Тарҳи ҷанҷолии саудиҳо, ки Қатарро ба як ҷазира табдил мекунад

Расонаҳои Арабистони Саудӣ ҷузъиёти ҷадиде аз пружаи эҳдоси коноли “Салво”-ро, ки пеш аз ин эълом шуда буд, фош карданд.

Ба гузориши рӯзномаи “Сабқ”-и Арабистон, идораҳои гузарнома ва гумруки гузаргоҳи “Салво” воқеъ дар марз бо Қатар, дастуроте мабнӣ бар тахлияи ин гузаргоҳ содир карданд ва ба ин тартиб горди марзии Арабистон мудирияти комили ин минтақаро ба даст мегирад.

Арабистон ва Аморот тарҳе дар дасти иҷро доранд, ки бар асоси он, дар хоки Арабистон ва дар муҷовирати марзҳои Қатар, коноли бузурге эҷод мешавад, то ба гуфтаи тарроҳони он, ба рафту омади дарёӣ ва гардишгарӣ миёни Аморот, Баҳрайн ва Арабистон кӯмак кунад. Аммо дар воқеъ ин тарҳ Қатарро аз як шибҳиҷазира ба як ҷазира табдил хоҳад кард ва эҳдоси он, навъе даҳанкаҷӣ ба қатариҳо низ маҳсуб мешавад.

Тибқи иттилооте, ки рӯзномаи “Сабқ” ба даст овардааст, қарор аст ҳазинаи эҳдоси ин пружаро сармоягузорони бахши хусусии ду кишвари Арабистон ва Аморот ба шакли комил пардохт карда ва ин пружа таҳти контроли комили Арабистон бошад.

Дар ин пружа ширкатҳои мисрии шинохташуда дар ҳавзаи ҳаффорӣ, масъулияти ҳаффории ин конолро бар ӯҳда хоҳанд дошт.

Ҳамчунин ин рӯзномаи арабистонӣ ба нақл аз манобеи худ, эҳдоси як пойгоҳи низомии Арабистон дар бахше аз ҳадди фосили марзҳои Қатар бо коноли “Салво”-ро фош кард.

Рӯзномаи “Сабқ” фош кард, ки бахше аз ин маҳал, маконе барои дафни зуболаҳои реактории Арабистон табдил хоҳад шуд, ки ин кишвар қасд дорад онро эҳдос кунад ба наҳве, ки ҳатто реакторҳои ҳастаии Аморот ва маҳалли дафни зуболаҳои онҳо, дар дуртарин нуқта аз марзҳои Аморот дар наздикии Қатар қарор хоҳанд гирифт.

Бар пояи гуфтаи коршиносони жеупулитики Қатар, эҳдоси пойгоҳи низомии Арабистон дар ҳадди фосили пружаи коноли “Салво” ва марзҳои Қатар, боис мешавад, ки Арабистон ба як маҳдудаи истротежик дар ҷазираи “Салво” даст меёбад, ва ба гуфтаи онҳо, ин ба он маъност, ки Қатар пас аз ин пружа ҳатто як ҷазираи мустақилле монанди Баҳрайн нахоҳад буд, балки бештар бахше аз ҷазираи Салво аст, ки Арабистон ба воситаи пойгоҳи низомиаш дар он шарик мешавад.

Реклама


Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: