Чаро Худо қориёни Қуръонро ҳифз накард?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Амрикоиҳо дар Афғонистон 50-70 қории мураттаби Қуръонро бомбаборон карда куштанд; Худо чаро ҳифзашон накард, малоикаҳо куҷо?

Ин гуфтор, гуфтори яке аз таҳсилдидаҳои ҷомеаи мост. Яке дигар аз таҳсилдидаҳо, ки аз устодони донишгоҳ ҳам ҳаст, зери ёддошти фавқ навишта: “Бисёр пурсиши мантиқӣ ва таҳрикдиҳандаи зеҳн. Хандаовар ҳам мешуд, агар гап сари фоҷеаи вазнин набуд. Ёди кӯдакони бегуноҳ ба хайр бод!

Феълан, ба шахси ин гӯяндаҳо коре надорам, барояшон ҳамчун шахс эҳтиром қоилам. Баҳси ман дар ин навиштор, рӯи як матлаби дигар аст.

Ва он ин ки: як одами таҳсилдида ва устоди донишгоҳ — сарфи назар аз ин ки ба Худо бовар дорад ё надорад, мусалмон аст ё нест, диндор аст ё нест — вақте мехоҳад дар бораи Худо, паёмбарӣ, маорифи динӣ ва хулоса ҳар чи марбут ба дин аст изҳори назар кунад, аввал бояд андаке дар бораи ин маориф ва мафоҳим — чунон ки дар сарчашмаҳояш омадааст — огоҳӣ ҳосил кунад, ва сипас бар асоси огоҳӣ ва маърифат, дар бораи он дин қазоват ва доварӣ намояд, на бар пояи шунидаҳо ва дидаҳо аз ину он, ба хусус аз қиссаҳои пиразанон.

Масалан, агар шумо мехоҳед дар бораи масеҳият ва усули ин дин ҳарфе бизанед, шумо ҳақ надоред бидуни иттилои кофӣ аз он чи дар сарчашмаҳои ин ойин омадааст ҳарфе бизанед, ва довариҳоятон бар асоси пешфарзҳое бошад, ки дар зеҳни шумо бар асари шунидаҳоятон аз ину он шакл гирифтааст. Дар бораи ҳар дину ойине, масъала аз ҳамин қарор аст, чӣ ислом бошад ё яҳудият, чӣ мактаби Будо бошад ё мактаби Зартушт ва ғайра. Асосан, на танҳо дину ойин, балки ҳар мавзӯъе. Яъне, бидуни огоҳӣ ва маърифати лозим дар бораи як мавзӯъ, одам набояд дар бораи он қазоват кунад.

Такрор мекунам, лозим нест вақте мехоҳед дар бораи як матлаб изҳори назар кунед, шумо лузуман ба он боварманд бошед, ин лозим нест, шояд аз беху бун мункираш ҳастед, вале агар мехоҳед изҳори назар ва доварӣ кунед, шарти қазоват ин аст, ки дар бораи он дорои маълумоти кофӣ бошед.

* * *

Ҳол, ин ду гуфторе, ки дар садри ин навиштор аз забони ду инсони таҳсилдида нақл кардам, нишон медиҳад, таҳсилдидаҳои мо ва касоне, ки мураттаб дигаронро ба “хондан” даъват мекунанд, тасаввурашон дар бораи маорифи динӣ, чӣ қадр тасаввури баччагона аст!

Албатта, ин тасаввури кӯдакона, аз халаъ ношӣ нашудааст, балки ношӣ аз тасаввури авомми динбоварон аст, чӣ мусалмонон ва чӣ ғайримусалмонон. Авомми диндорон фикр мекунанд вақте ба Худо боварманд шуданд ва дастуроти он динро анҷом медиҳанд, пеши Худо “баргузида” хоҳанд шуд ва бар гардани Худо ҳақ пайдо хоҳанд кард, аз ин рӯ бар Худо “воҷиб” аст, ки ҳамеша ҳавои онҳоро дошта бошад! Масалан, яҳуд фикр мекарданд “маҳбуби” Худо ҳастанд ва ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират Худо мувозиби онҳост. Насоро ҳам якчунин пиндоре доштанд. Ва андак нестанд мусалмононе ҳам, ки чунин хаёле бар сар доранд.

Аммо Худованд бо як қотеияти тамом, инчунин пиндореро, аз ҳар ки бошад, рад мекунад:

وَقَالُواْ لَن تَمَسَّنَا النَّارُ إِلاَّ أَيَّامًا مَّعْدُودَةً قُلْ أَتَّخَذْتُمْ عِندَ اللّهِ عَهْدًا فَلَن يُخْلِفَ اللّهُ عَهْدَهُ أَمْ تَقُولُونَ عَلَى اللّهِ مَا لاَ تَعْلَمُونَ. بَلَى مَن كَسَبَ سَيِّئَةً وَأَحَاطَتْ بِهِ خَطِيئَتُهُ فَأُوْلَئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ. وَالَّذِينَ آمَنُواْ وَعَمِلُواْ الصَّالِحَاتِ أُولَئِكَ أَصْحَابُ الْجَنَّةِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

Ва (яҳуд) гуфтанд: ҳаргиз оташи дӯзах ба мо намерасад, ва агар бирасад, айёми маҳдуде беш нахоҳад буд. Бигӯ: оё дар ин бора аз Худо паймоне гирифтаед? — албатта агар паймон дошта бошед Худо хулфи аҳд намекунад — ё ин ки чизеро, ки намедонед ба Худо мебандед? Мутмаин бошед касе, ки гуноҳ фароҳам месозад ва хатоҳояш бар ӯ иҳота кардаанд, барои ҳамеша ҳамнишину ҳамдами оташ хоҳад буд. Ва касоне, ки имон доранд ва корҳои нек баҷо меоваранд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовид хоҳанд буд.” (Сураи Бақара, оятҳои 80-82)

Бинобар ин, маншаи он қазовати нодурусти таҳсилдидаҳои мо, ин гуна пиндорҳо ва таваҳҳумҳои ботил дар назди бисёре аз динбоварон аст, на сарчашмаҳои дине, ки ин динбоварон аз он пайравӣ мекунанд.

Аммо оё ин дуруст аст, ки вақте мехоҳӣ дар бораи як дин изҳори назар кунӣ, сарчашмаи ту ақоиди авоммуннос бошад?! Қатъан, на. Ин қобили қабул нест.

* * *

Ин оқо, ки дар бораи қориёни навҷавони афғонӣ, ки тавассути омрикоиҳои хунхор кушта шуданд мегӯяд: “Худо чаро ҳифзашон накард, малоикаҳо куҷо?”, тасаввураш ин аст, ки агар дини ислом дини ҳақ аст, пас гаравандагони ба ин дин — яъне мусалмонон, тоза қориёни Қуръонаш — бар гардани Худо ҳақ пайдо кардаанд ва мисли ин ки Худо бадеҳкори онҳост ва Худованд мебоист аз онҳо дар ҳар сурат ҳифз кунад. Ва худи ин тасаввур низ ношӣ аз як тасаввури ғалати дигар аст, ва он ин ки: тараф фикр мекунад, Худованд аз имон ба вай ва ин ки касе дастуроти ӯро анҷом диҳад, нафъ мебарад ва фоидаи имону амали бовармандон, оиди Худо мешавад. Ин тасаввур, тасаввури хатост. Зеро агар мо имон биёварем ва тибқи дастуроти илоҳӣ амал кунем, ин ба нафъи мост, Худо бениёзи мутлақ аст; на аз имони касе суде оидаш мешавад ва на аз куфри аҳаде заруру зиёне мебинад:

وَقُلِ الْحَقُّ مِن رَّبِّكُمْ فَمَن شَاء فَلْيُؤْمِن وَمَن شَاء فَلْيَكْفُرْ

Бигӯ: ҳақ аз парвардигорат расидааст; пас, ҳар кас ки бихоҳад, имон оварад, ва ҳар ки бихоҳад, куфр варзад…” (Сураи Каҳф, ояти 29)

Ба сухани дигар: Худованд бо фиристодани паёмбарони илоҳӣ ба сӯи одамиён, барои онҳо роҳро аз чоҳ нишон медиҳад ва мегӯяд, роҳи саодат ва хушбахтӣ дар дунё ва охират ин аст, ва роҳи шақоват ва бадбахтӣ он. Он гоҳ шумо ихтиёр доред ҳар кадомеро бипаймоед; агар хостед, роҳи шақоватро бипаймоед, ва агар хостед, роҳи саодатро. Агар роҳи саодатро паймудед, ба фоидаи худатон аст, на Худованд, ва агар роҳи шақоватро ихтиёр кардед, ба зарару зиёни худатон аст:

مَن كَفَرَ فَعَلَيْهِ كُفْرُهُ وَمَنْ عَمِلَ صَالِحًا فَلِأَنفُسِهِمْ يَمْهَدُونَ

Ҳар ки куфр варзад, куфраш ба зиёни худи ӯст, ва касоне, ки кори шоиста кунанд, фарҷоми некро ба суди худашон омода мекунанд.” (Сураи Рум, ояти 44)

Бале, Худованд дӯст дорад шумо роҳи саодатро ихтиёр кунед, вале агар напаймудед, Худоро ҳеч зарару зиёне нарасондаед:

إِن تَكْفُرُوا فَإِنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ عَنكُمْ وَلَا يَرْضَى لِعِبَادِهِ الْكُفْرَ وَإِن تَشْكُرُوا يَرْضَهُ لَكُمْ

Агар куфр варзед, Худо аз шумо бениёз аст (яъне ниёзе ба имони шумо надорад ва фоидае ҳам аз он оиди Худо намешавад), ва албатта барои бандагонаш куфрро намеписандад (ва розӣ нест, ки куфр варзанд), ва агар сипос доред, онро барои шумо меписандад…” (Сураи Зумар, ояти 7)

Аммо ин оқоён тасаввурашон ин аст, ки ҳамин ки як нафар мӯъмину мусалмон шудааст, тоза қории Қуръон ҳам бошад, пас бар гардани Худованд ҳаққе пайдо карда ва он гоҳ Худо вазифа дорад ҳамеша ҳавои ӯро дошта бошад, ба ҳадде, ки агар дар мусибате гирифтор ояд, он вақт бар Худо миннат гузорад, ки Худоё! Мо, ки мусалмонем, чаро бо мо чунин шуда?!

يَمُنُّونَ عَلَيْكَ أَنْ أَسْلَمُوا قُل لَّا تَمُنُّوا عَلَيَّ إِسْلَامَكُم بَلِ اللَّهُ يَمُنُّ عَلَيْكُمْ أَنْ هَدَاكُمْ لِلْإِيمَانِ

Аз ин ки ислом овардаанд, бар ту миннат мениҳанд. Бигӯ: бар ман аз ислом оварданатон миннат магузоред, балки ин Худост, ки бо ҳидоят кардани шумо ба имон, бар шумо миннат мегузорад…” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 17)

Агар қарор буд Худои Мутаъол ҳавои касеро медошт ва ӯро аз ҳар газанду осебе ҳифз мекард, қатъан ин паёмбарони илоҳӣ буданд; дар ҳоле ки дар ин дунё мо касеро суроғ надорем, ки ба андозаи анбиёи илоҳӣ сахтӣ кашида бошанд; аз Одаму Нуҳу Иброҳим алайҳимуссалом бигир то Мӯсову Исову Хотамуланбиё салавотуллоҳи алайҳим аҷмаъин. Дар ривоят аст, ки:

إنّ أشدّ النّاس بلاء الأنبياء، ثمّ الّذين يلونهم، ثمّ الأمثل فالأمثل

Шадидтарини мардум аз ҷиҳати имтиҳону озмоиш, анбиё ҳастанд, сипас касоне, ки ба анбиё наздик мебошанд ва баъд аз эшон ҳар ки дар рутба болотар аст.”

Асосан, иштибоҳи асосии касоне, ки инчунин пиндорҳои ғалате дар сар мепарваронанд ин аст, ки зиндагии одамиро фақат дар ҳамин дунёи фонӣ маҳдуд донистаанд, ки агар қарор аст касе хушбахт бошад, аз назари инон, бояд дар ҳамин дунё хушбахт бошад; дар ҳоле ки аз назари як динбовар, саодат ва хушбахтӣ он аст, ки дар охират ва зиндагии ҷовидон насиби одамӣ бишавад.

* * *

Нуктаи дигар он ки: ҷараёни умур дар ин дунё, тибқи суннат ва қонуни илоҳӣ, ки қарор додааст, сурат мегирад. Худованд мефармояд:

إِنَّ اللّهَ لاَ يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنْفُسِهِمْ

Дар ҳақиқат, Худованд вазъи қавмеро тағйир намедиҳад, то онон вазъи худро тағйир диҳанд…” (Сураи Раъд, ояти 11)

Ин, як қонун ва суннати тағйирнопазири илоҳист, ки дар истилоҳи илмӣ, ба он “қонуни иллият” мегӯянд. Худо дар ин оят мефармояд, кори Худо дар мавриди инсонҳо, аз тариқи ихтиёр ва интихоби худи инсонҳо ҷараён меёбад. Ба сухани дигар, тамоми корҳо дар ҳастӣ, тибқи хост ва иродаи илоҳӣ сурат мегиранд; ва иродаи илоҳӣ дар мавриди кори инсонҳо он аст, ки “бо иродаи худи инсонҳо” анҷом бигирад. Ин таъбир, ки: “Худованд вазъи қавмеро тағйир намедиҳад, то онон вазъи худро тағйир диҳанд”, таъбири бисёр дақиқ аст. Яъне, ту агар талош кардӣ ва вазъи худро тағйир додӣ, ин ҳамон иродаи илоҳист. Зеро иродаи илоҳӣ дар мавриди ту, эй инсон, аз тариқи “иродаи худи ту” ҷараён меёбад. Ҳоло як мисол бизанам, то масъала равшантар бишавад: агар ба вуҷуд омадани як инсон дар рӯи замин — масалан инсоне ба номи Абӯалӣ ибни Сино – ки кори Худост, ин кори Худо чӣ гуна таҳаққуқ ёфта? Оё як дафъа аз осмон инсоне ба номи Ибни Сино фуруд омада, ё он ки як марду зане бо ҳам издивоҷ карданд ва бо ҳам омезиданд ва сипас нутфаи мард ба раҳими зан мунтақил шуд ва он гоҳ зан бордор гардид ва пас аз 9 моҳ Ибни Синое ба дунё омад? Пас, кори Худо дар олами ҳастӣ, аз тариқи асбоб ва авомили муайяне ҷараён меёбанд, ки дар ин мисол, падару модари Ибни Сино, яке аз асбоб ва авомили ба вуҷуд омадани ӯст, албатта дар канори садҳо ва ҳазорон асбоб ва авомили дигар.

Ҳол, дар мавриди корҳои мо, инсонҳо низ, ки кори Худост, яке аз асбоб ва авомили он, “ихтиёр ва интихоб”-и худи мост. То ту худат анҷоми кореро нахоҳӣ, ҳаргиз ба вуқӯъ намепайвандад. Агар ту ақибафтодаӣ, ин натиҷаи сустӣ ва танбалии худат аст, чӣ мусалмон бошӣ ва ё ғайримусалмон. Ва баръакс, агар ту пешрафт ҳосил кардаӣ, ин натиҷаи саъю талоши худи туст, чӣ мусалмон бошӣ ва ё ғайримусалмон.

Ин қонуни илоҳӣ, истиснопазир нест. Яъне чунин нест, ки агар мусалмон сустӣ кард, Худо бо иҷбор ӯро муваффақ созад. Ва агар як кофир саъю талош кард, Худо бо иҷбор ӯро ноком гардонад. Чунин нест. Балки дар сурати сустии мусалмон, ақибафтодагӣ гиребонгири ӯст, ва дар сурати талоши кофир, пешрафт насиби ӯст: “Худованд вазъи қавмеро тағйир намедиҳад, то онон вазъи худро тағйир диҳанд.

Дар садри ислом, мусалмонон илм андӯхтанд ва барои илмандӯзӣ на замон шинохтанд ва на макон. Замон нашинохтанд, чун паёмбарашон ба онҳо дастур фармуда буд, “аз гаҳвора то гӯр илм” андӯзанд. Ва макон нашинохтанд чун ҳазрати Расули Акрам (с) дастур фармуд, илм андӯзед “ҳарчанд дар Чин бошад” ё “аз дасти як мушрику кофир ҳам бошад”. Аз ин рӯ, дар муддати замони бисёр андак ва кӯтоҳе, аз мутараққитарини миллатҳои рӯи замин гардиданд ва амсоли Ибни Ҳайсамҳо, Беруниҳо, Бӯалиҳо, Хоразмиҳо дар матни он ҷомеа падид омаданд ва донишгоҳҳои Бағдоду Қоҳираву Бухоро қиблаи муроди донишдӯстони ҷаҳон гардид ва аз ақсо нуқоти гетӣ алоқамандон ба тарафи онҳо рахти сафар мебастанд ва дониш меомӯхтанд, дуруст мисли Оксфорду Кембриҷи имрӯза.

Аммо замоне, ки ҳамин мусалмонон сустӣ ва танбалӣ карданд ва зимоми умури хешро ба дасти бегонаҳо супурданд ва ба хотири масоили ҷузъии мазҳабӣ гиребони якдигарро гирифтанд ва тафриқа дар миёнашон падид омад, дар он сурат, ақиб афтоданд ва ҳолашон имрӯз ба он ҷо расид, ки шоҳидаш ҳастем; бибинед Қуръони Карим чӣ мегӯяд:

وَلاَ تَنَازَعُواْ فَتَفْشَلُواْ وَتَذْهَبَ رِيحُكُمْ

Бо ҳам низоъ ва кашмакаш накунед, ки суст мешавед ва обрӯятон меравад…” (Сураи Анфол, ояти 46)

Оё таъбире дақиқтар аз ин таъбири қуръонӣ дар мавриди ҳолу вазъи имрӯзи мо мусалмонон метавон ёфт?! Имрӯза, бештари ҳамму ғамми мусалмонон, фақат ин шуда, ки бо ҳам мудом дар ин мавзӯъҳо машғули низоъу кашмакаш ҳастанд: шиъа кофир аст, суннӣ кофир аст, оё Худо дар осмон аст ё нест ва ин қабил масоил; дар ҳоле, ки Худованд тасреҳ меунад: “Бо ҳам низоъ ва кашмакаш накунед, ки суст мешавед ва обрӯятон меравад…”

Имрӯз ҳоли мусалмонон ба ҷое расидааст, ки дар як сарзамини ба номи мусалмон артиши як кишвари бегона ҷавалон мезанад ва ҳар коре, ки дилаш мехоҳад, анҷом медиҳад ва ҳудуди 100 нафар қории Қуръони Каримро қатли омм мекунад. Чаро? Ба ин хотир, ки худамон аз ӯ даъват кардаем, то баъзе аз моро алайҳи баъзе аз худи мо кӯмак кунад! Он вақт таваққӯъ дорем, Худованд ва фариштаҳо қориёни моро ҳифзу нигаҳдорӣ кунанд!

Маҳмудхон Бурҳонов дар зайли гуфтори он оқо, бисёр расо гуфтааст он ҷо, ки гуфта:

Қарор нест Худо мӯъҷиза бикунад. Худо ҳамон ақлу шуъур ва дасту пое, ки ба омрикоиҳо додааст, ба мусалмонон ҳам додааст. Агар давлати як кишвари мусалмонӣ вобастаи бегонагон бошад, агар кишварашро ҷавлонгоҳи низомиёни бегона қарор диҳад, маълум аст, ки он бегонагон ҳар номаъқуле, ки хоҳанд анҷом медиҳанд… Ин мисли он мемонад, ки шумо ғоратгаронро ба хонаи худ роҳ диҳед ва аз онҳо пазироӣ кунед ва он гоҳ, ки онҳо ба зану фарзандатон дастдарозӣ карданд, бигӯед чаро Худо зану фарзанди маро аз шарри ин ғоратгарон ҳифз накард?

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: