Перейти к содержимому

Тромп: “Мо набошем, ду ҳафта ҳам давом намеоваред”

Шабакаи CNN навишт, Тромп ба яке аз подшоҳони араб гуфтааст, дар набуди ҳимояти Омрико, ду ҳафта ҳам давом намеоваред ва коратон тамом аст.”

Шабакаи CNN рӯзи панҷшанбе (05.04.2018) дар гузорише дар бораи ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Омрико, ки ин ҳафта барои тасмимгирӣ дар бораи ояндаи ҳузури низомии Омрико дар Сурия баргузор шуд, навишт, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, исрор дорад, ки кишварҳои арабӣ дастикам бахше аз ҳазинаи ҳузури низомии Омрикоро ба ӯҳда бигиранд.

Бино бар ин гузориш, “Тромп ҳимояти муттаҳидони араби Омрико аз ҳузури низомии ин кишвар дар Ховари Миёнаро “нокофӣ” медонад ва дар маҳофили хусусӣ ҳам борҳо бар ин нукта таъкид ва аз кишварҳои ҳошияи халиҷ (-и Форс) монанди Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, ба пардохти маблағҳои кофӣ барои мубориза бо ДОЪИШ гилоя кардааст.”

Ба навиштаи CNN, Тромп гуфтааст: “Агар Омрико минтақаро тарк кунад, подшоҳиҳои сарватманди ин минтақа бояд ҳавопаймоҳои шахсӣ ва зиндагиҳои ашрофишонро канор бигузоранд.”

Бино бар навиштаи CNN, Тромп дар дидор бо подшоҳи яке аз кишварҳои арабии ҳошияи халиҷ (-и Форс) гуфтааст: “Бидуни мо ду ҳафта ҳам давом намеоваред. Коратон тамом мешавад. Он вақт бояд бо ҳавопаймоҳои оддии мусофирбарӣ парвоз кунед.”

Раисиҷумҳури Омрико дар нишасти ин ҳафтаи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар ибрози хушбинӣ карда, ки “кишварҳои арабии ҳошияи халиҷ (-и Форс) пули бештаре барои бозгардондани субот ба Сурия ҳазина кунанд”. Яке аз ин кишварҳо Арабистони Саудӣ аст, ки ба навиштаи CNN, “қарор аст 4 милёрд дулор барои ин кор ҳазина кунад.”

Тромп, ки ҳафтаи пеш гуфт, ки мӯътақид аст низомиёни Омрико бояд ба суръат Сурияро тарк кунанд, рӯзи сешанбе гуфт, ин кишвар дар сурате ба ҳузур дар Сурия идома медиҳад, ки Арабистони Саудӣ ҳазинаи ин корро бипардозад. Ба навиштаи CNN, Тромп дар нишасти Шӯрои амнияти миллӣ бо мондани кӯтоҳмуддати низомиёни ин кишвар дар Сурия мувофиқат карда, аммо гуфтааст, маъмурияти ин низомиён набояд аз “шикаст додан бо ДОЪИШ” фаротар равад.

Раисиҷумҳури Омрико дар ҷараёни дидор бо Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, бо намоиши намудоре аз харидҳои низомии Арабистон аз Омрико, ба валиаҳди саудӣ гуфт: “Ин пулҳо, ки барои шумо чизе нест. Харидҳоятонро бештар кунед.” Як мақоми саудӣ баъдан ба расонаҳои омрикоӣ гуфт, Бен Салмон аз ин рафтори Тромп “эҳсоси ҳақорат” карда ва аз ӯ ранҷидааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: