Перейти к содержимому

Ҳазрати Исои Масеҳ (а) аз дидгоҳи Қуръони Карим

Шуморе аз сураҳо ва оятҳои Қуръони Карим ба зиндагӣ, шахсият ва вежагиҳои ҳазрати Исои Масеҳ (алайҳис салом) пардохтааст. Дар бархе аз ин оятҳо, чигунагии таваллуд ва достони зиндагии модар, ва дар бархе дигар оятҳо, мақомоти маънавӣ ва хислатҳои ахлоқии ӯ матраҳ шудааст. Дар мавориде низ иддаоҳо ва нисбатҳои масеҳиён — мисли худоӣ ва таслис — тарҳ ва рад шудааст. Дар ин мақола, нигоҳе кӯтоҳ ба бархе аз ин оятҳо меандозем.

* * *

Модари Исои Масеҳ (алайҳис салом)

Достони ҳазрати Масеҳ (алайҳис салом) ба номи модари гиромиашон гиреҳ хӯрдааст; зеро ки навъи хилқати эшон боис шуда, ки ҳазрати Исо бо унвонҳое чун “Фарзанди Марям”, “Исо фарзанди Марям” ва “Масеҳ фарзанди Марям”, ба модари бузургворашон нисбат дода шавад.

Қуръони Карим ҳазрати Марям (саломуллоҳи алайҳо)-ро ба унвони як шахсияти барҷаста муаррифӣ мекунад ва аз он ҳазрат бо унвони: бонуи баргузида, пок ва мутаҳҳар, беҳтарин занони асри худ, мазҳари иффат, улгуи мӯъминон, духтаре обид, бисёр ростгӯ ва ҳамсухан бо фариштагон ёд шудааст. Дар оятҳои 42 ва 43 сураи Оли Имрон ба бархе аз ин фазилатҳо ишора шудааст:

وَإِذْ قَالَتِ الْمَلاَئِكَةُ يَا مَرْيَمُ إِنَّ اللّهَ اصْطَفَاكِ وَطَهَّرَكِ وَاصْطَفَاكِ عَلَى نِسَاء الْعَالَمِينَ. يَا مَرْيَمُ اقْنُتِي لِرَبِّكِ وَاسْجُدِي وَارْكَعِي مَعَ الرَّاكِعِينَ

Ва ба ёд оваред ҳангомеро, ки фариштагон гуфтанд: эй Марям! Худо туро баргузида ва пок сохта ва бар тамоми занони ҷаҳон бартарӣ бахшидааст. Эй Марям! (ба шукронаи ин неъмат) барои парвардигори худ хузӯъ кун ва саҷда баҷо овар; ва бо рукӯъкунандагон рукӯъ кун.”

Қуръони Карим ҳамчунин дар ояти 12 сураи Таҳрим, ҳазрати Марям (саломуллоҳи алайҳо)-ро дар зумраи фармонбардорон ва улгуи покдоманӣ қарор додааст:

وَمَرْيَمَ ابْنَتَ عِمْرَانَ الَّتِي أَحْصَنَتْ فَرْجَهَا فَنَفَخْنَا فِيهِ مِن رُّوحِنَا وَصَدَّقَتْ بِكَلِمَاتِ رَبِّهَا وَكُتُبِهِ وَكَانَتْ مِنَ الْقَانِتِينَ

Ва ҳамчунин ба Марям духтари Имрон, ки домони худро пок нигаҳ дошт, ва мо аз руҳи худ дар он дамидем; ӯ калимоти парвардигори хеш ва китобҳояшро тасдиқ кард ва аз мутеъон (-и фармони Худо) буд.”

Ба ҷиҳати ҳамин вежагиҳост, ки яке аз барҷастатарин корҳои Масеҳ (алайҳис салом) эҳтиром ба мақоми волои модар аст, ки дар сураи Марям, ояти 32, ба он ишора шудааст:

وَبَرًّا بِوَالِدَتِي وَلَمْ يَجْعَلْنِي جَبَّارًا شَقِيًّا

Ва маро нисбат ба модарам некӯкор қарор дода, ва ҷаббору исёнгар қарор надодааст.”

* * *

Хилқати ҳазрати Масеҳ (алайҳис салом)

Қуръони Карим хилқати Исо (алайҳис салом)-ро дар сураи Оли Имрон, ояти 59 мавриди баррасӣ қарор додааст:

إِنَّ مَثَلَ عِيسَى عِندَ اللّهِ كَمَثَلِ آدَمَ

Дар воқеъ, масали (хилқати) Исо назди Худо, ҳамчун масали (хилқати) Одам аст…

Одам, ба унвони аввалин инсони рӯи замин, бидуни дахолати падару модар халқ шуд; ӯ падару модар надошт, ва ҳамон Худое, ки Одамро бидуни падару модар офарид, қодир хоҳад буд, ки Исо фарзанди Марямро низ бидуни падар халқ кунад.

Аз ин ҷиҳат, офариниши ҳазрати Исо монанди офариниши ҳазрати Одам (алайҳим салом) аст. Агар Исо бидуни падар аз модар мутаваллид шуд, ҳазрати Одам бидуни ‏он ки падару модаре дошта бошад, ба дунё омад.

Ин истидлол ба иддаои касоне посух медиҳад, ки ба хилқати Масеҳ эрод ворид мекунанд. Яъне агар Масеҳ (алайҳис салом) бидуни падар ба дунё омад, ҷои таъаҷҷуб нест, чун хилқати Одам (алайҳис салом) аз ин ҳам шигифтангезтар буд, ӯ бидуни падару модар ба дунё омад, ва ин гуна корҳо барои Худованд душвор нест.

Ба ҳамин далел, замоне, ки ба Марям гуфта мешавад, ки фарзанде аз ту зоида хоҳад шуд ва ӯ мепурсад, ки чӣ гуна барои ман писаре хоҳад буд дар ҳоле, ки на ҳеч башаре бо ман издивоҷ карда ва на бадкора будаам, Қуръон дар сураи Марям, ояти 21, дар ҷавоби Марям мефармояд:

قَالَ كَذَلِكِ قَالَ رَبُّكِ هُوَ عَلَيَّ هَيِّنٌ وَلِنَجْعَلَهُ آيَةً لِلنَّاسِ وَرَحْمَةً مِّنَّا وَكَانَ أَمْرًا مَّقْضِيًّا

Гуфт: чунин аст (ки гуфтӣ, вале) парвардигорат фармудааст: ин кор бар ман осон аст, ва (фарзанде бидуни издивоҷ ба ӯ бахшидан) барои ин (аст), ки ӯро нишонае (аз қудрати худ) барои мардум ва раҳмате аз сӯи худ қарор диҳем. Ва ин кор шуданӣ аст.”

Дар сураи Ёсин, ояти 82 ҳам ба ин матлаб ишора шуда, ки офариниши мавҷудот барои Худо мушкил нест:

إِنَّمَا أَمْرُهُ إِذَا أَرَادَ شَيْئًا أَنْ يَقُولَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ

Чун ба чизе ирода фармояд, кораш ин бас, ки мегӯяд: бош, пас (бедиранг) мавҷуд мешавад.”

Худованд дар сураи Мӯъминун, ояти 50, хилқати ҳазрати Исоро яке аз нишонаҳои қудрати худ баён карда мефармояд:

وَجَعَلْنَا ابْنَ مَرْيَمَ وَأُمَّهُ آيَةً

Мо фарзанди Марям ва модарашро нишонае аз азамат ва қудрати худ қарор додем…

Таъбир ба “Фарзанди Марям” ба ҷои “Исо‏”, барои таваҷҷӯҳ додан ба ин ҳақиқат аст, ки ӯ танҳо аз модар ва бидуни дахолати падаре ба фармони парвардигор мутаваллид шуд. Ва ин таваллуд худ аз нишонаҳои бузурги қудрати парвардигор буд. Ва аз он ҷо, ки ин таваллуди истисноӣ робитае бо Исо ва робитае бо модараш Марям дорад, ҳар дуро ба унвони як оят ва нишона мешумурад, чаро ки ин ду (таваллуди фарзанде бидуни дахолати падар ва ҳамчунин бордор шудани модаре бидуни тамос бо мард) дар воқеъ як ҳақиқат буданд бо ду нисбати мутафовит.

* * *

Паёмбарӣ ва мақомоти маънавӣ ва ахлоқии Масеҳ (алайҳис салом)

Қуръони Карим бо зикри унвонҳое пурмаънӣ, мақом ва шахсияти баланде аз ҳазрати Исо (алайҳис салом) ироа кардааст. Бархе аз ин унвонҳо иборатанд аз: “закӣ” (пок), “муборак” (бобаракат), “қавлул-ҳақ” (сухани ҳақ), “ваҷиҳан фид-дунё вал-охира”, “минал-муқаррабин” (аз бандаҳои муқарраби Худо), “руҳун миналлоҳ” (руҳе аз Худо), “расулуллоҳ” (фиристодаи Худо).

Ҳамчунин дар ояти 85 сураи Анъом вайро дар зумраи солеҳон қарор додааст:

وَزَكَرِيَّا وَيَحْيَى وَعِيسَى وَإِلْيَاسَ كُلٌّ مِّنَ الصَّالِحِينَ

Ва Закариё ва Яҳё ва Исо ва Илёсро, ки ҳама аз солеҳон (некӯкорон ва шоистагон) буданд.”

Ин тавсифҳо нишон аз азамат ва бузургии он ҳазрат дорад.

Аввалин мӯъҷиза ва каромати Масеҳ дар ҳамон лаҳазоти аввалияи таваллуд намоён шуд ва ҳазрат дар ҳоле, ки дар гаҳвора буд худро абд (бандаи Худо) муаррифӣ кард, ки аз тарафи Худо ба унвони паёмбар интихоб, ва ба ӯ китоб (Инҷил) дода шуда ва ӯро мояи баракат, таскин ва оромиш қарор додааст. Оятҳои 29, 30 ва 31 сураи Марям ба ин мавзӯъ ихтисос дорад:

فَأَشَارَتْ إِلَيْهِ قَالُوا كَيْفَ نُكَلِّمُ مَن كَانَ فِي الْمَهْدِ صَبِيًّا. قَالَ إِنِّي عَبْدُ اللَّهِ آتَانِيَ الْكِتَابَ وَجَعَلَنِي نَبِيًّا. وَجَعَلَنِي مُبَارَكًا أَيْنَ مَا كُنتُ وَأَوْصَانِي بِالصَّلَاةِ وَالزَّكَاةِ مَا دُمْتُ حَيًّا

Марям ба навзод ишора кард (ки аз ӯ бипурсед). Гуфтанд: чӣ гуна бо кӯдаке, ки дар гаҳвора аст сухан бигӯем?! (Навзод аз гаҳвора) гуфт: ҳамоно ман бандаи Худо ҳастам, ба ман китоб ато карда ва маро паёмбар қарор додааст, ва ҳар ҷо, ки бошам, маро бобаракат сохта ва то зиндаам ба намозу закот суфориш кардааст.”

Наҳваи гуфтугӯи он ҳазрат бо парвардигор дар рӯзи қиёмат дар сураи Моида, ояти 116, гӯёи ахлоқи волои он ҳазрат аст:

وَإِذْ قَالَ اللّهُ يَا عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ أَأَنتَ قُلتَ لِلنَّاسِ اتَّخِذُونِي وَأُمِّيَ إِلَهَيْنِ مِن دُونِ اللّهِ قَالَ سُبْحَانَكَ مَا يَكُونُ لِي أَنْ أَقُولَ مَا لَيْسَ لِي بِحَقٍّ إِن كُنتُ قُلْتُهُ فَقَدْ عَلِمْتَهُ تَعْلَمُ مَا فِي نَفْسِي وَلاَ أَعْلَمُ مَا فِي نَفْسِكَ إِنَّكَ أَنتَ عَلاَّمُ الْغُيُوبِ

Ва (ёд кун) ҳангомеро, ки Худо фармуд: эй Исо писари Марям! Оё ту ба мардум гуфтӣ, ки ману модарамро ҳамчун ду Худо ба ҷои Худованд бипарастед? Гуфт: поку муназзаҳӣ ту, маро назебад, ки (дар бораи хештан) чизеро, ки ҳаққи ман нест бигӯям. Агар онро гуфта будам, қатъан онро медонистӣ. Он чи дар нафси ман аст, ту медонӣ, ва он чи дар зоти туст, ман намедонам, чаро ки ту худ донои розҳои ниҳонӣ.”

Дар ҳақиқат на танҳо гуфтани ин суханро аз худ нафй мекунад, балки мегӯяд, асосан ман чунин ҳаққеро надорам ва чунин гуфторе бо мақом ва мавқеияти ман ҳаргиз созгор нест.

* * *

Атоҳои илоҳӣ бар Масеҳ (алайҳис салом)

Қуръони Карим бахше аз саргузашти ҳазрати Масеҳ‏ ва атоҳое, ки ба ӯ ва модарат арзонӣ шуда, дар сураи Моида, ояти 110, ба ин сурат баён мекунад:

إِذْ قَالَ اللّهُ يَا عِيسى ابْنَ مَرْيَمَ اذْكُرْ نِعْمَتِي عَلَيْكَ وَعَلَى وَالِدَتِكَ إِذْ أَيَّدتُّكَ بِرُوحِ الْقُدُسِ تُكَلِّمُ النَّاسَ فِي الْمَهْدِ وَكَهْلًا وَإِذْ عَلَّمْتُكَ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَالتَّوْرَاةَ وَالإِنجِيلَ وَإِذْ تَخْلُقُ مِنَ الطِّينِ كَهَيْئَةِ الطَّيْرِ بِإِذْنِي فَتَنفُخُ فِيهَا فَتَكُونُ طَيْرًا بِإِذْنِي وَتُبْرِئُ الأَكْمَهَ وَالأَبْرَصَ بِإِذْنِي وَإِذْ تُخْرِجُ الْمَوتَى بِإِذْنِي وَإِذْ كَفَفْتُ بَنِي إِسْرَائِيلَ عَنكَ إِذْ جِئْتَهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ فَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُواْ مِنْهُمْ إِنْ هَذَا إِلاَّ سِحْرٌ مُّبِينٌ

“(Ёд кун) ҳангомеро, ки Худо фармуд: эй Исо писари Марям! Неъмати маро бар худ ва бар модарат ба ёд овар он гоҳ, ки туро ба руҳулқудс таъйид кардам, ки дар гаҳвора (ба эъҷоз) ва дар миёнсолӣ (ба ваҳй) бо мардум сухан гуфтӣ, ва он гоҳ, ки туро китоб ва ҳикмат ва Таврот ва Инҷил омӯхтам, ва он гоҳ, ки ба изни ман аз гил (чизе) ба шакли паранда месохтӣ пас дар он медамидӣ ва ба изни ман парандае мешуд, ва кӯри модарзод ва песро ба изни ман шифо медодӣ, ва он гоҳ, ки мурдагонро ба изни ман (зинда аз қабр) берун меовардӣ, ва он гоҳ, ки (осеби) Бани Исроилро ҳангоме, ки барои онон ҳуҷҷатҳои ошкор оварда будӣ, аз ту боздоштам, пас касоне аз онон, ки кофир шуда буданд, гуфтанд: ин (-ҳо чизе) ҷуз афсуне ошкор нест.”

Дар ин оят чаҳор бор калимаи “ба изни ман” (ба фармони ман) аз забони Худованд такрор шудааст, то дигар ҷое барои ғулув ва иддаои улуҳият ва худоӣ дар мавриди ҳазрати Масеҳ (алайҳис салом) боқӣ намонад. Яъне, он чи ӯ анҷом медод гарчи бисёр аҷибу шигифт‏ангез буд ва ба корҳои худоӣ шабоҳат дошт, вале ҳеч як бидуни изни Худо набуд, балки ба изни Худо анҷом мегирифт.

* * *

Нафйи улуҳият ва таслис аз Масеҳ (алайҳис салом)

Яке аз муҳимтарин инҳирофоти ҷомеаи масеҳият, масъалаи “таслис” (худоёни сегона) аст ва Қуръони Карим бо ҷумла‏ҳои кӯтоҳ ва мустадал онҳоро аз ин инҳирофи бузург барҳазар медорад.

Дар сураи Нисо, оятҳои 171 ва 172, зимни ҳушдор ба онон, ки дар дини худ роҳи ғулувро напӯянд, мефармояд:

يَا أَهْلَ الْكِتَابِ لاَ تَغْلُواْ فِي دِينِكُمْ وَلاَ تَقُولُواْ عَلَى اللّهِ إِلاَّ الْحَقِّ إِنَّمَا الْمَسِيحُ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ رَسُولُ اللّهِ وَكَلِمَتُهُ أَلْقَاهَا إِلَى مَرْيَمَ وَرُوحٌ مِّنْهُ فَآمِنُواْ بِاللّهِ وَرُسُلِهِ وَلاَ تَقُولُواْ ثَلاَثَةٌ انتَهُواْ خَيْرًا لَّكُمْ إِنَّمَا اللّهُ إِلَهٌ وَاحِدٌ سُبْحَانَهُ أَن يَكُونَ لَهُ وَلَدٌ لَّهُ مَا فِي السَّمَاوَات وَمَا فِي الأَرْضِ وَكَفَى بِاللّهِ وَكِيلًا. لَّن يَسْتَنكِفَ الْمَسِيحُ أَن يَكُونَ عَبْدًا لِّلّهِ وَلاَ الْمَلآئِكَةُ الْمُقَرَّبُونَ وَمَن يَسْتَنكِفْ عَنْ عِبَادَتِهِ وَيَسْتَكْبِرْ فَسَيَحْشُرُهُمْ إِلَيهِ جَمِيعًا

Эй аҳли китоб! Дар дини худ ғулув (зиёдаравӣ) макунед ва дар бораи Худо ҷуз (сухани) дуруст магӯед. Масеҳ, Исо писари Марям, фақат паёмбари Худо ва калимаи ӯст, ки онро ба сӯи Марям афканда ва руҳе аз ҷониби ӯст. Пас, ба Худо ва паёмбаронаш имон биёваред ва нагӯед, ки (Худо) сегона аст; бозистед, ки барои шумо беҳтар аст. Фақат Худо маъбуде ягона аст; поку муназзаҳ аз он аст, ки барои ӯ фарзанде бошад. Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они ӯст, ва Худованд бас корсоз аст.”

Дар идома мефармояд: “Масеҳ аз ин ки бандаи Худо бошад ҳаргиз ибо намеварзад ва фариштагони муқарраб (низ ибо надоранд). Ва ҳар кас аз парастиши ӯ худдорӣ ва такаббур варзад, ба зудӣ ҳамаи ононро ба сӯи худ гирд меоварад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: