Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (187)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (20)

Исботи ягонагии Худо аз роҳи фалсафа (3)

Матни мақола

Бо таваҷҷӯҳ ба он чи дар қисмати пешин гуфта шуд, метавон гуфт, ки башар аз рӯзе, ки ба фикри Худо афтода ваҳдаташро низ табъан исбот мекардааст.

Ишкол

Мумкин аст бархе аз кунҷковон ба мо хӯрда гирифта ва бигӯянд: ба тавре, ки таҳқиқоти донишмандон ба даст медиҳад ва осори пешиниён далолат мекунад, парастиши Худои ягона дар миёни Худопарастон бисёр дер ривоҷ пайдо карда ва рӯзгорони дарозе пеш аз он, башар дар бутпарастӣ мезиста ва ё арбоби анвоъ мепарастидааст.

Аз як сӯй, башар аз барои ҳар як аз анвоъ — монанди инсон, замин, дарёҳо, саҳроҳо — Худое таваҳҳум мекарда ва зимоми умури ҳамон навъро ба дасти вай медодааст; гоҳе хуршеду моҳу ситораро ба муносибати таъсироти онҳо мепарастидааст, ва аз як сӯй Худоёни иттифоқӣ ё ихтисосии ташрифӣ монанди Худои фалон шоҳ, Худои фалон қабиларо парастиш менамудааст.

Дарахтҳои пиру куҳансол, биноҳои кӯҳна, кӯҳҳои саркашида ва рӯдхонаҳои нерӯманд низ мавриди ибодат қарор мегирифтанд.

Ва пас аз замоне, ки асри дин пайдо шуд, ба ҷои Худоёни пароканда, як Худо нишонда шуд.

Ва пас аз он дар асри фалсафа ин ақидаи динӣ сурати истидлол ба худ гирифт.

То билохира асри илм (асри ҳозир) хатти бутлон ба даври ҳамаи инҳо кашид.

Хулоса ин ки: чунонки дар оғози пайдоиши башари ибтидоӣ хабаре аз дин набуда ва инсон дар ҳоли моддият мезиста ва сипас замзамаи мазҳаб баланд шудааст, ҳамчунин тавҳид ва яктопарастӣ пас аз васаният ва арбоби анвоъ буда, ки гӯё “синтез” ва такомулёфтаи ақидаи васаният мебошад.

* * *

Посух

Ин назарияи таърихӣ ва иҷтимоиро, ки бархе аз донишмандон зикр кардаанд ва хулосааш бо баёни дигар ин ки: “дини тавҳид, мавлуди васаният ва арбоби анвоъпарастӣ буда ва маълули иқтисоди башар ва натиҷаи лозимаи интиқоли мулукуттавоифӣ ба имперотурии бузург аст”, ба гувоҳии осори васании бисёр бостон, намешавад қобили эътимод дониста ва ноқизи назарияи фалсафии мо гирифт; зеро аввалан:

Васанийин пайваста осори санъатии марбут ба Худоёни мутаъаддиди худ — монанди бутҳо ва ҷуз онҳо — дошта ва пас аз худ ба ёдгор гузоштаанд, вале Худопарастӣ ба маънии яктопарастӣ, асари ҷисмонии санъатӣ надорад.

Ва аз ин рӯй, осори кӯҳна ва бостонии васанийин исбот намекунад, ки дар он асрҳо ё пештар аз он, касоне набудаанд, ки Худои муназзаҳ аз ҷисмият ва ҷисмониятро бипарастанд агарчи шумораи каме ҳам дошта бошанд, балки борикбинӣ дар мафҳуми бут (санам — васан) ва дар навъи қазоватҳои инсонӣ ин назарро таъйид мекунад, зеро сохтани бут пайваста барои тамсил ва таҷассуми авсоф ва аҳволи Худое аст, ки бут “мисоли” ӯст (аз қабили қаҳру лутфу меҳру кин).

Инсони бостон раббуннавъи дарёву оташу бодро мепарастида барои ин ки аз қаҳру хашми вай эмин гардад; раббуннавъро ситоиш мекарда барои ин ки аз лутфу меҳру баракоти вай бархӯрдор шавад, ва ҳамчунин дар мавриди ситорапарастӣ ва ҷонварпарастӣ ва инсонпарастӣ ва фариштапарастӣ ва ғайра…

Таърихи нақлӣ аз Собеъин ва ғайри онҳо ин назарро таъйид менамояд.

Ва аз сӯи дигар, пайваста инсон дастгоҳи офаринишро аз дастгоҳи зиндагӣ ва ба вежа зиндагии иҷтимоии худ андоза гирифта ва қиёс мекунад.

Инсон Худои ҷаҳонро монанди худовандгор ва шаҳриёри як ободӣ мепиндорад ва ҳам мепиндошта, ки Худо ба ҳар бахше аз корҳои марбут, як тан гумошта, ки худовандгор ва сарриштадори ҳамон кор буда бошад ва Худои ҷаҳон Худои ҳамаи худоён ва шоҳи ҳамаи шоҳон аст.

Арбоби анвоъ ва ҳамчунин ситорагон ва ҷуз онҳо, ки парастида мешудаанд, барои ин буда, ки миёни инсони паст ва Худои пок робит ва миёнҷӣ буда ва дар беҳбудии ҳоли зиндагӣ ва пас аз марги инсон бикӯшанд, агарчи ин равия кам-кам ранге носутуда гирифта ва ба раббуннавъ ё ситора масалан ҷомаи истиқлол пӯшонда, балки ба порасанг ё чӯб ё филизе, ки бут сохта шуда номи “Худои офариниш” додааст.

Ва аз ҳамин назар, метавон истинтоҷ кард, ки бутпарастӣ зоидаи як навъ мусомиҳа дар Худопарастӣ (тавҳид) аст, на баръакс, чунонки бархе аз донишмандон монанди Макс Мулер (Max Muller), донишманди олмонӣ, тақаддуми аҳди тавҳидро бар аҳди васаният аз роҳи илм исбот кардааст.

Сониян, баҳси мо баҳси бурҳонӣ аст ва аз назари бурҳон, тарафдорони бисёр доштан ё тақаддуми аҳд ё тӯли замон, далели сиҳҳат ва тамомияти як назария наметавонад бошад, ба хилофи фитрӣ будани як қазия, ки лозимаи хилқат аст, зеро фикрҳои бисёр метавонад хато кунад, вале фикри муттакӣ ба офариниш хато намекунад.

Он чи фалсафа мегӯяд ин аст, ки башари нахуст ба фикри иллати ҷаҳон афтода ва Худоро исбот карда ва пас аз он дар сари ташхиси мисдоқи он (иштибоҳан) ба касрат ва таъаддуд қоил шудааст, пас дар натиҷа мазҳаби васаният мутаъаххиртар аст.

Ва аммо он чи ки дар зайли ишкол гуфта шуда, ки: “инсон дар оғози пайдоиши навъи худ моддӣ буда” дурӯғе аст, ки ҳеч гуна далели мантиқии илмӣ ё фалсафӣ бар он иқома нашуда ва танҳо пуштибони он, иддаои моддигароён аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: