Перейти к содержимому

Натоиҷи ҳамлаи низомии Омрико ба Сурия аз ҳаминак маълум аст

Таҳлиле аз Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Калимоте, ки бархе масъулони давлати Омрико дар хусуси бӯҳрони Сурия аз он истифода мекунанд аз ҷумла изҳороти Тромп алайҳи Башшор Асад, ки ӯро “ҳайвон” хондааст, баёнгари истифода аз калимоти кӯчабозорӣ аст, ки навъе аз сардаргумиро ба тасвир мекашад, на қудратро, зеро тарафи қавӣ ба худ итминон дошта ва ба ин сатҳ аз адабиёт суқут намекунад, балки калимоти худро бо диққати фаровон, ки шоистаи ҷойгоҳ ва кораш аст, интихоб мекунад.

Агар бигӯем, бархе афроди оқил ва мантиқӣ дар Омрико таҳаввулоти бӯҳрони Сурия дар иртибот бо иттиҳомзанӣ ба давлат дар истифода аз силоҳи шимиёӣ дар Ғутаро аз зовияи дигаре менигаранд, муболиға накардаем. Яке аз ин афрод сарҳанг Пот Лонг (Pat Lang) аст, ки солҳо дар нерӯҳои вежаи низомӣ ва ожонси иттилооти низомии Омрико дар минтақаи Ховари Миёна кор мекард.

* * *

Ин сарҳанги бознишаста бо ирсоли номае ба вазири дифои Омрико хитоб ба ӯ гуфт: “Сарварам! Аз шумо хоҳиш мекунам дар хусуси ҳамлаи шимиёӣ ба Ғутаи шарқӣ ин эҳтимолро низ дар назар дошта бошед, ки шояд гурӯҳҳои мухолифи таҳти муҳосира дар Думо ин корро карда бошанд, ва ангезаи онон фақат таблиғотӣ буда, то мо омрикоиҳоро ба вокуниш савқ диҳанд, ки акнун дар расонаҳои ғарбӣ низ шоҳиди таҳаққуқи ҳамин ҳадаф ҳастем, мухолифон дар Ғутаи шарқӣ шикаст хӯрданд ва нерӯҳо ва хонаводаҳояшон бо автобус ба Ҷароблус дар наздикии марзҳои Туркия мунтақил шуданд, бинобар ин бояд пурсид: давлати пирӯзи Сурия аз ба кор бурдани силоҳи шимиёӣ чӣ баҳрае мебарад? Умедворам, пеш аз ҳар гуна иқдоми низомӣ, як тими коршиноси ҳақиқатёбро роҳии минтақа кунед.”

Ба ҳар ҳол, ба назар намерасад вазири дифои Омрико ҳеч таваҷҷӯҳе ба ин нома дошта бошад, ба ин далели содда, ки тасмими ҳамалоти низомӣ ба мавозеъи сурӣ ва чӣ басо русӣ ва эронӣ, гирифта шудааст, зеро Тромп, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро масъули ҳамлаи шимиёӣ донист ва намояндаи Омрико дар Созмони Милал низ ҳамин иттиҳомотро алайҳи Путин такрор карда ва дар Шӯрои амният эълом кард, ки чӣ Шӯрои амният Сурия ва Русияро маҳкум кунад ё на, давлати Омрико вокуниши низомӣ нишон хоҳад дод.

Ҳамчунин шакке нест, ки давлати Омрико ба истиқболи масъулони Сурия аз эъзоми як ҳайъати ҳақиқатёби Созмони манъи густариши силоҳи шимиёӣ ба Ғутаи шарқӣ посух нахоҳад дод.

Дар ин миён, Тромп, ки ҳафтаи гузашта гуфта буд, нерӯҳои омрикоиро аз Сурия берун хоҳад бурд, сафари рӯзи ҷумъа ва шанбе ба Омрикои ҷанубӣ ба манзури ширкат дар нишасти сарони омрикоӣ дар Перуро лағв кард ва ҳамзамон дастур дод, новшикани омрикоии муҷаҳҳаз ба мушакҳои Томаҳовк роҳии шарқи дарёи Медитарона дар наздикии савоҳили Сурия шавад.

Гузоришҳои мавҷуд ҳокӣ аз ин аст, ки таҷовузи сеҷонибаи омрикоӣ- фаронсавӣ-ангилисӣ ба Сурия ба манзури такмили ҳамлаи “Исроил” ба пойгоҳи ҳавоии Тайфур дар наздикии шаҳри Ҳимс қарибулвуқӯъ аст.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин ки ҳеч ҳамлаи низомии сеҷониба ва ё чаҳорҷониба ба мавозеъи Сурия, воқеияти мавҷуд ва ё натоиҷи ҷанг дар Сурияро тағйир нахоҳад дод; зеро артиши Сурия контроли бештари шаҳрҳои бузургро ба даст гирифта ва ба таҳдиди мушакӣ алайҳи Димишқ поён додааст ва дигар ҳеч кас дар хусуси ояндаи Башшор Асад, раисиҷумҳури Сурия, баҳсе надошта ва ё ҷуръати сухан гуфтан дар ин бораро надорад.

Танҳо чизе, ки метавонад воқеияти мавҷуд дар Сурияро тағйир диҳад, дахолати низомии фарогири Омрико дар Сурия шабеҳи ҳамла ба Ироқ дар соли 2003 аст, ки ин эҳтимол низ ба таври куллӣ баъид аст, зеро натоиҷи фоҷеаборе барои Омрико хоҳад дошт ва баҳои он бисёр сангин хоҳад буд, ва илова бар ин, дар ин сурат эҳтимоли рӯёрӯӣ ва бархӯрд бо Русия ва пойгоҳҳои он, ҳатмӣ хоҳад буд.

* * *

Тромп, бо таҳдид ба “ҳамалоти интиқомҷӯёна”, худро гирифтор кард ва наметавонад аз он кӯтоҳ биёяд ва дар мавзеъи заъф ва тардид зоҳир шавад, ва баъид нест таҷовузи оянда ба Сурия намоишӣ буда ва ҳадаф аз он фақат Сурия бошад, то аз бархӯрд бо Русия иҷтиноб шавад, зеро раиси ситоди артиши Русия таҳдид кард, дар сурате, ки ҷони сарбозони рус дар маърази хатар қарор бигирад, нерӯҳои рус на танҳо мушакҳоро балки пойгоҳҳо ва киштиҳоеро, ки саккуи шиллики ин мушакҳо ҳастанд, ҳадаф қарор хоҳад дод.

Дар ин миён, Путин дар қиболи таҳдидҳои Омрико сукут ихтиёр кардааст, аммо бовари мо ин аст, ки сукути ӯ аз рӯи эътимод ба нафс аст ва пургӯиро ба дигарон вогузор кардааст ва ҳарчанд бетардид шоҳиди кунишу вокуниш хоҳем буд, аммо пешбинии моҳият ва ҳаҷми он, душвор аст.

Бо ин тавзеҳот, чӣ басо соатҳои оянда хатарноктарин замони таърихи минтақа дар тӯли чанд даҳаи ахир бошад ва хуруҷи фарогири Омрико ва оғози марҳилаи инзивои онро ба сабт бирасонад.

Ба ҳар ҳол, Русия, ки дар Афғонистон мавриди иҳонат қарор гирифт ва дар Ироқ таҳқир ва дар Либӣ фиреб дода шуд, дар Сурия шикастро нахоҳад пазируфт. Рӯзҳои оянда шоҳиди ин мавзӯъ хоҳад буд.

Раъюл-явм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: