Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (42)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши нӯҳум: амали хайр аз ғайримусалмон (4)

Сахтгирҳо

Дар қиболи равшанфикрмаобон, ки муддаиянд амали хайр аз ҳар кас дар ҳар вазъу ҳоле, ки бошад мақбули даргоҳи Худост, муқаддасони сахтгир қарор гирифтаанд, ва инҳо дуруст дар нуқтаи муқобили онҳо мавзеъгирӣ кардаанд. Инҳо мегӯянд: маҳол аст, ки амале аз ғайримусалмон пазируфта бошад. Аъмоли кофирон як пул ҳам арзиш надорад. Кофир худаш мардуду матруд аст, пас амалаш ба тариқи авло мардуд аст. Ин гурӯҳ низ ду далел меоваранд: ақлӣ ва нақлӣ.

1) Далели ақлӣ: далели ақлии ин гурӯҳ ин аст, ки агар бино бошад аъмоли ғайримусалмон мақбули даргоҳи илоҳӣ бошад, пас фарқ миёни мусалмон ва ғайримусалмон чист? Фарқ миёни онҳо ё бояд ба ин тартиб бошад, ки аъмоли нек аз мусалмон мақбул бошад ва аз номусалмон мақбул набошад, ё ба ин тартиб, ки аъмоли бад дар мусалмонон иқоб надошта бошад ва дар ғайри онҳо иқоб дошта бошад. Аммо агар бино бар ин бошад, ки аъмоли неки ҳар ду гурӯҳ подоши нек дошта бошад ва аъмоли бади ҳар ду гурӯҳ кайфар дошта бошад, пас фарқ миёни онҳо чӣ хоҳад буд? Ва асари ислом дар ин фарз чӣ метавонад бошад? Тасовии кофиру мусалмон дар ҳисоби аъмол, маънояш ҷуз ин нест, ки асосан ислом чизи зоид ва лағв ва ғайри лозимӣ аст.

2) Далели нақлӣ: илова бар истидлоли фавқ, ин даста ба ду оят аз Қуръони Карим ва порае аз ривоятҳо ва аҳодис истидлол мекунанд.

Дар порае аз оятҳои Қуръон ва ривоятҳо тасреҳ шуда, ки амали кофир ғайримақбул аст. Дар сураи муборакаи Иброҳим, Худо аъмоли куффорро ба хокистаре ташбеҳ мекунад, ки ба василаи тундбоде пароканда шавад ва аз даст биравад:

مَّثَلُ الَّذِينَ كَفَرُواْ بِرَبِّهِمْ أَعْمَالُهُمْ كَرَمَادٍ اشْتَدَّتْ بِهِ الرِّيحُ فِي يَوْمٍ عَاصِفٍ لاَّ يَقْدِرُونَ مِمَّا كَسَبُواْ عَلَى شَيْءٍ ذَلِكَ هُوَ الضَّلاَلُ الْبَعِيدُ

Масали кофирон ин гуна аст, ки корҳои эшон ҳамчун тӯдаи хокистаре аст, ки дар як рӯзи тӯфонӣ дастхуши боди сахте гардад; бар чизе аз он чи фароҳам кардаанд даст намеёбанд; он аст гумроҳии амиқ.” (Сураи Иброҳим, ояти 18)

Дар ояте аз сураи муборакаи Нур, аъмоли кофирон ба саробе ташбеҳ шудааст, ки “обнамо” аст, вале аз наздик ҳеч аст. Ин оят мефармояд: хадамоти бузурге, ки чашмҳоро хира мекунад ва дар назари бархе аз соддалавҳҳо ҳатто аз хадамоти анбиё ҳам бузургтар аст, агар бо имон ба Худо тавъам набошад, ҳечу пуч аст ва азамати он, хаёле беш нест, ҳамчунон, ки сароб. Инак, матни ояти карима:

وَالَّذِينَ كَفَرُوا أَعْمَالُهُمْ كَسَرَابٍ بِقِيعَةٍ يَحْسَبُهُ الظَّمْآنُ مَاء حَتَّى إِذَا جَاءهُ لَمْ يَجِدْهُ شَيْئًا وَوَجَدَ اللَّهَ عِندَهُ فَوَفَّاهُ حِسَابَهُ وَاللَّهُ سَرِيعُ الْحِسَابِ

Ва кофирон корҳояшон ҳамчун саробе дар биёбон аст, ки шахси ташна онро об мепиндорад, то вақте ки наздики он биёяд, мебинад, ки ҳеч нест; ва Худоро дар он ҷо меёбад, ки ба ҳисоби вай мерасад ва Худо бедиранг ҳисобро тасфия мекунад.” (Сураи Нур, ояти 39)

Ин, масали кори неки кофирон аст, ки ба назар нек меояд, вой аз аъмоли бади эшон!

Масали онро дар ояти баъд чунин мехонем:

أَوْ كَظُلُمَاتٍ فِي بَحْرٍ لُّجِّيٍّ يَغْشَاهُ مَوْجٌ مِّن فَوْقِهِ مَوْجٌ مِّن فَوْقِهِ سَحَابٌ ظُلُمَاتٌ بَعْضُهَا فَوْقَ بَعْضٍ إِذَا أَخْرَجَ يَدَهُ لَمْ يَكَدْ يَرَاهَا وَمَن لَّمْ يَجْعَلِ اللَّهُ لَهُ نُورًا فَمَا لَهُ مِن نُّورٍ

Ё ҳамчун пораҳои зулмат дар дарёе жарф, ки онро мавҷе, ки рӯи он мавҷест фаро гирад, ва дар боло абре қарор гирифта бошад; вақте одамӣ дасти хешро берун оварад, натавонад онро бибинад. Ҳар киро Худо равшанӣ надиҳад, ҳеч равшанӣ надорад.” (Сураи Нур, ояти 40)

Аз замима сохтани ин оят бо ояти қабл чунин истинбот мекунем, ки аъмоли неки кофирон бо ҳамаи зоҳири фиребанда, сароби бевоқеият аст ва аммо аъмоли бади эшон во мусибато! Шарр андар шарр, ва зулмат рӯи зулмат аст!

Оятҳои мазбур вазъи амали кофирро равшан мекунад…

Ин аст далоили касоне, ки мегӯянд асоси саодат ва некбахтӣ, имон ва эътиқод аст.

Гоҳе бархе аз ин гурӯҳ, ифрот карда ва сирфи иддаои имон ва дар ҳақиқат интисоби маҳзро милоки қазоват қарор медиҳанд; масалан Мурҷиа ҳамин гуна фикрро таблиғ мекарданд, ки хушбахтона мунқариз шудаанд…

Акнун бояд бибинем кадом як аз ин афкор саҳеҳ аст? Оё бояд асолатулэътиқодӣ шуд ё асолатуламалӣ? Ё шиққи дигаре вуҷуд дорад? Инак, баҳс дар арзиши имону эътиқод.

* * *

Арзиши имон

Дар бораи арзиши имон дар се марҳила бояд баҳс кард:

1) Оё фуқдони (набудани) эътиқод ва имон ба усули дин — аз қабили тавҳид ва нубувват ва маод, ва аз нигоҳи шиъа илова бар ин се, имомат ва адл — дар ҳар шароите, ки фарз шавад, мӯҷиби азоби илоҳӣ аст? Ё он ки имкон дорад, ки бархе аз беимонон, маъзур бошанд ва дар муқобили беимонӣ муъоқаб набошанд?

2) Оё имон шарти ҳатмии қабули амали хайр аст ба тавре, ки ҳеч кори неке аз ғайримусалмонон пазируфта нест?

3) Оё куфр ва инкор, мӯҷиби аз байн рафтани аъмоли хайр намешавад?

Дар зимни мабоҳиси оянда, ҳар се марҳиларо мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод.

* * *

Муохаза (ҷазо) бар куфр

Шакке нест, ки куфр бар ду навъ аст: яке, куфр аз рӯи лаҷбозӣ ва инод, ки “куфри ҷуҳуд (инкор)” номида мешавад, ва дигар, куфр аз рӯи ҷаҳолат ва нодонӣ ва ошно набудан ба ҳақиқат. Дар мавриди аввал, далоили қатъӣ ва ақлу нақл гӯёст, ки шахсе, ки дониста ва шинохта, бо ҳақ инод меварзад ва дар садади инкор бармеояд, мустаҳиққи уқубат аст. Вале дар мавриди дуввум, бояд гуфт, агар ҷаҳолат ва нодонӣ аз рӯи тақсиркории шахс набошад, мавриди афву бахшиши Парвардигор қарор мегирад.

Барои тавзеҳи ин масъала лозим аст қадре дар бораи “таслим” ва “инод” баҳс кунем. Қуръони Карим мефармояд:

يَوْمَ لَا يَنفَعُ مَالٌ وَلَا بَنُونَ. إِلَّا مَنْ أَتَى اللَّهَ بِقَلْبٍ سَلِيمٍ

 “(Рӯзи қиёмат) рӯзе аст, ки молу писарон ба дарди инсон намехӯранд ҷуз ин ки касе бо қалби солим назди Худо биёяд.” (Сураи Шуъаро, оятҳои 88-89)

* * *

Маротиби таслим

Асоситарин шарти саломати қалб, таслим будан дар муқобили ҳақиқат аст. Таслим се марҳила дорад: таслими тан, таслими ақл, таслими дил.

Замоне, ки ду ҳариф бо якдигар набард мекунанд ва яке аз тарафайн эҳсоси шикаст мекунад, мумкин аст таслим гардад. Дар ин гуна таслимҳо, маъмулан ҳарифи мағлуб дастҳои худро ба унвони таслим боло мекунад ва аз ситезу ҷанг бозмеистад ва дар итоати ҳариф дармеояд, яъне ҳар тавре, ки ҳарифаш фармон диҳад амал мекунад.

Дар ин навъ аз таслим, тану ҷисм таслим мешавад, аммо фикру андеша таслим намегардад, балки мураттабан дар фикри тамарруд аст, доиман меандешад, ки чӣ гуна мумкин аст фурсате ба даст оварад, то дубора бар ҳариф чира гардад. Ин вазъи ақлу фикри ӯст ва аз лиҳози авотиф ва эҳсосот низ доиман ба душман нафрин мефиристад. Ин гуна аз таслим, ки таслими бадан аст, мунтаҳои қаламраве аст, ки зӯр метавонад тасхир кунад.

Марҳилаи дигари таслим, таслими ақлу фикр аст. Қудрате, ки метавонад ақлро таҳти таслим дароварад, қудрати мантиқ ва истидлол аст. Дар ин ҷо аз зӯру бозу коре сохта нест. Ҳаргиз мумкин нест, ки бо кутак задан, ба як донишомӯз фаҳмонид, ки маҷмӯи зовияҳои мусаллас баробар бо ду қоима аст. Қазияҳои риёзиро бо истидлол бояд собит кард ва роҳе дигар надорад. Ақлро фикру истидлол тасхир ва водор ба таслим мекунад. Агар далели кофӣ вуҷуд дошта бошад ва бар ақл арза шавад ва онро фаҳм кунад, таслим мегардад, ҳарчанд ки ҳамаи зӯрҳои ҷаҳон бигӯяд таслим набош.

Маъруф аст вақте, ки Галилейро ба хотири эътиқод ба ҳаракати замин ва марказияти хуршед шиканҷа медоданд, вай аз бими ин ки ӯро оташ бизананд, аз ақидаи илмии худ изҳори тавба кард, дар ҳамон ҳол рӯи замин чизе менавишт. Диданд, навиштааст:

Бо тавбаи Галилей, замин аз гардиши худ бознамеистад”.

Зӯр метавонад башарро водор кунад, ки ба забон аз гуфтаи хеш баргардад, вале фикри башар ҳаргиз таслим намешавад, магар вақте, ки бо нерӯи мантиқу бурҳон мувоҷеҳ гардад.

قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ

Далели хештанро биёваред агар ростгӯ ҳастед.” (Сураи Намл, ояти 64)

Севвумин марҳилаи таслим, таслими қалб аст. Ҳақиқати имон таслими қалб аст, таслими забон ё таслими фикру ақл агар бо таслими қалб тавъам набошад, имон нест. Таслими қалб мусовӣ аст бо таслими саросари вуҷуди инсон ва нафйи ҳар гуна ҷуҳуду инод.

Мумкин аст касе дар муқобили як фикр, ҳатто аз лиҳози ақлӣ ва мантиқӣ таслим гардад, вале руҳаш таслим нагардад. Он ҷо, ки шахс аз рӯи таъассуб иноду лиҷоҷ меварзад ва ё ба хотири манофеи шахсӣ зери бори ҳақиқат намеравад, фикру ақлу андешааш таслим аст, аммо руҳаш мутамаррид ва тоғӣ ва фоқиди таслим аст, ва ба ҳамин далел фоқиди имон аст, зеро ҳақиқати имон ҳамон таслими дилу ҷон аст.

Худои Мутаъол мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ ادْخُلُواْ فِي السِّلْمِ كَآفَّةً وَلاَ تَتَّبِعُواْ خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ

Эй касоне, ки имон овардаед, дар қалъаи силм дохил шавед ва гомҳои шайтонро пайравӣ накунед.” (Сураи Бақара, ояти 208)

Яъне руҳатон бо ақлатон ҷанг накунад, эҳсосотатон бо идрокотатон ситез нанамояд.

Достони шайтон, ки дар Қуръони Карим омадааст, намунае аз куфри қалб ва таслими ақл аст. Шайтон Худоро мешинохт, ба рӯзи растохез низ эътиқод дошт, паёмбарон ва авсиёи паёмбаронро низ комилан мешинохт ва ба мақоми онҳо эътироф дошт, дар айни ҳол Худо ӯро кофир номида ва дар борааш фармудааст:

وَكَانَ مِنَ الْكَافِرِينَ

Ва аз кофирон буд.”  (Сураи Бақара, ояти 34)

Далел бар ин ки аз назари Қуръон шайтон Худоро мешинохт ин аст, ки Қуръон сареҳан мегӯяд: ӯ ба холиқияти Худо эътироф дошт; хитоб ба Худованд гуфт:

خَلَقْتَنِي مِن نَّارٍ وَخَلَقْتَهُ مِن طِينٍ

Маро аз оташ офаридӣ ва ӯ (Одам)-ро аз гил.” (Сураи Аъроф, ояти 12)

Ва далел бар ин ки ба рӯзи растохез эътиқод дошт ин аст, ки гуфт:

أَنظِرْنِي إِلَى يَوْمِ يُبْعَثُونَ

(Парвардигоро!) Маро то рӯзи растохез мӯҳлат бидеҳ.” (Сураи Аъроф, ояти 14)

Ва далел бар шинохти вай анбиё ва маъсуминро ин аст, ки гуфт:

قَالَ فَبِعِزَّتِكَ لَأُغْوِيَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ. إِلَّا عِبَادَكَ مِنْهُمُ الْمُخْلَصِينَ

Ба иззати ту қасам, ки ҳамаи фарзандони Одамро гумроҳ месозам, магар бандагони холисшудаатро.” (Сураи Сод, оятҳои 82-83)

Мурод аз бандагони холисшуда, ки на танҳо амалашон мухлисона аст, балки саросари вуҷудашон аз ғайри Худо пок ва озод аст, авлиёи Худо ва маъсумин аз гуноҳанд; шайтон ононро низ мешинохтааст ва ба исмати онон ҳам мӯътақид будааст.

Қуръон дар айни ин ки шайтонро ошно ба ҳамаи ин мақомот муаррифӣ мекунад, ӯро кофир мехонад ва кофир мешиносад. Пас, маълум мешавад, танҳо шиносоӣ ва маърифат, яъне таслими фикру идрок, барои ин ки мавҷуде мӯъмин шинохта шавад, кофӣ нест, чизи дигар лозим аст.

Аз назари мантиқи Қуръон, чаро шайтон бо ин ҳама шиносоиҳо, аз кофирон маҳсуб гаштааст? Маълум аст, барои ин ки дар айни қабули идрокоташ ҳақиқатро, эҳсосоташ ба ситеза бархост, дилаш дар баробари дарки ақлаш қиём кард, аз қабули ҳақиқат ибо ва истикбор намуд, таслими қалб надошт.

* * *

Исломи воқеӣ ва исломи минтақаӣ

Мо маъмулан вақте мегӯем фалон кас мусалмон аст ё мусалмон нест, назар ба воқеияти матлаб надорем. Аз назари ҷуғрофиёӣ, касонеро, ки дар як минтақа зиндагӣ мекунанд ва ба ҳукми тақлид ва виросат аз падарону модарон, мусалмонанд, мусалмон меномем, ва касоне дигарро, ки дар шароити дигар зистаанд ва ба ҳукми тақлид аз падарону модарон, вобаста ба дини дигар ҳастанд, ё аслан бединанд, ғайримусалмон меномем.

Бояд донист, ин ҷиҳат арзиши зиёде надорад, на дар ҷанбаи мусалмон будан ва на дар ҷанбаи номусалмон будан ва кофир будан. Бисёре аз моҳо мусалмони тақлидӣ ва ҷуғрофиёӣ ҳастем; ба ин далел мусалмон ҳастем, ки падару модарамон мусалмон будаанд ва дар минтақае ба дунё омада ва бузург шудаем, ки мардуми он мусалмон будаанд. Он чи аз назари воқеъ боарзиш аст, исломи воқеӣ аст. Ва он ин аст, ки шахс қалбан дар муқобили ҳақиқат таслим бошад, дари дилро ба рӯи ҳақиқат гушуда бошад, то он чи ки ҳақ аст бипазирад ва амал кунад, ва исломе, ки пазируфтааст, бар асоси таҳқиқу ковиш аз як тараф, ва таслиму бетаъассубӣ аз тарафи дигар бошад.

Агар касе дорои сифати таслим бошад ва ба иллатҳое ҳақиқати ислом бар ӯ пинҳон монда бошад ва ӯ дар ин бора бетақсир бошад, ҳаргиз Худованд ӯро азоб намекунад, ӯ аҳли наҷот аз дӯзах аст. Худои Мутаъол мефармояд:

وَمَا كُنَّا مُعَذِّبِينَ حَتَّى نَبْعَثَ رَسُولًا

Мо чунин нестем, ки расул нафаристода (ҳуҷҷат тамом нашуда) башарро муъаззаб кунем.” (Сураи Исро, ояти 15)

Яъне маҳол аст, ки Худои карими ҳаким касеро, ки ҳуҷҷат бар ӯ тамом нашудааст, азоб кунад. Уламои илми усули фиқҳ муфоди ин оятро, ки таъйиди ҳукми ақл аст “қубҳи иқоби било баён” истилоҳ кардаанд. Мегӯянд, то Худои Мутаъол ҳақиқатеро барои бандае ошкор накарда бошад, зишт аст, ки ӯро азоб кунад.

Барои нишон додани ин ҳақиқат, ки мумкин аст афроде ёфт шаванд, ки дорои руҳи таслим бошанд ҳарчанд ки исман мусалмон набошанд, Декорт, файласуфи фаронсавӣ — мутобиқи изҳороти худаш — намунаи хубе аст.

Дар шарҳи ҳоли вай навиштаанд, ки вай фалсафаи худро аз шак шурӯъ кард, дар ҳамаи маълумоти хеш шак кард ва аз сифр шурӯъ намуд; фикру андешаи худашро нуқтаи шурӯъ қарор дода гуфт:

Ман меандешам, пас вуҷуд дорам.”

Пас аз исботи вуҷуди хеш, руҳро исбот кард ва ҳамчунин вуҷуди ҷисму вуҷуди Худо барояш қатъӣ шуд. Кам-кам ба мавзӯи интихоби дин расид, масеҳиятро, ки дар кишвараш дини расмӣ буд интихоб кард.

Вале як сухани ҷолиб дорад, ва он ин аст, ки мегӯяд, ман намегӯям масеҳият ҳатман беҳтарин дине аст, ки дар ҳамаи дунё вуҷуд дорад, ман мегӯям, дар миёни адёне, ки алъон ман мешиносам ва ба онҳо дастрасӣ дорам, масеҳият беҳтарин дин аст. Ман бо ҳақиқат ҷанг надорам. Шояд дар ҷоҳои дигари дунё дине бошад, ки бар масеҳият тарҷеҳ дошта бошад. Ва аз қазо Эронро ба унвони як кишваре, ки аз он ҷо бехабар аст ва намедонад мардуми он ҷо чӣ дину мазҳабе доранд мисол меоварад. Мегӯяд, ман чӣ медонам? Шояд масалан дар Эрон дину мазҳабе вуҷуд дошта бошад, ки бар масеҳият тарҷеҳ дорад.

Ин гуна ашхосро наметавон кофир хонд, зеро инҳо инод намеварзанд, инҳо дар мақоми пӯшидани ҳақиқат нестанд. Моҳияти куфр, чизе ҷуз инод ва майл ба пӯшонидани ҳақиқат нест. Инҳо “мусалмони фитрӣ” мебошанд. Инҳоро агарчи мусалмон наметавон номид, вале кофир ҳам наметавон хонд, зеро тақобули мусалмону кофир, аз қабили тақобули эҷобу салб ва ё адаму малака — ба истилоҳи мантиқийин ва фалосифа — нест, балки аз навъи тақобули зиддайн аст, яъне аз навъи тақобули ду амри вуҷудӣ аст, на аз навъи тақобули як амри вуҷудӣ ва як амри адамӣ.

Албатта, ин ки Декортро ба унвони мисол зикр кардем, барои ин набуд, ки аз асли аввалӣ, ки баён кардем, хориҷ шавем. Аз аввал шарт кардем, ки дар бораи ашхос изҳори назар накунем.

Мақсуди мо аз тамсил ба Декорт ин аст, ки агар фарз кунем он чи ӯ гуфта рост бошад ва ӯ дар муқобили ҳақиқат ҳамон андоза таслим буда, ки изҳор доштааст, ва аз тарафи дигар воқеан ҳам дастрасии бештар барои таҳқиқ надоштааст, ӯ як мусалмони фитрӣ будааст.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: