Перейти к содержимому

Толибон: “Ниҳодҳои мустақил бояд куштори ғайринизомиён дар ҳамлаи ҳавоӣ ба Қундузро баррасӣ кунанд”

Дар ҳоле, ки ҳамлаи муштараки ҳавоии низомиёни омрикоӣ ва афғон ба як мадрасаи динӣ, ҳудуди 70 кушта ва 100 захмӣ барҷо гузоштааст, Толибон эълом кард, ки ниҳодҳои мустақилли байналмилалӣ барои таҳқиқ дар ин бора ҳайъати ҳақиқатёб эъзом кунанд.

Ба гузориши Tasnimnews, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон, бо интишори баёнияе, аз созмонҳо ва ниҳодҳои мустақилли байналмилалӣ хост, то барои баррасии “озодона ва ҳамаҷониба”-и бомбборони мадрасаи динӣ дар вилояти Қундуз ҳайъати ҳақиқатёб ба минтақа эъзом кунад.

Мақомоти маҳаллии ин вилоят пеш аз ин эълом карданд, ки дар ҳамлаи ҳавоӣ ба мадрасаи динӣ дар Даштиарчии вилояти Қундуз, ҳудуди 70 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар низ захмӣ шудаанд.

Сухангӯи артиши Афғонистон эълом кард, аъзои аршади Толибон дар ин ҳамла кушта шуданд, аммо гурӯҳи Толибон тасреҳ мекунад, ки тамоми кушта ва захмиҳои ин ҳамларо ғайринизомиён ташкил медиҳанд.

Дар идомаи ин баёния омадааст, ки Толибон барои эъзоми ҳайъати ҳақиқатёб тамоми заминасозиҳои лозимро эҷод карда ва амнияти ҳайъати эъзомиро низ таъмин хоҳад кард.

Сухангӯи Толибон дар идома низ аз расонаҳо ва хабарнигорон хост, то пас аз сафар ба минтақа ва мушоҳидаи маҳалли ҳодиса, бо мардум ва хонаводаи шуҳадо ва захмиҳо гуфтугӯ карда ва сипас ҳақоиқи ин ҳамларо мунташир кунанд.

Толибон дар баёнияи худ зимни маҳкум кардани ин ҳамла таҳдид кард, ки ин гурӯҳ аз омилони он интиқом хоҳад гирифт.

Гуфтанист, ки ҳамалоти ҳавоии Омрико дар Афғонистон пеш аз ин низ борҳо сабаби кушта шудани ғайринизомиён шудааст, аммо мақомоти омрикоӣ ҳамвора куштори ғайринизомиён дар ин ҳамалотро ба шиддат инкор мекунанд. Таҳқиқи созмонҳои байналмилалӣ низ борҳо ин иддаои фармондеҳони омрикоиро такзиб кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: