯи донишҷӯёни боистеъдод ва алоқаманд кор кунанд. Масалан, дар манзили худ (ё ҳар ҷое дигар), ақаллан се бор дар ҳафта ҳалақоти хусусӣ бо донишҷӯён баргузор намоянд; шабеҳи коре, ки як замон устод Бекзода бо шуморе аз алоқамандони фалсафа баргузор мекард, мунтаҳо он ҳалақот мавзӯаш фалсафӣ буд (феълан дар садади дурустӣ ё нодурустии муҳтавои он ҷаласот нестам). Дар соири риштаҳои илмӣ низ, чӣ шимӣ ё физик ва ё риёзӣ ва ғайра, метавон ин гуна ҳалақотро роҳандозӣ кард.

Албатта дар ин навъ ҷаласот, кори устод тадрис нест, балки баҳсу табодули назар бо шогирд аст, яъне масъалаи илмиеро дар миён мегузорад ва аз шогирдон мехоҳад фикру назари худро — ҳарчи бошад, дуруст ё ғалат – матраҳ бикунанд, ва устод ба назари так-таки шогирдон гӯш месупорад, ки агар дуруст буд, ки чӣ хуб, вагарна тасҳеҳаш мекунад. Ва ё ин ки аз онҳо мехоҳад рӯи як масъалаи илмии риштаи мавриди назар, таҳқиқ ва пажӯҳиш кунанд ва он гоҳ ҳосили таҳқиқоти худро ба устод ироа намоянд ва устод ҳам таҳқиқоти яко-яки шогирдонашро баррасӣ ва ба тасҳеҳи онҳо мепардозад.

Ин корҳо албатта азхудгузаштагӣ мехоҳад, ҳам аз ҷониби устод ва ҳам аз ҷониби шогирд; зеро, на устод ба хотири ин кораш аз касе пул дарёфт мекунад ва на шогирд маҷбур аст дар берун аз вақтҳои расмии донишгоҳ, вақт бигузорад. Аммо агар мехоҳад донишманд шавад, чорае ҷуз аз ин азхудгузаштагӣ надорад.

Роҳи тарбият ва парвариши донишманд ва олим, ҳамин аст. Бо дарсҳои расмии донишгоҳӣ, ҳаргиз касе донишманд нашудааст. Агар донишманде ҳаст, пас бо ҳамин роҳҳо ва вақт гузоштанҳо ва заҳмат кашиданҳо, донишманд шудааст. Ӯ коре ба мадраку поённомаву шуғле, ки пас аз поёни таҳсил насибаш мешавад надорад, тамоми ҳамму ғаммаш андӯхтани дониш аст.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: