Перейти к содержимому

Иддаои шаҳодати теъдоде аз низомиёни Эрон дар ҳамлаи режими “Исроил” ба Сурия

Дар ҳоле, ки вазорати дифои Русия эълом кард, ки ду ҳавопаймои ҷангии F-15 исроилӣ аз тариқи ҳарими ҳавоии Лубнон ба пойгоҳи ҳавоии Тиёс (T-4) Сурия ҳамла кардаанд, расонаҳои вобаста ба мухолифони давлати Сурия муддаӣ ҳастанд, ки теъдоде аз нерӯҳои эронӣ ва гурӯҳҳои вобаста ба Эрон дар ин ҳамла ба шаҳодат расидаанд. Эрон ҳанӯз ин иддаоро таъйид накардааст.

Хабаргузории Интерфакс ба нақл аз вазорати дифои Русия эълом кард, ки падофанди ҳавоии артиши Сурия, 5 мушак аз 8 мушаки шилликшударо мунҳадим ва 3 мушак низ ба ғарби пойгоҳи ҳавоии Тиёс дар устони Ҳумси Сурия исобат кардааст.

СОНО, хабаргузории расмии Сурия низ ба нақл аз як масъули низомӣ эълом кард, ки “таҷовузи Исроил ба пойгоҳи ҳавоии Тиёс бо ҳавопаймоҳои навъи F-15 ва аз ҳарими ҳавоии Лубнон анҷом шудааст.” Бархе коршиносони низомӣ эълом кардаанд, ки Исроил дар ҳамла ба Тиёс аз мушаке истифода кардааст, ки 250 километр бурд дорад ва хатои он дар ҳамла ба аҳдофи мавриди назар, камтар аз як метр аст.

Илова бар ин, вазорати дифои Русия эълом кард, ки ҳеч низомии рус дар ин ҳамлаи ҳавоӣ осеб надида, вале дидабони ҳуқуқи башари Сурия, ки ба мухолифони давлати Сурия вобаста ва дар Ландан мустақар аст, муддаӣ шуд, ки теъдоде аз нерӯҳои низомии Эрон ва ҳамчунин гурӯҳҳои вобаста ба Эрон дар миёни 14 нафаре ҳастанд, ки дар ҳамлаи “Исроил” ба бузургтарин пойгоҳи ҳавоии артиши Сурия ба шаҳодат расидаанд.

Фурудгоҳи низомии Тиёс дар устони Ҳимс ва дар 60 километрии шаҳри таърихии Полмиро воқеъ шуда ва 54 ошёна ва як бонди аслӣ ва ду бонди фаръӣ (ба тӯли се километр) дорад.

Шабакаи хабарии Алмаёдин низ ба нақл аз манобеи русии мустақар дар Сурия муддаӣ шуда, ки ҳамлаи режими “Исроил” ба пойгоҳи Тиёс вокунише ба тавофуқоти ахири Эрон, Русия ва Туркия дар иҷлоси сеҷонибаи Онқоро аст. Коршиносони рус гуфтаанд, ки ҳамлаи “Исроил” ба Сурия, бо ҳамоҳангии Омрико анҷом шуда ва Омрико аз тариқи ин ҳамлаи ниёбатӣ, аз таҳрики Русия парҳез кардааст.

Вебсойти рӯзномаи исроилии Ҳоаретс муддаӣ шуда, ки дар ду ҳамлаи пешини нерӯи ҳавоии ин режим ба Тиёс, маркази контроли паҳбоде, ки Исроил сарнагун кард ва ҳамчунин як сомонаи мухобиротӣ ҳадаф қарор гирифтааст.

Ба гузориши Тобнок, тахмин зада мешавад, ки режими “Исроил” дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия тақрибан дар сад навбат ба аҳдофе дар хоки Сурия ҳамла карда ва ағлаб иддао шуда, ки дар ин ҳамалот маҳмулаҳои таслиҳотӣ ва ҳамчунин нерӯҳои вобаста ба Эрон ҳадаф қарор гирифтаанд.

Ҳоаретс ҳамчунин муддаӣ шуда, ки Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири “Исроил”, ҳафтаи гузашта ва пас аз эъломи Тромп мабнӣ бар тасмими Омрико барои хуруҷи нерӯҳояш аз Сурия, гуфтугӯи телефонии доғе бо вай дошта ва ҳушдор дода, ки амалӣ кардани ин тасмим сабаб хоҳад шуд, ки Эрон ва гурӯҳҳои вобаста ба он ҷои пои муҳкаме дар Сурия ба даст оваранд.

Дар гузориши матбуотии Кохи сафед аз ин тамоси телефонӣ омадааст, ки ду тараф дар хусуси таҳаввулоти ахир дар Ховари Миёна сухан гуфтаанд ва Тромп бар таъаҳҳуди Иёлоти Муттаҳида ба амнияти “Исроил” таъкид карда ва ду тараф тавофуқ кардаанд, ки “ба ҳамоҳангиҳои худ барои муқобила бо иқдомоти танишзои Эрон дар минтақа идома диҳанд.”

Пас аз интишори ахбори марбут ба ҳамлаи шимиёӣ ба шаҳри Думо дар минтақаи Ғутаи шарқӣ, Тромп давлати Сурияро омили ин ҳамла дониста ва бо “ҳайвон” номидани Башшор Асад, таҳдид кардааст, ки вай барои ин ҳамла ҳазинаи бисёр сангине хоҳад пардохт. Соли гузашта ва пас аз муттаҳам шудани давлати Сурия ба истифода аз таслиҳоти шимиёӣ дар ҳамла ба Хоншайхун, Иёлоти Муттаҳида бо даҳҳо фарванд мушаки Круз ба фурудгоҳи Ашшаъирот дар Сурия ҳамла кард ва муддаӣ шуд, ки ҳамла ба Хоншайхун аз ин фурудгоҳ анҷом шудааст.

Руасои ҷумҳури Фаронса ва Омрико ҳамчунин ваъда додаанд, ки ба ҳодисаи ахир дар Думо, посухе қотеъ ва ҳамоҳанг хоҳанд дод. Қарор аст имрӯз (душанбе, 09.04.2018) Шӯрои амнияти Созмони Милал низ барои расидагӣ ба ин ҳодиса ташкили ҷаласа диҳад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: