Перейти к содержимому

Ҳароме, ки ҳалол шуд

Мусобиқаи саросарии “картабозӣ” дар Арабистони Саудӣ барои аввалин бор дар ин кишвар аз рӯзи чаҳоршанбе ба муддати 5 рӯз ва бо ҳимоят ва мушорикати шахсиятҳои динии ин кишвар оғоз шуд. Ва ин дар ҳоле аст, ки муфтиҳои ин кишвар аз ҷумла муфтии собиқи Арабистон, Бен Боз, “картабозӣ”-ро як амали ҳаром медонист.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Арриёз, аввалин мусобиқаи “картабозӣ” дар Арабистони Саудӣ расман аз рӯзи чаҳоршанбе (04.04.2018) дар шаҳри Риёз, пойтахти ин кишвар шурӯъ шуд.

Туркӣ Оли Шайх, раиси Шӯрои идораи кулли варзиши Арабистон, дар моҳи феврал раиси Кумитаи олимпики ин кишварро маъмури баргузории ин мусобиқа кард. Ин нишаст қарор аст ба муддати 5 рӯз (аз 4 то 8 апрел) идома дошта бошад.

Идораи кулли варзиши Арабистон эълом кардааст, ки ҷоизаҳои нақдӣ ба арзиши 500 ҳазор риёли саудӣ (133 ҳазор дулор) барои ин мусобиқот дар назар гирифта шуда ва қарор аст барои нафарҳои аввал то чаҳорум ба тартиб, 133 ҳазор дулор, 66 ҳазор дулор, 40 ҳазор дулор ва 26 ҳазор дулор ба унвони ҷоиза пардохт шавад.

Эъломи баргузории мусобиқоти варақбозӣ ва ҳимояти бархе аз шахсиятҳои динии Арабистони Саудӣ аз ҷумла имоми пешини Маккаи Мукаррама аз ин мусобиқот ва ҳузури онҳо дар маросими ифтитоҳи он, вокуниш ва интиқоди фаъолони фазои маҷозиро ба ҳамроҳ доштааст.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Шайх Одил ал-Калбонӣ, аз мубаллиғони машҳури саудӣ ва имоми пешини намозҳои таровеҳи Масҷидулҳаром, рӯзи чаҳоршанбе дар ин мусобиқот ҳузур ёфт ва мушорикат кард, ки интиқоди фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро дар пай дошт.

Арабистони Саудӣ дар ҳоле мусобиқоти “картабозӣ”-ро ба сурати расмӣ баргузор мекунад, ки Шайх Абдулазиз бен Боз, муфтии аъзами Арабистон (аз соли 1992 то 1999), онро “қимор” шумурда ва фатво додааст, “бар ҳар мусалмоне воҷиб аст аз ин бозӣ, ки қимор аст бипарҳезад.”

Тасовире аз баргузории мусобиқоти «картабозӣ» дар Риёзи Арабистони Саудӣ:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: