Перейти к содержимому

Вокуниши Эрон ба ҳамлаи “Исроил” ба Сурия ва шаҳодати 4 эронӣ дар ин ҳамла

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон зимни маҳкумияти шадиди таҷовузи ҳавопаймоҳои ҷангии “Исроил” ба пойгоҳи ҳавоии Т-4 Сурия, онро нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ ва дар ростои тақвияти теруристҳо хонд. Ин дар ҳоле аст, ки дар ин ҳамла 4 тан аз низомиёни Эрон ба шаҳодат расиданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Баҳром Қосимӣ зимни маҳкум кардани шадиди таҷовуз ва ҳамлаи ҳавоии “Исроил” ба пойгоҳи ҳавоии Т-4 дар Ҳимси Сурия изҳор дошт: “Таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Сурия, нақзи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии ин кишвар ва муғойир бо тамоми қавонин ва мавозини байналмилалӣ аст, ки танҳо шароити бӯҳронӣ дар Сурия ва муъодилоти минтақаро печидатар мекунад.”

Қосимӣ тасреҳ кард: “Бетардид ин иқдоми режими саҳюнистӣ дар шароите, ки таҳаввулоти майдонӣ ба нафъи давлати қонунии Сурия дар ҷараён аст, ба манзури тақвияти гурӯҳҳои теруристӣ ва ҳамчунин бо ҳадафи инҳирофи афкори умумӣ аз фоҷеаи Ғазза, ки шаҳодати даҳҳо фаластинӣ ва захмӣ шудани ҳазорон тани дигарро ба дунбол дошта, анҷом шудааст.”

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар поён таъкид кард: “Ҷумҳурии Исломии Эрон бори дигар бар ҳимояти комили худ аз тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии Сурия ва мардуми он таъкид карда ва аз ҳамаи кишварҳои озода ва маҷомеи байналмилалӣ мехоҳад дар қиболи ин таҷовузи ошкори саҳюнистҳо ба як узви Созмони Милали Муттаҳид, ки қатъан сулҳу амнияти байналмилалӣ ба мухотира меафканад, бетафовут набошанд.”

Гуфтанист, бомдоди рӯзи душанбе (09.04.2018) пойгоҳи ҳавоии Т-4 дар устони Ҳимс ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Хабаргузории расмии Сурия дар оғоз эълом кард, ки Омрико масъули ин ҳамла аст, аммо вазорати дифои Омрико (Пентогун) ҳар гуна дахолати худро рад кард ва соате баъд вазорати дифои Русия эълом кард, ки “Исроил” масъули ин ҳамла аст.

Ин ҳамла, ки бо дастикам 8 то 10 мушак анҷом шуд, сабаби ҷон бохтани 15 нафар гардид. Вазорати дифои Русия низ эълом кард, ки падофанди ҳавоии Сурия 5 мушак ва Димишқ эълом кард, ки 8 мушакро тавонистааст қабл аз исобат ба ҳадаф, мунҳадим кунад.

* * *

Шаҳодати 4 эронӣ дар ҳамлаи “Исроил” ба Сурия

Ба навиштаи хабаргузории Форс, 4 низомии Эрон дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Сурия ба шаҳодат расиданд, ки иборат ҳастанд аз:

Сайидаммори Мусавӣ (аз Аҳвоз)

Акбари Завворҷаннатӣ (аз Табрез)

Маҳдии Лутфии Ниёсар (аз Қум)

Сарҳанг Маҳдии Деҳқони Яздалӣ, узви ягони паҳбоди нерӯи ҳавофазои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: