Арӯсакҳои ҷангсолор

Хулосаи мақолае аз Дэнни Сюрсен (Danny Sjursen) дар Lobe Log

Тағйироти паёпай дар кобинаи Тромп, тарснок шудааст. Раисиҷумҳур ду сиёсатмадори ҷангталабро яке пас аз дигаре рӯи кор овард, то нусхаи ифротитаре аз худаш нишон бидиҳад. Шойеъот ҳокӣ аз он аст, ки тағйири коркунон ҳанӯз ба нуқтаи поёни худ нарасидааст.

Дар тайи чанд ҳафтаи гузашта, Тромп, вазири умури хориҷа ва мушовири амнияти миллиро ихроҷ кард, ва ифротиҳоро — Мойк Помпео, раиси CIA ва Ҷон Болтон, сафири собиқи Омрикоро — ҷойгузини онҳо кард. Женерол МакМастер ва Тилерсон аз ибтидо интихобҳои иштибоҳе буданд. Аммо ба назар мерасад, Помпео ва Болтон одамони муносиб барои ҷанг ҳастанд. Дар ҳақиқат, ин вазъият шабеҳи як сенориюи ҳоливудӣ аст, ки ба самти ҷанг пеш меравад.

Ҷанг бо чӣ касе? Бо таваҷҷӯҳ ба гароишҳои Помпео ва Болтон, гузинаи возеҳ Эрон аст. Онҳо солҳост, ки бар табли ҷанг бо Ҷумҳурии Исломии Эрон мекӯбанд. Бояд дид, Тромп ва ин ду фармонбардори ӯ, чӣ гуна бо Куреи шимолии ҳастаӣ ба тавофуқ мерасанд ва чӣ гуна ба самти нобудии тавофуқи ҳастаии Эрон дар моҳи май ва раҳбарии иқдоми низомӣ алайҳи Эрони ғайриҳастаӣ ва мутаъаҳҳид ба тавофуқ, хоҳанд чархид.

* * *

Мушкили Болтон

Мушовири амнияти миллӣ дорои ҷойгоҳи фавқулъода бонуфузе аст ва ҳатто ба раъйи эътимоди Маҷлиси Сено ниёзе надорад. Охирин машварате, ки Тромп қабл аз тасмимгирӣ дар мавриди ҷангу сулҳ, мешунавад, назари Болтон аст.

Болтон чӣ қадр хатарнок аст? Ӯ дар мавриди ҳар тасмими муҳимми сиёсати хориҷии худ, иштибоҳ кардааст. Ӯ борҳо ва борҳо хостори ҷанги пешгирона бо Куреи шимолӣ шуда ва муддати замони зиёде аст, ки хостори тағйири режими Эрон аст ва ҳатто барои ин иттифоқ таърих мушаххас кардааст: охирҳои 2018.

Ӯ ҳанӯз ҳам исрор дорад, ки ҷанги 2003 дар Ироқ, ки ин кишвар ва кулли минтақаро нобуд кард, дуруст будааст. Марде, ки аз шикасти тағйири режим дар Ироқ дарс нагирифта ва ҳатто ин шикастро напазируфтааст, акнун масъули созмоне аст, ки сиёсати низомии Иёлоти Муттаҳидаро барои оянда ҳамоҳанг мекунад.

* * *

Мушкили Помпео

Ҳамаи ин солҳо Помпео ҳатто як ишора ба ҳазинаҳои воқеии ҷангҳои ғайримунтазира ва ғайризарурӣ дар Ховари Миёна надоштааст. Ҳанӯз ӯ мувофиқи ҷанги низомӣ бо Эрон аст. Ӯ ҳатто газофагӯӣ кардааст, ки танҳо 2000 ҳавопаймо барои аз байн бурдани тавоноии ҳастаии Эрон кофӣ аст. Агар Ҷеймс Матис (вазири дифоъ) дар симати худ боқӣ бимонад, Помпео аввалин диплумоти боломақоме аст, ки ҷангталабтар аз вазорати дифоъ аст. Вазорати умури хориҷа метавонад ба “Вазорати ҷанги 2” тағйири ном ёбад.

Помпео як исломҳароси ҳамешагӣ аст ва ҳатто ба хотири ин тафаккур, ҷоиза дарёфт кардааст. Ӯ дар замони риёсаташ дар созмони CIA, талош кард, то аснодеро фош кунад, то нишон диҳад байни Эрон ва Алқоъида иртибот вуҷуд дорад. Фаромӯш кунем, ки Эрон дар ҳоли мубориза бо гурӯҳҳои муртабит бо Алқоъида дар Сурия ва Ироқ аст. Помпео исрор дорад Эрон бо Алқоъида баробар аст.

* * *

Аз женеролҳои ҷангталаб то ҷӯҷаҷангҷӯҳо

Ба назар мерасад, ду раванди нигаронкунанда дар ҳоли амалӣ шудан аст. Тағйири тасмимгирӣ аз ҳокимияти женеролҳо ба тасмимгирии ҷӯҷаҷангҷӯҳои ғайринизомӣ ва поёни ихтилофот дар ҳавзаи дохилии Тромп.

Нахустин рекорди раисиҷумҳур дар интисоби се тан аз женеролҳои ӯ барои идораи тими амнияти миллӣ ва Кохи сафед, таҳдиде барои ҷумҳурӣ ва расми тақаддуми иқдоми ғайрнизомӣ бар низомӣ буд. Вақте пои ҷанги Омрико ба миён меояд, се афсари олирутба – МакМастер, Матис ва женерол Ҷон Келли — танҳо бар назароти худ такя мекунанд.

Он чи барои раисиҷумҳур Тромп арзиши бештаре дорад, вафодорӣ аст. На ба миллат, балки ба худи Тромп. Яъне ин ки, ҳеч касе мустақиман бо раисиҷумҳур мухолифат намекунад. Ваҷҳи иштироки Тилерсун ва МакМастер дар ин буд, ки ҳар дуи онҳо талош карданд хостаҳои ифротии Тромпро маҳор кунанд. Он чи ин раисиҷумҳур мехоҳад, тафаккури интиқодӣ ё баҳсҳои огоҳона нест. Вафодории комил ба худи ӯст.

Вежагиҳои мушаххаси Кохи сафеди феълӣ, чоплусӣ ва ошнобозӣ аст. Ҷон Болтон ҳаргиз намехоҳад рафторҳои ҷангҷӯёнаи Тромпро таъдил кунад ва Помпео як чоплус аст. Тромп ва Помпео аз назари шахсӣ ва дар фазои корӣ ба якдигар бисёр наздик ҳастанд. Ҳамфикр будан, масири пешрафт дар ин давлат аст.

Ҳамон тавр, ки Омрико вориди дуввумин баҳори риёсати ҷумҳурии Тромп мешавад, ба самти ҷангҳои бештаре низ ҳаракат мекунад. Тромп билохира навкаронеро, ки мехоҳад дорад, ҷоннисор ва дорои руҳияи ҷангталабӣ.

Lobe Log

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: