Вазири ҷанги “Исроил”: “Эрон ба мо ҳамла кунад, Башшор Асадро соқит мекунем”

Авигдор Либерман, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ, ҳушдор дод, агар таҳдиде аз сӯи Эрон мутаваҷҷеҳи ин режим шавад, давлати Сурия бояд баҳои онро пардохт кунад.

Либерман дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Маъориф муддаӣ шуд, агар Эрон бихоҳад аз тариқи Сурия ба ин режим ё манофеъаш осеб бирасонад, давлати Сурияро аз рӯи нақша маҳв карда ва худи Башшор Асадро низ аз байн хоҳанд бурд.

Вай муҷаддадан таҳдид кард: “Ба Эрон ҳушдор медиҳам чунин кореро анҷом надиҳад, зеро Исроил мусаммам аст ин масирро то поён идома диҳад.”

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ҳамчунин таъкид карда буд: “Ба ҳар қимате шуда ба Эрон иҷоза намедиҳем ҳузури низомии худ дар Сурияро афзоиш диҳад. Пазириши ҳузури онҳо дар Сурия ба маънои пазириши ҳалқаи дор ба даври гардани мост ва ин ҳаргиз рух нахоҳад дод.”

Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки дигар мақомоти амниятӣ ва низомии режими саҳюнистӣ тайи рӯзҳои ахир ошкоро ҳушдор медиҳанд, агар Эрон бихоҳад ба ҳамлаи чандмиллиятӣ ба Сурия посух диҳад, онҳо давлати Асадро сарнагун хоҳанд кард.

Гуфтанист, Алиакбари Вилоятӣ, мушовири раҳбари Эрон дар умури байналмилал, ки ин рӯзҳо дар Сурия ба сар мебарад, рӯзи сешанбе (10.04.2018) таъкид кард: “Ҷинояти режими саҳюнистӣ дар ҳадаф қарор додани пойгоҳи ҳавоии Сурия, бидуни посух нахоҳад монд.”

Режими саҳюнистӣ бомдоди рӯзи душанбе (09.04.2018) ба хоки Сурия ҳамлаи мушакӣ анҷом дода буд. Вазорати дифои Русия дар ин бора эълом кард, ки ду ҳавопаймои ҷангии F-15 режими саҳюнистӣ 8 мушак ба пойгоҳи ҳавоии T-4 дар Ҳимс шиллик карданд. 5 мушак аз ин мушакҳо тавассути сомонаи падофанди Сурия ҳадаф қарор дода шуд, аммо 3 мушаки дигар ба пойгоҳи ҳавоӣ бархӯрд кард. Дар пайи ин ҳамлаи мушакӣ, ҳаддиақал 14 нафар ба шаҳодат расиданд, ки 4 нафари онҳо эронӣ буданд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: