Таҳлили Абдулборӣ Атвон аз таҳдидоти ахири Омрико алайҳи Сурия ва Русия

Бо таваҷҷӯҳ ба ташдиди таҳдидҳои Омрико мабнӣ бар ҳамлаи низомӣ ба Сурия ва ҳампаймононаш, минтақа дар фазои “ҷанги доғе” ба сар мебарад. Кор ба ҷое расид, ки Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, шахсан Владимир Путин, ҳамтои руси худро масъули ҳамлаи шимиёӣ ба минтақаи Ғутаи шарқии Димишқ донист. Ин иддао, эҳтимоли ҳамлаи Омрико ба пойгоҳҳо ва нерӯҳои Русия дар Сурияро матраҳ мекунад.

Равшан шудааст, ки Тромп, ба таҷовузи бомдоди рузи душанбеи режими Исроил ба пойгоҳи низомии Тайфури Сурия басанда нахоҳад кард. Вай таҳдид кардааст, ки дар тӯли 24 соати оянда дар хусуси посухи Омрико тасмимгирӣ кунад ва чӣ басо бо таваҷҷӯҳ ба изҳороти расмии Фаронса ва Омрико, Порис низ ба ин ҳамла мулҳақ шавад.

Касе наметавонад пешбинӣ кунад, ки таҷовузгарии ҷадиди Омрико куҷо хоҳад буд, аммо метавон аз лаҳни тунди Тромп ин бардоштро кард, ки ӯ ба як пойгоҳи низомӣ ё фурудгоҳи ҳавоии Сурия — баъд аз таҷовузгарии режими Исроил — басанда нахоҳад кард ва чӣ басо таъсисоти низомии муштараки Сурия ва Русия дар шаҳри Димишқро ҳадаф қарор диҳад, ки ин амр мумкин аст посухи қавии Русияро ба ҳамроҳ дошта бошад.

* * *

Масоили зер, сабаб мешавад, то пешбинӣ кунем, ки Русия ва Сурия ба эҳтимоли зиёд ба таври муштарак ба ҳар гуна таҷовузгарии Омрико ва Фаронса посух хоҳанд дод:

1) Нахуст: муваффақияти сомонаҳои падофанди ҳавоии Сурия дар сарнагун кардани 5 мушак аз маҷмӯи 8 мушаки шилликшуда аз сӯи ҳавопаймоҳои ҷангии исроилӣ ба пойгоҳи низомии Тайфур. Ин бад-он маъност, ки артиши Сурия мушакҳои боздорандаи пешрафтае аз ҳампаймони руси худ дарёфт кардааст.

2) Дуввум: таъкиди женерол Юрий Евтушенко, ки гуфтааст: “Сурия ҳақ дорад, то ба пойгоҳҳое, ки мушакҳои Исроил аз он ҷо ба фурудгоҳи низомии Тайфур шиллик шудааст, ҳамла кунад.” Вай афзуд: “Сурия ҳамчунин ҳақ дорад, ки ба пойгоҳҳои низомӣ дар дохили Сурия ҳамла кунад.” Евтушенко ин матлабро дар ишора ба пойгоҳҳои низомии Омрико дар минтақаи Танаф дар марзи Ӯрдун ва Ироқ ва низ дар манотиқи Айнулараб, Қомишлӣ, Риққа ва Манбаҷ дар шимоли ғарб ва шимоли шарқи Сурия баён дошт.

3) Севвум: шиллики мушак тавассути ҳавопаймоҳои ҷангии F-15 режими Исроил ба пойгоҳи ҳавоии низомӣ аз фарози хоки Лубнон. Ин амр бад-он маъност, ки фармондеҳони режими Исроил ба хубӣ дарк мекунанд, ки эҳтимоли сарнагунии ҳавопаймоҳои ҷангии онҳо дар сурати вуруд ба ҳарими ҳавоии Сурия зиёд аст. Ин вазъият нишон медиҳад, ки эҳтимолан артиши Сурия ба мушакҳои S-300 ё S-400 Русия даст ёфта ва аз Русия барои истифода аз онҳо ба манзури муқобила бо ҳар гуна ҳавопаймои ҷангии режими Исроил, ки ҳарими ҳавоии Сурияро нақз кунад, чароғи сабз гирифтааст.

Тромп аз шикасти тарҳи худаш дар Сурия ва ба таври куллӣ дар Ховари Миёна ба нафъи рақиби рус, эҳсоси иҳонат мекунад ва мехоҳад бо ҳамлае низомӣ, ба ин иҳонат посух диҳад. Тромп фикр мекунад бо ин ҳамла метавонад ҳайбати нерӯҳояш ва ҳампаймононашро бозгардонад. Ӯ дар ҷараёни муборизоти интихоботии худ гуфт, ки мехоҳад Омрикоро кишваре қавӣ кунад, аммо ҳар гуна иқдоми мутаҳаввиронаи Тромп — ба вежа агар ба кушта шудани нерӯҳои рус мунҷар шавад — мумкин аст як рӯёрӯии бепоён бо Маскавро ба ҳамроҳ дошта бошад.

Вақте Тромп масъулияти ҳамлаи шимиёӣ ба Ғутаи шарқиро мутаваҷҷеҳи шахси Путин мекунад ва вайро таҳдид мекунад, ки ҳазинаи газофе хоҳад пардохт, ин амр ба манзилаи “эъломи ҷанг” аст. Бар асоси шинохти мо аз Путин ва таъкиди ӯ бар ҳифзи эътибори Русия ва тавони Путин дар гирифтани тасмимоти сахт, Маскав низ дар рӯёрӯӣ бо ин вазъият даст рӯи даст нахоҳад гузашт.

* * *

Тромп бо оташ бозӣ мекунад ва ҷаҳонро ба самти ҷанги ҷаҳонии кучаке савқ хоҳад дод, ки шояд ба ҷанги ҷаҳонии бузурге бадал шавад, ки ҳеч кас ҷуз вай хоҳонаш нест.

Баъид намедонем, ки раисиҷумҳури Омрико хоста бошад, то аз таҷовузгарии бомдоди рӯзи душанбеи режими Исроил ба Сурия — ки худаш пештар аз он огоҳ буд ва барои он нақша кашид — ба унвони тӯъма истифода кунад, то Сурия ё Русияро ба вокуниш водорад ва он гоҳ, ба баҳонаи ҳимоят аз ҳампаймони худ яъне режими Исроил, мудохилаи низомӣ кунад. Аммо хештандорӣ дар муқобила бо ин таҷовузгарии режими Исроил, нақшаҳои Тромпро барҳам зад ва ноумедӣ ва сархӯрдагии ношӣ аз ин масъала низ сабаб шуд, то лаҳни таҳдидомези худро боло бибарад.

Мо дар 48 соати бисёр душворе ба сар мебарем, ки хатари ҳар навъ эҳтимоле вуҷуд дорад, аммо ҳамагӣ мутмаин ҳастем, ки Омрико ва ҳампаймононаш низ ҳазинаи газоферо — ба вежа агар режими Исроил оғозгари таҷовузгарӣ ба Сурия бошад — хоҳанд пардохт.

Раъюл-явм

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: