Сайидҳусайни Наср

Ба баҳонаи зодрӯзи файласуфи муосири эронӣ Сайидҳусайни Наср

Сайидҳусайни Наср, файласуфи соҳибназари эронӣ ва устоди улуми исломӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтун, шогирди Аллома Таботабоӣ, Муҳаммадкозими Ассор ва Сайидабулҳасани Рафеъии Қазвинӣ аст. Ӯ ҳамкори Ҳонри Курбан (Henry Corbin) дар ҳавзаи фалсафаи татбиқӣ ва таърихи фалсафаи исломӣ будааст ва худ чандин асари илмӣ дар ҳавзаи фалсафаи исломӣ ва таърихи он нигоштааст.

Сайидҳусайни Наср дар ҳавзаи ирфон ва фалсафаи исломӣ, диншиносии татбиқӣ ва таърихи илм дар ислом, тахассус дорад. Вай аз ироадиҳандагони идеяи илми динӣ дар садаи 20-ум ва аз соҳибназарон дар мавзӯи нигаришҳои исломӣ ба илм мебошад, ки ороашро дар китобҳо ва мақолоти мухталиф ва аз ҷумла маҷмӯаи суханрониҳое бо унвони “Маърифат ва амри қудсӣ” ироа кардааст.

* * *

Зиндагӣ

Сайидҳусайни Наср 19 фарвардини 1312 (8 апрели 1933) дар Теҳрон ба дунё омад. Падараш, Сайидвалиюллоҳи Наср, ҳамонанди падарбузургаш пизишки дарбор буд ва аҳли Кошон. Ӯ аз ҷониби модар наводаи Шайх Фазлуллоҳи Нурӣ аст. Умдаи ниёгони Наср аз рӯҳониюни саршинос будаанд.

Сайидҳусайни Наср таҳсилоти ибтидоиро дар мадрасаи наздики хонаи худ дар хиёбони “Ҷумҳурӣ” гузаронид. Дар ҳамон кӯдакӣ, шурӯъ ба омӯхтани забони фаронсавӣ кард ва улуми исломиро назди падари худ омӯхт. Сипас ба дабиристони “Фирӯзи Баҳром” ҷиҳати идомаи таҳсил рафт.

* * *

Таҳсилот дар Омрико

Наср дар 12-солагӣ ба Омрико фиристода шуд. Ӯ дар мадрасаи шабонарӯзии Нюҷерсӣ сабти ном кард. Дар соли 1950 дорои рутбаи мумтози аввали мадрасаи худ шуд. Дар чаҳор соли таҳсилоти ин мадраса, Наср забони ангилисӣ, улум, таърихи Омрико, фарҳанг ва омӯзаҳои масеҳиро омӯхт.

Наср барои идомаи таҳсилоти донишгоҳӣ, Муассисаи фанноварии Мосчусетро баргузид. Дар ҳамон замон бурси таҳсилӣ ба ӯ таъаллуқ гирифт ва ӯ нахустин донишҷӯи эронӣ буд, ки дар мақтаъи коршиносӣ дар он муассиса таҳсил мекард. Ӯ риштаи физикро барои идомаи таҳсил баргузид. Агарчи Наср донишҷӯӣ мумтоз шинохта мешуд, ба ин натиҷа расид, ки бисёре аз пурсишҳои фалсафии ӯ бепосух мондааст. Аз ин рӯ, дар ин ки риштаи физик битавонад ӯро ба дарки воқеиёт бирасонад, дучори тардиди ҷиддӣ шуд. Ин амр ӯро дар идомаи таҳсил дар риштаи физик мураддад сохт, ба вежа пас аз ин ки файласуфи ангилисӣ Бертронд Росел дар суханрониаш дар MIT гуфт: “Физик ба худии худ бо моҳияти воқеиёти физикӣ сару кор надорад, балки ба сохторҳо ва бунёдҳои риёзии марбут ба он мепардозад.” Бо шунидани ин сухан, тардиди Наср ҷиддитар шуд. Вай бо ин ки дилбастагиаш ба физикро аз даст дода буд, дар донишгоҳ боқӣ монд ва дар риштаи риёзиёт ва физик фориғуттаҳсил гардид.

Пас аз фориғуттаҳсилӣ дар риштаи физик, Наср мутолеоти густурдае дар улуми инсонӣ оғоз кард ва ба вежа дар килосҳои Ҷорҷ Сонтоёно (George Santayana), таърихнигори улум ва файласуфи машҳури испониёӣ ҳозир шуд ва таҳти таълими ӯ, мутолеаи ҷиддиро дар ҳикмати Юнони бостон оғоз кард. Вай ба мутолеаи китобҳои Афлотун, Арасту ва Афлутин пардохт. Сонтоёно барои нахустин бор Насрро бо осори яке аз муҳимтарин нависандагони суннатгарои муосир, Рене Генун (René Guénon) ошно сохт.

Осори Генун дар таъйини мабонии ақлонӣ ва сайри фикрии Наср таъсире қотеъ дошт. Наср ҳамчунин дар ин давра ба китобхонаи Онондо Куморсуомӣ (Ananda Coomaraswamy) дастрасӣ ёфт, ва аз ин тариқ бо китобҳои Фритҳуф Шувон (Frithjof Schuon) ва Титус Буркҳорт (Titus Burckhardt) ошно шуд. Ба гуфтаи Наср, кашфи фалсафаи суннатӣ ва ҳикмати холида ӯро ба яқин ва оромише расонд, ки ҳаргиз ӯро тарк накардааст. Ӯ мегӯяд:

Кашфи фалсафаи суннатӣ ва ҳикмати холида, ва мутолеаи осори ин бузургон (Шувон ва Буркҳорт) шарораҳои бӯҳрони даруниамро фурӯ нишонд ва ман ба яқини ақлонӣ расидам. Ин яқин аз он рӯз то кунун маро тарк накардааст, балки рӯз ба рӯз болидааст ва нерӯмандтар ва нерӯмандтар шудааст. Зиндагиам сафаре будааст аз яқини назарӣ то яқини вуҷудӣ. Ба иборати қуръонӣ, зиндагиам сафаре буда аз илмуляқин ба айнуляқин ва саранҷом ба ҳаққуляқин: нахуст касб кардани дониши назарӣ дар бораи оташ, сипас дидани оташ аз наздик, ва саранҷом сӯхтан дар он оташ.” (Hahn, Lewis Edwin. Philosophy of Seyyed Hossein Nasr. Chicago, 1987)

Наср дар соли 1335 хуршедӣ дар риштаҳои заминшиносӣ ва жеуфизик мақтаъи коршиносии аршадро ба поён расонид ва дар синни 25-солагӣ бо дараҷаи дуктурӣ аз донишгоҳи Ҳорворд дар риштаи фалсафа ва таърихи илм фориғуттаҳсил шуд. Ва пас аз он ба такмили нахустин китобаш “Илм ва тамаддун дар ислом” ҳиммат гумошт. Рисолаи дуктурии ӯ “Мафҳуми табиат дар андешаи исломӣ”-ро Донишгоҳи Ҳорворд дар соли 1964 бо унвони “Муқаддимае ба омӯзаҳои кайҳоншиносии исломӣ” мунташир кард. Бо вуҷуди ин ки мартибаи устодёрӣ (аssistant professor)-и Донишгоҳи Ҳорворд ба ӯ пешниҳод шуд ва дар давраи таҳсилоти олӣ дар он донишгоҳ собиқаи тадрис дошт, Наср тасмим гирифт барои ҳамеша ба Эрон бозгардад.

Дар давраи таҳсил дар Омрико, Наср ба кишварҳои урупои ба вежа Фаронса, Суэд (Шветсия), Бритониё, Итолиё ва Испониё сафар мекард ва дар бархе аз ин мусофиратҳо бо андешамандони суннатгаро ва ба вежа бо Фритҳуф Шувон дидор кард. Ин дидорҳо саҳми умдае дар ҳаёти маънавӣ ва фикрии ӯ доштаанд, чунонки худи ӯ гуфтааст:

Ин таҳаввул дар ман чӣ гуна аз вақте, ки бо Бертронд Росел мулоқот доштам то вақте, ки суроғи Аллома Таботабоӣ рафтам, рух дод? Қатъан бо кӯмаки осори ин бузургон буд, ки ин таҳаввули руҳӣ ва фикрӣ дар ман рух дод ва ба ин сабаб ҳамеша мадюнашон ҳастам, вале аз лиҳози амалӣ, ҳамеша кӯшидаам тибқи аҳкоми динӣ амал кунам. Ҳатто ҳангоми гузарондани бӯҳрони фикрӣ, имонам побарҷо монд ва ҳамеша Худовандро дӯст доштам, вале пас аз кашфи ҷаҳонбинии суннатӣ муваффақ шудам вориди сайру сулук шавам ва “Ло илоҳа иллаллоҳ” вуҷудамро фаро гирад.” (Ногуфтаҳои дуктур Сайидҳусайни Наср, Порсина)

Вай ҳамчунин, дар ин давра, ба Марокаш сафар кард; чаро ки ӯ ба шиддат дилбастаи шохае аз тариқаи Шозилия буд, ки дар қолаби таъолим ва аъмоли Шайх Аҳмади Алавӣ арза мешуд.

* * *

Бозгашт ба Эрон

Наср пас аз бозгашт ба Эрон дар соли 1337 хуршедӣ, бо мартибаи донишёрӣ (аssociate professor)-и фалсафа ва таърихи улум дар Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи Теҳрон ба тадрис пардохт. Вай дар он замон ҷавонтарин узви ҳайъати илмӣ буд, ки мартибаи устодии комилро эҳроз кард. Наср, дар озари 1337, чанд моҳ пас аз бозгашт ба Эрон, бо духтари яке аз дӯстони хонаводагии падараш, ба номи Савсани Донишварӣ издивоҷ кард. Самараи ин издивоҷ писаре ба номи Валиризо Наср ва духтаре ба номи Лайло Наср буд.

Наср аз соли 1347 то 1351 риёсати Донишкадаи адабиёт ва сипас муовинати Донишгоҳи Теҳронро бар ӯҳда дошт. Дуктур Наср дар соли 1351 бо ҳукми Муҳаммадризошоҳ Паҳлавӣ ба риёсати Донишгоҳи санъатии Ориёмеҳр (Донишгоҳи санъатии Шарифи имрӯз) мансуб гардид. Фараҳи Паҳлавӣ дуктур Насрро дар соли 1352 маъмур кард, то бо ҳимояти вай марказе барои мутолеа ва омӯзиши фалсафа таъсис кунад. Дар соли 1353, Анҷумани шоҳаншоҳии фалсафа бунёд гардид ва бисёре аз пажӯҳишгарон аз ҷумла Ҳонри Курбан дар он ҷо гирд омаданд. Анҷуман, ба баргузории нишастҳо ва суханрониҳо иқдом кард ва давраҳои баландмуддат ва кӯтоҳмуддати пажӯҳиширо дар заминаҳои фалсафаи исломӣ ва фалсафаи татбиқӣ барои алоқамандон доир гардонид.

Дар тайи даврони иқомат дар Эрон, Наср ҳамчунин назди устодони фалсафаи исломӣ дар Теҳрон, Қум ва Қазвин таламмуз мекард. Аз ҷумлаи устодони ӯ дар фалсафаи исломӣ, Муҳаммадкозими Ассор, Аллома Сайимуҳаммадҳусайни Таботабоӣ (соҳиби тафсири Алмизон) ва Абулҳасани Рафеъии Қазвинӣ буданд. Наср чандин матни муҳимми фалсафаи исломӣ аз ҷумла “Асфори арбаъа”-и Муллосадро ва “Шарҳи манзума”-и Ҳодӣ Сабзавориро назди онон фаро гирифт. Наср ҳамчунин дар ин замон осори мутаъаддиде ба забонҳои форсӣ, ангилисӣ ва гоҳ низ ба фаронсавӣ ва арабӣ нигошт. Наср ҳамчунин бо афроде чун Маҳдии Илоҳии Қумшаӣ, Ҷалолуддини Оштиёнӣ ва Муртазо Мутаҳҳарӣ муровидаи фикрӣ ва фалсафӣ дошт. Вай ҳамчунин китоби “Шиъа дар ислом” навиштаи Аллома Таботабоиро ба забони англисӣ тарҷума кард.

Дар муддати иқомат дар Эрон, Наср рисолаи дуктурии худро низ ба забони форсӣ таҳрир ва чоп кард. Ва ин китоб, ки “Назари мутафаккирони исломӣ дар бораи табиат” ном гирифт, барандаи ҷоизаи салтанатии китоб гардид. Наср, бисёре аз матнҳои фалсафии муҳим аз қабили маҷмӯаи осори Суҳравардӣ ва Муллосадро ва матнҳои Ибни Арабӣ, Ибни Сино ва Беруниро тасҳеҳ кардааст.

Алоқаи Наср ба фалсафаи Муллосадро заминасози нашру тарҷумаи осори Муллосадро шуд, ва худи Наср нахустин касе буд, ки Муллосадроро ба ҷаҳони ангилисизабон муаррифӣ кард. Наср, бо ҳамкории Вилём Читик “Китобшиносии тавсифи улуми исломӣ”-ро дар се ҷилд ба забонҳои форсӣ ва ангилисӣ ба чоп расонид. Аз дигар китобҳои муҳимми ӯ дар ин давра “Се ҳакими мусалмон” буд, ки ба баррасии иҷмолии андешаҳои Ибни Сино, Суҳравардӣ ва Ибни Арабӣ мепардозад. Дар солҳои 1964–1965, Наср дар Донишгоҳи омрикоии Бейрут ӯҳдадори тадрис буд. Китоби “Ормонҳо ва воқеиятҳои ислом” бар асоси матни 6 суханронӣ аз 15 суханронии ӯ дар Лубнон аст. Вай, дар замони иқоматаш дар Лубнон, китоби “Ҳаёт ва фикри исломӣ”-ро низ нигошт. Наср дар замони иқомат дар Лубнон, бо чандин нафар аз андешамандони барҷаста аз ҷумла Имом Мӯсо Садр гуфтугӯи илмӣ доштааст.

Дар соли 1966, аз Наср даъват шуд, то дар Донишгоҳи Чикогу дар боби бархе аз ҷанбаҳои иртиботи дин ва фалсафа бо муҳити зист суханронӣ кунад. Вай, ба ҳамин манзур, китоби “Инсон ва табиат: бӯҳрони маънавии инсони ҷадид”-ро нигошт. Вай дар ин китоб ба вуҷуд омадани бӯҳрони муҳити зистро пешбинӣ кардааст ва иллати аслии ин бӯҳронро қадосатзудоӣ аз табиат ва диди башари мудерн нисбат ба табиат шумурдааст.

Дар охирҳои сол 1978, Фараҳи Паҳлавӣ аз Наср хост, риёсати дафтари вайро бар ӯҳда бигирад ва Наср пазируфт. Вай баъдҳо дар тавзеҳи ин иқдом гуфтааст:

Эҳсос мекардам, ки танҳо касе будам, ки метавонистам ҳамчун миёнҷӣ, ба эҷоди мавқеияте кӯмак кунам, ки дар он, масалан Оятуллоҳ Хумайнӣ бо шоҳ мусолеҳа кунанд ва навъе ҳукумати салтанатии исломӣ барпо шавад, ҳамон тавр, ки дар асри Сафавӣ доштаем, ки дар он, уламо низ дар бораи баъзе аз умури мамлакатӣ изҳори назар кунанд, аммо сохтори салтанатии кишвар дучори таҳаввул нашуд. Бисёре аз уламо дар он давра ҳамин назарро доштанд, чаро ки мисли ман метарсиданд суқути режим, ба қудрат гирифтани кумунистҳо ё муҷоҳидини халқ бианҷомад.” (Дар ҷустуҷӯи амри қудсӣ, Сайидҳусайни Наср дар гуфтугӯ бо Ромини Ҷаҳонбиглу, с.130)

Нақши Наср дар риёсати дафтари махсуси шаҳбону Фараҳ Паҳлавӣ сабаб шуд, ки бо вуқӯъи инқилоби Эрон дар соли 1357 ҳиҷри хуршедӣ, нохоста ба Иёлоти Муттаҳида ҳиҷрат кунад ва дар он ҷо мондагор шавад.

* * *

Пас аз инқилоб

Дуктур Наср дар соли 1980 ва 1981, маҷмӯаи суханрониҳоеро бо унвони “Маърифат ва амри қудсӣ” дар курсии гуфторҳои Гифурд (Rowan Douglas Williams of Oystermouth, Gifford Lectures) ироа кард ва ба ин тартиб, нахустин мусалмоне буд, ки дар ин рухдод мушорикат кард.

Пас аз чандин соли тадрис дар донишгоҳҳои мухталиф дар Омрико, саранҷом ба вай пешниҳоди курсии доими устодӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтун дода шуд ва ӯ ҳам пазируфт ва то ба имрӯз ба фаъолият дар он донишгоҳ идома медиҳад.

* * *

Орои фалсафӣ

Наср дар раъси гурӯҳе аз суннатгароёни фалсафӣ аст, ки бо ҷасорат мафрузот ва арзишҳои ҷаҳони мудерн ва фалсафаи ҷадидро ба чолиш мекашанд. Албатта, ин интиқодот, вокунише берунӣ ба дар баробари мудернита нест, балки ношӣ аз даромехтани огоҳона бо он аст.

Аз манзари Наср, зистани берун аз тамоми суннатҳои асил, мунҷар ба берешагӣ мешавад. Наср бар ин бовар аст, ки дар суннатгароӣ, илм ҳамон илми муқаддас аст. Манбаи илми муқаддас, ваҳй ва шуҳуди ақлонианд. Ин ду манбаъ дарбардорандаи ишроқи зеҳн ва ҷони одамианд. Ин маърифат ҳамон илми ҳузурӣ ва бевоситае аст, ки суннати исломӣ бад-он ишорат кардааст.

Ҳюстун Исмит (Huston Cummings Smith) ба суифаҳми бархе мунтақидон нисбат ба мафҳуми “фалсафаи ҷовидон” (perennial philosophy) назди Наср, ишора мекунад. Исмит баён мекунад, ки ин гуна нест, ки Наср мафҳуми воҳиди “фалсафаи ҷовидон”-ро аз хилоли гуфторҳои муаррихони фалсафа берун кашида бошад. Тасаввури Наср ба сурати метофизикӣ баромада аз як шуҳуди ақлонӣ, ё ба баёни содда, аз тамйизоти ақл аст. Ақл назди Наср чизе аст, ки ваҷҳи раҳоӣ ва растгории он ҳама ҷо ҳузур дорад ва ин гуна аст, ки ҳузури ҳамаҷоии ҳикмати холида ва фалсафаи ҷовидон дар фалсафаи Наср муҳаққақ мешавад. (Huston Smith in THE PHILOSOPHY OF SEYYED HOSSEIN NASR, p.142.2001)

Албатта, Наср мутолеоти диншиносии татбиқии мубтанӣ бар орои суннатгароён ва низ бархе аз фалосифа назири Аллома Таботабоӣ ва Тушиҳику Изутсу (Toshihiko Izutsu), Ҳонри Курбан доштааст, ки муайиди дидгоҳаш мебошад.

Аз нигоҳи Наср, суннат ҳамонанди ҳадияе илоҳӣ аст, ки дар ҳар даврае ба шакле таҷаллӣ меёбад. Вай истилоҳоти дигаре ҳамчун “зарма” дар ойинҳои ҳинду ва будоӣ, “дин” дар ислом, “доу” дар ойини доуро мушобеҳ ва на муъодили вожаи суннат медонад. Ӯ мӯътақид аст, ҳеч забоне наметавонад маънои суннатро баён кунад. Наср тамаддунҳои баромада аз он дар адёни гуногунро як олами суннатӣ медонад, вале дар айни ҳол, онҳоро мутобиқ бо суннат намедонад ва қоил ба ягонагии онҳо бо суннат нест. Аз ин рӯ, дар тафаккури вай суннат ба маънои ҳақоиқе аст, ки дорои решаи илоҳӣ аст, ки аз тариқи расулони илоҳӣ ошкор шудааст.

Суннат назди Наср, айни дин нест, гарчи шомили дин низ мешавад. Тавсифи Наср аз дин ва иртиботи он бо суннат аз манзари ҳикмати холида, баҳс аз касрати адён ва ваҳдати мутаъолии адёнро ҷилвагар месозад.

Суннат аз нигоҳи Наср на танҳо ба маърифат ё ойини осмонии хоссе мунҳасир намешавад, балки адёни гуногун таҷаллиёте аз суннати ҳақиқӣ ҳастанд. Аз нигоҳи вай, суннат ҳақиқати ҷовидони бениҳояте аст, ки дорои суратҳои мутаҷаллишудаи гуногун аст. Суннат назди Наср меҳвар ва бунёди илми қудсӣ аст. Вай дарёфти илми воқеиро сирфан дар партави таваҷҷӯҳ ба суннат имконпазир медонад.

Аз дигар мафоҳими муртабит бо суннат, ки дар фаҳми маъноии он бисёр муҳим аст, мафҳуми “зоти қудсӣ” аст. Зоти қудсӣ манбаи суннат аст ва чизе, ки суннатӣ бошад, аз зоти қудсӣ наметавонад ҷудо бошад. Аз назари вай, касе, ки дарке аз зоти қудсӣ надорад, наметавонад манзари суннатиро дарк кунад ва инсони суннатӣ ҳамеша худашро ҳамроҳ бо дарке аз зоти қудсӣ мебинад. Аз назари вай, ҳадафи фалсафа ба унвони фаъолияти муқаддасе, ки ба хиради ҷовидон марбут аст, намоён сохтани ҳақиқате ба номи воҳиди мутлақ аст. Фалсафа дар нигоҳи вай, чизе ҷуз шуҳуд ва басирати ақлӣ барои дарки суннат ва мабдаи он яъне амри қудсӣ нест. Вай бар ҳамин асос текнулужӣ, санъат ва макотиби инсонгароро ба нақд мекашад, зеро ки онҳо ба унвони монеъе дар баробари маърифати суннатӣ ва қудсӣ ҳастанд.

* * *

Ҳикмати ҷовидон

Наср мӯътақид аст, истифода аз вожаи фалсафа барои фалсафаи ҷовидон, унвони мусомиҳаӣ аст ва беҳтар аст ба ҷойи он, аз таъбири қуръонии ҳикмати холида баҳра бурд.

Дар ҳикмати холида тафаккур ба сирфи истидлоли бурҳонӣ ва назарӣ маҳдуд намешавад, балки дар ин навъ тафаккури суннатӣ, нерӯи дигаре ба номи ақли шуҳудӣ вуҷуд дорад, ки яке аз маротиб ва манзилатҳои он, тафаккури истидлолӣ аст, ва ба баёни содда, шаъни ақли шуҳудӣ сирфи истидлолу истинтоҷи бовосита ба гузораҳои маҷҳул нест, балки дарёфти мустақими ҳақиқат ва ҳақоиқи ҳастӣ дар он мадди назар аст. Суннати холида мубтанӣ бар ақли шуҳудӣ аст ва он шуҳуде аст, ки бо ақлу истидлол тавофуқ ва ҳамсӯӣ дорад. Ақли шуҳудӣ ба мартибаи руҳ таъаллуқ дорад ва ба соҳати зеҳн ё нафс маҳдуд намешавад. Ва аз ин рӯ, метафизики баромада аз суннати холида маҳдуд ба мақулаҳои зеҳнӣ нест, балки амре комилан фароинсонӣ аст. Аз ин ҷиҳат, суннати холида суннати ваҳдатгаро ва ягонамеҳвар аст. Қидмати ин истилоҳ аз нигоҳи суннатгароён, ба таърихи пайдоиши ҳастӣ бозмегардад, чаро ки ақли шуҳудӣ амре ҳамзоди инсон аст. Ин тафаккур ҳамчунин безамону бемакон аст.

Бархе, ҳикмати холидаро маҳсули интиқод аз мудернита донистаанд, вале бархе дигар бо ин қавл мухолифанд, чаро ки суннатгароӣ ва ҳикмати холидаро фаротар аз замону макон медонанд.

Фаҳми инсонӣ дар манзумаи фикрии Наср, аз ду навъ маърифат: истидлолӣ ва шуҳудӣ (ҳузурӣ) ташкил шудааст. Аз нигоҳи вай, бештари мо фикр мекунем, ки маърифат амре истидлолӣ ва бурҳонӣ аст. Дар ҳоле, ки маърифати истидлолӣ ва бурҳонӣ, маърифати саргардон ва ғайримустақим аст аз он ҳайс, ки ба ғайри худаш далолат мекунад. Дар муқобил, маърифати шуҳудӣ ё ҳузурӣ ин гуна нест. Маърифати шуҳудӣ ва ҳузурӣ дар бунёд ва зербинои маърифати истидлолӣ ва бурҳонӣ аст, ки наметавонад ҳамонанд маърифати назарӣ ва истидлолӣ тавсиф шавад.

* * *

Нақди мусташриқин

Дар назаргоҳи Наср, дидгоҳи мусташриқин дар бораи таърихи улуми ақлӣ дар ислом, аз ин мушкил ранҷ мебарад, ки онҳо саъй кардаанд танҳо он давра улуми ақлиро, ки дар ғарб нуфуз дошта ва таъсир доштаро ҷойгузини тамоми улуми ақлӣ дар ислом кунанд. Аксари мусташриқин, мақулот ва мафоҳими номуносиберо барои таҳқиқ дар мавриди улуми ақлии исломӣ дар пеш гирифтаанд. Масалан, вожагони савоб ва хато ва имон ва куфрро мусташриқин ба гунае ба кор бурдаанд, ки тамоми сохтори динӣ ва ақлӣ дар тамаддуни исломиро мунҳариф месозад.

Ин мушкил аз он ҷо ношӣ мешавад, ки аксари шарқшиносон мутаъаллиқ ба масеҳият будаанд ва аз ҳамон тақсимбандиҳо ва мақулоте, ки дар масеҳият буда ва дар маориф ва каломи масеҳӣ ривоҷ дошта, дар мувоҷеҳа бо шинохти ислом истифода кардаанд. Нишон додани як машраби каломии исломӣ ба унвони танҳо ақидаи саҳеҳ ва роиҷ миёни мусалмонон ва тарсими ирфону тасаввуф ба унвони куфру бидъат ва амре иқтибосӣ аз дигар адён, аз ҷумлаи натоиҷи иштибоҳи ин назаргоҳи мусташриқин аст.

* * *

Осор

1) Ҷавони мусалмон ва дунёи мутаҷаддид;

2) Маърифат ва амри қудсӣ;

3) Ислом ва тангноҳои инсони мутаҷаддид;

4) Таърихи фалсафаи исломӣ;

5) Се ҳакими мусалмон (Ибни Сино, Ибни Арабӣ ва Суҳравардӣ);

6) Омӯзаҳои сӯфиён аз дирӯз то имрӯз;

7) Қалби ислом;

8) Китобшиносии Берунӣ;

9) Ормонҳо ва воқеиёти исломӣ;

10) Ҳунари исломӣ ва маънавият;

11) Ҷалолуддини Румӣ, шоир ва ҳакими воломақоми эронӣ;

12) Муқаддимае бар усули ҷаҳоншиносии исломӣ;

13) Назари мутафаккирони исломӣ дар бораи табиат;

14) Ниёз ба илми муқаддас;

15) Муҳаммад (с), марди Худо;

16) Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара;

17) Дин ва низоми табиат;

18) Ҳунари муқаддас дар фарҳанги эронӣ;

19) Суннати ақлонии исломӣ дар Эрон;

20) Маърифат ва маънавият;

21) Дар ғурбати ғарбӣ. (Зиндагиномаи худнавишти дуктур Сайидҳусайни Наср);

.. ва ғайра.

* * *

Донишномаи озоди Википеда

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: