Коршинос: “Мумкин аст дар рӯзҳои оянда ё ҳафтаҳои оянда шоҳиди вокуниши Эрон ба ҳамлаи дирӯзи Исроил ба Сурия бошем”

Раҳмони Қаҳрамонпур, устоди донишгоҳ ва коршиноси масоили байналмилалӣ дар Эрон, дар мавриди вокуниши Эрон ба таҳаррукоти ахири Омрико ва Исроил изҳор дошт: “Эрон ҳам қоъидатан дар муқобили ин таҳаррукот, иқдомоти худашро анҷом хоҳад дод ва мумкин аст дар рӯзҳои оянда ё ҳафтаҳои оянда шоҳиди вокуниши Эрон ба ҳамлаи дирӯзи Исроил ба Сурия бошем. Бинобар ин, Эрон ҳам монанди Русия манофеи зиёде дар Сурия дорад ва дар муқобили душманони минтақаии худ ақибнишинӣ нахоҳад кард.”

Қаҳрамонпур дар гуфтугӯ бо хабаргузории Ҷаморон, дар мавриди авзоъи феълии Сурия ва эҳтимоли рӯёрӯии низомии Русия ва Омрико дар ин кишвар, гуфт: “Омрико тақрибан аз чанд моҳ пеш, ҳамзамон бо ҳамлаи Туркия ба Ифрин, ҳаракатеро дар Сурия шурӯъ кардааст ва он гуна, ки аз шавоҳиду қароин пайдост, қасд дорад тавофуқи Остона байни Эрон, Русия ва Туркияро ба навъе мутазалзил кунад, чун бар ин бовар аст, ки сарнавишти Сурия дар ҳоли ҳозир дар дастони меҳвари Эрону Русияву Туркия аст.”

Вай идома дод: “Ин мавзӯъ барои Русия бисёр муҳим аст, чун медонем, ки ин кишвар сармоягузории бисёр калоне дар Сурия ва барои ҷилавгирӣ аз суқути Башшор Асад анҷом додааст ва ба дунболи ирсоли ин паём ба муттаҳидони худаш аст, ки сенориюи Либӣ такрор нахоҳад шуд ва Русия муттаҳидони худашро танҳо нахоҳад гузошт.”

Ин коршиноси масоили байналмилалӣ изҳор дошт: “Ин сармоягузории калони диплумотик, сиёсӣ ва низомии Русия, бисёр барои ин кишвар муҳим аст, аммо бардошти Омрико аз ин ҳузури Русия ин аст, ки Русия аз ин тариқ дар ҳоли муҳкам кардани мавқеияти худ дар Ховари Миёна ва ба дунболи кам кардани саҳми Омрико дар ин минтақа аст. Бинобар ин аз ин бобат нигарон аст, ки меҳвари Русия, Эрон, Туркия, Ҳизбуллоҳ ва баъдҳо Сурия, дар оянда табдил ба як меҳвари қудратманд дар муқобили меҳвари Омрико ва муттаҳидони арабаш дар минтақа шавад.”

Қаҳрамонпур бо таъкид бар ин ки нигаронии Омрико ин аст, ки Русия меҳвари ҷадиде алайҳи меҳвари суннатии Омрико ва муттаҳидонаш дар минтақа ташкил диҳад, тасреҳ кард: “Махсусан чархиши Туркия ба унвони яке аз муттаҳидҳои суннатии Омрико баъд аз кудетои 2 сол пеш ба самти Русия, ин нигарониро дучандон кардааст. Туркия бо густурда кардани равобит бо Русия, аз ин кишвар таслеҳоти низомӣ чун S-400 харидорӣ карда ва 50 милёрд қарордоди тиҷорӣ ва иқтисодӣ мунъақид карда. Ва ин мавзӯъ ба маънои тазъифи қудрати Омрико ва афзоиши қудрати Русия дар минтақа аст.”

Вай, бо баёни ин ки 2 қудрати аслии минтақаи Ховари Миёна яъне Эрон ва Туркия, дар ҳоли ҳозир ҳаддиақал дар мавриди бӯҳрони Сурия ба Русия пайвастаанд ва ин дар масъалаи мувозинаи қувваҳо дар минтақа, масъалаи муҳимме барои Омрикост, гуфт: “Аз назари Омрико, агар ин меҳвар битавонад дар Сурия муваффақияти мавриди назари худро ба даст оварад, дар он сурат мумкин аст масалан дар Яман ҳам ворид шавад ё таҳдиде барои манофеи Омрико дар манотиқи дигар бошад. Маънои соддаи ин шароит ин аст, ки дигар Омрико мавқеияти собиқи худашро дар минтақа нахоҳад дошт ва илова бар он, муттаҳидони суннатии Омрико монанди Арабистон, Исроил ва Ӯрдун тазъиф хоҳанд шуд.”

Ин устоди равобити байналмилал иброз дошт: “Ҷудои аз ихтилофоте, ки Омрико бо Русия дар мавриди Укройн ва Гурҷистон дорад, масъалаи аслии Вошингтун ин аст, ки Маскав битавонад дар яке ду даҳаи оянда табдил ба як бозигари стратегӣ ва асаргузор дар Ховари Миёна шавад ва аз Омрико саҳмхоҳӣ кунад. Аз ин рӯ, Омрико ба дунболи ин аст, ки ҷилави ин пешравии Русияро бигирад; аммо воқеиятҳои мавҷуд дар Сурия нишон медиҳад, ки гузинаҳои Омрико дар Сурия маҳдуд аст.”

Вай хотирнишон кард: “Масъалаи дигар ин аст, ки бӯҳрони Сурия аз он марҳилаи бисёр сахти худ убур кардааст ва тақрибан метавон гуфт, ки парвандаи ДОЪИШ дар ин кишвар баста шуда ва шароит барои тавзеъи қудрат байни гурӯҳҳои сурӣ дар ҳоли фароҳам шудан аст. Омрико эҳсос мекунад, ки дар ҳоли ҳозир, ҳузур дар Сурия ҳазинаи зиёде надорад. Бинобар ин, дар маҷмӯъ мехоҳам бигӯям, ки масъала барои Омрико нигаронкунанда аст, аммо масъала барои Русия ҳайсиятӣ аст ва Русия ба ҳеч ваҷҳ намехоҳад кӯтоҳ биёяд.”

Қаҳрамонпур гуфт: “Аз тарафе, фурсатҳо, имконот ва абзорҳои Омрико барои фишор бар Русия, маҳдуд аст. Ҳатто курдҳое, ки ба навъе муттаҳиди суннатии Омрико дар минтақа ва аз ҷумла бо Сурия маҳсуб мешуданд, ба воситаи ҳамсӯии Туркия ва Сурия натавонистанд дар бӯҳрони Ифрин муваффақ бошанд. Бинобар ин, Омрико бар рӯи курдҳо ҳам наметавонад ҳисоб кунад. Пас, дар саҳнаи дохилии Сурия метавон гуфт, ки Омрико муттаҳиди қудратманди ончунонӣ надорад. Албатта, ин ба ин маъно нест, ки дар оянда ҳам нахоҳад дошт. Аз ин рӯ, дар маҷмӯъ баъид ба назар мерасад Омрико бихоҳад вориди ҷанги мустақим бо Русия дар Сурия шавад.”

Вай изофа кард: “Ҳатто Фаронса низ алорағми таҳдиде, ки Макрон кардааст, то ба ҳол иқдоми амалӣ анҷом надодааст. Ба иборате, мехоҳам бигӯям, ки ҳазинаи ҳузури низомии Урупо ва Омрико дар Сурия, бисёр бештар аз фоидаҳояш аст. Аз тарафи дигар, Русия саҳнаро дар ихтиёр дорад ва саҳнаи Сурия як саҳнаи ором ва босубот барои сармоягузорӣ нест. Сурия ҳанӯз гирифтори ҷанги дохилӣ аст ва вуруд ба ин саҳна ба ҳамин роҳатӣ нест. Бинобар ин, Омрико беҳтар аз ҳама медонад, ки агар дар ин шароит бихоҳад вориди Сурия шавад, як бори дигар як бӯҳрони фарогир дар ин кишвар шурӯъ хоҳад шуд ва берун омадани Омрико аз он, хеле сахт аст.”

Вай дар посух ба ин суол, ки пас ин таҳдидҳои мақомоти Омрико дар мавриди ҳамла ба Сурия ба чӣ маъност, гуфт: “Албатта, Ҷон Болтон ва Помпео ва ин навмуҳофизакороне, ки ба тозагӣ бар сари кор омадаанд, қоиъдатан бояд худро нишон бидиҳанд, чун онҳо мехоҳанд ҷиддӣ гирифта шаванд. Ҳол, агар таҳдидоти Тромп ҷиддӣ гирифта намешавад, аммо бо собиқае, ки аз ин навмуҳофизакорон вуҷуд дорад, мумкин аст инҳо барои ин ки бихоҳанд як боздорандагӣ эҷод кунанд, даст ба иқдомоте бизананд, вале воқеияти амр ин аст, ки ҳазинаи ин иқдом бисёр болост.”

Қаҳрамонпур таъкид кард: “Имрӯз саҳнаи Сурия дар дасти Русия, Эрон ва то ҳадди камтаре Туркия аст, ва Омрико барои ҳузур дар ин саҳна бояд ҳазинаи зиёде бипардозад, зимни ин ки бидуни кӯмаки Урупо баъид аст, ки битавон ин корро анҷом диҳад. Аммо агар чунин иттифоқе сурат бигирад, нишондиҳандаи ин аст, ки Омрико ва Урупо як тасмими бисёр стратегӣ гирифтаанд ва дар ин сурат бояд мунтазир бошем, ки минтақа даргири бӯҳронҳои ба маротиб ҷиддӣтаре шавад. Ҳарчанд таҳлили ман ин аст, ки ин тасмим дар ин шароит ақлонӣ нест ва ман даргирии мустақим ва фарогир байни Русия ва Омрикоро мунтафӣ медонам, ҳарчанд мумкин аст даргириҳои парокандае сурат бигирад.”

Вай дар посух ба ин пурсиш, ки ба фарзи ин даргирӣ шакл бигирад, Туркия бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳам узви НАТО аст ва ҳам як пойи меҳвари Остона, дар кадом самт хоҳад истод, изҳор кард: “Посух ба ин суол як миқдор печида аст. Туркия чанд бор собиқаи дархости кӯмак аз НАТО-ро доштааст ва НАТО аз Туркия ҳимоят накардааст. Кудетои ахири Туркия ва тирагии равобит бо Урупо низ эҳтимоли ин ҳамкориро камтар кардааст. Туркия бо Юнон мушкил дорад ва борҳо ин мавзӯъро ба НАТО бурдааст, вале НАТО эълом карда дар мавзӯъ дахолат намекунад… Бинобар ин, агар фарз бар ин бошад, ки Омрико ба Сурия ҳамла кунад, Туркия эълом мекунад даъвои дуҷониба аст ва дахолат намекунад ва Туркия таъаҳҳуде нисбат ба ҳимоят аз Омрико надорад. Аз тарафи дигар баъид аст, ки НАТО ба Сурия ҳамла кунад.”

Ин коршиноси минтақаи Ховари Миёна ҳамчунин таҳлили худ аз сатҳи муноқишоти минтақаӣ мобайни Эрон, Арабистон ва режими саҳюнистиро ин гуна баён кард: “Шакке нест, ки ин таниш идома хоҳад дошт, вале дар айни ҳол бояд таваҷҷӯҳ кунем, ки Арабистон ба хубӣ воқиф аст, ки наметавонад ба танҳоӣ дар минтақа монеъи афзоиши қудрати Эрон бошад ё бо Эрон вориди даргирии низомӣ шавад. Бинобар ин, ҳамаи талоши Арабистон ин аст, ки ҳимояти Омрико ва дар сурати имкон Урупоро барои ин кор ҷалб кунад. Телавив ҳам дар ин моҷаро манофеъи худро дорад. Бинобар ин, аз ин талош барои Арабистон ҳимоят мекунад. Ба ҳамин далел, бархе мӯътақиданд, ки як эътилофи нонавиштае байни Риёз, Вошингтун ва Телавив барои маҳори Теҳрон вуҷуд дорад, аммо ин ки ин маҳор аз тариқи низомӣ хоҳад буд ё шакли дигаре аз иқдомот, худаш маҳалли таъаммул аст. Бардошти ман ин аст, ки ҳатто ин се кишвар ба сурати мустақим бо Эрон вориди ҷанг намешаванд, вале бар рӯи ҳавзаҳои дигаре чун иқтисод мутамаркиз хоҳад шуд ва аз тариқҳои абзорҳои иттилоотӣ ва ғайра саъй хоҳанд кард бар Эрон фишор ворид кунанд. Аммо даргириҳои мақтаӣ ва нуқтаии Эрон ва Арабистон ва Исроил дар минтақа дур аз зеҳн нест.”

Вай дар поён дар мавриди вокуниши Эрон ба таҳаррукоти ин се кишвар изҳор дошт: “Эрон ҳам қоъидатан дар муқобили ин таҳаррукот, иқдомоти худашро анҷом хоҳад дод ва мумкин аст дар рӯзҳои оянда ё ҳафтаҳои оянда шоҳиди вокуниши Эрон ба ҳамлаи дирӯзи Исроил ба Сурия бошем. Бинобар ин, Эрон ҳам монанди Русия манофеи зиёде дар Сурия дорад ва дар муқобили душманони минтақаии худ ақибнишинӣ нахоҳад кард.

Ҷаморон

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: