Перейти к содержимому

Посухи пурсише дар бораи ҳадаф аз офарида шудани инсон

Пурсиш: Ассалому алайкум. Суол ин аст:

1) Инсон кист? Ман киям? Маро чаро офариданд? Чаро бояд зиндагӣ кунам?

2) Мақсад (ҳадаф) чист? Чӣ гуна мақсад мегузоранд? (Масалан, бародаре аз ман суол кард, дар оянда чӣ нақша дорӣ? Ман гуфтам, ҳеч. Гуфт, инсон бояд мақсад дошта бошад, нақша дошта бошад. Ва гуфт, пайи фаҳмидани ин чор чиз бош. Ҳамаи инро бояд бидонӣ.) Мақсади мондан чист? Чӣ гуна ба мақсадҳо ё орзуҳои худ бирасем, зеро ҳарчанд кӯшиш мекунем, ҳосил ҳеч аст. Фаровон сипос!

Ш.Ҳ.

* * *

Посух: Ба номи Худо. Ва алайкум салом. Саъй мекунам, ба андозаи дониши андакам, ба таври хулоса, ба ин пурсишҳои шумо посух бинависам, ба ин тартиб:

1) Инсон кист ва ман киям?

Инсон, як таърифи мушаххас надорад. Яъне наметавон инсонро ҳамон тавре, ки дигар чизҳоро таъриф мекунанд, таъриф намуд. Инсон як мавҷуди бисёр печида аст; ба гунае ки ба адади инсонҳои рӯи замин — аз оғози пайдоиш то ин лаҳза — таъриф барои онҳо вуҷуд дорад. Яъне, ҳар инсоне, таърифи хоссе барои худ дорад, ки аз инсони дигар фарқ мекунад.

Суқрот, Арасту ва Афлотун ҳам инсон буданд, Искандар ҳам як инсон. Ҳазрати Мӯсо (с) ҳам як инсон буд, Фиръавн ҳам як инсон. Ҳазрати Исо (а) ҳам як инсон буд, Қайсар ҳам як инсон. Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳам як инсон буд, Абӯҷаҳлу Абӯлаҳаб низ инсон буданд… Аммо инсонияти Суқрот куҷост ва “инсонияти” Искандари хунхор куҷо? Инсонияти ҳазрати Мӯсо (а) куҷову “инсонияти” Фиръавн куҷо? Инсонияти ҳазрати Муҳаммад (с) куҷову “инсонияти” амсоли Абӯҷаҳлу Абӯлаҳаб куҷо?

Асосан, оё метавон барои амсоли Фиръавну Абӯҷаҳлу Ҳитлеру Истолин мафҳуми “инсон”-ро ба кор бурд? Аз назари Қуръони Карим, баъзе инсоннамоҳо фақат ба зоҳир инсонанд, вале дар воқеъ, пасттар аз ҳайвонот ҳастанд, Қуръон онҳоро ҳатто ҳайвон ҳам намешуморад:

أَرَأَيْتَ مَنِ اتَّخَذَ إِلَهَهُ هَوَاهُ أَفَأَنتَ تَكُونُ عَلَيْهِ وَكِيلًا. أَمْ تَحْسَبُ أَنَّ أَكْثَرَهُمْ يَسْمَعُونَ أَوْ يَعْقِلُونَ إِنْ هُمْ إِلَّا كَالْأَنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ سَبِيلًا

Оё он кас, ки ҳавои нафси худро маъбуди хеш гирифтааст, дидӣ?! Оё метавонӣ зомини ӯ бошӣ? Гумон дорӣ, ки бештари онҳо мешунаванд ё меандешанд? Онон ҷуз монанди чорпоён нестанд, балки гумроҳтаранд.” (Сураи Фурқон, оятҳои 43-44)

Бинобар ин, мо наметавонем барои кулли инсонҳо як таърифи воҳид ироа намоем. Бале, метавон суолро ин гуна матраҳ кард: инсон бояд чӣ гуна бошад? Яъне, аввал бояд аз “инсони намуна ва идеал” як таъриф ироа дод, сипас талош кард, то он чунон шуд.

Ҳол, инсони идеол чӣ инсоне аст, то он чунон бошем?

Ҳазрати Одам — ки падари инсонҳои рӯи замин аст ва ҳамаи мо фарзандони ӯ ҳастем — ба унвони махлуқе таъриф шудааст, ки Худованд ӯро “халифа” (ҷонишин) қарор дода ва ӯ олим ба ҳамаи асмо (номҳо) аст ва фариштаҳо дар баробари вай сар ба саҷда ниҳодаанд, яъне дорои мақоме будааст болотар аз мақоми фариштаҳо. Ӯ ойинаи асрори Ҳақ ва мунъакискунандаи сифоти илоҳӣ ва таҷалии ҷамолу ҷалоли ӯст:

Одам устурлоби авсофи улуст,

Васфи Одам мазҳари оёти ӯст.

Ҳар чӣ дар вай менамояд, акси ӯст,

Ҳамчу акси моҳ андар оби ҷӯст.

Пас, “инсони намуна ва идеол” инсоне аст, ки дар ӯ сифоти илоҳӣ ҷамъ шуда бошад (ба ҷуз сифатҳое, ки махсуси зоти илоҳист мисли сифати кибриёӣ). Худо алим (огоҳ) аст, пас инсони олиму огоҳ, як инсони идеол аст. Худо раҳмону раҳим (меҳрубон) аст, пас инсони меҳрубон, инсони идеол аст. Худо қодир (тавоно) аст, пас инсони тавоно, инсони идеол аст. Худо ҳаким аст, пас инсони ҳаким, як инсони идеол аст. Худо одил аст, пас инсони одил, як инсони идеол аст… Хулоса, ҳар андоза, ки инсон дорандаи сифоти илоҳӣ бошад, ӯ идеолтар ва намунатар аст.

Аз ин рӯ, посухи пурсиши “ман киям” — ки мебоист “ман кӣ бошам” бошад – ин аст, ки ту бояд инсони идеол бошӣ; олиму огоҳ бошӣ, на ҷоҳилу нодон. Қодиру тавоно бошӣ, на нотавону заъиф. Меҳрубон бошӣ, на сангдилу номеҳрубон. Ҳаким бошӣ, на кавдану аблаҳ. Одил бошӣ, на золиму ситамгар, ва ғайра…

Албатта, ин ҳақиқат, рабте ба омӯзаҳои динӣ ҳам надорад. Балки ҳар файласуфу ҳакиме, ҳатто агар мулҳид ҳам бошад, вақте аз ӯ бипурсед, ки инсони идеол кадом аст, посухаш ҷуз ин нест, ки хоҳад гуфт, инсони идеол инсонест огоҳ, тавоно, меҳрубон, одил, ҳаким ва ғайра; мунтаҳо, ин сифотро на ба унвони сифоти илоҳӣ, балки ба унвони “сифатҳои инсонӣ” матраҳ хоҳанд кард.

* * *

2) Чаро маро офаридаанд?

Офарида шудаем, то хушбахт бошем. Ин аст посухи ин суол. Ва касе ҳам дар рӯи олам нест, ки бигӯяд, ман намехоҳам хушбахт бошам. Ҳама мехоҳанд хушбахт бошанд. Зеро инсон, оромиши худро, дар саодат ва хушбахтӣ медонад, ва дуруст ҳам ҳаст. Вақте шумо хушбахтед, оромиш доред, эҳсоси оромиш мекунед. Мунтаҳо, тамоми сухан дар ин аст, ки хушбахтӣ ва саодат чист ва ё дар чист? Инсонҳо, бидуни истисно, дар ин ки хушбахт ва саодатманд бошанд, иттифоқи назар доранд, вале дар ин ки хушбахтӣ ва саодат дар чист, бо ҳам ихтилоф доранд. Яке, саодат ва хушбахтиро дар пулдору сарватманд будан медонад. Дигаре, дар машҳур будан. Севвуме, дар як чизи дигар ва ҳоказо…

Ҳақиқат ин аст, ки: инсоне, ки саодатро дар пулу сарвати зиёд мебинад, ӯ гумон мекунад, ки вақте сарватманд шуд, оромиш ба ӯ даст хоҳад дод. Ва касе ҳам, ки саодатро дар машҳур будан мебинад, гумон мекунад, ки вақте машҳур гардид ва ҳама ба ӯ таваҷҷӯҳ карданд ва аз ӯ сухан гуфтанд, ӯ оромиш хоҳад ёфт ва эҳсоси оромиш хоҳад намуд. Дар ҳоле, ки шумо агар сарватмандтарин одами дунёро суроғ дошта бошед ва аз ӯ бипурсед, ки оё ба ниҳояти оромиш расидааст, хоҳад гуфт, ҳанӯз на, балки пули бештар мехоҳам. Ва ё машҳуртарин инсонро суроғ дошта аз ӯ пурсед, ки оё оромиш ёфтаӣ, хоҳад гуфт, ҳанӯз на, мехоҳам шӯҳрати бештаре пайдо бикунам. Бархе ҳастанд, ки саодатро дар риёсат медонанд, якчунин инсоне агар фаразан раиси як ширкат аст, мехоҳад раиси як кишвар бошад, вақте раиси як кишвар шуд, мехоҳад манотиқи бештареро таҳти султаи худ дошта бошад, ва агар бар кулли олам ҳам тасаллут биёбад, мехоҳад ба Миррих ҳам даст ёбад.

Рози ин “аташ” ва ташнагӣ, ки серобшуданӣ нест, дар ин аст, ки инсон фитратан ба гунае офарида ва сиришта шудааст, ки ба тарафи “камол” ҳаракат мекунад ва то ба “камоли ниҳоӣ” нарасад, барои ӯ оромиш даст намедиҳад. Касе, ки мехоҳад сарвати бештар, яъне қудрати бештар, дошта бошад, “сарват”-ро камол мепиндорад, на василаи расидан ба “камол”. Барои ҳамин аст, ки агар милёрдер ҳам, ки шуд, боз он оромиши матлубро эҳсос намекунад, фикр мекунад бояд бештар сарват андӯзад, то ба оромиши матлуб бирасад.

Аммо “камоли ниҳоӣ”-и инсон дар чист, ки вақте ба он бирасад, дигар оромиши матлуб ба вай даст хоҳад дод. “Камоли ниҳоӣ”-и инсон дар ин аст, ки ба Худо муттасил шавад.

Ин матлаб андаке ниёз ба тавзеҳ дорад. Тавзеҳ он ки: Худованд дар Қуръони Карим дар чанд маврид, дар бораи ҳадаф аз офариниши инсон ва ин ки Худованд чаро ӯро офарида сухан ба миён овардааст. Дар баъзе аз онҳо, сухан аз “ҳадафи миёна” рафтааст, ва дар бархе аз онҳо сухан аз “ҳадафи ниҳоӣ” аст. Мурод аз “ҳадафи миёна” он аст, ки ин ҳадаф моро ба “ҳадафи ниҳоӣ” мерасонад, ва ба сухани дигар, роҳи расидан ба ҳадафи ниҳоӣ, ҷуз он нест.

Инак, ин оятҳо:

Дар ҷое аз Қуръони Карим, ҳадаф аз офарида шудани инсонҳо “ибодат” дониста шуда:

وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالأِنْسَ إِلاَّ لِيَعْبُدُونِ

Ва Ман ҷинну инсро наёфаридам, магар он ки маро ибодат кунанд.” (Сураи Зориёт, ояти 56)

Бино бар ин оят, ҳадаф аз офаридани инсон, ибодат ва бандагии Худост. Яъне инсон бояд тан ба бандагии Худо дода ва ҷуз дар баробари ӯ дар муқобили ҳеч кас сар фуруд наёварад. Албатта, манзур аз ибодат, танҳо намозу рӯзаву соири ибодот нест, балки тибқи ҷаҳонбинии исломӣ, ҳар ҳаракат ва амали мусбате, ки аз инсон сурат гирад, ба шарти он ки ба ангезаи тақарруб ва наздикӣ ба Худо бошад, он амал ва ҳаракат, ибодат аст. Албатта, намоз ва рӯза боризтарин мисдоқи ибодат ба шумор мераванд.

Ибодат аммо аз назари Қуръони Карим, “ҳадафи ниҳоӣ” нест, балки “ҳадафи миёна” аст, ки моро ба “ҳадафи ниҳоӣ” мерасонад. Яъне, вақте гуфта шавад, Худованд инсонро барои он офарида, ки то ӯро ибодат кунад, мантиқӣ аст, ки ин суол матраҳ шавад, ки чаро инсон Худоро ибодат бикунад, магар Худо ба ибодати бандаҳояш ниёз дорад? Ин ҷост, ки ҳадаф аз ибодатро “ёди Худо” медонад ва мефармояд:

إِنَّنِي أَنَا اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدْنِي وَأَقِمِ الصَّلَاةَ لِذِكْرِي

Ҳамоно Ман Худоям, нест худое ба ҷуз Ман, пас маро ибодат бикун ва намозро барпо бидор барои ёди ман.” (Сураи Тоҳо, ояти 14)

Дар ин оят мегӯяд, ибодати ту, эй инсон, барои он аст, ки то ба “ёди Худо” бошӣ. Ва ба иборати дигар, ибодат (масалан намоз) як “ҳадафи миёна” аст, ки туро ба “ҳадафи ниҳоӣ”, ки ҳамон ёди Худост, мерасонад.

Ёди Худо албатта фақат ин нест, ки инсон ба забон Худо-Худо гӯяд, балки ёди Худо он аст, ки Худованд ҳамвора пеши мо ҳузур дошта ва лаҳзае аз ӯ ғофил нашавем. Пас, “ёди Худо” дар ин оят ба унвони “ҳадафи ниҳоӣ” зикр шудааст. Яъне, Худо моро офарида, то ҳамвора ба ёди ӯ бошем ва бо ӯ бошем ва барои ӯ бошем. Хуб, ин чӣ натиҷае барои мо дорад? Ин ҷост, ки мефармояд:

الَّذِينَ آَمَنُوا وَتَطْمَئِنُّ قُلُوبُهُمْ بِذِكْرِ اللَّهِ أَلَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ

Касоне, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба “ёди Худо” оромиш ёфтааст; огоҳ бошед, ки фақат ба “ёди Худо” аст, ки дилҳо ва қалбҳо ором мегирад.” (Сураи Раъд, ояти 28)

Натиҷае, ки аз ин се оят ба даст меояд ин аст, ки Худо моро офарида, то ба оромиш даст биёем. Агар фармудааст намоз бихон, барои он аст, ки намоз моро ба ёди Худо мерасонад ва бо ёди Худост, ки мо ба оромиши ҷовидонӣ даст хоҳем ёфт.

Ин матлабро метавон ба ин сурат ҳам баён кард: Худо моро офарида, то ба “камол” бирасем (ва гуфтем, ки тамоми инсонҳо ба гунае офарида шудаанд, ки ба сӯи “камол” ҳаракат мекунанд) ва бо расидан ба камол, ба оромиш даст хоҳем ёфт, ва камоли воқеии мо дар ин аст, ки ба “ёди Худо” бошем ва ба Худо бирасем.

Худо, ҳамон гумшудае аст, ки ҳама ба дунболи онем, вале худамон огоҳ нестем. Оре, ҳама ба дунболи Худост, чӣ он касе, ки ба Худо имон дорад ва чӣ он касе, ки ба Худо бовар надорад. Мунтаҳо касе, ки мункири Худост, дар ташхиси камоли воқеӣ ва оромиши ҷовидонӣ ба иштибоҳ рафтааст. Подшоҳе, ки мехоҳад, тамоми дунё таҳти тасарруфи ӯ бошад, дар воқеъ ба дунболи Худост, вале худаш огоҳ нест. Зеро фикр мекунад, вақте тамоми дунё таҳти тасарруфи ӯ қарор гирифт, ӯ оромиш хоҳад ёфт, вале вақте ба ин ҳадаф ноил шуд, мебинад, ҳанӯз ором нест. Чаро? Чун оромиш фақат фақат бо расидан ба Худо ҳосил меёбад.

Ҳазрати Мавлоно дар аввали Маснавӣ чӣ қадр ин маъноро зебо ва расо баён карда, он ҷо, ки мефармояд:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

К-аз найистон то маро бубридаанд,

Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,

То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.

Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш

* * *

3) “Мақсад (ҳадаф) чист? Чӣ гуна мақсад мегузоранд? (Масалан, бародаре аз ман суол кард, дар оянда чӣ нақша дорӣ? Ман гуфтам, ҳеч. Гуфт, инсон бояд мақсад дошта бошад, нақша дошта бошад. Ва гуфт, пайи фаҳмидани ин чор чиз бош. Ҳамаи инро бояд бидонӣ.) Мақсади мондан чист? Чӣ гуна ба мақсадҳо ё орзуҳои худ бирасем, зеро ҳарчанд кӯшиш мекунем, ҳосил ҳеч аст. Фаровон сипос!”

* * *

Ин суоли шумо ба назарам як суоли ҷудо ва дар мавзӯи дигар аст. Банда ба сурате посух менависам, ки ба суоли аввали шумо иртибот пайдо бикунад.

Он дӯсти шумо дуруст гуфтааст, инсон бояд дар зиндагӣ ҳадаф дошта бошад, инсони беҳадаф яъне ҳеч чиз.

Гуфтем, ки ҳадафи ниҳоии инсон, ба Худо расидан аст (тақарруб ба Худост) ва ӯ бо расидан ба Худо, хушбахт хоҳад шуд. Хуб, ҳоло чӣ гуна ба Худо бирасем? Гуфтем, бо ибодат ва бандагии ӯ. Баъзеҳо ҳастанд, ки ҳамин ки ин ҳарф ба гӯшашон бихӯрад, гумон мекунанд, пас бояд ҳама чизро раҳо кард ва гӯшанишинӣ намуд, мисли баъзе аз мактабҳои сӯфигарӣ. Вале ин хатост. Роҳи расидан ба Худо ин нест, балки амал ба он чи фармудааст мебошад; ҳам дар ҳаёти фардӣ, ва ҳам ҳаёти иҷтимоӣ.

Дар ҳаёти фардӣ масалан, бояд ибодатҳои худро дар вақташ анҷом диҳед, аз шумо гуноҳе сар назанад; дурӯғ нагӯед, ба касе ситам накунед, хиёнат накунед, вафодор бошед, ва хулоса, ороста ба ахлоқи писандида ва дур аз ахлоқи зишту нописанд бошед, вақти гаронмояи худро беҳуда сарф накунед ва ғайра… Ин аст роҳи расидан ба Худо ва ҳамин аст хушбахтӣ ва саодат.

Ва дар ҳаёти иҷтимоӣ, бояд саъй кунед барои ҷомеаи худ, фарди муфиде бошед. Ҳар инсоне, дар ҷомеа, нақше бояд дошта бошад. Шумо масалан ба як ришта алоқаманд ҳастед; физик, шимӣ, риёзӣ, адабиёт, таърих ва ғайра… Ва чун ҷавонед, дар навбати аввал, дар риштае, ки алоқа доред, бояд таҳсил кунед, хуб онро фаро гиред, то дар ҷомеа як фарди муфиде воқеъ шавед. Агар истеъдод дар ин риштаҳо дар шумо нест, бояд касбе интихоб намоед; харрот, дуредгар, устои мошин, банно, нонвой, хулоса ҳар чи ки ба он алоқамандед, ҷомеа ба ин касбҳо ниёз дорад. Дар ҷомеа, ки бошед, дар доду ситад ва муъомила, бояд тибқи дастуроти илоҳӣ амал кунед, масалан моли ҳаром набояд вориди шиками шумо шавад, пуле, ки мехоҳед ба даст оваред, бояд аз роҳи ҳалол бошад.

Яке дигар аз масъулиятҳои иҷтимоии мо ин аст, ки ҳар фарде, аз ҷумла шумо, бояд саъй кунад, ҷомеааш як ҷомеаи солим бошад; ҷомеае, ки дар он ришвахорӣ нест, мардумозорӣ нест, ҳаромхорӣ нест, рибохорӣ нест, ақибмондагӣ нест ва ғайра… Ин аст роҳи расидан ба Худо ва хушбахтӣ.

Дар таъомул бо зану фарзанд, агар дошта бошед, бояд меҳрубон бошед, ханда аз лабонатон канда нашавад. Агар падару модар доред, бояд то охири умри онҳо, ҳавои онҳоро дошта бошед, як лаҳза аз онҳо ғофил машавед, ҳарчи хостанд анҷомаш диҳед, ва ба фармудаи Қуръон, ҳаргиз ба онҳо “уф” нагӯед. “Уф” нагуфтан киноя аз ин аст, ки ҳаргиз малоловар нашаванд, агар Худой нокарда маризанд, хидмати онҳоро кунед… Ин аст роҳи расидан ба Худо ва хушбахтӣ ва саодат.

Шумо дар ҷое гуфтаед: “ҳарчанд кӯшиш мекунем, ҳосил ҳеч аст”. Ин ҳарф ҳарфи хатост. Зеро қарор нест ҳар кӯшише ҳосиле дошта бошад. Шумо талош мекунед, ки агар натиҷа дод, ки чӣ хуб, аммо агар натиҷа надод, шумо ба нияти худ подош дода хоҳед шуд. Одам набояд ба хотири натиҷае ба даст наёвардан, ноумед шавад ва ғаму андӯҳ ӯро фаро гирад. Як бор нашуд, бори дуввум талош кунед, барои бори дувум нашуд, бори севвум талош кунед. Ва ҳамеша умедвор бошед.

Хулоса, агар мо дар ҳаёти фардӣ ва иҷтимоии худ ба таклифҳои шаръии худ чунонки дар боло гуфта омадам амал кардем, мо хушбахт ва саодатмандем.

Фикр мекунам, сухан ба дарозо кашид, ба ҳамин миқдор иктифо мекунам.

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: