Перейти к содержимому

Гузориши ҷолиби Deutsche Welle аз шурӯи ҷанги Ироқ

Шабакаи хабарии Deutsche Welle дар гузорише, бо ишора ба асноде дар заминаи ҷанге, ки Омрико дар Ироқ ба роҳ андохта буд, навишт, “далелҳое”, ки барои ин ҷанг ироа шуда буданд, ҳамагӣ бар мабнои дурӯғ буданд.

Ин шабакаи хабарӣ бо ишора ба ҳамла Омрико ба Ироқ дар соли 2003 навишт, ки ин ҷанг бар мабнои дурӯғ оғоз шуд.

Дар ин гузориш омадааст: “9 апрели соли 2003, омрикоиҳо муҷассамаи Саддом Ҳусайн диктотури вақти Ироқро дар Бағдод сарнагун карданд. Бо гузашти 15 сол аз ин воқеа, мебинем, ки бо вуҷуде, ки садҳо ҳазор нафар кушта шуданд ва Ховари Миёна ҳам дучори бӯҳрон шуд, ин ҷанг бар мабнои дурӯғ буд. Шабакаҳои телевизиюнӣ дар саросари ҷаҳон пойин кашида шудани муҷассамаи Саддомро нишон доданд, он ҳам камтар аз 3 ҳафта пас аз он ки омрикоиҳо Ироқро тасарруф карданд. Он тасовир дар ҳофизаи мо мондааст, аммо пурсишҳои мо бепосух мондаанд, масалан мо ҳанӯз намедонем, ки чанд ироқӣ ба далели ин ҷанг ва бӯҳрони пас аз он кушта шуданд.”

Deutsche Welle навишт: “Бисёре аз манобеъ шумори кушташудагонро аз 150 ҳазор нафар то 500 ҳазор тан баровард кардаанд. Бархе таҳқиқоти мӯътабар ҳам нишон медиҳанд, ки шумори қурбониён бисёр бештар аст. Дар аввалҳои соли 2006, яке аз нашрияҳои мӯътабари пизишкӣ эълом кард, ки 650 ҳазор нафар, беш аз омори эъломшуда, кушта шудаанд. Илова бар эъмоли хушунати мустақим, масъалаи бомбборони зерсохтҳо ва харобии сохторҳои беҳдоштӣ дар ин замина ҳам аҳаммият пайдо мекунанд.”

Ин шабака афзуд: “Он чи мо медонем ин аст, ки мантиқе, ки бар асоси он ҷанг ба роҳ афтод, бар тибқи дурӯғ буд. Тасвири дигаре аз ҷанги Ироқ дар ҳофизаи мо шакл гирифтааст, ки ба ин сурат аст: Колин Пауэл, вазири хориҷаи вақти Омрико дар 5-уми феврали соли 2003, дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард, он ҳам 3 ҳафта пеш аз ин ки ҷанг оғоз шавад. Пауэл 76 дақиқа сӯҳбат кард, то ҷомеаи ҷаҳониро дар заминаи лузуми ҷанг мутақоъид кунад. Асли ҳарфи ӯ ин буд, ки Саддом таслеҳоти куштори ҷамъии биоложик ва шимиёӣ дар ихтиёр дорад; зимни ин ки режими Саддом аз теруризми ҷаҳонӣ ҳимоят мекунад ва мехоҳад таслеҳоти ҳастаӣ бисозад.”

Дар идомаи ин гузориш омадааст, ки иддаои Пауэл мабнӣ бар иқдоми Ироқ барои эҷоди озмоишгоҳҳои сайёри таслеҳоти шимиёӣ ва биоложикӣ ба манзури фирор аз назорати нозирони таслеҳотии Созмони Милал авҷи суханони вай буд. Вай дар соли 2005 ин суханрониро “лаккаи нанге” дар даврони кории худ тавсиф кард.

Deutsche Welle ин тавр идома дод: “Яке аз коркунони бахши амниятӣ ба номи Рей Макговерн аст, ки ба муддати 27 сол барои созмони иттилоотӣ (CIA=ЦРУ) кор карда ва дар ин созмон мақомҳои болое доштааст. Дар соли 2003, вай ва бархе аз ҳамкоронаш дар ин созмон ва дигар ниҳодҳои амниятӣ, “Созмони кӯҳнасарбозони амниятӣ барои ақлоният” (VIPS)-ро бунён ниҳоданд, ки ба кори арзёбии сиёсатҳои Омрико пардохт. Вай дар ин маврид ба Deutsche Welle гуфт, ки сервиси иттилоотӣ иштибоҳ накарданд, балки муртакиби фиребкорӣ шуданд ва онҳо инро медонанд. Ин дар ҳоле аст, ки бахше аз суханронии Пауэл бар мабнои иттилооте буд, ки олмониҳо дар ихтиёри онҳо қарор дода буданд.”

Дар идома омадааст: “Дар соли 1999 Рафид Аҳмад Алвон ал-Ҷанобӣ, шимидони ироқӣ, ба унвони паноҳҷӯ ба Олмон омад. Ин дар ҳоле буд, ки сервиси амнияти хориҷии Олмон мавсум ба BND дар бораи ҳузури вай ҳушдор дода буд. Онҳо умедвор буданд, ки иттилооте дар бораи силоҳҳои куштори ҷамъии Саддом Ҳусайн ба даст биёваранд. Ин фард, ки исми мустаори “Курвебол” дошт, мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҳар чи бештар иттилоот дар ихтиёр мегузорад, мавқеияти беҳтаре ба даст меоварад. Ба ӯ гузарномаи олмонӣ ва пул ва опортумон доданд.”

Deutsche Welle дар идома навиштааст: “Ин раванд идома пайдо кард, то замоне, ки сервиси иттилоотии Олмон ба раиси собиқи Ал-Ҷанобӣ расид ва ин шахс дурӯғҳои Ал-Ҷанобиро фош кард. Сервиси иттилооти Олмон бо шарикони омрикоӣ ин масоилро дар миён гузошт. Бинобар ин, пас аз ҳамалоти 11 сентябри соли 2001, ба ин шахс алоқаманд шуданд. Дар ин маврид Август Ҳонинг, раиси пешини сервиси иттилоотии Олмон, ба рӯзномаи Die Welt дар августи 2011 гуфта буд, ки омрикоиҳо аз олмониҳо хоста буданд, то таъаҳҳуди илзомовар бидиҳанд, ки ҳокӣ аз дуруст будани баёнияҳои “Курвебол” дар соли 2001 бошад. Ҳонинг аз чунин иқдоме худдорӣ кард ва барои Ҷорҷ Тенет, раиси вақти созмони CIA навишт, ки талошҳо барои таъйиди ин иттилоот муваффақиятомез набудаанд ва ба ин далел бояд таъйиднашуда дар назар гирифта шаванд.”

Deutsche Welle идома медиҳад: “Бо вуҷуди ҳушдорҳои сареҳ дар бораи суханони “Курвебол”, ҳарфҳои вай ба маркази ҷанги таблиғотии Пауэл табдил шуд. Рей Макговерн ба вузуҳ гуфт: “Онҳо аҳаммияте намедоданд, ки оё Кервебол медонад, ки дар бораи чӣ чизе сӯҳбат мекунад ё на. Онҳо суханони ӯро забт мекарданд ва дар ихтиёри мутахассисони ҳирфаии хаёлпардози созмони CIA қарор медоданд ва он гоҳ ҳамроҳ бо тасовире аз озмоишгоҳҳои сайёр, ки вуҷуд надоштанд, гузошта мешуданд. Албатта ҳамин корро ҳам карданд ва Колин Пауэл ҳам дар ҳини суханронии худ, аз он истифода кард.”

Бритониё машкук буд, аммо ба натиҷае нарасид

Deutsche Welle менависад: “Бритониё ба унвони ҳампаймони Омрико хеле зуд вориди ин моҷаро шуд. Дар моҳи майи 2005 рӯзнома Sunday Times дар ин маврид гузорише мунташир кард, ки то пеш аз он ёддоште ба шиддат маҳрамона буд. Мавзӯи он, дидоре бо Тони Блэр, нахуствазири ин кишвар дар 23 июли соли 2002 дар бораи шароити Ироқ буд, ки Ҷек Стро, вазири хориҷаи вақт, Ҷеф Ҳун, вазири дифои вақт, лорд Голдсмит, додситони кулл ва Ричорд Дирлов, раиси созмони иттилоотии MI6 ҳам дар он ҳузур доштанд.

Баъдҳо Дерлов аз нишасте дар Вошингтун сӯҳбат кард, ки пеш аз ин нишаст бо ҳузури Ҷорҷ Тенет, раиси CIA баргузор шуда буд. Ҷек Стро гуфта буд: “Иқдоми низомӣ иҷтинобнопазир буд. Буш мехост, то Саддомро ба василаи иқдоми низомӣ аз байн бибарад ва теруризм ва таслеҳоти куштори ҷамъӣ ҳам баҳонаҳои ӯ буданд. Аммо иқдомоти иттилоотӣ ва ҳақоиқ дар ростои сиёсат қарор гирифтанд.” Вай гуфт, ки Саддом ҳамсоягони худро таҳдид намекард ва муддаӣ шуд, ки қудрати Саддом дар заминаи таслеҳоти куштори ҷамъӣ, камтар аз Либӣ, Куреи шимолӣ ва Эрон буд.

Дар поёни ин гузориш омадааст: “Лорд Голдсмит ҳам гуфтааст, ки тамоюли вай барои тағйири режим, мабнои қонунӣ барои иқдоми низомӣ надошт. Бо ин ҳол, ҳеч як аз ин маворид боис нашуд, Тони Блэр аз ворид шудан ба ҷанг дар ҷиҳати манофеи марбут ба робитаи вежаи Омрико ва Ангилис худдорӣ кунад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: