Фаврӣ: Вазорати дифои саудӣ дар Риёз ҳадафи мушак‎ҳои Яман қарор гирифт

Нерӯҳои мушакии Яман асри имрӯз (11.04.2018) чанд фарванд мушаки болистик ба самти мақарри вазорати дифои саудӣ ва дигар аҳдофи мавриди назар дар Риёз ва Ҷозон шиллик кардаанд.

Шабакаи Алмасира (вобаста ба Ансоруллоҳи Яман) гузориш дод, ягони мушакии артиши Яман ва Ансоруллоҳ асри имрӯз (чаҳоршанбе, 11.04.2018) мақарри вазорати дифои саудӣ дар Риёз ва дигар аҳдофи мавриди назар дар пойтахти ин кишварро ҳадафи ҳамлаи мушакии худ қарор доданд.

Бар асоси ин гузориш, ягони мушакии артиши Яман ва Ансоруллоҳ асри имрӯз ҳамчунин минтақаи иқтисодии “Малик Абдуллоҳ” дар Ҷозон воқеъ дар ҷануби Арабистонро бо мушак‎ҳои болистики “Бадр-1” ҳадаф қарор додаанд.

Ҳамчунин, ягони паҳбоди Яман, субҳи имрӯз (чаҳоршанбе, 11.04.2018) низ фурудгоҳи Абҳо дар Асири Арабистон ва таъсисоти нафтии Арамкоро ҳадаф қарор додааст.

Хабаргузории Ройтерз низ гузориш дод, асри имрӯз садои чанд инфиҷор дар пойтахти Саудӣ шунида шуд.

Ва ин дар ҳоле аст, ки шабакаи “Ахбория”-и Саудӣ дар сафҳаи твиттери худ навишт, падофанди дифоии ин кишвар чанд мушаки болистики яманиро, ки пойтахти ин кишварро ҳадаф қарор додааст, соқит кардаанд.

Парвозҳои фурудгоҳи Абҳо воқеъ дар ҷануби Арабистон пас аз амалиёти паҳбоди субҳи имрӯзи нерӯҳои яманӣ, ба ҳолати таълиқ даромада ва масири парвозҳои ин фурудгоҳ ба далели тарс аз ҳамалоти мушакии Яман, ба фурудгоҳҳои Ҷидда, Ҷозон ва Риёз тағйир кардааст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: