Шарҳи Маснавӣ (268)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (12)

* * *

Насиҳат кардани зан мар шӯйро, ки сухани афзун аз қадам ва аз мақоми худ магӯ, “лима тақулуна мо ло тафъалуна”, ки ин суханҳо агарчи рост аст, он мақоми таваккул туро нест ва ин сухан гуфтан фавқи мақому муомилаи худ зиён дорад ва “кабура мақтан индаллоҳ” бошад (3)

* * *

Хасми зулму макри ту Аллоҳ бод,

Макри ақли ту, зи мо кӯтоҳ бод.

Душмани ситаму найранги ту Худо бошад, ва найранги ақли ту аз мо кӯтоҳ бошад.

Нукта: Дар ин ҷо Мавлоно аз забони зани аъробӣ аҳволи шайхҳои риёкор ва музаввирро, ки аҳли ҳаворо сайд мекунанд тавсиф мекунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.702)

Ҳам ту морӣ, ҳам фусунгар, ин аҷаб!

Моргиру морӣ, эй нанги араб!

Шигифто, ки ту ҳам морӣ ва ҳам афсунгар, ту ҳам моргирӣ ва ҳам мор, эй нанги тозиён!

Фусунгар: ҷодугар, касе, ки афсун мехонад.

Зоғ агар зиштийи худ бишнохтӣ,

Ҳамчу барф аз дарду ғам бигдохтӣ.

Масалан, зоғ агар аз зиштии худ огоҳ мешуд, аз дарду ғам ҳамчун барф об мешуд.

Марди афсунгар бихонад чун адӯ,

Ӯ фусун бар мор, мор афсун бар-ӯ.

Марди афсунгар бар мор ҳамчун душман афсун мехонад. Ӯ афсунро бар мор мехонад ва мор ҳам ӯро афсун мекунад.

Нукта: Афъоли одамӣ таҳти тасарруфи майлу ангеза аст. Ибтидо мор моргирро шефтаи худ мекунад ва сипас моргир бар ӯ афсун мехонад ва сайдаш мекунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.703)

Гар набудӣ доми ӯ афсуни мор,

Кай фусуни морро гаштӣ шикор?

Агар афсуни мор барои он афсунгар дому банд набуд, кай афсунгар шикору гирифтори афсуни мор мешуд ва он мор чӣ гуна метавонист ӯро ба худаш машғул созад?

Марди афсунгар зи ҳирси касбу кор

Дарнаёбад он замон афсуни мор.

Марди афсунгар (моргир) аз шиддати озмандӣ ва кору касб, он мавқеъ, афсуни морро бар худаш намефаҳмад.

Мор гӯяд: эй фусунгар ҳину ҳин!

Они худ дидӣ? Фусуни ман бибин.

Мор мегӯяд: эй афсунгар! Бидон ва огоҳ бош, ки натиҷаи афсуни худро дидӣ, инак афсуни маро низ бибин.

Ҳин: огоҳ бош, такрори он низ ҷиҳати таъкид аст.

Нукта: Муршидони риёкор ва қутбнамоҳои фиребкор, ки ҳамвора бо ҳилаву дағал асҳоби нафсу ақрони ҳаворо афсун мекунанд, мӯҷиб мешаванд, ки он мардум пиромунашон ҳалқа зананд ва бо алқобу ановини пурзарқу барқ пирони дағалбозро мафтуну машғул ба худ кунанд ва чун онон ба касрати муридон ва анбӯҳи ҳаводорони худ менигаранд, гумон медоранд, ки воқеан касе ҳастанд. Ба қавли Иззуддини Насафӣ: “Эй дарвеш! Бисёр дидам, ки ин рангро бар худ бастаанд ва даъвии шайхӣ мекунанд ва шайхеро доми молу ҷоҳ сохтаанд. Худои Таъоло ҳамаро аз сӯҳбати эшон нигоҳ дорад.” (Мақсади ақсо, с.226-227) Пас, муродони дурӯғин муриди муридони худ ҳастанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.704)

Ту ба номи Ҳақ фиребӣ мар маро,

То кунӣ расвои шӯру шар маро.

Ту бо ному унвони шарифи Ҳақ Таъоло маро фиреб медиҳӣ, то маро расвои шӯру шарр кунӣ. Яъне хулоса маро василае месозӣ барои ҷалби дигар соддалавҳон. Пас, ман дар воқеъ ба хотири Ҳақ ва ҳақиқат мутеъи ту шудам, на ба хотири худи ту.

Номи Ҳаққам баст, не он ройи ту,

Номи Ҳақро дом кардӣ, войи ту!

Эй пири риёкор ва эй қутби дағалкор! Бидон, ки танҳо ин номи шарифи Ҳақ Таъолост, ки маро таслиму фармонбардори ту карда, на раъйи ту, зеро ту забунтар аз ин ҳастӣ, ки ман таслими ту бошам. Ту номи шарифи Ҳақро василае кардӣ барои шикор кардани ман. Пас, вой бар аҳволи ту, ки Ҳақро василаи расидан ба ботил мекунӣ.

Номи Ҳақ бистонад аз ту доди ман,

Ман ба номи Ҳақ супурдам ҷону тан.

Номи шарифи Ҳақ Таъоло доди маро аз ту мегирад, ки ман ҷону колбадамро ба номи шарифи Ҳақ таслими ту кардаам.

Ё ба захми ман раги ҷонат бурад,

Ё туро чун ман ба зиндоне барад.

Ё бо захми ман, раги умратро мебурад, ё он ки ҳамонанди ман ба зиндонат гирифтор месозад.

Нукта: Дар абёти фавқ, Мавлоно аз забони аъробӣ, мушикофиҳои дақиқе дар бораи шайхҳои риёкор ва ақтоби маккор ба даст дода, ва ин иблисони одамрӯйро муаррифӣ кардааст, то толибони Ҳақ ба ҳар дасте даст надиҳанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.704)

Зан аз ин гуна хашингуфторҳо

Хонд бар шӯйи ҷавон тӯморҳо.

Зани аъробӣ ба дарозии тӯморҳо аз ин суханони хашину ноҳамвор барои ҳамсари худ хонд. Хулоса, ҳарфҳои дуршту ногувор бад-ӯ зад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: