Порлумони Афғонистон: “Ҳамлаи Қундуз, ҷиноят алайҳи башарият аст”

Теъдоде аз намояндагони порлумони Афғонистон таъкид карданд, ки нерӯҳои афғон ва хориҷӣ бо ҳамла ба мадрасаи динӣ дар вилояти Қундуз, муртакиби ҷиноят алайҳи башарият шуданд.

Ба гузориши Tasnimnews, нерӯҳои ҳавоии афғон ва омрикоӣ аввалҳои ҳафта як мадрасаи динӣ дар шаҳристони Даштиарчии вилояти Қундузро ҳадаф қарор доданд, ки даҳҳо кушта ва захмӣ барҷо гузошт.

Лаҳзоте пас аз ин ҳамла бархе аз манобеи маҳаллӣ ва гурӯҳи Толибон эълом карданд, ки дар ин ҳамла ҳудуди 70 ғайринизомӣ кушта 100 захмӣ шуданд.

Порлумони Афғонистон бо эъзоми ҳайъате ба ин минтақа, ин ҳамларо мавриди баррасӣ қарор додааст.

Лолӣ Ҳамидзай, намояндаи Қандаҳор дар порлумон изҳор дошт: “Ҳадаф қарор додани ғайринизомиён, ҷиноят алайҳи башарият аст.”

Камол Носир Усулӣ, намояндаи Хуст низ гуфт: “Омилони чунин хиёнат ва ҷинояте бояд муҳокима шаванд.”

Вай афзуд: “Ин ҳамла раванди сулҳ ва тамоюли Толибон ба сулҳро бо шикаст мувоҷеҳ кард.

Аз сӯи дигар, Абдуррауф Иброҳимӣ, раиси порлумони Афғонистон низ ҳамлаи ахири нерӯҳои ҳавоии афғон ва хориҷӣ ба мадрасаи динӣ дар вилояти Қундузро маҳкум кард.

Иброҳимӣ гуфт: “Ҳадаф қарор додани ғайринизомиёни афғон барои мо қобили қабул нест.”

Реклама


Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: